Санаи 23-юми июни соли 2025 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд» баргузор гардид.
Дар кори семинар директори Марказ, муовинон ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.
Нахуст директори Маркази исломшиносӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода қайд намуданд, ки мардуми Тоҷикистон дар арафаи 28-умин солагрди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор доранд. Маҳз ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи мазкур миллати тоҷик ба ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагӣ ва оромию осудагии имрӯзаи ватани маҳбубамон зафарёб гардид. Воқеан, ваҳдат сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳои миллат аст.
Дар идомаи кори семинар сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Марказ, номзади илмҳои педагогӣ Одинашоҳ Вализода баромад намуда, ёдовар шуданд, ки роҳи сулҳ роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо намунаи тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Саъю талоши шабонарӯзии Сарвари ҷавони мамлакат ба хотири сулҳу ризоияти миллӣ, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ва бо роҳи ғайринизомӣ, яъне музокироти сиёсӣ хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ барои насли имрӯза як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи таърихӣ ва нотакрори давлату давлатдорӣ гардид, ки имрӯз ҷавонон аз он таҷрибаи пурарзиши фарҳанги сулҳро омӯхта ва онро бо ҷону тан ҳифз карда истодаанд.
Дар фарҷом кормандони Марказ андешаҳои худро баён намуда, изҳор доштанд, ки ватандориро чун зеботарин ибодат пазироӣ намоем.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ