Табақабандии илмҳо аз нигоҳи Имом Ғаззолӣ
Дар табақабандии илмҳо, Имоми Ғаззолӣ илмро ба ду бахш (илми муомала ва илми мукошафа) ҷудо карда, илми муомаларо марбут ба инсонҳои муқаррарӣ ва илми мукошафаро марбут ба анбиё медонад.
Илми муомала низ дар навбати худ ба ду бахш (ил¬ми зоҳир ва илми ботин) ҷудо мешавад. Илми зоҳир илми амалҳои бадани инсон буда, ё ибодат аст, ё одат. Илми ботин илмест, ки марбут ба амалҳои дил бу¬да, мамдӯҳ (ситуда) ё мазмум (накӯҳида) аст. Таба¬қа¬бан¬дии илмҳо аз нигоҳи Ғаззолӣ ба меъёрҳои ахлоқӣ (хубу бад) ва мактабӣ (ҳақ¬қу ботил) асос ёфтааст.
Мутобиқи табақабандии Ғаззолӣ илм¬ҳое, ки шаръӣ нестанд, ба се гурӯҳ: ситуда, накӯҳида ва мубоҳ (раво) ҷудо мешаванд. Мутафаккир ба гурӯҳи илм¬ҳои накӯҳида сеҳр, ҷоду, тилисмот, шаъбада, фиреб¬га¬рӣ ва ба илмҳои мубоҳ таърих ва шеърро дохил кардааст.
Илмҳои шаръӣ ду қисманд: хуб ва бад. Илмҳои хуб ба чаҳор навъ ҷудо мешаванд: усул (Қуръон, суннат, иҷмоъи уммат ва осори саҳоба, қиёс), фурӯъ (фиқҳ, илми аҳволи дил ва ахлоқи хуб), муқаддамот (илми наҳв ва луғат) ва мутаммимот (илми таҷвид, қироат, усули фиқҳ, илми риҷол).
Ғаззолӣ дар табақабандии илмҳо фалсафаро ҳамчун илм нишон надода, таъкид мекунад, ки он илми ҷудогона не, балки маҷмӯи ҷузвҳои чаҳоргона (ҳандаса ва ҳисоб, ман¬тиқ, илоҳиёт, табииёт) аст. Ӯ фалсафа ва динро бо ҳам ба¬ро¬бар надониста, балки фалсафа (хусусан маш¬шоия)-ро як навъ гумроҳии фикрӣ хондааст. Аз ин рӯ, манзур аз «фал¬сафаи Ғаззолӣ» услуби исботи ақоиди дин, ахлоқ ва ҷо¬меаи исломӣ, фалсафаи илоҳиёт аст. Ғаззолӣ аз рӯи эътиқоди худ сун¬нии шофеимазҳаб, ашъаримаром мебошад.
Ӯ мутакаллимест, ки дини ислом ва мазҳаби ашъариро ба пояи баланди ҳикмату фалсафа расондааст. Ғаззолӣ сис¬темаи фиқҳи имом Шофеиро бо ғояҳои тасаввуф, равияи муътадили та¬сав¬вуфиро ба фиқҳ алоқаманд сохтааст. Ғаззолӣ дар аввали умраш каломро илми ягона ва асосӣ дар фаҳми маъ¬ни¬ҳо¬ву дарки моҳияти таълими дин медонист.
Баъди он ки Ғаззолӣ фалсафаро хеле амиқ омӯхт, ба радди ақидаҳои файласуфон пар¬дохт. Мутафаккир маҷмӯи масъалаҳои фалсафаро дар бист масъала гирд оварда, мавриди муҳокима қарор дод ва ба чунин хулоса омад, ки аксари онҳо мухолифи ақи¬даи ислом, алалхусус ақи¬даи аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Ғаззолӣ дар 17 масъала, аз қабили эътиқоди фалосифа бар он ки илми нуҷум аз ғайб мутталеъ аст, нуфус (ҷон¬ҳо)-и инсонӣ баъд аз адам (нестӣ) мустаҳал мешаванд, ақидаи файласуфонро бидъат шумурд.
Ғаззолӣ ақидаи файласуфонро дар мавриди се масъала куфр мешумурд. Яке қавли файласуфони машшоъ бар қидами олам, дигар он ки Аллоҳ куллиётро медонад, на ҷузъиётро ва ниҳоят, қавли онҳо дар бораи ҳашри арвоҳ бе аҷсод, яъне инкори маоди ҷисмонӣ.
Аз нигоҳи Ғаззолӣ, илми калом ҷузъе аз фалсафа буда, бояд танҳо барои рад кардани шакку шубҳа ва гумон, ҳимоя аз ақидаҳо ва фурӯ нишондани шиддати беэътиборӣ ва но¬писандӣ, инчунин нигаҳдории қалбҳои оммаҳои мардум ба кор бурда шавад. Ғаззолӣ илми каломро чунин таъриф кардааст: «Илми калом дар зот ва сифоти қадим ва сифоти ақлии Борӣ таъоло ва дар аҳволи анбиё ва аимма (имомон) ва дар мавту ҳаёт ва қиёмат ва баъсу ҳашр ва ҳисобу руъяти Худо аст».
Ғаззолӣ мутакаллимонро ба посбонҳо монанд кардааст, ки агар дуздон набошанд, зарурат ва ҳоҷат ба посбонон низ намемонад.
Ҳамчунин агар бидъатгузорон ва шаккушубҳадорон намешуданд, барои мутакаллимон низ дар ҷомеаи мусулмонон ҷой пайдо намешуд.
Дар низоми табақабандии илмҳо Ғаззолӣ ба илми фиқҳ мавқеи поинро муносиб дониста, онро илми дунявӣ мешуморад ва дар канори илмҳое чун тиб ва ситорашиносӣ қарор медиҳад, танҳо бо ин тафовут, ки фиқҳ, аввалан, хусусияти шаръӣ дорад, сониян, бар хилофи илми тиб, ки фақат барои беморон зарур аст, ба он тамоми равандагони роҳи охират эҳтиёҷ доранд ва солисан, илмест, ки ба илми роҳи охират қаробат дорад.
Ғаззолӣ бар ҳамаи риштаҳои маорифи исломӣ иҳота дошт ва уламову донишмандону адибони на танҳо замони зиндагии мутафаккир, балки асрҳои баъд низ дар зери нуфузи фикрии ӯ қарор гирифта, ҳамагон пойбанду шефтаи осору каломаш гаштаанд.
Ҳамин нубуғи фикриву илмии Ғаззолӣ аст, ки ӯ ба ҳайси яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷаҳони ислом ва муҷаддид (эҳёгар)-и дини ислом дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ шинохта шудааст.
Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ гуфтааст:
Садре, ки зи илми олами аллом аст,
Дар кулли ҷаҳон ягонаи айём аст.
Кони гуҳари олами ҷон Ғаззолӣ,
Дарёи улум, Ҳуҷҷатулислом аст.
Дар таҳияи ин мақола аз Википедия истифода шудааст.
Адабиёт
1. Ғаззолӣ / С. Аҳмадов, С. Маҳмадуллоҳ. // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
2. Муҳаммад Ғаззолӣ. Кимиёи саодат, Тош., 1890;
3. Али-заде А. Газали Мухаммад (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
4.Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
5. Архив Интернета — 1996. — С. 23—25.
6.Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
7. AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1991. — Vol. 2. — P. 1038.
Абдуллоҳи Қодирӣ
сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх