Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи 28-солагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Бояд таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи мазкур мо миллати тоҷик ба ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагӣ ва ба оромию осудагии имрӯзаи ватани маҳбубамон зафарёб гардидем. Воқеан, ваҳдат сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳои миллат аст.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб 40 моҳ идома ёфтанд, ба имзо расид.
Роҳи сулҳ роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо намунаи тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати дуввумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 26-уми июни соли 1999 таъкид доштанд, ки «Бе ҳеҷ муболиға метавон гуфт, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ғалабаи фақат миллати тоҷик ва тоҷикистониён не, балки ғалабаи тамоми тоҷикони дунё, пирӯзии дӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон буд. Зеро ин амал якпорчагии Тоҷикистон, истиқлолияти он ва умуман миллатро аз хатари нобудшавӣ эмин дошта тавонист».
Саъю талоши шабонарӯзии Сарвари ҷавони мамлакат ба хотири сулҳу ризоияти миллӣ, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ва бо роҳи ғайринизомӣ, яъне музокироти сиёсӣ хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ барои насли имрӯза як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи таърихӣ ва нотакрори давлату давлатдорӣ гардид, ки имрӯз ҷавонон аз он таҷрибаи пурарзиши фарҳанги сулҳро омӯхта ва онро бо ҷону тан ҳифз карда истодаанд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки фармудааст: «Дар Рӯзи ваҳдат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сари як масъала амиқ андеша кунад: ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд. Аниқтараш, сарчашмаи истиқлолият ваҳдат аст. Мо бояд истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем».
Дар воқеъ, ваҳдат маънои ягонагӣ, муттаҳидиву ҳамфикрии миллатро дорад ва имкон медиҳад, ки миллат орзӯҳои худро дар бораи пешрафти кишвараш амалӣ созад. Аз инҷост, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолият заминаи кафолати пешрафти кишвар ва якпорчагии Ватан гардидааст.
Сулҳу оромии ҷомеа имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил гардад.
Шукронаи он мекунем, ки Ватани ободу давлати пешрафта ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро соҳиб гаштаем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
– сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии
Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
Корманди шоистаи Тоҷикистон