То мадрасаву манора вайрон нашавад, Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад. То имон куфру куфр имон нашавад, Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад. Абусаид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр соли 966 дар мавзеи Меҳанаи ноҳияи Ховарони Хуросон (наздикии Ашқободи ҳозира) таваллуд шуда, дар соли 1049 дар он ҷо даргузаштааст. Абусаид аз хурдӣ фаҳму ҳуши ҳайратовар дошт. Дар шаҳрҳои Марв, Нишопур ва Сарахс дониш омӯхтааст. Ӯ баъди омӯхтани илм ба Меҳана баргашт. Гоҳ-гоҳе ба Нишопур мерафт. Аз лаҳзаҳои зиндагии Абусаид яке он аст, ки бо Ибни Сино вохӯрда буд. Абуалӣ Сино устоди мантиқ ва ҳикмат буд ва аз тариқи таълимоти машшоъ ё фалсафае, ки қабл аз ислом ва таълимоти Арасту илҳом мегирифт ва пояаш далели ақлӣ аст, бо Абусаид баҳс орост. Вижагиҳои мулоқоти Абусаид бо Ибни Сино дар китоби «Асрор-ут-тавҳид» ин гуна тасвир шудааст: «Хоҷа Буалӣ бо шайх дар хона шуд ва се шабонарӯз бо якдигар буданд ва ба хилват сухан мегуфтанд, ки кас надонист ва низ ба наздики эшон дарнаёмад. Баъд аз се шабонарӯз Хоҷа Буалӣ бирафт. Шогирдон аз Хоҷа Буалӣ пурсиданд, ки Шайхро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ ман медонам, ӯ мебинад. Ва мутасаввифа ва муридони шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз Шайх [Абусаиди Абулхайр] суол карданд, ки эй Шайх, Буалиро чун ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ мо мебинем, ӯ медонад». Қолаби фикрии ин ду донишманд аз ҳам фарқ мекард: яке (Ибни Сино) ба ақлу мантиқу далел ва дигаре (Абусаид) ба ваҷду ҳол (қалбу эҳсос) такя менамуданд. Миёни Абусаид ва Ибни Сино мукотибаҳо низ сурат гирифтааст, ки номанигории онҳо ба табъ расидааст. Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ҷолиби ҳаёти Абусаид ин буда, ки фақеҳони Нишопур боре ба Султон Маҳмуд нома навишта, шикоят кардаанд, ки ин ҷо марде пайдо шуда, бо шеъру тарона сухан мегӯяд, на бо ояту ҳадис. Ҳалли муамморо ба зиммаи халифаи Бағдод вогузор карданд ва ӯ билохира иҷозат дод, ки Абусаид кори худро идома диҳад. Дар бораи аҳволи Абусаид дар асри ХII наберагонаш ду китоб навиштанд: китоби аввал «Ҳолот ва суханони шайх Абусаиди Абулхайр» буда, ҳаҷман хурд аст; китоби дуюм «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти шайх Абусаид» ном дошта, бузургтар аст. Аз он чӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, муҳаққиқи варзида Саид Нафисӣ як маҷмуае мураттаб намудааст, ки фарогири ҳафтсаду бист рубоӣ ва ҳафтоду ҳашт қитъа мебошад. Абусаид марди хушзабон, ширинбаён, шикастанафс ва меҳрубон буд. Нақлу ривоятҳое дар заминаи зиндагиномаи Абусаид ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки шайх рӯзе бо муридонаш дар калисои насрониҳо ҳузур ёфт ва ин кори ӯ дар он рӯзгор боиси иттиҳоду улфат гардид. Дар панду роҳнамоӣ ҳам тариқи лутфу муҳаббатро пеш мегирифт, чунонки ҳикояти зайл далели ин гуфтаҳост: «Ҳам дар он вақт, ки Шайхи мо ба Нишобур буд, рӯз ба гӯристон хира мешуд, бар турбати машоих расид, ҷамъеро дид, ки дар он мавзеъ хамр мехӯрданд ва даф мезаданд. Суфиён дар изтироб омаданд ва хостанд, ки эҳтисоб кунанд [онҳоро ҷазо бидиҳанд] ва эшонро биранҷонанду бизананд. Шайх иҷозат надод». Абусаид аз шикастанафсӣ ва хоксории вижа бархурдор буд ва такаббурро написандида, худро аз касе боло намегирифт. Ин қисса низ маъруф аст, ки ҳангоми беморӣ аз Абусаид пурсиданд, ки дар пеши тобутат аз «Қуръон» чӣ бихонанд? Гуфт: Ҳеҷ, байт кофӣ хоҳад буд: Хубтар андар ҷаҳон аз ин чӣ бувад кор, Дӯст бари дӯст рафту ёр бари ёр. Он ҳама андуҳ буду ин ҳама шодӣ, Он ҳама гуфтор буду ин ҳама кирдор. Абусаид таассубро дар ҳеҷ шакле қабул надошт ва як умр бо ҷаҳолату бехабарӣ мубориза бурд. Ӯ дар рубоии машҳураш («То мадрасаву манора вайрон нашавад»), ки дар оғози матлаб оварда шуд, кори қаландариро дар ба ҳам омезиш додани куфру имон, ки сабаби таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва баҳамоии инсонҳо мегардад, зарур шумурдааст. Ба таври шоиста зиндагӣ кардан, аз худ номи наку гузоштан ва баъди даргузашт боиси ангушт газидани мардум гардиданро Абусаид муҳтаво ва мазмуни зиндагии инсонӣ донистааст: Ин умр ба абри навбаҳорон монад, Ин дида ба сели кӯҳсорон монад. Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан, Ангушт газидане ба ёрон монад. Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз он барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазмунҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ ва фалсафӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи донишмандони суханвар рубоӣ василаи изҳори завқу маром будааст. Рубоиёти Абусаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубоиёти иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбад, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳим аз ҳама ин аст, Абусаиди Абулхайр ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, ӯ инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор воқеъбинона менигарист. Дар ҳоле ки суфиён ва орифон ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳамият қоил набуданд ва гӯшанишиниро ба унвони меъёри зиндагии суфиёна пазируфта, ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Абусаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист. Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абусаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазмунҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем. Абусаиди Абулхайр дар рубоиёти худ ҳамчун як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеияти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарёдаш ба осмон мепечад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад. Абусаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ бурдборона меистад. Муҳимтар аз ҳама, афкори Абусаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ ҳамроҳ аст ва шоир тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Ӯ аз ҷумлаи шоирони аввалине буд, ки дар шароити зулму истибдоди гӯшношуниди динӣ тавассути шеъру тарона, махсусан, рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу таассуб ва хурофот мубориза кард. Абусаид мисли Хайём [мисраъҳои Хайём «Сад каъбаи обу