АҲАМИЯТИ ТАРҶУМАИ «КИТОБИ ТАВҲИД»-И АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ ДАР ШАРОИТИ ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Эҳёи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба шумор меравад. Дар ин замина, бозгашт ба мероси илмию динӣ ва маънавии ниёгон, хусусан мероси мутафаккирони барҷастаи тамаддуни исломӣ, ҷойгоҳи муҳимеро ишғол мекунад. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Абумансури Мотуридӣ буда, осори ӯ, аз ҷумла китоби маъруфи “Китоби Тавҳид”, ба унвони намунаи олии тафаккури каломӣ ва фалсафии исломӣ арзишманд мебошад. Тарҷума ва таҳқиқи ин осор имрӯз дар шароити густариши андешаҳои бегона ва хатарҳои ифротгароӣ аҳамияти махсус касб кардааст.
Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари таъриху тамаддуни бузурги халқи тоҷик дар осори таърихии хеш вобаста ба фарҳанги миллӣ, махсусан анъанаҳои мардумӣ ва раванди ташаккулёбии он дар асоси мадракҳои муътамади таърихӣ маълумотҳои пурарзишеро пешниҳоди хонанда намудааст. Ӯ зарурияти омӯзиши таърихи фарҳанги миллиро бо хусусиятҳои хосаш нишон дода, қайд менамояд, ки “Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмуи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад”.
Абумансури Мотуридӣ яке аз бузургтарин мутакаллимон ва мутафаккирони исломӣ маҳсуб меёбад, ки мактаби каломии ӯ дар паҳнои ҷаҳони ислом, бахусус дар байни мардумони Осиёи Марказӣ, нуфузи васеъ пайдо кардааст. “Китоби Тавҳид” муҳимтарин асари ӯ буда, дар он асосҳои эътиқодии ислом бо услуби мантиқӣ ва бо истифодаи далелҳои ақлӣ баррасӣ шудаанд. Ин китоб на фақат ҳамчун манбаи каломӣ, балки ҳамчун намунаи фалсафаи исломӣ, ки дар он ақлу мантиқ дар баробари нақл мақоми баланд доранд, шинохта мешавад.
Мутафаккирону донишмандони муосир, аз ҷумла файласуфон, осебшиносон ва ҳатто сиёсатмадорон оид ба арзиш ва аҳамияти илмию фалсафӣ доштани осори Мотуридӣ, хоссатан китоби Тавҳиди ӯ иброз андеша намудаанд. Тавре дар саҳифаи аввали тарҷумаи китоби мазкур аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шудааст: “Таълимоти Мотуридӣ беш аз 1100 сол инҷониб мардумро муттаҳид сохта, заминаи мусоиди ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазириро фароҳам овардааст. Ин таълимот ба таҳкими арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, дар муқовимат бо ифротгароӣ ва тундгароӣ нақши муассир дорад.”
Ҳамчуноне, ки дар қисмати тавзеҳоти тарҷумаи китоби мазкур оварда шудааст, нусхаи мазкур интиқодӣ аст. Зеро вақти кутоҳ ва ҷалби забондонҳо бо ҷаҳонбиниҳои гуногун аз муассисаҳои илмии ватанӣ ҷиҳати иҷрои кор, сабки бе ин ҳам вазнини асримиёнагии муаллифро боз ҳам вазнинтар кард. Мазмун ва муҳтавои истилоҳоти илмҳои фалсафӣ, илоҳиётшиносӣ, мантиқ, алгебра ва дигар, ки дар сарҳади фаҳми тафовути олами аъроз ва Ҳастии абадӣ сурат гирифта, ба решаҳои табиати амалҳои инсонӣ ва аҳкоми ахлоқӣ дар ҳолати метафизикӣ рафта мерасид, дониши баланди соҳавӣ ва фаросоҳавиро тақозо дошт. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. таъкид медорад, ки дарёфти чунин мутахассисон ва ҷалби эшон дар кори тарҷумаи китоби «Тавҳид» аз чанд ҷиҳат мушкил буд.
Бо вуҷуди ин ҳама, Маркази исломшиносӣ бо ҳидояти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии роҳбарияти муассисаҳои илмии ватанӣ чанд нафар аз донандагони забони арабиро дар кори тарҷумаи он ҷалб намуд. Ба устодон фаҳмонида шуд, ки то имрӯз дар тамоми ҳудуди форсизабонон нусхаи тоҷикӣ ва форсии китоби ин абармарди илму ақида вуҷуд надорад. Асарҳои ӯ ба забонҳои туркӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд, вале мо меросбарони бевоситаи забонию фарҳангӣ ва ақидаи ӯ то ба ҳанӯз ягон асари ӯро ба забони модарии тоҷикӣ тарҷума накардаем. Ин лаҳза Шуморо даъват кардем, ки сари ин масъала сӯҳбат намоем ва Марказ ният дорад дар арафаи ҷашни 1155 солагии Абумансури Мотуридӣ китоби «Тавҳид»-и ӯро бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр намояд.
Мутарҷимони Маҳмадуллоев Саидбек – Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»; Назариев Рамазон, Махшулов Маҳмадсалом – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Ҳомидов Абдулвоҳид, Шарипов Исломиддин, Пиров Мирзомиддин, Холов Аълохуҷа – Донишкадаи исломии Тоҷикистон; Саломов Аскар, Латифӣ Маҳмудҷон – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Хоҷамирзода Муслиҳиддин, Қаландаров Бурҳониддин – Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Абдусаломов Мирзошариф ва дигар олимон аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулияти том бидуни ҳеҷ як дастгирии моддӣ, танҳо бо дарки масъулияти илмӣ ва ватандорӣ ба таклифи роҳбарияти Маркази исломшиносӣ розӣ шуда, даст ба ин кори вазнин заданд. Инак, нусхаи интиқодии он дар дасти хонандагон аст.
Бо дарназардошти мазмун ва муҳтавои асар, сабки нигориш, тарзи баён, истифодаи қонунияти илмҳои мантиқ, ҳуқуқ, забони асримиёнагии арабии илмӣ ва ғ.ҳ. тарҷумаи асар ва истилоҳоти он мушкилиҳои муайянро пешорӯи мо овард. Тафовути матни арабӣ аз русӣ низ мушкилиҳои иловагиро барои тарҷумонон зам кард. Ба хотири камтар роҳ додан ба нофаҳмиҳо ва иштибоҳот нусхаи тарҷумакардаи олимони муҳтарамро бо тарзи ивазнамоӣ ба дигар тарҷумонҳо дар дохили гурӯҳи корӣ супурда шуд. Фикру ақидаҳоро роҷеъ ба мазмуни матни тарҷумаи якдигар устодон аз ҳамдигар гирифта, такроран сари муқоисаи матнҳои тарҷумашуда бо матни арабӣ машғул шуданд. Аз Академияи миллии илмҳо ду нафар олимони бо забони русӣ сару кор дошта, низ ҷиҳати муқоисаи матни русӣ бо матни арабӣ ва тоҷикӣ ҷалб гардиданд. Бо кӯмаки таҳриргарони «Нашриёти Ирфон» ва устодони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон матни тоҷикии тарҷумашуда аз назар гузаронида шуд.
Бо вуҷуди ин ҳама, хониши такрор ба такрори матни тарҷумашуда, гувоҳи он буд, ки ҳанӯз дар матн мушкилиҳои назарраси маъноӣ, забонӣ ва имлоӣ вуҷуд доранд. Гузашта аз он, тарҷумаи комили чунин як китоби илмӣ ва ақидавие, ки тамоми назару ғояҳои илмии фалсафаи Юнону Рим ва Ҳинди бостонро дар осиёби илми исломӣ дар самти худошиносӣ муттаҳид карда, бо далелу бурҳонҳои қавии мантиқӣ ва дигар илмҳои дақиқу иҷтимоӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами илмӣ ва ақидавӣ баёни назар намудааст, дар чунин як муҳлати кутоҳ ғайриимкон буд. Равшан аст, ки хеҷ як тарҷумаи китоб қиммати асли онро дода наметавонад, ин қонуният бо дарназардошти мушкилиҳои илмӣ ва соҳавии китоби мазкур дар ҳар як саҳифа ва ҷумлаҳои тарҷумашуда сахт эҳсос мегардад.
Аз ин хотир, бо қарори дастаҷамъона гурӯҳи корӣ ба хулоса омад, ки нашри мазкурро ҳамчун нашри интиқодӣ ба тасвиб расонида, дар рӯзи Конфронси илмӣ бахшида ба 1155-солагии Абумансури Мотуридӣ дастраси олимон ва донишмандон намоянд. Дар баробари ин, аз ҳамаи онҳое, ки нусхаи интиқодӣ ба дасташон мерасад, эҳтиромона, хоҳиш карда шуд, ки дар муҳлати 2 моҳи оянда тамоми фикру андеша ва пешниҳоду ислоҳоти худро ҷиҳати беҳтар намудани матни тарҷума ба унвонии Маркази исломшиносӣ, ки дар суроғаи зер оварда шудааст, ирсол намоянд.
Дастрасии “Китоби Тавҳид” ба хонандаи тоҷикзабон имкон медиҳад, ки бо яке аз сарчашмаҳои аслии мактаби мотуридия шинос гардад. Тарҷумаи ин китоб ба забони тоҷикӣ на танҳо кори илмӣ, балки як амали фарҳангӣ ва маънавӣ маҳсуб мешавад, зеро ба хонанда имконият медиҳад, ки решаҳои таълимоти суннатӣ ва аҳли суннат ва ҷамоатро аз дидгоҳи мантиқӣ ва ақлонӣ дарк намояд. Дар фазои муосир, ки гоҳе таҳриф ва тахминҳои носаҳеҳ аз таълимоти исломӣ паҳн мешаванд, чунин тарҷумаҳо барои рушди маърифати динӣ ва худшиносии мазҳабӣ мусоидат мекунанд.
Мотуридия ҳамчун яке аз ду мактаби асосии каломии аҳли суннат (ҳамроҳи ашъария) дар фарҳанги мазҳабии тоҷикон решаҳои амиқ дорад. Мактаби Ҳанафӣ, ки аксари мардуми тоҷик ба он пайрави мекунанд, дар заминаи усули каломии Мотуридия ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, тарҷума ва омӯзишу тарғиби чунин осор воситаи муҳимест барои барқарор кардани пайванди илмӣ ва маънавӣ бо ниёгон, таҳкими ҳувияти мазҳабӣ ва муқовимат ба андешаҳои ифротӣ.
Бо вуҷуди аҳамияти бузурги ин кор, тарҷумаи “Китоби Тавҳид” аз забони аслӣ ба тоҷикӣ душвориҳои зиёдеро дорост. Нахуст, мураккабии истилоҳоти каломӣ ва мантиқӣ, ки талабгори дониши амиқ аст. Дуюм, хатари таҳриф ё талаффузи нодурусти мафҳумҳо дар натиҷаи фаҳми ноқис ё таҷрибаи ками тарҷумон. Аз ин лиҳоз, барои ба даст овардани натиҷаи илмӣ ва судманд, тарҷума бояд бо шарҳҳои илмӣ ва муқоиса бо нусхаҳои аслӣ сурат гирад.
Тарҷумаи “Китоби Тавҳид”-и Абӯ Мансури Мотуридӣ ба забони тоҷикӣ на танҳо барои мутахассисон, балки барои умум низ арзиши калон дорад. Ин амал метавонад дар таъмини амнияти фикрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, таҳкими худшиносии мазҳабӣ ва пешгирии ифротгароӣ саҳми назаррас гузорад. Дар шароити эҳёи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, чунин иқдомҳои илмӣ ва фарҳангӣ бояд густариш ёбанд ва дастгирии ҳамаҷониба пайдо кунанд.
Шайх Имом Алам-ул-Ҳудо Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридии Самарқандӣ (Чунин муаррифӣ шудааст муаллиф дар муқоваи дастнависи китоби «Тавҳид» нусхаи Кембриҷ (Т).) ситораи дигари илми шарқ ва шуълаафкани илми каломи Мовароуннаҳру Хуросон буд, ки лаҷоми ақли саркаши инсониро ба самти шинохти сифатҳои зотию субутӣ ба назму тартиб дароварда, дарк ва ҳазми фикрии Худованди Офаридагорро дар қалбу тафаккури инсонҳо тавассути усулҳои илмӣ бо риояи қонуниятҳои мантиқӣ дар сарзамини мардуми хирадманди Мовароуннаҳр матраҳ кард. Шоҳроҳи худошиносии ақлиро барои тафаккурҳои оянда бо дастовардҳои илмии бостону замонаш ҳамвор кард. Назарияи сабабиятро дар фалсафаи калом бо хулосабарориҳои мантиқӣ дар шинохти сифатҳои олами аъроз васл намуд. Абумансури Мотуридӣ ақли инсониро бо тамоми нерую маърифати илмӣ ва таҷрибавии замонаш ғалтону хезон то дарвозаи имконпазири фаҳми асрори ҳастии илоҳӣ наздик кард. Ин наздикнамоии ақл ба фаҳму шинохти ҳастии абадӣ, бо усулҳои адлварзӣ, некӯкирдорӣ, сабукгирӣ, таҳаммулпазирӣ, маърифатпазирӣ, илмварзӣ, далеловарӣ ва ғ., ки ба сифатҳои зотию феълии Офаридагор такя мекарданд, як навъ васли накӯофаридашудаҳои олами аъроз бо сифату хислатҳои Офарандаи абадиашон буд, ки тавонист ба муддати мадид, ақлу хирад ва эътиқоди пайровонашро аз таассуб, хурофот, ифрот ва тундравӣ устувору қатъӣ дифоъ намояд. Ҳар кӣ дар ин ақида бо забону қалбу амал устувор буд, ҳеҷ гоҳ тундраву ифротӣ ва таассубгару ҷоҳил шуда наметавонист.
Бо мақсади дарку ҳазми дурусти ин рисолати Давлату Ҳукумат дар кори гиромидошти хотираи ин сутуни илми мазҳабу ақида, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки яке аз асарҳои нодиру муҳимми Мотуридии Самарқандӣ, китоби «Тавҳид» ва «Панднома»- и ӯро бо забони тоҷикӣ аз нашр барорад. Таҳлилҳо муқаррар карданд, ки «Панднома» ягона китоби Абумансур аст, ки бо забони модарии ӯ навишта шудааст. Аммо китоби «Тавҳид» ва дигар асарҳои илмии ӯ ба забони арабӣ иншо шудаанд. Бо мақсади осон намудани кор Марказ чанд нафар аз донишмандони дини исломро даъват намуда, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи ин асари нодир суҳбатҳо баргузор намуд. Маълум шуд, ки асари мазкур то ба имрӯз на танҳо ба забони тоҷикӣ ва ё форсӣ умуман нашр нашудааст, балки миёни уламои Тоҷикистон имрӯз нафареро ёфтан мушкил аст, ки ин асарро хонда бошад ва ё онро ба шогирдонаш таълим дода бошад. Уламое, ки огоҳии фикрӣ ва илмӣ аз ин китоб доштаанд, дар қайди ҳаёт имрӯз нестанд, гуфтанд ходимони динӣ.
Ҳамин тариқ, барқарорсозии пояҳои илмии мазҳаби ҳанафӣ ва каломи мотуридӣ метавонад ба таҳкими худшиносии миллӣ, оромии мазҳабӣ ва пешгирии таҳрифоти динӣ мусоидат кунад.
Абдусаломов Мирзошариф Муҳабатович
– мутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ, Докторант (PhD) –и соли сеюми
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх