МАВЛОНО – ШОИРИ ОЗОДАНДЕШ
Мо барои васл кардан омадем, На барои фасл кардан омадем. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар водии Вахши Тоҷикистон, дар хонаводаи Баҳоуддин Валад чашм ба дунё кушодааст. Падараш марди соҳибилму огоҳ ва дар байни мардум аз маъруфияти зиёд бархурдор буд. Мардумон ба ӯ эътиқод ва иродати зиёд доштанд. Бояд гуфт, ки муносибати ӯ бо ҳокими вақт – Хоразмшоҳ дар аввал хуб буд, аммо баъдан сардие дар миёни онҳо падид меояд ва ин сабаб мешавад, ки Баҳоуддин Валад бо тамоми аҳли оилааш Балхро тарк кунанд. Қиссаи дар роҳи Нишопур ба Аттор вохӯрдани онҳо ва ба Ҷалолиддин Муҳаммади хурдсол тақдим шудани «Асрорнома» аз ҷониби ӯ барои ҳамагон маълум аст. Баҳоуддин Валад баъд аз зиёрати Макка рӯ ба Осиёи Хурд овард, зеро дар ин айём Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти муғулон афтода, Хоразмшоҳ дар гурезагӣ ба сар мебурд. Бинобар ин, аҳли оилаи Мавлоно ба Қуния, ки ҷои нисбатан амну осоишта маҳсуб мешуд, рафтанд. Мавлоно баъд аз фавти падар ба маснади ӯ нишаста, ба таълиму тадрису ваъз машғул мегардад. Вай дар сояи тарбияти Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, ки аз шогирдону муридони падараш буд, ба илму маориф рағбат пайдо карда, муддате дар Шом низ касби дониш менамояд. Ӯ дар ҳамин давра бо Шамси Табрезӣ шинос мешавад ва ин ошноӣ тарзи зиндагии ӯро батамом тағйир медиҳад: Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯи ту, Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дил ёд дор. Бояд гуфт, ки пас аз ғоиб гардидани Шамси Табрезӣ, Мавлоно ба Салоҳиддини Зарринкӯб ва Ҳисомиддини Чалабӣ рӯ меорад ва бо онҳо ҳамчун пиру мурид иродат меварзад. Мавлоно соли 1273 дар Қуния вафот менамояд. Қабраш дар он ҷост ва зиёратгоҳи арбоби шавқу завқ ва илму адабу ирфони олам мебошад. Мавлоно аз адибону андешамандони пуркору пуросор ба шумор меравад. «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» («Девони Шамс»), «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ», «Мактубот» ва «Маҷолиси сабъа» аз осори машҳури Мавлоно мебошанд. «Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст, ки дар он мавзуот ва мазмунҳои мухталиф баён ёфтаанд. Бинобар ин, бисёре аз абёти китоб ба ҳадде ба зиндагию воқеият гиреҳ мехӯрад ва аз фасоҳату равонию маънии воло бархурдор аст, ки ба сифати такбайт ё масалҳои мардумӣ даромадаанд ва асрҳо боз вирди забони мардуманд. Назири ин байт: Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Мавлоно мисли соири адибони пешқадам, дар пардаи афкори пӯшидаву рамзомез андешаҳои пешқадам ва иҷтимоии худро ба намоиш мегузорад. Воқеан, Мавлоно табъан гӯяндае озодандеш, воқеъгаро буда, дар маркази осори ӯ ҳаёти пурзиддияти инсон меистад. Аммо дарку фаҳми он барои ҳар кас муяссар нест. Хусусан афкори пешқадамонаи шоирро, ки тавассути рамзу киноёт, афсонаву тамсилу ҳикоёт баён ёфтаанд, берун кашидан кори чандон сода нест, аммо ин кор зарурат дорад, зеро, мутаассифона, то имрӯз ағлаб осори ӯ аз дидгоҳи тасаввуф ва дин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои дигари осори вай, аз ҷумла инсонӣ, миллӣ, хусусан, озодандешии шоир, хеле кам тадқиқ шудаанд. Аз ин рӯ, Мавлоно наҷотдиҳандаи фикри башар аз гирифторӣ ба ғаму андуҳ, аз ғуломӣ, сарояндаи озодӣ, ифшогари таассубу хурофот, намояндагони фирқаҳои мазҳабӣ, воизони риёкор ва амсоли он мебошад. Дар ҳақиқат, Мавлоно, на танҳо ба дину шариати расмӣ пайванд ва пойбанд нест, балки бисёре расму ривоҷи маъмулро нозарур мешуморад ва риоя намекунад. Ӯ дар ин бора гоҳе ошкоро ва гоҳе пӯшида сухан мегӯяд. Чунончи: Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро, Бигзор ин исломро, рав каъбаро бутхона кун. *** Безорам аз он лаъл, ки пирӯза бувад, Безорам аз он ишқ, ки серӯза бувад. Безорам аз он мулк, ки дарюза бувад, Безорам аз он ид, ки дар рӯза бувад. Мавлоно, ки донишманде сутургу равшанфикр аст, ба намозу рӯза, ки риёкорон баҳри ғаразҳои шахсӣ ба ҷо меоранд, беэътино аст. Ӯ рӯи маъшуқаро намоз ва чашмонашро рӯза медонад ва мегӯяд: Рӯи ту намоз омаду чашмат рӯза В-ин ҳар ду кунанд аз лабат дарюза. Ҷурме кардам, магар, ки ман маст будам, Оби ту бихӯрдаму шикастам кӯза! Мавлоно дар ин замина то дараҷае пеш меравад ва ба шинохтани оламу одаму ҳастӣ, хусусан динҳо мерасад, ки дигар эътимодро билкул аз динҳо аз даст медиҳад. Бинобар ин, бо сароҳат мегӯяд, ки ӯ аз миллати ишқ аст, зеро динҳо байни башар нифоқ ва душманӣ меварзанду одам мекушанд: Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост, Ошиқонро миллату мазҳаб Худост. Бунёди фалсафаи Мавлоно бар камолоти инсонӣ асос ёфтааст. Ӯ онҳоеро, ки дар чорчӯби дину шариат худро маҳдуд мекунанд, сарзанишу накӯҳиш намудааст. Чунончи, мефармояд: Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ, Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ. Яъне дар андешаи Мавлоно инсон будан болотар аз мақоми мусулмон будан аст. Мусулмонӣ аввали роҳ аст ва ниҳояти онро камолоти инсонӣ ташкил медиҳад. Ҳамин фалсафаи инсонгароёнаи ӯ буд, ки пайравони тамоми динҳо дар суҳбату маҳфилҳои Мавлоно ҷамъ мешуданд ва баҳра мебурданд. Кору кӯшишро, ки мояи ҳастӣ ва саодату зинда мондани инсон аст, адибони мо аз сапедадами шеъри тоҷикӣ дар осорашон сутудаанд ва талқин кардаанд. Аммо дар тасаввуф, ки бар пояи тақдир ва таваккал поярезӣ шудааст, ризқу рӯзиро аз ҷониби Худо медонанд, ки пешакӣ таъйин шудааст ва ӯ расонандаи он аст. Яъне бе дасту по задан, ҳаракат кардан, кор кардан ҳам метавон зиндагӣ кард. Албатта, ин фикри ғалат аст, ки дар зеҳни мардум, бавижа мусулмонон нишаста ва эшонро танбалу коҳилу коргурезу ақибмонда кардааст, зеро эшон маънии таваккал ва мавқеи коргирӣ аз онро дуруст нафаҳмидаанд. Саросари осори адибони сӯфӣ оганда аз ин андешаи ботил аст. Аммо Мавлоно, баръакс, саъю кӯшиш, дасту по задан, ҳаракат, фикр карданро ба башар талқин мекунад: Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон, Туро бедаступоӣ маслиҳат нест! Худшиносӣ аз аркони муҳимми зиндагӣ, сарбаландӣ ва сарфарозии банӣ башар аст. Бидуни худшиносӣ инсон наметавонад аз мақом ва ҷойгоҳи худ бархурдор бошад. Ба назари Мавлоно ҳақиқат яке аст ва ба он чун аз дидгоҳи мухталиф нигариста мешавад, садрангу гуногун менамояд. Ба ақидаи вай душманиҳои мазҳабӣ ва таассубҳои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд, пайомади ҷаҳлу ғафлат аст: Аз назаргоҳ аст, ай мағзи вуҷуд, Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд. Тибқи фармудаи Мавлоно, аз он ҷо, ки ақлу идроки башарӣ нисбат ба ҳақиқати мутлақ маҳдуд аст, одамӣ наметавонад ҳақиқатро он сон, ки ҳаст, бишносад, ба ин сабаб ихтилоф дар таъбир ва тафсири ҳақиқат амре табиӣ ва гурезнопазир аст: Аз назаргаҳ гуфташон шуд мухталиф, Он яке долаш лақаб







