МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Ифротгароии динӣ -хатар ба давлатдории миллӣ

Таҳлили вазъи имрузаи Ховари Миёна ва Наздик, Сурия ва Ироқ, ки то Афғонистон тул мекашад бори дигар собит месозад, ки кулли зуҳуротҳои динӣ дар кадом шакле набошанд, агар аз доираи танзими қонунии давлат канорагирӣ кунанд ё дар бархурд қарор гиранд, на фақат моҳияти аслии худро гум мекунанд, балки хусусияти тахрибомезонаи хурофотӣ ё ифротӣ-экстримистиро мегиранд. Чунин амали нодуруст ба амнияти давлат таҳдид намуда, дар ҷомеа хушунату бадбинӣ нисбати якдигарро тавсиа медиҳад. Аз ин хотир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суҳбату вохуриҳо аз зиёдаравӣ дар дин ва хатари он ба давлатдории миллӣ ҳарф зада,таъкид менамояд, ки “Ман аввал тоҷикам баъд мусулмон”. Ифротгароии динӣ ё ба истилоҳ “экстремизми динӣ” яке аз намудҳои ниҳоят хатарноки ифротгароӣ мебошад, ки дар натиҷа шахс ба хурофоти динӣ аз ҳад зиёд дода шуда, таълимоти диниро сатҳӣ ва бо фаҳмиши рӯякӣ аз худ менамояд. Дар як муддати муайян шахс ин гуна фаҳмишу ақидаи динии худро дар амал татбиқ кардан хоста, ба фазои радикализми динӣ (тундравии динӣ) шомил мегардад. Минбаъд агар амалҳои ифротгароёнаи шахс пешгирӣ карда нашаванд, баҳри паҳн намудани ақидаҳои хурофотии хеш даст ба таҳдиду куштори одамон мезанад. Ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ – ифротӣ ру овардани ҷавонон албатта имруз мушкилоти глобалӣ шуда мондаст. Вале барои Тоҷикистон ин мушкилии ҷиддӣ мебошад, чунки: Аввалан зиёда аз 90 фоизи аҳолӣ мусулмон ҳастанд. Сониян зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тоҷикистон давлати миллӣ буда, ояндаи неку пешрафтаи он аз насли ҷавону бомаърифат ва огоҳ аз илми муосир, вобастагии ҷиддӣ дорад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба мақсадҳои худ асосан ба ҷавонони фанатики дин, дорои саводи пасти динию дунявӣ ва зудбовару мушкилидор таваҷҷуҳ менамоянд. Тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пучу дурӯғ дода, нисбати дин, давлат ва шахсиятҳои бонуфуз ҳар хел овозаҳои беасосоро паҳн мекунанд, бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро бармеангезанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”. Мушоҳидаҳо ва натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротии динӣ шомил шудаанд, саводи ками илмӣ дошта бештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Пас худи муҳити бегона сабаби ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ гаравидан ва ифротӣ шудани як қисми ҷавонон мегардад. Муддати зиёд дар муҳоҷират қарор доштани ҷавонони тоҷик ба давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ дорад, ки омилҳои муҳимтаринаш инҳоянд: 1. Дар ҳаёти иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ мутаасифона, дин нақши калон дорад, зеро аксарияти онҳо ба арзишҳои динӣ афзалият медиҳанд, дин ба сифати дастгирии маънавӣ ва танзими муҳити иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ баромад менамояд. Бо сабаби дар хориҷӣ кишвар рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти гуногун, беадолатиҳо ва нобаробариҳои зиёди иҷтимоӣ таваҷҷуҳи баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба дин бамаротиб меафзояд. Аз ин вазъият гурӯҳҳои ифротгаро ва шахсони алоҳидаи манфиатҷӯ моҳирона истифода мебаранд. 2. Дар хориҷи кишвар баъзе аз руҳониёни ифротгарои динӣ нисбатан озодона фаъолият намуда, мақоми баланди иҷтимоиро соҳиб шудаанд ва ба рафтори иҷтимоии муҳоҷирони меҳнати таъсири назаррас расонида метавонанд. Онҳо ба Россия рафта, ҷонибдорони худро ҷамъ меоранд ва ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои динии ифротии худро паҳн менамоянд. 3. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар масҷидҳои исломии Россия намоз мехонанд, ба ҷавонони мусулмони мазҳабҳои гуногуни исломӣ шинос шуда, ба рафтору амали онҳо пайравӣ менамоянд (масалан, гузоштани риши баланд) ва дигар анъанаҳои диниро ба ҳадди ифрот мерасонанд. Ба ақидаи коршиносон дар баъзе аз масҷидҳои исломии Россия мазҳабу равияҳои гуногуни дини ислом тарғиб карда мешаванд. 4. Бештари муҳоҷирони меҳнатии хориҷии Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон аз муҳити тарбиявии оила, назорати мақомоти давлатии Тоҷикистон ва волидайну хешовандони худ берун мондаанд. Аксарияти кулли ифротгароёни динӣ саводи кофии динӣ надоранд, таҳсилоти дурустӣ динӣ ва исломӣ нагирифтаанд, ахбори динии онҳо баъзе маълумотҳои одитарини фиқҳӣ, таърихӣ ва ривоятиву қиссавӣ мебошад, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаи манфиатҷӯйи динӣ дастрас намудаанд. Асоси динро ба таври соддалавҳона, зоҳирӣ ва яктарафа мефаҳманд, бе ҳеҷ гуна таҳлил ва андеша фатвоҳо ва суханони роҳбарони худро қабул ва пайравӣ мекунанд. Нисбат ба ҳокимияти сиёсии қонунӣ, қонунҳои амалкунанда, ҳувияти миллӣ ва фарҳангу тамаддуни форсию тоҷикӣ ҳисси нафат ва бадбинӣ доранд, нафарони муқобили худро танқид ва таҳқир менамоянд. Фикр мекунам, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани ифротгароии динӣ дар амал татбиқ намудани чунин тадбирҳо мусоидат менамоянд: баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмӣ ва арзишҳои дунявии ҷавонон; дар ВАО, сомонаҳои интернетӣ, блогҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани маводи таълимию тарбиявӣ ва тарғиботу фаҳмондадиҳӣ; ба Россия ба сафари корӣ равон намудани мутахассисони соҳаи дин ва руҳониёни бонуфузи Тоҷикистон ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ; тақсими маводи тарғиботӣ ба ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ мераванд; ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани раванди таҳсили динии “ҳуҷрагӣ”-и наврасону ҷавонон ва ғайраҳо. Ҳукумати Тоҷикистон хатарҳои ифротгароёни диниро дарк кардааст ва барои ҳамин ҳам ба муқобили онҳо муборизаи оштинопазирро пеш гирифтааст. Гурӯҳҳои ифротию террористӣ на танҳо ба ҳокимияти сиёсӣ, балки ба ҳар як қишри ҷомеа, ҳар як оила ва ҳар як шаҳрванд хатар доранд. Аз ин рӯ, муқовимат ва мубориза ба ифротгароии динӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва озодихоҳ мебошад. Баҳромбеков Д.А.- сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ ҲАМБАСТАГИИ ИҶТИМОӢ

Таърих гувоҳ аст, ки яке аз аслитарин ҳадафи низомҳои сиёсӣ саъю кӯшиш барои муттаҳид гардонидани мардум ва гурӯҳҳо будааст. Имрӯз низ мо шоҳид ҳастем, ки давлатҳо, хусусан давлатҳои миллӣ, роҳи устуворӣ ва пешрафти ҷомеаро дар иттиҳоду ҳамбастагӣ мебинанд ва ба ин хотир, мекӯшанд, то дар байни қавмҳо, табақаҳо ва қишрҳои гуногун риштаҳои иртиботии муайянеро падид оварда, ҷомеаро ҳамчун низоми тому яклухт ҳифз кунанд. Ин торҳои равобитро дар давраҳои гуногун, дар сохтаҳои мухталифи зеҳнӣ ва иҷтимоӣ, ҳар хел номгузорӣ мекунанд. Яке аз номгузориҳои падидаи мазкур дар байни ҷомеашиносон ин «ҳамбастагии иҷтимоӣ» (social solidarity) аст. Ҳамбастагии иҷтимоӣ падидаест анъанавӣ, фарогир ва дорои маънои мусбати ахлоқӣ, ки бар пояи он аъзои гурӯҳ ё ҷомеа бо ҳам робитаи мутақобила дошта, ба якдигар вобаста ва ниёзманди ҳамдигар мебошанд. Зиндагии ҷамъии онҳо бар асоси арзишҳо ва манфиатҳои муштарак, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайвандҳои иҷтимоӣ шакл мегирад. [1, с. 646–649] Масъалаи ҳамбастагии иҷтимоӣ ба таври куллӣ дар саросари ҷаҳон ва ба таври хос дар илми сотсиология, ҷузъи масоили муҳим ва асосӣ маҳсуб мешавад. Зеро ангезаи гирдиҳам омадан ё овардани афрод, гурӯҳҳо ва ҷомеаҳо ва сарҷамъу муттаҳид намудани онҳо бисёр муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст ва «ягонагиву иттиҳод аз шартҳои асосии бақои умри ҳар миллат, аз ҷумла миллати тоҷик аст» [10, с. 132]. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки: «Мову шуморо зарур аст, ки тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона кунем» [6, с. 78]. Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, дар давраи соҳибистиқлолӣ, мафҳуму мазмуни ҳамбастагии иҷтимоиро «ваҳдати миллӣ» ифода менамояд. «Ваҳдати миллӣ» ҳамчун андеша ё худ консепсия, яке аз асоситарин қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ ва маркази тамоми дигар консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар масъалаи ташхиси самти асосии инкишофи давлатдории навини кишвар ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад. Зеро «ҳама гуна ҷомеа ба ҳадафу қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди устувори худро мутобиқи он муайян созад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо, бешубҳа, ғояи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад» [8, с. 410]. Ташаккул ва инкишофи ҳамбастагии иҷтимоӣ ва тақвият ёфтани он дар навбати худ вобаста ба омилҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста аст. Яъне ҳамбастагии иҷтимоӣ ва низ «ваҳдати миллӣ дар заминаи омилҳои гуногун ташаккул меёбад» [3, с. 139] ва «сабабҳои гуногуни ногузирии ваҳдати миллӣ ҷой доранд» [5, с. 14]. Омилҳои гуногуни макросотсиологӣ ва микросотсиологӣ сабаб шудаанд, ки кишвари Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолият, табдил шудан ба як давлати миллӣ ва ҳифзу тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ масири басо тӯлонӣ ва пурфарозу нишеберо тай намояд. Шинохт ва татбиқи ин омилҳо, махсусан барои кишваре, ки марҳилаҳои мураккаби гузаришро аз сар гузаронида, дар ибтидои раванди демократикунонӣ қарор дорад, бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, таҳқиқи ҳамбастагии иҷтимоӣ ва омилҳои он дар Тоҷикистон як зарурати таърихӣ ва ҳаётӣ ба шумор меравад. Дар байни омилҳои гуногуни ташаккул ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ «Конститутсия» ҷойгоҳи махсус дорад. Агар арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, забон, таърихи муштарак ва муносибатҳои байнишахсӣ барои наздик намудани одамон заминаи маънавию иҷтимоӣ фароҳам оваранд, пас Конститутсия ин равобитро дар доираи принсипҳо ва меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ ба низом медарорад. Он барои шаҳрвандони дорои ҷаҳонбинӣ, эътиқод, манфиат ва мавқеи иҷтимоии гуногун заминаи ягонаи ҳуқуқии ҳамзистиро муайян мекунад [1, с. 646–649]. Дар ҳар ҷомеае бистари нахустин ва заминаҳои тазминкунандаи ҳамбастагии иҷтимоиро бояд дар партави қонуни асосии давлат, яъне конститутсия ҷустуҷӯ кард. Зеро конститутсия ин ифодагари манфиатҳои олии миллату ватан, муайянсозандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи истиқлоли сиёсиву иҷтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун, фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, …унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайян созандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад [7, с. 150]. Конститутсия, ин риштаи пайванди ҳуқуқии муносибатҳо буда, ҳамчун санади тааҳҳудоти миллии мардум ҳамаи қавмҳо, гуруӯҳҳо ва ҳизбҳоро дар ҳифзи маслиҳату манофеъи миллӣ ба ҳам пайванд зада, ҳамбастагии иҷтимоиро таҳким ва давом мебахшад. Ҳамчунин, конститутсия ҳамчун «шартномаи ҷамъиятӣ» хидмат карда, қоидаҳо ва меъёрҳоро муқаррар менамояд, рафтори шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва муассисаҳоро танзим мекунад ва ба бaртapaф кaрдaни ихтилoфoт дaр ҷoмea кафолат медиҳад. Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки заминаи умумии ҳуқуқии ҳамзистии осоишта ва ҳамкории шаҳрвандон низ мебошад. Албатта, ҳамбастагии иҷтимоӣ танҳо тавассути қабули санади ҳуқуқӣ ба вуҷуд намеояд. Барои ташаккул ва пойдории он омилҳои зиёде, аз ҷумла адолати иҷтимоӣ, эътимоди байни шаҳрвандон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо, масъулияти мутақобила ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ заруранд. Аммо Конститутсия барои рушди ин арзишҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, муносибатҳои байни шахс, ҷомеа ва давлатро ба принсипҳои муайян асоснок мекунад [1, с. 646–649]. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд [4, с. 2]. Ин санад дар давраи соҳибистиқлолӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои ташкили давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муносибатҳои асосии байни давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. Баррасии Конститутсия аз дидгоҳи ҳамбастагии иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки на танҳо аҳаммияти ҳуқуқии он, балки нақши иҷтимоии меъёрҳои конститутсионӣ низ ошкор карда шавад. Дар ин замина чанд ҷанбаи муҳимро метавон ҷудо намуд: Якум: Конститутсия барои муттаҳид сохтани шаҳрвандон дар атрофи арзишҳо ва ҳадафҳои умумӣ замина мегузорад. Дар муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан аз номи «Мо, халқи Тоҷикистон» [4, с. 3] оғоз мешавад. Ин ибора аз ҷиҳати маъноӣ муҳим аст, зеро субъекти қабули Конститутсияро на як гурӯҳи алоҳида, на табақаи муайяни иҷтимоӣ ва на қишри мушаххаси аҳолӣ, балки халқи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Дар идомаи муқаддима, масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, таъмини соҳибихтиёрии давлат, эҳтиром ба озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътирофи баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар таъкид мегардад [4, с. 3]. Аз нуқтаи назари сотсиологӣ, чунин муаррифӣ ба ташаккули тасаввуроти умумӣ дар бораи мансубият ба ҷомеаи сиёсӣ мусоидат мекунад. Шаҳрвандон, новобаста аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эътиқодӣ, дар доираи як фазои умумии шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд ва нисбат ба ояндаи давлату ҷомеа масъулияти муштарак доранд. Маҳз чунин дарки мансубияти умумӣ яке аз заминаҳои муҳимми ҳамбастагии иҷтимоӣ ба шумор меравад. Аҳаммияти иҷтимоии зикри ин арзишҳо дар муқаддима дар он зоҳир мегардад, ки онҳо барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, институтҳои ҷамъиятӣ ва рафтори

МАҚОЛАҲО

МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МУОСИРИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМЕА ВА ТАЪМИНИ ҲАМЗИСТИИ АРЗИШҲО: ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХӢ, ҲУҚУҚӢ, ЭЪТИҚОДӢ, СИЁСӢ, АХЛОҚӢ ВА ФАРҲАНГӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҳаёти ҷомеа низ тағйир меёбад. Ин тағйирот ба фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои байни одамон таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ташаккули тафаккури муосири миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза мебошад. Ҷомеа бояд аз дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав истифода барад ва дар баробари ин, забон, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллии худро ҳифз намояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таърихи куҳан ва фарҳанги бой аст, ин масъала аҳаммияти махсус дорад. Ташаккули тафаккури муосири миллӣ танҳо донистани таърих ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нест. Он ҳамчунин фаҳмидани воқеаҳои замони муосир, эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар бар мегирад. Дар баробари ин, ҳамзистии арзишҳои миллӣ, динӣ ва умумибашарӣ барои рушди устувори ҷомеа муҳим аст. Ҳамзистии арзишҳо маънои онро надорад, ки ҳамаи одамон бояд як хел фикр кунанд ё эътиқоди яксон дошта бошанд. Муҳим он аст, ки ҳар як шахс дар доираи қонун зиндагӣ кунад, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намояд ва бо одамони дорои ақидаву эътиқоди гуногун муносибати хуб дошта бошад. Аз нигоҳи Маркази исломшиносӣ, муносибати арзишҳои миллӣ ва динӣ бояд дар асоси омӯзиши таърих, қонунгузорӣ, дин ва ахлоқи инсонӣ баррасӣ гардад. Ин роҳ имкон медиҳад, ки мероси маънавии миллат дуруст омӯхта шуда, масъалаҳои ҷомеаи имрӯза дар асоси дониш ва далелҳои илмӣ таҳлил карда шаванд. Тафаккури миллӣ дар давоми таърих ташаккул ёфтааст. Забон, фарҳанг, анъанаҳо, хотираи таърихӣ ва таҷрибаи давлатдорӣ дар пайдоиш ва рушди он нақши муҳим доранд. Тафаккури миллӣ ба инсон ёрӣ медиҳад, ки таърихи миллати худро бишиносад ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеа дарк намояд. Таърихи халқи тоҷик аз намунаҳои рушди давлатдорӣ, илму адаб ва фарҳанг бой аст. Забони тоҷикӣ, мероси тамаддунҳои гузашта ва фаъолияти донишмандону адибони бузург дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон саҳми муҳим гузоштаанд. Дар ин раванд осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Носири Хусрав ва дигар намояндагони илму адабиёти классикӣ аҳаммияти калон доранд. Дар осори онҳо масъалаҳои хирад, донишомӯзӣ, адолат, ахлоқи нек ва масъулияти инсон баррасӣ шудаанд. Ин андешаҳо имрӯз низ барои тарбияи маънавии ҷомеа муҳим мебошанд. Масалан, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ муҳаббат ба Ватан, адолат ва хирад мавқеи муҳим доранд. Осори Ибни Сино ва Берунӣ бошад, аҳаммияти дониш, таҳқиқ ва андешаи мустақилро нишон медиҳад. Ин мерос собит месозад, ки фарҳанги миллӣ барои рушди маърифат ва ташаккули ҷаҳонбинии муосир имкониятҳои зиёд дорад. Паҳншавии ислом дар минтақа низ ба ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии мардум таъсири назаррас расонидааст. Дар тӯли асрҳо Мовароуннаҳру Хуросон ба яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанг табдил ёфта буд. Дар ин сарзамин илми исломӣ, фалсафа, тиб, нуҷум, забоншиносӣ ва адабиёт рушд карданд. Ин таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки омӯзиши робитаи фарҳанги миллӣ ва мероси исломӣ аҳаммияти калон дорад. Дар баробари ин, таърихро бояд бо назари илмӣ омӯхт. Гузаштаро танҳо ситоиш кардан ё арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои муосирро ба ҳам муқобил гузоштан дуруст нест. Муҳим он аст, ки аз таҷрибаи гузашта сабақ гирифта, арзишҳои хуби онро ба талаботи замони имрӯза мутобиқ созем. Ҳамин тавр, барои ташаккули тафаккури муосири миллӣ се масъала муҳим аст: ҳифзи хотираи таърихӣ, омӯзиши дурусти гузашта ва истифодаи таҷрибаи таърихӣ барои ҳалли масъалаҳои имрӯза. Ташаккули тафаккури муосири миллӣ ба эҳтироми қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон вобаста аст. Қонун муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, барои баробарии шаҳрвандон ва пешгирии табъиз замина фароҳам меорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва асосҳои сохтори давлатро муайян мекунад. Ин меъёрҳо дар танзими муносибатҳои байни давлат, ҷомеа, шаҳрвандон ва ниҳодҳои динӣ аҳаммияти муҳим доранд. Моҳияти дунявият дар он аст, ки давлат фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ мемонад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз эътиқод ва ҷаҳонбинии худ, аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор мебошад. Озодии виҷдон ва эътиқод низ яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон аст. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад ба эътиқоди худ пайравӣ кунад, аммо ҳангоми истифодаи ҳуқуқҳои худ бояд қонун ва ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром намояд. Барои таъмини ҳамзистии арзишҳо донистани қонунҳо зарур аст. Шахсе, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро медонад, метавонад ҳуқуқи дигаронро низ эҳтиром кунад. Ҳамчунин, чунин шахс ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва даъватҳои ғайриқонунӣ бо назари танқидӣ муносибат менамояд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, яке аз шартҳои муҳими ташаккули тафаккури муосири миллӣ мебошад. Тафаккури муосири миллӣ ба муносибати шаҳрвандон ба давлат ва ҷомеа низ вобаста аст. Донистани манфиатҳои умумимиллӣ, эҳтиром ба қонун ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷузъҳои муҳими ин тафаккур мебошанд. Тафаккури муосири миллӣ бояд ба шаҳрвандон ёрӣ диҳад, ки робитаи байни ҳуқуқҳои шахсӣ ва манфиатҳои ҷомеаро дарк кунанд. Муҳаббат ба Ватан на танҳо бо сухан, балки бо амал низ ифода меёбад. Риояи қонун, саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, ҳифзи муҳити зист ва эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи чунин амалҳо мебошанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеа бо таъсири гуногуни иттилоотӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ мешавад. Технологияҳои рақамӣ дастрасӣ ба донишро осон кардаанд, аммо ҳамзамон барои паҳн шудани маълумоти бардурӯғ ва таҳрифи воқеаҳои таърихӣ низ шароит фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, рушди тафаккури интиқодӣ ва саводи расонаӣ аҳаммияти калон дорад. Шахси дорои тафаккури интиқодӣ ҳар маълумотро бе санҷиш қабул намекунад. Ӯ манбаи иттилоотро месанҷад, далелҳоро аз андешаҳои шахсӣ фарқ мекунад ва пеш аз хулоса баровардан масъалаҳоро меомӯзад. Ин малакаҳо махсусан ҳангоми баррасии масъалаҳои миллӣ, динӣ ва сиёсӣ муҳиманд. Аз нигоҳи исломшиносӣ, масъалаҳои муносибати дин ва сиёсат бояд дар асоси донишҳои илмӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ омӯхта шаванд. Таҳқиқи таърихи муносибатҳои байни дин ва давлат ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои гуногун барои фаҳмиши дурусти ин масъалаҳо мусоидат мекунад. Дар маҷмуъ, таҳкими ваҳдати миллӣ ба эҳтироми гуногунандешӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва рушди фарҳанги муколама вобаста мебошад. Ахлоқ дар танзими муносибатҳои байни одамон нақши муҳим дорад. Қонун ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро муайян мекунад, ахлоқ бошад, ба ташаккули виҷдон, инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми дигарон мусоидат менамояд. Дар фарҳанги тоҷикон эҳтироми калонсолон, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, меҳмоннавозӣ, дастгирии ниёзмандон, ростқавлӣ ва эҳтиром ба аҳли илму маърифат ҷойгоҳи муҳим доранд. Ин арзишҳо дар таҳкими оила ва муносибатҳои солими ҷамъиятӣ саҳм гузоштаанд. Арзишҳои ахлоқии миллӣ ва таълимоти ахлоқии исломӣ дар бисёр масъалаҳо ба ҳам наздиканд. Ҳар ду ба адолат, ростгӯӣ, некукорӣ ва эҳтироми инсон аҳаммият медиҳанд. Омӯзиши ин арзишҳо метавонад дар тарбияи

МАҚОЛАҲО

Ҳақиқати динро донистан хоҳед, ба таърихи он рӯ биёред!

Чун яке аз таҳқиқгарони масоили фалсафии дин, дунявият ва умуман, масоили мубрами рушди ҷомеа ин ҷониб ҳанӯз бар он ақидаи худ устуворам, ки ислом дини дунявист. Баҳри мутмаин гардонидани хонанда бар ҳақиқати ин андешаи худ ҳамеша талош менамоям, ки ҳар чӣ бештар далел дошта бошам. Зимни яке аз ҷустуҷӯъҳо ман бо мақолаи Зиёуддин Сардор, донишманди маъруфи бритониёвии покистонитабор зери унвони “Дар ҷустуҷӯи исломи дунявӣ” (Searching for secular islam. Сарчашма: http://newhumanist. org.uk/798/searching-for-secular-islam) дучор шудам. Сардор ёдрас менамояд, ки дар 20-солагияш ба дунявият нафрат доштааст. Ӯ дар солҳои 70-уми қарни гузашта котиби кулли Иттиҳоди Ҷомеаҳои Исломии Донишҷӯён (FOSIS) будааст. Чун дигар аъзоёни FOSIS ба ӯ ташкилотҳои “Бародарони мусулмон”-и Миср ва “Ҷамоати исломии Покистон” сахт таъсир расонида будаанд. Тибқи эътирофи худи Сардор ташкилотҳои мазкур як рисолати одиро пайваста пайгирӣ мекардаанд: Ислом хуб аст, вале дунявият бад. Ҳамин тавр, иқрор мекунад Сардор, ӯ, чун дигар аъзоёни ҳаракати исломӣ, дар бораи дунявият ва ислом чун ду барзагови бадхашме, ки бо якдигар доимо дар ҳолати низоъ ҳастанд, андеша мерондааст. Сардор дар идома таъкид менамояд, ки баъд аз он ки ӯ ба омӯзиши таърихи ислом пардохтааст, фаҳмидааст, ки вазъият на чуноне аст, ки онро муаррифӣ менамоянд. Дунявияте, ки Сардор бо он огоҳ гардидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ислом бегона набудааст. Он дар таърихи ислом на танҳо ҷойгоҳи муҳим доштааст, балки дар ташаккули афкори классикии исломӣ нақши ҷузъи ҷудонашавандаро бозидааст. Аз чунин андешаҳои хулосавии Зиёуддин Сардор чанд бардошти муҳим ҳосил мегардад: 1.Надоштани маълумоти дуруст ё доштани маълумоти сатҳӣ дар бораи дин, таърихи он, дунявият ҳамчун мафҳум ва ҳамчун принсипи зиндагӣ, қонунҳои рушди ҷомеа, ногузирии пешрафти ҷомеа, зарурати тағйири талаботу манфиат ва арзишҳои дунявии ҷомеа инсонро дар интихоби арзишҳо метавонанд ба гумроҳӣ баранд. Ин ҷо таҷрибаи Зиёуддин Сардор ба таври равшан собит менамояд, ки маҳз надоштани огоҳии комил аз падидаҳои мазкур ӯро зери таъсири ташкилотҳои ифротии гумроҳкунанда гузоштааст. Маҳз ба хотири дарёфти ҳақиқат доир ба дин ва раванду падидаҳои бо дин алоқаманд ӯ ба таърихи дин рӯ меорад ва аз он барои худ ҷавоби қаноаткунанда пайдо менамояд. 2.Ташкилотҳои ифротии зикршуда ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ба онҳо монанд ҳадафмандона мардумро нодуруст маълумот медодаанд. Яъне, онҳо воқеиятро на он тавре ки ҳаст, балки тибқи ҳадафҳои нопоки худ ва хоҷагони пасипардагияшон ба мардум муаррифӣ намуда, бо таҳрифи моҳияти дунявият ва ислом мардумро гумроҳ месохтаанд. 3.Таърих кашшофи воқеии асрори ҷомеа аст. Дар таърих ҳама чиз ҳақиқати худро меёбад. Ҳар он ҷизе, ки берун аз таърих аст, имкони таҳриф шудан дорад. Воқеияти таърихӣ бошад, бо далелҳои сершумори раднашаванда собит мегарданд. Пас, таърих сарчашмаест, ки метавон бидуни дудилагӣ ба он эътимод намуд. Ба таърих рӯ овардани шахсияти донишманд ва ташкилотчии маъруф бесабаб нест. Вай хостааст, ки пардаро аз таълимоти нодуруст ва пурасрори эҷодшуда бардорад. Чӣ хеле ки баъдан хоҳем дид, огоҳии дуруст аз таърих нигоҳи донишмандро пурра дигаргун намудааст. Пас, барои дуруст муайян намудани роҳи оянда бояд на таърихи сохташуда, балки ба таърихи воқеӣ рӯ овард ва аз он бардошти дуруст ҳосил намуд. 4.Дар муайян намудани таносуби дин, махсусан, дини ислом ва дунявият доштани маълумоти дуруст доир ба дунявият ҳатмист. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо мардуми одӣ, балки донишмандони дорои ҷаҳонбинии илмӣ ба сабаби маҳдудӣ ё яксамтии маълумот дар бораи дунявият на ҳамеша маълумоти сареҳ доранд. Маҳдудии мазкур онҳоро ба муқобилгузории дин ва дунявият меорад. Ҳам таърихи воқеии дини ислом ва ҳам воқеияти иҷтимоӣ-фарҳангии мусулмонон дар шароити имрӯза нодурустии мавқеи онҳоро бо далелҳои айёнӣ собит менамояд. Ҳангоме, ки як донишманд доир ба дунявият ва раванду падидаҳои дунявӣ маълумоти дақиқ надорад, пас, дар бораи мавқеъ ва нигоҳи мардуми оддӣ дар ин самт ҳоҷати гап ҳам нест. Аз ин рӯ, доштани маълумоти муътамад ва асоснок доир ба дунявият имкон медиҳад, ки таносуби ду падидаи мазкур, яъне ислому дунявият дуруст баҳогузорӣ карда шавад. 5.Ба ислом бегона набудани дунявият. Вақте Зиёуддин Сардор “дунявият ба ислом бегона нест” мегӯяд, манзури ӯ на исломи назариявии аз тарафи имомҳои мухталиф бо шаклу анвои гуногун эҷодшуда, балки исломи амалии дар таърихи ислом аллакай воқеиятдошта аст. Огоҳӣ бо исломи мазкур, яъне исломи воқеӣ Сардорро мутмаин сохтааст эътироф намояд, ки дунявият ба ислом бегона нест. Исломи назариявии аз тарафи имомҳои мухталиф бо фаҳмишу тафсирҳои субъективӣ орогардида эҳтимол аст, ки ягон вақт ба воқеият табдил меёбанд. Пас, барои маълумоти дуруст доир ба ислом бояд ба таърих рӯ оварду аз исломи воқеии аллакай дар ҳаёт татбиқшуда бардошти дуруст намуд. 6.Ҷузъи ҷудонашавандаи афкори классикии исломӣ будани дунявият. Агарчанде Зиёуддин Сардор андешаи мазкури худро шарҳ надодааст, лекин худи андешаи мазкур дорои аҳамияти бузурги методологӣ дар шинохти ислом маҳсуб меёбад. Ҳангоме болои андешаи мазкур тааққул намудем, пеши назари мо афкори кимиёшиносии Ҷобир ибни Ҳайён (721-815) бо устодонаш дар илми кимиё Имом Ҷаъфари Содиқ (700-765) ва шоҳзодаи умавиҳо Холид Ибни Язид (668-704), ки аввалин кимиёшинос дар олами ислом зикр мешавад, ҷилвагар гардид. Чун жарфтар болои андешаи баёнгардида тааммул менамоем, пеши назари мо ҳамчунин афкори дунёмеҳвари Ибн-ал-Ҳайсам бо асарҳои мумтозаш дар соҳаҳои математика, физика, механика ва оптика, андешаҳои ақлгароёнаи муътазилиҳо, таълимоти Ибни Сино доир ба тиб ва қадим будани олам, таълимоти Абубакри Розӣ доир ба тиб ва аз заррачаҳо тавлид шудани олам, ашъори ҳаётдӯстонаи Умари Хайём, афкори озодандешонаи Ҷалолуддини Балхӣ доир ба таносуби ҳувияти инсон ва Худо ва амсоли инҳо падид меоянд. Ин ҷо бояд махсус таъкид намуд, ки вақте дар ҳар доирае дар бораи дастоварди ислом сухан оғоз мегардад, дилхоҳ домулло на муллоҳои мутаассиби худ, балки номи бузургони ёдрасшударо ҳамчун маҳсули дини ислом қайд менамояд. Пас, вақте дар бораи ислом ҳамчун қутбнамои зиндагӣ сухан меронем, бояд самти фаъолияти чунин бузургони соҳаи илм, ки боиси сарбаландии тамоми мусулмонон буда, таълимоташон мавриди баҳрабардории тамоми аҳли башар мебошанд, ба сифати қутбнамо пазируфта шавад. 7. Бардошти охирини мо аз андешаи фавқуззикри Зиёуддин Сардор дар он ифода меёбад, ки вақте шахси дар муҳити бритонӣ ба воярасида то рӯоварияш ба таърих гумроҳ шудааст, дар хусуси гумроҳшавии мардуми одӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Яъне, таълиму тадриси анъанавии дин бидуни шак дар худ имкони тавлиди тасаввуроти нодурустро доир ба дин нуҳуфтаасту он ба ислоҳ ниёз дорад. Хулоса, чуноне аз таҷрибаи амалии Зиёуддин Сардор бармеояд, баҳри ба даст овардани маълумоти дуруст доир ба дин ба таърихи он рӯ овардан аз манфиат холӣ нест. Маълумоти саҳеҳи таърихӣ доир ба

МАҚОЛАҲО

Худшиносиро тарбия бояд кард (Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон   Мафҳуми худшиносӣ муътабар аст. Худшиносӣ яке аз аввалин ҷузъҳои худогоҳӣ аст, модарзод нест, онро бояд тарбия кард. Илмҳои гуногун ба таҳлилу таҳқиқи худшиносӣ машғуланд. Худшиносӣ равандест, ки дар он шахс хусусиятҳои руҳӣ ва ҷисмонии худ – шахсият, қобилият, манфиатҳо, арзишҳо ва ангезаҳои худро меомӯзад ва дарк мекунад. Ин як амали давомдорест, ки аз кӯдакӣ оғоз ёфта, тамоми умр давом мекунад. Албатта, худшиносӣ аз ҷузъҳое чун: худогоҳӣ – фаҳмиши фаврии афкор, эҳсосот ва нишон додани аксуламалҳо, дарки арзишҳо ва боварҳо – огоҳӣ аз принсипҳои бунёдие, ки ба ҳаёти инсон маъно мебахшанд, санҷиши неру ва заъифиҳо – қабули воқеии қобилиятҳо ва маҳдудиятҳои инфиродӣ иборат мебошад. Бо дар бар гирифтани чунин ҷузъҳои худшиносӣ шахс метавонад аз мансубияти худ ба миллат, таърих, фарҳанг, забон, мерос ва ғайра огоҳ гардад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносиро қутбнамо ҳисобида, пайваста таъкиди онро доранд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Сарвари давлат дар суханронии худ 8-уми сентябри соли 2008 бахшида ба 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯйи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад. Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад». Дар ҳақиқат, худшиносӣ бояд аз илм раҳнамоӣ бинад ва бунёди он бар назария ва воқеият, бар илму амал ҷиддӣ бошад. Аз таъкидҳо хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин хулосаи ақл аст.  Ҳамин гуна мавқеъгирӣ ва хулосабарориро дар файласуфони гузашта низ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, файласуфи чинӣ Конфутсий (551-479 то милод)  таъкид ба он дорад, ки барои худшиносӣ инсон бояд ба таҷрибаи наслҳои пешин такя кунад, анъана, расму ойин ва китобҳоро омӯзад. Файласуфи олмонӣ Карл Маркс (1818-1883) низ гуфтааст: худшиносӣ на танҳо муколамаи дохилӣ, балки фаъолона ва бошуурона ворид шудан ба ҳаёти иҷтимоӣ, раванди меҳнат ва тағйир додани ҷаҳон аст. Аз олимони ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар асари худ «Давлати миллии демократӣ» андешаҳои ҷолиберо пешниҳод кардааст. Ӯ таъкид намудааст, ки «воқеан инсон барои он, ки худро шиносад, ҷаҳонро шиносад, мазмуни зиндагии худро дарк намояд, ӯ дар танҳоӣ дар ибтидо силсилаи пайдоиши худро мекобад. Ин падидаи даврамонанд ӯро ба масири таърих то Бобои Одам мебарад. Бузургии динҳои ҷаҳонӣ маҳз дар он аст, ки онҳо ин умумияти Ҳақро дар пайвастагӣ эътироф намуда, баромади умумии инсонро ва нуқтаи ибтидоӣ аз он Ақли кулл, воҷиб донистаанд». Профессор А.Холиқзода навиштаҳои олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳониро роҷеъ ба масъалаи худшиносӣ (самоидентификация, самопознания) таҳлили амиқ намуда, изҳори назар менамояд, ки ҳуқуқи инсонро имрӯз иддае чун «дини муосири шаҳрвандӣ» эътироф кардаанд, ки асосҳо дорад. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки инсон ҳамчун махлуқи олӣ имкони шинохти яклухти омилҳои худшиносиро дорад, фақат онро тарбият ва ташаккул дода, ба онҳо бештар диққат додан лозим аст. То он замоне, ки омилҳои худшиносӣ куллан бо роҳҳои мухталиф бо сарҳадҳои устувор таъсири худро ба инсоният мерасонанд, то он рӯзгор муаммоҳои инсоният, чун: ҷангу хушунат, нобаробарию зулм боқӣ хоҳад монд. Инчунин, ҳуқуқшиноси варзида Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи «Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлоли миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо: ҷустуҷӯи кафолатҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ» таъкид менамояд, ки «худшиносиву худогоҳӣ танҳо бо забондониву донишмандии хушку холии бо манфиати миллат амалан васлнабуда, роҳи илҳомоварии маънавию илмии худро ба манфиати соҳибихтиёрии миллӣ, дар олами ноором пайдо карда наметавонад… Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат худшиносию худогоҳии миллӣ ба нуктаҳои муҳимму бунёдии навъҳои худшиносии ахлоқӣ (нашри осори ахлоқии ниёгон), худшиносии эътиқодӣ (эҳёи мазҳаби ҳанафӣ ва ақидаи мотурудия), худшиносии этникӣ (мақоми махсус додан ба забони модарӣ ва тоҷикият), худшиносии фарҳангӣ (қадршиносии фарҳанги миллӣ), худшиносии иқтисодӣ (таҳияи қонуни миллии танзими ҷашну маросим ва тарғиби усули зиндагии сарфакорона), худшиносии ҳуқуқӣ (бо эълон намудани соли маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон) ва худшиносии сиёсӣ (бо интихоби низоми шоистасолорӣ ва демократия) васл дар ҳаёти мафкуравӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан рӯнамо шуд». Бо таъкиди профессор Ҷумъахон Алимӣ, «худшиносӣ танҳо вақте рух медиҳад, ки ягонагии комили ақл, ҷисм ва руҳ вуҷуд дорад, биноан, шумо бояд бо тарафи равонии худ робитаи қавӣ барқарор кунед, донистани тавозуни руҳ хеле муҳим аст, ин фаҳмиши воқеии ниёзҳо ва хоҳишҳои руҳи шумо ва гузоштани онҳо аз бадани шумост». Худшиносии инсон, маданияти маънавии ӯ, ахлоқу одобаш асрҳо ба дин алоқа дошт. Дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад. Давлат ва Ҳукумат барои худшиносии миллӣ ба таҷрибаи таърихии худ ва дигарон такя карда, ҳамеша сабақҳои таърихи миллати худ ва дигаронро пеши назар дорад.  Ба таърих пайвастани миллат аз роҳҳои гуногун даст медиҳад. Яке аз ин роҳҳо бузургдошти чеҳраҳои таърихии миллат ва таҷлили рӯйдодҳои таърихист. Ҳадафи аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба бузургдошти нобиғаҳои илму фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷумла 2700-солагии китоби муқаддаси «Авесто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 950-солагии Муҳаммади Ғазолӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ аз он иборат аст, ки дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани худшиносӣ ва эҳсоси ифтихор аз гузаштагон бошад. Бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин чопи осори зиёди ахлоқиву илмии шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ агар, аз як тараф, ба хотири ҳифзи мероси гузаштагон бошад, аз тарафи дигар, ба хотири худшиносии миллӣ мебошад. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурӣ «халқи мо ба китоб ва сухани китобӣ бовар дошт, ҳама зиндагиашро аз рӯйи китоб тартиб медод, шинохти моҳияти худ, шинохти мавқеи худ дар дунё, ҷаҳонбинии ӯ бо ёрии китоб сурат

МАҚОЛАҲО

ОМИЛҲО ВА НАМУДҲОИ ФАСОДИ ИҶТИМОӢ

Фасод як навъ сӯиистифода ҳисобида мешавад ва як амали манфӣ аст, дар ҳар як давлат ва ҷомеаи муосири миллӣ то ин ё он дараҷа вуҷуд дорад. Ин сӯиистифода метавонад дар ҳама заминаҳои иҷтимоӣ, оилавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто фарҳангӣ анҷом дода шавад. Ҳар чизе, ки аз роҳи дуруст ва урфу одат дур мешавад, дар он соҳа ба фасод табдил меёбад. Дар ин мақола, мо қасд дорем, ки мафҳуми фасод ва баъзе намудҳои онро дар ҷомеа мухтасар баррасӣ кунем. Фасод чист? Фасод калимаест, ки ба дуршавӣ аз идеали маънавӣ ё ахлоқӣ ишора мекунад. Он амалҳои сершуморе ба монанди пора, судхӯрӣ, ва дуздӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Ба истилоҳи маъмул, фасод сӯиистифода аз неъматҳо ва манфиатҳои ҷамъиятӣ барои манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Фасод маънои монеъ шудан ба иҷрои амалҳои дуруст ва солим дар ҷомеаро дорад ва боиси дур шудани ҷомеа аз меъёрҳо ва амалҳои дуруст мегардад. Хулоса, фасод як падидаи номатлуби ахлоқӣ-иҷтимоӣ ва як навъ зарари иҷтимоӣ дар ҷомеа аст. Агар мо хоҳем, ки маъноҳои дигари фасодро қайд кунем, метавонем бигӯем: ошӯб, харобкорӣ, табоҳӣ, фоисқӣ, бадахлоқӣ, айёшӣ, фоҳишӣ, бетартибӣ, бепарвоӣ ва ғайра. Фасод инҳироф аз роҳи дуруст аст, ки метавонад дар ҳар соҳа рух диҳад ва агар шахс бо намудҳои он ошно бошад, метавонад аз пайдоиш ва паҳншавии фасод пешгирӣ кунад. Дар ҷаҳони муосир аз ҳама бештар чаҳор намуди фасод паҳн гардидданд: Фасоди сиёсӣ: Фасоди сиёсӣ як навъ ҷиноятест, ки аз ҷониби одамоне содир мешавад, ки масъулият ва қудрат доранд ва аксар вақт онро тавассути забон як кардан ва ба мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсии худ анҷом медиҳанд. Фасоди фарҳангӣ: Фасоди фарҳангӣ маънои фаъолиятеро дорад, ки хилофи расму оинҳо, арзишҳо ва манфиатҳои ҷомеа аст. Фасоди ахлоқӣ: Ба вайрон кардани меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ ишора мекунад, ки амнияти ҷамъиятиро коҳиш медиҳад ва майли ба каҷрафторӣ ва амалҳои ғайриахлоқиро афзоиш медиҳад. Омилҳои маъмултарини фасоди ахлоқӣ дар ҷомеа инҳоянд: 1. Бесамарии ҳукуматҳо ва муқовимат бо пешрафти мувофиқ ба замони онҳо; 2. Бесамарӣ ва заъфи низоми маориф; 3. Афзоиши камбизоатӣ ва эҷоди тафовутҳои синфӣ дар ҷомеа; 4. Заиф шудани пояҳои арзишмандии афрод дар ҷомеа; 5. Камбизоатии фарҳангӣ; 6. Заъф ва бесамарии низоми оилавӣ ; 7. Нотавонии ВАО-и давлатӣ дар таҳияи мундариҷаи мувофиқ барои ҷомеа; 8. Густариши муносибатҳои ғайрианъанавӣ. Фасоди иқтисодӣ ва молиявӣ: Фасоди иқтисодӣ аз риоя накардани қонунҳо ва сӯиистифода аз вазифаҳои корӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Ин навъи фасод аз камбизоатии иқтисодии афрод ё аз набудани банақшагирии ҳукуматҳо, бетартибиҳои молиявӣ, низоми номуассири қонунгузорӣ, набудани қонунҳои муассир ва нотавонии роҳбарон, хоҳиши қудрати афрод ва набудани назорати дуруст ва саривақтӣ бо онҳое, ки низоми иқтисодиро халалдор мекунанд, ба вуҷуд меояд. Ришвахорӣ, қаллобӣ ва азхудкунӣ аз ҷумлаи фасодҳои иқтисодӣ мебошанд. Фасоди амниятӣ: судҷӯӣ ва ришвахории кормандони мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ. Фасод дар мақомоти амниятии давлатӣ ва низоми ҳифзи ҳуқуқ сӯиистифода аз ваколатҳои расмӣ барои манфиати шахсӣ аст, ки ниҳодҳои тартиботи ҳуқуқиро хароб мекунад, эътимоди мардумро коста мегардонад ва ба амнияти миллӣ таҳдид эҷод мекунад. Сабабҳо ва омилҳои зуҳури ин навъи фасод инҳоянд: -системаи пӯшида: дараҷаи баланди махфият ва мустақилияти мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ назорати ҷамъиятиро халалдор мекунад; -ваколатҳои васеъ: ҳуқуқ ва ваколатҳои васеъ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва маҳдуд кардани озодиҳо заминаҳоро барои сӯиистифода фароҳам меорад; -назорати заиф: нокифоягии назорати мустақили берунӣ ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Шаклҳои асосии зоҳиршавии фасоди амниятӣ: -ришвахорӣ: тамаъҷӯӣ ва пулситонӣ барои қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ё рад кардани гузаронидани санҷишҳо; -ҳифзи ғайриқонунии тиҷорат: пуштибонии фаъолияти ғайриқонунӣ аз ҷониби мансабдорон; -қаллобӣ ва таҳриф кардани далелҳо: эҷоди сунъии далелҳо барои иҷрои вазифа ё манфиати шахсӣ; -суиистифодаи маълумоти махфӣ: интиқоли маълумоти махфӣ барои мақсадҳои тиҷоратӣ ё сиёсӣ. Оқибатҳои манфии фасоди амниятӣ барои давлат: -инҳирофи ниҳодҳо: волоияти қонун халалдор шуда, ҷойи онро созишномаҳои пинҳонӣ ва соягӣ мегиранд; -афзоиши ноамнии ҳуқуқӣ: шаҳрвандон дар муқобили худсарӣ ва фасодкории мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ имконияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худро аз даст медиҳанд; -косташавии мақом ва нақши ҳокимият: нуфузи сохторҳои давлатӣ дар ҷомеа коҳиш меёбад. Фасоди маъмурӣ: Фасоди маъмурӣ ба риоя накардани қонунҳо аз ҷониби мансабдорон, инчунин пардохт ва гирифтани пора дахл дорад. Фасоди маъмурӣ истифодаи ғаразноки камбудиҳои қонунӣ ва риоя накардани қонунҳои муқарраркардаи ташкилотҳо мебошад. Умуман, фасоди маъмурӣ метавонад ба панҷ ҳолат тақсим карда шавад: – риоя накардани қонунҳо ва қоидаҳо; – тағйир додани қонунҳо аз ҷониби мансабдорон; -риоя накардани вазифаҳои қонунӣ; -эҳтиром накардани ҳуқуқи шарафи инсонии муштариён ва онҳое, ки ба муассисаҳои дахлдори давлатӣ меоянд ва муроҷиат мекунанд; – гирифтани пора ва риоя накардани адолат дар муносибат ба муштариён. Сабабҳои аслии афзоиши фасод дар соҳаи маъмурӣ: – набудани системаи мушаххаси масъулият барои роҳбарон дар муассисаҳо: боиси бесамар шудани ташкилот ва нотавонии афрод ва ташкилотҳои сатҳи боло барои баррасии фаъолияти онҳо аз ҷиҳати илмӣ-интиқодӣ мегардад; -салоҳияти беназорати роҳбарон: набудани назорат бар роҳбарон аз ҷониби ташкилотҳои сатҳи боло боиси фасод ва бетартибии маъмурӣ дар муассисаҳо мегардад; – ноустуворӣ дар идоракунӣ: бемасъулиятӣ, берун аз қоидаҳо ва принсипҳо вазифаҳои худро иҷро кардани роҳбарон боиси нотавонии онҳо дар анҷом додани лоиҳаҳое мегардад, ки барои идоракунии фаъолияти муассиса таҳия шудаанд; – адами амнияти корӣ ва равонӣ барои кормандон: набудани қадрдонӣ ва инчунин набудани низоми арзёбии хаттӣ дар муассиса боиси коҳиши эҳсоси мансубият ва эҷоди эҳсоси нохушоянд дар кормандон мегардад; – норасоии қонунҳо ва қоидаҳои маъмурӣ: ин камбудӣ боиси вайроншавии тартибои корӣ ва пайдоиши нофаҳмиҳо дар байни муштариён ва ҳатто кормандон мегардад; – интихоби ва ҷобаҷокунии нодурусти кадрҳо: ҷойгир накардани одамон дар ҷойҳои кории мувофиқ дар асоси қобилиятҳо, дониш ва принсипҳои шуғли онҳо; – бесамарӣ ва заъфи низоми маъмурӣ: ҷойгир кардани менеҷерони ноқобил дар вазифаҳое, ки ба таҷрибаи онҳо мувофиқат намекунанд, набудани таваҷҷӯҳ ба риояи қонунҳо ва принсипҳои маъмурӣ аз ҷониби кормандон ва корфармоён ва набудани системаи арзёбии хаттӣ фасоди маъмурӣ ва риоя накардани ҳуқуқи муштариёнро афзоиш медиҳад; – нотавонии касбии кормандон; -нотавонӣ дар арзёбии кормандон дар асоси принсипҳои ташкилӣ ва таҳсилоти инфиродӣ; – набудани системаҳои дурусти ҳавасмандгардонӣ, мукофот ва муҷозот дар муассисаҳо; – дониши заифи ихтисосии менеҷерон; – набудани виҷдони корӣ ва интизоми шахсӣ; – паҳншавии пайвастагии афрод ба манфиатҳои шахсӣ. Фасоди иҷтимоӣ: Вайрон кардани меъёрҳо ва анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи иҷтимоиро фасоди иҷтимоӣ меноманд. Яке аз омилҳои муҳими бавуҷудоварандаи фасодҳои иҷтимоӣ тафовути синфӣ мебошад. Омилҳоеро, ки

МАҚОЛАҲО

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ПОЯИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

  Забон танҳо воситаи муоширати инсонҳо нест. Он хотираи таърихии миллат, воситаи нигоҳдории фарҳанг, василаи интиқоли дониш аз як насл ба насли дигар ва яке аз муҳимтарин унсурҳои худшиносии инсон ва ҷомеа мебошад. Агар таърих рӯйдодҳои гузашта ва роҳи тайкардаи миллатро ҳифз кунад, забон таҷриба, андеша, ҷаҳонбинӣ, эҳсос ва фарҳанги ин миллатро дар худ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, мақоми забони тоҷикӣ дар ҳаёти миллати тоҷикро на танҳо аз дидгоҳи забоншиносӣ, балки аз нуқтаи назари таърих, фарҳанг, давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи муосир бояд арзёбӣ кард. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дорад. Ин мақом дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шудааст: моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон карда, ҳамзамон ҳуқуқи миллату халқиятҳои сокини кишварро ба истифодаи озоди забони модариашон эътироф менамояд [1]. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар танзим мекунад. Тибқи моддаи 3-и қонун, забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, давлат истифода, ҳимоя ва рушди онро таъмин менамояд; забони давлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад [2]. Барои дарки аҳаммияти забони тоҷикӣ дар замони имрӯз бояд ба роҳи таърихии он назар афканд. Аз нигоҳи забоншиносӣ, забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои форсии нав тааллуқ дошта, дар муҳити таърихии Хуросону Мовароуннаҳр ташаккул ва рушд кардааст. Тадқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки форсии нав аз асрҳои VIII–X ба тадриҷ ташаккул ёфта, дар асрҳои миёна ба яке аз забонҳои муҳими адабиёт, идоракунӣ ва дониш табдил ёфт. Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ин раванд нақши махсус доштанд [3]. Дар ин замина, давраи Сомониён аҳаммияти хос дорад. Дарбори Сомониён дар Бухоро ба яке аз марказҳои муҳими рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ табдил ёфта, забон барои шеър, таърихнигорӣ ва осори илмӣ васеъ истифода мешуд. Тадқиқот собит месозанд, ки маҳз дар муҳити Сомониён эҳёи забони форсӣ ҳамчун воситаи адабиёт, дониш ва таърихнигорӣ суръати тоза гирифт [4]. Дар ин раванд номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ дар дарбори Сомониён фаъолият карда, ба яке аз чеҳраҳои асосии адабиёти форсӣ табдил ёфт. Манбаъҳои илмӣ Рӯдакиро аз барҷастатарин шоирони давраи Сомонӣ медонанд ва осори ӯро аз нахустин намунаҳои бузурги назми форсӣ мешуморанд [5]. Аммо бузургии забони мо танҳо дар шеър маҳдуд нашудааст. Ин забон тавонист ба забони андешаи фалсафӣ, тиббӣ, таърихӣ, ахлоқӣ ва илмӣ низ табдил ёбад. Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон дар муҳити форсизабони асримиёнагӣ осори илмӣ офаридаанд. Ҳамин омил нишон медиҳад, ки забон танҳо воситаи баён кардани андеша нест, балки он худ метавонад ба муҳити тавлид, ҳифз ва интиқоли дониш табдил ёбад. Аз ҳамин нуқтаи назар, мероси Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургони илму адаб барои мо танҳо мероси адабӣ ё таърихӣ нест. Ин осор шаҳодати имкониятҳои бузурги забон дар ифодаи андешаҳои мураккаб, эҷоди асарҳои мондагор ва интиқоли дониш мебошанд. Забон ҳамчун хотираи фарҳангии миллат. Забон фарҳангро танҳо номгузорӣ намекунад, балки онро дар худ нигоҳ медорад. Дар таркиби луғавӣ, ибораҳо, мақолҳо, зарбулмасалҳо, истилоҳот, номҳои ҷойҳо ва осори хаттӣ қабатҳои гуногуни таҷрибаи таърихии халқ ҳифз шудаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи забон маънои ҳифзи танҳо қоидаҳои грамматикӣ ё имлоро надорад. Ҳифзи забон ҳамзамон ҳифзи осори адабӣ, фарҳанги китобхонӣ, истилоҳоти илмӣ, ганҷинаи луғавӣ ва қобилияти ба забони модарӣ ба вуҷуд овардани андешаи муосир мебошад. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли 2025 таъкид карданд, ки забони тоҷикӣ дар рушди таърихии худ «ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат» нақши муҳим доштааст. Дар ҳамин паём таъкид мешавад, ки забони тоҷикӣ дар давраи Сомониён мақоми устувори расмӣ пайдо намуда, баъдан олимон ва адибон дар тӯли асрҳо ба рушди он саҳм гузоштаанд [6]. Ин андеша моро ба як масъалаи муҳими имрӯз мерасонад: агар забон мероси гузашта бошад, пас вазифаи насли имрӯз танҳо ҳифзи он нест – балки рушди он низ ҳаст. Яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати забонӣ дар замони муосир маҳз ҳамин аст: забони тоҷикӣ бояд на танҳо забони адабиёт ва фарҳанг, балки забони фаъоли илм, таҳсил, технология, иқтисод, ҳуқуқ ва муоширати муосир низ бошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон истифодаи забони давлатиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, қонун истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад ва ҳуқуқи миллату халқиятҳоро ба истифодаи озоди забони модариашон эътироф мекунад [2]. Ин муқаррарот як андешаи муҳимро нишон медиҳад: мақоми баланди забони давлатӣ бо эҳтиром ба дигар забонҳо мухолифат надорад. Баръакс, ҷомеаи босубот бояд ҳам забони давлатиро рушд диҳад ва ҳам ба гуногунии забонӣ эҳтиром гузорад. Ҷавони тоҷик бояд забони модарии худро хуб донад, аммо донистани забони тоҷикӣ набояд ӯро аз омӯзиши англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳонӣ боздорад. Баръакс, забони модарӣ бояд заминаи устувори аз худ кардани донишҳои ҷаҳонӣ бошад. Бояд ба ин нукта аҳаммияти махсус дод, ки рӯзи забони давлатӣ танҳо рӯзи таҷлили як сана нест. Ин рӯз бояд фурсати андешидан дар бораи муносибати ҳар яки мо ба забони модарӣ бошад. Барои давлат вазифаи асосӣ фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифз ва рушди забон аст. Барои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ — рушди забони илм, истилоҳот ва фарҳанги забондонӣ. Барои адибон ва рӯзноманигорон — истифодаи забони равону саҳеҳ ва тавлиди муҳтавои босифат. Барои омӯзгорон — омӯзонидани забон на танҳо ҳамчун маҷмуи қоидаҳо, балки ҳамчун воситаи андешидан ва маърифат. Ва барои ҳар як шаҳрванд — эҳтиром, омӯзиш ва истифодаи дурусти забони давлатӣ. Сарвари мамлакат дар паёми Рӯзи забони давлатӣ дар соли 2025 низ таъкид карданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд тавассути забони давлатӣ ва дар баробари донистани хуби забони тоҷикӣ сурат гирад. Ҳамчунин ба китобхонӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, маърифат ва ҷаҳонбинӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд [6]. Пас, эҳтиром ба забон танҳо бо суханони пурмуҳаббат ифода намеёбад. Агар мехоҳем забони тоҷикӣ дар асрҳои минбаъда низ забони зинда, тавоно ва созандаи дониш бошад, бояд ба он илм, китоб, истилоҳоти муосир, технология ва муҳтавои босифат ворид созем. Забон вақте зинда ва неруманд мемонад, ки наслҳои нав онро танҳо мерос намегиранд, балки бо он меандешанд, менависанд, таҳқиқ мекунанд, ихтироъ менамоянд ва бо ҷаҳониён

МАҚОЛАҲО

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва шоҳасараш “Маснавии Маънавӣ”

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 1207 дар шаҳри Балх ба дунё омадааст. Номи ӯ Муҳаммад буда, бо тахаллусҳои Ҷалолудин, Мавлавӣ ва Мавлоно машҳур аст. Падараш Баҳоуддин Валад ном дошта, аз намояндагони аҳли илм ва яке аз орифони давру замон буда, бо номи Султон-ул-уламо низ машҳур буд. Нақши аввалинро дар тарбияи ӯ падараш гузоштааст. Дар оғози ҳуҷуми муғулҳо Баҳоуддин бо аҳли оилааш аз он ҷо куҷида ба шаҳрҳои Нишопур, баъдан ба Ҳиҷоз ва Қуния мераванд. Ҷалолуддин дар овони ҷавонӣ илмҳои расмии замони худро аз худ намуда, баъд аз вафоти падараш ҳакмчун як мударриси бузург ба тадриси шогирдон машғул мешавад. Мероси адабии Мавлоно хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз ҷиҳати навъ назму насро ташкил медиҳад. Мавлоно ду шоҳкории бузург аз худ боқӣ гузоштааст, ки ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ мебошанд: “Маснавии Маънавӣ” ва “Девони Шамси табрезӣ”. Маснавии Маънавӣ яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии мо мардуми форсу тоҷик буда, муаллифи онро шуҳратёри ҷаҳон намудааст. Дар он масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, мазҳабию динӣ, фалсафию ахлоқӣ ва тарбиявӣ инъикос ёфтааст. Шоир ин асари гаронарзиши худро дар давоми даҳ сол эҷод намудааст. Маснавӣ китоби таълимӣ ва дарсӣ буда, дарёест, ки шиновар аз он таъсири зиёд мегирад. Маснавӣ китобе нест, ки тобеи фаслбандиҳои суннатӣ ва қолабию анъанавӣ бошад, балкӣ бештар тобеи услуби Қуръонист. Мавлоно дар зимни баҳс дар нуқтае ба ёди воқеаи машҳуре меафтад ва дар он бора баҳс мекунад. Ӯ ҳикояеро мегӯяд. Он ҳикоя ӯро ба гуфтани ҳикояи дигар мекашонад. Ҳикоя: “Дар ҷустуҷӯйи инсон” Ҳушманде шамъ ба даст дар рӯзи равшан машғули ҷустуҷӯ буд ва бо алоқаи фаровон ҳамаи кӯчаҳову бозорҳоро зери по мегузошт. Раҳгузаре ба ӯ расиду гуфт: -дар ҷустуҷӯйи чӣ ҳастӣ ва дар рӯзи равшан бо ҷароғ думболи чӣ чизе мегардӣ? Ҳушманд гуфт: -думболи инсон мегардам. Раҳгузар гуфт: -беҳуда ҷустуҷӯ накун. Ман зиёд гаштаам ва ҳатто як нафар инсон наёфтаам. Ҳушманд гуфт: -Билохира Шумо инсонро суроғ доред?! -Раҳгузар гуфт: -Дар ин кӯчаву бозор марду зани бисёр вуҷуд дорад: Ҳушманд гуфт: -Ман одам намехоҳам, балки инсоне мехоҳам, ки ҳангоми туғёни хашму шаҳват битавонад худро идора кунад. Гуфт: “Хоҳам мард дар ҷодай дураҳ, Дар раҳи хашму ба ҳангоми шараҳ. Вақти хашму вақти шаҳват мард ку? Толиби марде чунинам кӯ ба кӯ”. Раҳгузар гуфт: -Дунболи чизи камёбе мегардӣ! Дар Маснавии Маънавӣ пайваста андешаҳои зоҳидона, орифона ва ҳикматона дида мешавад, ки хонанда ҳангоми мутолеаи он зери таъсири амиқе қарор мегирад. Мавзуи хирад, дониш, ақл, ҷабру ихтиёр, инсонсолорӣ, бузургманишӣ ва амсоли инҳо дар таълифоти Мавлоно мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Мавлоно ақлу донишро тавсифкунон таъқид кардааст, ки ақл дар зиндагии инсонӣ роҳнамою корсоз мебошад. Ақл бошад роҳнамои мулки ҷон, Ақл бошад корсозу кордон. То чӣ оламҳост дар савдои ақл, То чӣ бопаҳност ин дарёи ақл. Инсонсолорӣ шеваи андешаи файласуфон ва рӯшангарон аст, дар таълифоти Мавлоно ҷойгоҳи махсус дорад. Мутафаккир мавзӯи инсон ва инсонсолориро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, такомули рӯҳу равони инсонро дар бузургандешии ӯ дида, ҷаҳлу залолатро бандагӣ ва бузургандеширо зиндагӣ донистааст. Ай писар. ҷаҳлу залолат бандагист, Ин бузургандешии мо зиндагист. Яъне мафҳуми зиндагӣ дар бузургандешӣ ва инсонсолорӣ нуҳуфтааст. Андешаҳои Мавлоно ки саропо ҳикмату фалсафаи ориёӣ аст, бо ҳиматбаландӣ ва бузургманишӣ ба мардум аз шикастани қулфи зиндони ҷаҳолат мужда медиҳад. Мавлоно ба бисёр масъалаҳои зиндагӣ бо тафаккури баланди фалсафӣ назар намуда, дар партави ишқу маърифат олами инсониро тасвир намудааст. Осори эҷоднамудаи Мавлоно дар тамаддуни шарқӣ, исломӣ, ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва мақоми ӯро муайян намудааст. Ин аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо мешиносанд. Мутафаккири бузург мавлонои Балхӣ дар тамоми Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, марду зан новобаста аз дину мазҳаб ва миллату забони гуногун, аз рӯи ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро, кӣ бо забони тоҷикӣ садо медиҳанд овозхонон дар кишварҳои гуногуни дунё ба монанди Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва ғайра месароянд ва мардум аз он ҳаловат мебаранд. Панду андарз, одобу ахлоқ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми форсу тоҷик буда, ҳанӯз аз асрҳои III-VIII сарчашма гирифтааст. Аз он ҷумла омӯхтани эҷодиёти яке аз бузургони гузаштаи асри-XIII Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ хеле муҳим мебошад. Мавзӯи инсон дар осори нобиғаҳои олам мавқеъи марказӣ дорад, ва дар осори Мавлоно бошад тарбияи ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, тарбияи инсон мавқеъи ососиро ишғол менамояд. Ӯро яке аз устодони мумтози панду ахлоқ мешиносанд. Тавре, ки айён аст қариб тамоми ашъори пурмазмуни Ҷалолиддини Балхӣ панду андарзҳо ва насиҳат мебошад. Суханони дилангезу пурмазмуни ӯ ҳар шахси оқилу дарандешро ба сӯӣ қуллаҳои баланди илму маърифат, хушахлоқию ватандӯстӣ ва сабру таҳаммул равона мекунад. Панду насиҳад дар ашъори Мавлоно бисёр дилкашу мафтункунанда тасвир ёфтааст. Байтҳои ӯ як ҷаҳон маъно дошта, хонандаро ба шӯру шавқ оварда, ӯро барои ҳаёти ибратбахшу одоби нек ҳидоят менамояд. Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле, В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар манзиле. Масъалаҳои дӯстиву ахлоқӣ, панду насиҳат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ дар осори Мавлоно мавқеъи марказӣ доранд. Инчунин мавзуъ ё ибораи «Инсони комил» дар таълимоти Ҷалолиддини Румӣ мақоми махсусеро ишғол мекунад. Ба андешаи ӯ бисёр воқеа ва ҳодисаҳои судманди ҳаёти ҷомеа ба мавҷудият фаолияти инсони комил иртиботи мустаҳкам дорад. Бештари осори Мавлоно хусусияти пандомӯзӣ доранд ва хонандаву шунавандаро ба роҳи рост, ростию росткорӣ равона месозад. Инчунин: шоир таъқид бар он менамояд, ки саодатмандӣ, бахту некрӯзии инсон дар покии виҷдон ва бомаърифатии ӯ мебошад. Одам ба чунин сифатҳо ороста бошад азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам ниҳад тоҷи сари мардумон мегардад. Бо ташаббуси содиқонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ташкилоти бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО соли 2007 эълон гардидани соли Мавлоно, аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик фарзандони бузурге дорад ва номи онҳо дар ҷаҳон машҳур аст. Шоир дар рубоиҳои хеш, он касонеро, ки умрро беҳуда мегузаронанд, мазаммат мекунад, шоиста он бошад, ки аз паи амале кӯшӣ ва ба халқ нафърасон бошӣ. Ба ин мазмун чунин овардааст: Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад, В-ин мояи умр ройгон мегузарад. Дар манзил махуспу ғофил манишин, К-аз манзили умр корвон мегузарад. Шуҳрату маҳбубияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки яке аз адибон ва мутафаккирони форсу тоҷик мебошад дар таъриху фарҳанги миллӣ бисёр мақоми волоро соҳиб гаштааст. Миёни халқу миллатҳои турктабор, ҳинду араб, пушту ва Аврупо низ маъруфу шуҳратёр мебошад. Сабаби маҳбубияти зиёд пайдо

МАҚОЛАҲО

Мақом ва нақши забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд. Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Коршиносон ва ҷомеашиносон чунин хулоса баровардаанд, ки ҳар як ҳафта тақрибан як забон аз байн меравад ва ҳар як нафар дар ҳифзу ҳимояи зобони модарии хеш вазифадор аст. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Яке аз арзишмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёби мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад. Забон инчунин, падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳуввияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва сунатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарафманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд. Мо, вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адбиёт ва таъриху фарҳангаш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад. Ҳамин тариқ бояд гуем, ки забони давлатиамон ин арзишмандтарин неъмате аст, ки моро ва таърихамонро аз насл ба насл интиқол медиҳад. То чӣ андоза мо забони худро эҳтиром намоем то ҳамин андоза ба давлату халқу миллати худ эҳтиром гузошта метавонем. Забони тоҷикӣ дар тӯли ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. Забони тоҷикӣ забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу осоиштагӣ аст. Забони миллии давлатӣ дар мақоми забони илму фарҳанг омили огаҳии соҳибзабонон аз таърихи қадимии забон, осори фаровони ниёгони бофазламон, ки дар давоми таърихи садсолаҳо ба забони илм таълиф ёфта, диққати аҳли илму фарҳанги ҷаҳониро ба худ ҷалб ва тасхир кардаанд, мебошад. Забони модарии мо, забони адабии тоҷикӣ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи хеле пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хидматҳои бузурги фарзандони баруманди халқи тоҷик аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебо захираҳои бою рангини луғатҳо, осори гаронбаҳои илму адабӣ дар шакли назму насри беҳамто ба зинаҳои баландтарини ташаккул расидааст, ки мо аз ин мерос ифтихормандем. Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус ба давраҳои мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ рафта мерасад. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёнажод, яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомю Румӣ ва даҳо нафари дигар, ки чандин аср пеш навишта шудаанд бо ин забони шево мебошанд. Олими бузурги асримиёнагии форсу тоҷик, ки дар доираи илми кимиё ва тиб саҳми ниҳоят калон гузоштааст, Абӯали ибни Сино мебошад. Ӯ дар олам бо номи “ Авитсенна” маъруф аст. Асарҳои ин мутафаккир танҳо ба як соҳа асос наёфта, балки чандин илмҳоро фаро мегиранд. Масалан “Донишнома” аз бобҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, ҳайат ва мусиқӣ таркиб ёфтааст, ки бо забони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисми осори адабии ӯро шеърҳо, ғазалҳо, қасидаҳо ташкил медиҳанд, ки ҷаҳониён ӯро ва миллати форсу тоҷикро шинохтаанд. Бузургони хирад ва шеъру адаби тоҷик, чи классикон ва чи муосир дар мавзӯи забон, эҳтироми забон ва арҷгузорӣ ба он, поянда нигоҳ доштани он суханҳои шоистаю арзандаи бисёр гуфтаанд. Ба вижа, дар осори шоирони классик ин мавзуъ бештар ба назар мерасад. Масалан, Саъдии Шерозӣ беҳтарин шеърҳо дар ин мавзуъ гуфтааст: Забон дар даҳон, эй хирадманд чист? Калиди дари ганҷи соҳибҳунар аст! Чу дар баста бошад, чӣ донад касе, Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар?! Ба ақидаи ин шоири баландфикрат, забон дар даҳони инсон ҳамчун калиди дари ганҷи ӯст ва ганҷ ҳунару истеъдоди инсон ва умуман худи инсон аст. Бо кушодани хазинаи ин ганҷ, яъне бо сухан кардани инсон дар ботини инсон чи қадар ганҷ будан аён мегардад. Вале, агар инсон ин хазинаи худро накушояд, яъне сухан нагӯяд, ганҷи дохили он ниҳон мемонад ва кас натавонад донист, ки дар дохили он ганҷ чи нуҳуфтааст. Яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва устувории миллати шарафманди мо маҳз аз забони шево ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст. Миллати тоҷик дар арсаи шадиди муносибатҳои табақавию ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ байни қавму миллатҳои дигар маҳз тавассути ин сарват мавқеи устувор ёфт ва аз байн нарафт. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва аз байн рафтани фарҳангу миллатҳо махсусан забон сипаре ҳаст, ки миллату фарҳангро ҳифз менамояд. Имрӯзҳо дар замони соҳибистиқлолӣ забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон қарор дорад. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳусни таваҷҷуҳ нисбат ба забони модарӣ бениҳоят калон аст. Сарвари давлати тоҷикон дар яке аз маҷлиси тантанавии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон чунин изҳор намуданд: “Ман ҳамон қадар забони модариамро дӯст медорам, ки агар шабонарӯзӣ ҳам ҳарф занам, хаста намешавам”. Ин суханони муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаъри қалб ва чунон самимӣ буд, ки иштирокчиён аз ҷой бархоста қарсаки давомнок заданд. Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд забони модарии худро ва забонҳои хориҷиро хуб омӯхта, халқи тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён арзанда муаррифӣ намоем. Шарифова С. сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши

МАҚОЛАҲО

ИЛМУ МАЪРИФАТ – ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ ВА ПОЯИ КАМОЛИ ИНСОН

Аз «Бихон» – нидои нахустини ваҳй то масъулияти маърифатии инсон дар ҷаҳони муосир. Дар таърихи тамаддуни башарӣ кам арзишеро метавон ёфт, ки мисли илм тавониста бошад марзҳои замон, ҷуғрофиё, миллат ва фарҳангро убур намояд. Қасрҳо фурӯ рехтанд, тахтҳо дигар шуданд, давлатҳо ба вуҷуд омаданду аз байн рафтанд, аммо дониш ҳамчун мероси маънавии инсон аз насл ба насл гузашта, чароғи роҳи башарро фурӯзон нигоҳ дошт. Илм на танҳо воситаи шинохти ҷаҳон, балки яке аз муҳимтарин неруи пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад. Агар қудрати моддӣ тавонад шаҳр бисозад, пас дониш метавонад инсони созандаи шаҳрро тарбия намояд. Агар сарват барои инсон имконият фароҳам оварад, пас маърифат ба ӯ меомӯзонад, ки ин имкониятро чӣ гуна ба таври дуруст ва созанда истифода кунад. Агар технология қудрати тағйир додани муҳити зистро ба инсон диҳад, пас ахлоқи ҳамида ва маърифат бояд ба ӯ ҳадду масъулияти истифодаи ин қудратро омӯзонад. Аз ҳамин ҷост, ки ҷомеаи босавод танҳо ҷомеаи дорои маълумоти зиёд нест. Ҷомеаи босавод ҷомеаест, ки меандешад, таҳлил мекунад, ҳақиқатро меҷӯяд, ба далел такя мекунад, аз таҷрибаи гузашта сабақ мегирад ва барои интихоби дурусти имрӯз ва фардо масъулият мепазирад. Дини мубини Ислом аз ибтидои зуҳури худ ба илм, дониш ва маърифат мақоми хос бахшидааст. Нуктаи шигифтангез ва пурмаъно он аст, ки оғози ваҳй бо як амри кӯтоҳ, вале таърихсоз сурат гирифт, калимае, ки дари ҷаҳони маърифатро ба рӯйи инсон боз кард: «Бихон!» Худованди мутаъол дар нахустин оятҳои нозилшуда мефармояд: «Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид! Одамиро аз хуни баста офарид. Бихон! Ва Парвардигори ту бузургвор аст! Он, ки бо қалам илм омӯхт; одамиро он чӣ намедонист, омӯхт. (Сураи «Алақ», оятҳои 1–5). Ин чанд оят дар худ фалсафаи амиқи муносибати Исломро ба дониш таҷассум менамоянд. Дар оғоз – офариниш; баъд – хондан; сипас – қалам ва омӯзиш. Гӯё инсон аз ҳамон нахустин лаҳза меомӯзад, ки барои шинохти олами офаридашуда бояд бихонад, биомӯзад, биандешад ва дониши худро тавассути қалам ба дигарон расонад. «Бихон», танҳо амри хондани як китоб нест. Ин даъват ба хондани китоби ҳастӣ низ ҳаст: хондани таърих, табиат, инсон, ҷомеа ва пеш аз ҳама хондани худ. Инсон бояд на танҳо ҳарфҳоро бихонад, балки маънои воқеаҳо, дарсҳои таърих, қонунҳои табиат ва масъулияти худро дар назди ҷомеа низ дарк кунад. Хондан бояд инсонро аз ҷаҳолат ба маърифат, аз гумроҳӣ ба ҳидоят ва аз беандешагӣ ба тафаккур расонад. Инсон ҳар қадар бештар ҷаҳонро бишносад, ҳамон қадар бузургии он ва ҷойгоҳи хешро дар ин олами бекарон амиқтар дарк мекунад. Вале ҳар қадар ба умқи дониш фурӯ равад, ҳамон қадар равшантар эҳсос менамояд, ки дар паси ҳар ҷавоб боз саволи дигаре нуҳуфтааст. Шояд бузургии дониш дар он бошад, ки инсонро на ба гумони ҳама чизро донистан, балки ба фурӯтанӣ дар баробари нодонистаҳои беохир мерасонад. Қуръони карим мақоми донишро бо як саволи кӯтоҳ, вале фарогир баён мекунад: «Бигӯ: Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд, баробаранд?» (Сураи «Зумар», ояти 9). Дар ин савол посух ниҳон аст: донишманду нодон баробар нестанд. Аммо чаро? Зеро инсон метавонад бо чашм бинад, вале маънои дидаашро нафаҳмад. Метавонад садо бишнавад, вале ҳақиқати онро дарк накунад. Метавонад иттилооти зиёде дошта бошад, вале аз таҳлили дурусти он оҷиз монад. Илм ба инсон танҳо маълумот намедиҳад, қобилияти фаҳмидан медиҳад. Илм чашми ақл аст. Чунонки чашми ҷисм ба нур ниёз дорад, ақл низ ба нури дониш муҳтоҷ аст. Агар ҷаҳолат торикӣ бошад, маърифат субҳест, ки марзҳои торикиро пас мезанад. Аммо нури илм танҳо вақте ба камоли инсон мусоидат мекунад, ки бо ахлоқи наку ва масъулият ҳамроҳ бошад. Донише, ки аз ахлоқи ҳамида ҷудо мешавад, метавонад ба василаи қудрат табдил ёбад, вале донишеро, ки маърифат ва инсоф роҳнамоӣ мекунанд, метавон неруи созанда номид. Дар Каломи ҷовидонаи Худованд ҷойгоҳи баланду арзишманди имон ва дониш баён гардидааст: «Худованд касонеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд ва касонеро, ки ба онҳо илму дониш дода шудааст, ба мартабаҳо баланд мекунад» (Сураи «Муҷодала», ояти 11). Дар ин оят пайванди илм ва имон ба таври равшан баён мешавад. Яъне камоли инсон танҳо дар доштани маълумот нест. Камоли инсон дар ҳамоҳангии ақл ва қалб, дониш ва ахлоқи наку, маърифат ва масъулият таҷассум меёбад. Таърихи тамаддуни исломӣ намунаҳои фаровони муносибати созанда ба илмро пеши назари мо мегузорад. Дар давраҳое, ки ҷаҳони ислом ба маркази муҳими илм, фарҳанг ва тарҷума табдил ёфта буд, донишмандон аз соҳаҳои гуногун ба рушди донишҳои башарӣ саҳми бузург гузоштанд. Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад ибни Мӯсо ал–Хоразмӣ ва даҳҳо донишманди дигар на танҳо дар таърихи тамаддуни исломӣ, балки дар таърихи илми ҷаҳонӣ ҷойгоҳи баланд доранд. Абӯалӣ ибни Сино дар тиб ва фалсафа осори мондагор ба вуҷуд овард. Абурайҳони Берунӣ дар илмҳои табиӣ, ҷуғрофиё, астрономия ва таҳқиқоти фарҳангӣ саҳми бузург гузошт. Ал–Хоразмӣ дар рушди риёзиёт ва алгебра нақши таърихӣ бозид. Аммо муҳимтар аз худи номҳо руҳияи илмии онҳо аст, савол додан, мушоҳида кардан, муқоиса намудан, андеша кардан, таҷриба гузаронидан ва ҷустуҷӯйи далел мебошанд. Маҳз ҳамин руҳия аст, ки имрӯз низ барои ҷомеаи мо аҳаммияти бузург дорад. Мо бояд ба насли ҷавон танҳо ҷавобҳои тайёр надиҳем, бояд ба онҳо савол доданро омӯзонем. Зеро ҷомеае, ки савол доданро меомӯзад, роҳи кашфи ҷавобҳои навро пайдо мекунад. Дар роҳи рушди илм ва маърифат нақши омӯзгорро наметавон нодида гирифт. Муаллим яке аз муҳимтарин пояҳои рушди ҷомеа мебошад. Зеро ӯ на танҳо дониш ва маълумотро ба хонанда интиқол медиҳад, балки дар ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ, тафаккури мустақил ва арзишҳои ахлоқии насли нав нақши бузург мебозад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз илму маориф то тиб, муҳандисӣ, иқтисод, технология, фарҳанг ва идоракунии давлат ба мутахассисони соҳибмаърифат ниёз доранд. Омодасозии чунин мутахассисон бошад, аз фаъолияти омӯзгор оғоз меёбад. Мақоми омӯзгор дар таълимоти исломӣ низ ҷойгоҳи баланд дорад. Аз Паёмбари акрам (с) ривоят шудааст: «Ҳамоно ман ҳамчун омӯзгор фиристода шудаам», (Сунани ибни Моҷа, ҷ.1, с.155. ҳадиси 229). Ин сухан аҳамияти донишомӯзӣ ва рисолати омӯзгорро таъкид намуда, нишон медиҳад, ки таълим танҳо интиқоли дониш нест, балки воситаи тарбия ва камолоти инсон низ мебошад. Омӯзгори ҳақиқӣ танҳо донишро ба хонанда намеомӯзонад, балки дар зеҳни ӯ чароғи андешаро фурӯзон мекунад. Ӯ хонандаро ба азёд кардани маълумот маҳдуд намесозад, баръакс, ӯро ба савол додан, ҷустуҷӯ кардан, муқоиса намудан ва бо чашми андешаи худ дидани ҳақиқат роҳнамоӣ мекунад. Зеро ҳадафи

Прокрутить вверх