Барои дарки моҳияти созандагии Ваҳдати миллӣ моро зарур аст эътироф намоем, ки фазои имрўзаи сулҳу оромӣ дар фазои кишвар, пайваста рух додани маъракаю чорабиниҳои мухталифи хурсандибахши мардум дар саросари кишвар, фаровонии бозору мағозаҳо аз молҳои гуногуни ниёзи мардум, пур гардидани на танҳо роҳҳои автомобилгарди шаҳр, балки кўчаю тангкўчаҳо дарманотиқи дурдасти кишвар аз мошинҳои гуногунтамғаи ҳозиразамон маҳсули Ваҳдати миллӣ мебошанд. Ваҳдати миллист, ки иқтисодиёти кишвар бомаром ҳар сол 7-8 дар сад пешрафт карда истодааст. Ваҳдати миллист, ки сатҳи накўаҳводии мардум пайваста беҳ гардида, давр байни қисмате аз аҳолӣ фарбеҳшавӣ ҳамчун нишонаи фаровонию серию пурӣ раванди маъмулӣ гардида, дар байни дигар қишрҳои аҳолӣ низ интишор ёфта истодааст. Ваҳдати миллист, ки имрўз варзишгарони кишвар дар соҳаҳои мухталифи варзиш парчами давлатро баланд бардошта, миллатро ҳамчун умумияти этникии тамаддунпарвару фарҳангсоз муаррифӣ карда истодаанд. Ахиран, Ваҳдати миллӣ ба миллати тоҷик муҳимтарин ва пурқиматтарин арзиши сиёсӣ – истиқлоли давлатиро эҳдо намуд. Аз ин нуқтаи назар, муносибати байни Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатии кишвар муносибати байни сабабу натиҷа мебошад ва нақши тақдирсози Ваҳдати миллиро амалан таъкид менамояд.
Албатта, ҳамаи он падидаҳои хурсандибахше, ки зикр гардиданду бояд муҷиби шукргузории аҳли ҷомеа бошанд, бидуни муттаҳидӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рух намедоданд. Маҳз ҳамин муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва сафарбар намудани тамоми нерў баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Президенти кишвар ҷомеаи моро ба чунин рўзҳои саид ва фараҳбахш – оромию осудагӣ дар фазои сиёсии кишвар ва серию пурӣ дар ҳар хонадони кишвар оварда расонидааст.
Вақте дар бораи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ сухан меронем, пеши назари мо беихтиёр ҳамон кўшишу талошҳои қишри хиёнатпешаи миллат дар солҳои ҷанги таҳмилӣ ҷилвагар мешавад, ки бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои сиёҳи худу хоҷагони хориҷияшон қариб буд кишварро пора-пора намоянд. Бузургон мегўянд, ки «шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Ҳамчунин мо медонем, ки миллати курд баъд аз парокандашавии худ то ҳол имкон надорад, ки боз бо ҳам омада, худро ҳамчун як умумияти сиёсӣ муаррифӣ намояд. Аз ин рў, хушбахтии беканори халқи тоҷик аст, ки мардуми кишвар дар солҳои ҷанги таҳмилӣ дар атрофи нерўҳои созанда ва миллатдўсти кишвар ҷамъ омаданду миллатро аз парокандагӣ ҳифз намуданд ва ба ин рўзҳои саид расиданд.
Қобили зикр аст, ки ҳаводиси сиёҳи гузашта, агарчанде, паси сар гаштанд, ҳамзамон як мактаби омўзишие гардиданд, ки аз онҳо бояд хулосаи зарурӣ баровард ва барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳамеша бояд омода буд. Аввалин сабақи хотирмони он ҳаводиси сиёҳ дар он ифода меёбад, ки барои шахс ё қишри хиёнатпеша на таъриху фарҳанг ва на имрўзу ояндаи миллат ҳеҷ арзише надоштааст. Дар рагу пайванди қишри зикршуда аз номуси худшиносию ватандорӣ асаре ба мушоҳида намерасад. Аз ин рў, чунин қишр ба сабаби ҷаҳолат арзишҳои миллии худро ба осонӣ қурбони арзишҳои бегона мегардонад.
Дар пешорўи таҷлили солгарди Ваҳдати миллӣ бо дарки амиқи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ мехоҳем қайд намоем, ки дар ҷомеа имрўз раванду ҳодисаҳое аз худ дарак дода истодаанд, ки аҳамияти бузурги Ваҳдати миллиро барои ҳар фарди худшинос ва меҳанпараст садчанд зиёд мегардонанд. Аз нигоҳи мо ба ҷумлаи чунин раванду ҳаводиси таҳрикдиҳанда дохил мешаванд:
– нерў гирифтани раванди ҷаҳонишавии фарогир;
-тезутунд гардидани муносибатҳои байналмилалӣ ва дар заминаи он сурат гирифтани тақсимоти нави ҷаҳон;
-идома ёфтани таъсири нерўҳои ифротии динӣ ба зеҳни насли ҷавон;
-дар ҷомеа якбора ба маротиб зиёд гардидани раванди дингароӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ онро наметавон раванди мусбат номид (дар ин замина набояд аз мадди назар дур сохт, ки дар ҷомеаи мо чанде пеш дар тўли ҳафтод сол идеологияи дунявӣ ҳукмрон буд, аммо ғайричашмдошт дини дар камин ноайён хобида, чун шери гурусна зуд сари худро баланд кард ва ҷомеаро дар як муддати кўтоҳ зери таъсири афкори номатлуби худ дароварда, оқибатуламр яке аз сабабҳои ҷанги бародаркуш гардида буд.);
– дар ҷомеа имрўз насли ҷавоне ба воя расида истодааст, ки зеҳни он моҳият ва зарурати Ваҳдати миллиро ба сабаби ноогоҳӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилӣ дуруст ва амиқ дарк наменамояд.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, махсусан ҳаводиси сиёсии даҳсолаҳои охир дар манотиқи мухталифи дунё ҳар як фарди миллатдўсту меҳанпарвари кишварро воҷиб мегардад, ки зимни фаъолияти тарғиботӣ доир ба аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ ба самтҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд:
– Сухани Пешвои муаззами миллат: «Мо аслиҳаи ядроӣ надорем, лекин Ваҳдати миллӣ дорем, ки аз он ҳам нерумандтар аст» ро – дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври равшан бояд шарҳу эзоҳ дод;
– Сиёсати муқаддам будани арзишҳои миллӣ, махсусан Ваҳдати миллиро дар муқоиса бо дигар анвои арзишҳо, ҳатто арзишҳои илмию динӣ пайваста бояд ҷорӣ кард;
– Барои даст ёфтан ба Ваҳдати комили миллӣ авло будани манофеи миллиро аз манофеи шахсию гурўҳӣ пайваста дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷой намуд;
– Ба насли ҷавони ба воярасидаистода аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллиро пайваста бо мисолҳои мушаххаси таърихӣ бояд шарҳ дод то дар зеҳнашон эҳсоси баланди худшиносию меҳанпарварӣ ба таври устувор ташаккул ёбад.
Абдухалилзода К.А.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ