Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти азизи худ номида, ба нақши шахсии Пешвои миллат дар таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон баҳои баланд доданд: “Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад. Имсол 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад. Ҳамчун шахсе, ки шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистонро дар давраи нав пешбарӣ кардааст, имрӯз ба шумо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дода шуд. Ин эҳтиром ва дӯстии амиқеро, ки мардуми Чин нисбат ба шумо ва тамоми миллати тоҷик доранд, инъикос мекунад. Дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ, ҷаҳони муосир аз субот дур аст, аммо новобаста аз тағйирот дар муҳити беруна, Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва дар рӯҳияи кумаки мутақобила, эътимод ба ҳамдигар ва рушди муштарак боқӣ мемонанд. Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем”. Ҳамзамон, мубодилаи муфассали афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт. Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ, пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос карданд. Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки муносибатҳои ду кишвар имрӯз ба таври самарабахш ва босуръати баланд дар маҷрои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ рушд меёбанд. «Ин раванд бозгӯи манфиатҳои мардумони мо, ки робитаҳои мустаҳками дӯстии самимона ва ҳусни ҳамҷаворӣ доранд, мебошад» – таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо изҳори қаноатмандӣ таъкид гардид, ки робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории сармоягузорӣ, саноат, энергетика, бахши аграрӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак пайгирона рушд меёбанд. Дар ин замина афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои гардиши мол ва ҳаҷми сармоягузории ҷониби Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди ёдоварӣ қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки Чин аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо миёни шарикони иқтисодии хориҷии кишвари мо мақоми пешсафро ишғол менамояд ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо иштироки сармояи ҷониби Чин амал мекунад. Роҳбари давлати мо аз ҷараёни ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дастгирии Ҳукумати он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳои дорои аҳаммияти стратегӣ,  изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика ва неруи офтобӣ, ҳамчунин, дар маҷмӯи агросаноатӣ муҳим дониста шуд. Дар ин замина Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба иштироки ширкатҳои Чин дар таъсиси паркҳои саноатӣ ва технолгии кишоварзӣ таъкид доштанд. Дар рафти музокирот, инчунин, масъалаҳои тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва мубодилаи байнимардумӣ муҳокима шуданд. Таъкид гардид, ки роҳандозии парвозҳои мунтазам дар масири “Душанбе – Сиан” замионаи мусоид барои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самтҳои мазкур фароҳам меорад. Дар робита ба дигар ҷанбаҳо муносибатҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар Пешвои миллат аз аҳаммияти мубодилаҳои фарҳангиву таҳсилотӣ ёдовар шуданд. Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда карда шуд. Вобаста ба ин, ҳавасмандии Тоҷикистон ба зиёд кардани шумораи бурсияҳои таълимии Чин барои ҷавонони тоҷик аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ иброз гардид. Ба фаъолияти марказҳои Конфутсий ҷиҳати таълими забони чинӣ ва муаррифии фарҳанги Чин дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Ҷонибҳо ҳамкории наздики худро дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” таъкид карда, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳоро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷинояткории киберӣ, гардиши ғайриқонунии ҳамаи навъҳои маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ муҳим донистанд. Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ ба вазъи хатарзо атрофи Эрон ва қазияи Афғонистон дода шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори устувори ҳалли ҳамаи низоъҳо ва ихтилофот тавассути роҳҳои сулҳомез бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Дар робита ба ин аҳаммияти ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин оид ба “Идораи глобалӣ” тавассути ташаккули низоми одилонаи байналмилалӣ, ҳамчунин, пешниҳоди ҷониби Чин дар бораи таъсиси Созмони миёнҷигарии байналмилалӣ таъкид гардид. Дар фарҷоми музокироти байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпинро ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон бо сафари ҷавобӣ даъват карданд.

Президент, Хабарҳо

Маросими истиқболи расмӣ дар шаҳри Пекин

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Ба ифтихори меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Президент, Хабарҳо

Сарфарозгардонии Пешвои миллат бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин ва мулоқот бо роҳбарият ва донишҷӯёни донишгоҳ

12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд. Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонданд. Бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дар вазъияти тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супорида шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷуён суханронӣ карда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд. Президенти кишвар дар бораи дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ, ки толибилмони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ба таҳсил фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро бомуваффақият хатм карда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд. Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии  мардумони Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз аз замони “Роҳи бузурги абрешим” идома доранд. Дар ин хусус, нигораҳои хаттии қадимаи суғдӣ, ки ҳанӯз соли 1907 дар яке аз манораҳои девори бузурги Чин кашф шуда буданд, маълумоти арзишманд медиҳанд. Гуфта шуд, ки ин дарёфтҳои таърихиро доираҳои илмиву академӣ бо унвони “Номаҳои куҳна” мешиносанд. Дар ду кишвар, аз ҳар ҷое, ки “Роҳи абрешим” мегузашт, нишонаҳои додугирифти фарҳангии тоҷикон ва чиниҳо боқӣ мондаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бар пояи усули хоси “дарҳои кушода” сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, бемайлон пеш мебарем. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ барпо намудааст, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин аз ибтидо масири рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор доранд. Онҳо фарогири ҳамкории мустаҳками сиёсиву амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошанд. Пешвои миллат, ҳамчунин, аҳаммияти хосаи илму маърифатро дар шароити муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Таъкид гардид, ки масъалаҳои илму маориф ва рушди нерӯи инсонӣ, бо дарназардошти нишондиҳандаҳои таркиби аҳолии кишвар аз рӯйи синну сол, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати мо муайян гардидаанд. Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо, ҳамчунин, дар бораи робитаҳои байналмилалии илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ андешаронӣ карда, саҳми онҳоро дар қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни мардумон муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар ин раванд мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чини дӯст дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология, инноватсия ва табодули академӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин соҳаҳоро аз ҷумлаи самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар медонем. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ҳоло дар ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 47 кишвари дунё таҳсилоти олӣ мегиранд, аз ин шумора наздики шаш ҳазор нафар дар Чин бо таҳсил фаро гирифта шудааст ва дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм кардаанд. Дар ин зимн таваҷҷуҳи афзоишёбандаи ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар Чин, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ таъкид карда шуд. Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон, ҳамчунин, ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад. Марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд. Изҳор карда шуд, ки дар ҳошияи  сафари кунунӣ миёни мақомоти соҳавии ду кишвар санади дахлдор оид ба таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ҳамчунин, метавонанд тавассути роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ дар бахшҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ мазмуну муҳтавои нав пайдо намоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарҷума ва нашри осори илмиву фарҳангӣ ҳамчун воситаи дигари муҳимми наздиксозии мурдумон ибрози андеша намуда, аз ҷумла ба забони чинӣ тарҷума шудани асари донишманди бузурги тоҷик-академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна”-ро намунаи барҷастаи он маънидод карданд. Омӯзиши сарчашмаҳои бостонии чинӣ оид ба таърихи тоҷикон самти дигари ҳамкории муфиди олимони ду давлат номида шуда, таъкид гардид, ки чунин иқдомоти илмӣ имкон медиҳанд, ки пайвандҳои деринаи маънавию зеҳнии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои муосир ғанӣ гардад. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг барои тарбияи насли нави мутахассисони рақобатпазир дар шароити замони муосир пояҳои устувор фароҳам месозад.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан

12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд. Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии Чин изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Фаъолияти самараноки марказҳои Конфутсий ва маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии “Коргоҳи Любан” дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф номида шуд. Тавсеаи робитаҳо дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин, идомаи робитаҳо дар бахши тарҷума ва нашри осори илмӣ ва таърихиву фарҳангӣ, афзоиши шумораи бурсияҳои таълимӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Дар ин зимн раёсати донишгоҳ бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки ҳар сол барои донишҷуёни тоҷик 10 бурсия ҷудо намояд.

Президент, Хабарҳо

Маросими гулгузорӣ дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин

12 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги ғанию бостонии мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Чин дар шаҳри Пекин дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ” гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидонро пос доштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамроҳӣ карданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шурои давлатии ин кишвари дӯст ҷаноби Ли Сян мулоқот намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”. Тавре зикр гардид, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи қариб 46 фоиз афзоиш ёфта,  сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007–2024 ба наздики 6 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад. Фаъолияти босамари беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ далели равшани сатҳи баланди эътимоди доираҳои соҳибкории ду кишвар ба ҳамдигар номида шуд. Гуфта шуд, ки сармоягузории Чин дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ рӯ ба афзоиш дорад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи чинӣ барои татбиқи тарҳу барномаҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рушди иқтисод, энергетика ва саноати “сабз” низ манфиатдор аст. Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, ба мисли энергетика, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзь ва агросаноатии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии ду кишвар дар Тоҷикистон, ҳамчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак доир гардид.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ

Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дипломатияи  парлумониро “яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ” номида, таъкид доштанд: “Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем”. Рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, “заминаи устувори шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар давраи нав” арзёбӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти  Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол намуданд. Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати “сабз”, рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак муҳокима гардиданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуа

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шӯрои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, бахши бонкӣ, саноат ва соҳаи кӯҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба роҳандозии ҳамкории судбахш алоқамандии худро таъкид доштанд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин

11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар  ҷалб намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишварҳои мо дар соҳаи гардиши тиҷоратӣ нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ доранд. Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5  миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ ҷиҳати ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон амалишаванда андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли гузашта дар кишвари мо қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав қабул шуд. Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санад василаҳои муосири дастгирии сармоягузоронро пешбинӣ намуда, кафолатҳои иловагии ҳуқуқии ҳифзи сармоя, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусиро тақвият мебахшад. Оид ба дигар имкониятҳои ҷалби сармоя андешаронӣ намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва татбиқи тарҳҳои коммуникатсионӣ дар кишвари мо барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор номиданд. Зикр карда шуд, ки дар соли гузашта, ба иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5 фоизи он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд. Аз бартариҳои кишвар барои сармоягузорӣ ёдовар шуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Дар баробари ин, дар кишвари мо захираҳои фаровони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои нодиру муҳим ва металлҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим, ба монанди тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам кашф шудаанд. Ташаккули долонҳои муосири нақлиётиву иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои пайванди Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Ховари Миёна омили дигари рушди ҳамкорӣ бо кишвари Чини ҳамсоя маънидод гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба рушди иқтисоди “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва технологияҳои муосир дар Тоҷикистон ҷалб намуданд. Дар соҳаи саноат имкониятҳои васеъи кишвар барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия, саноати кимиё ва дорусозӣ, инчунин, саноати сабук муаррифӣ гардид. Ташкили занҷираҳои пурраи арзиши иловашуда ва рушди коркарди амиқи ашёи хом дар дохили кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон номида шуд. Дар комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, самти муҳими рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон унвон карда шуд. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба зарурат ва аҳамияти таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ҷалб намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои вобаста ба рақамикунонӣ, рушди зеҳни сунъӣ, фаъолияти панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, ки барои рушди муваффақонаи соҳибкорӣ ва тиҷорат шароиту имкониятҳои васеъ ва мусоид пешниҳод мекунанд, андешаронӣ намуданд. Имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла табиати беназир, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои таърихӣ, шаҳрҳои бостонӣ барои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фарҳангӣ низ таъкид гардиданд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муаррифии фазои мусоиди иқтисодӣ ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон ширкатҳои чиниро ба ҳамкории фаъол ва ворид шудан ба иқтисоди рӯ ба рушду тавсеаи кишвари мо даъват намуданд. Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ширкатҳои чинӣ Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао, Раиси Кумитаи мусоидат ба рушди савдои байналмилалии Чин Рен Хонбин ва роҳбарону намояндагони як қатор корхонаву ширкатҳои азими Чин, ки дорои нуфузи ҷаҳонӣ мебошанд, сухан гуфта, андешаҳо ва пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот ва гуфтушунидҳои миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон дар назар доранд, ба имзо расид. Қисмате аз ин созишномаҳо, аз ҷумла дар доираи Форуми технологияҳои иттилоотӣ бо унвони “Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин” (Tajik-China Digital Business Connect) ба мувофиқа расид.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), хонум Зоу  Ҷиайи мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахш баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ин бонкро дар пешбурди лоиҳаҳои муҳими зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои дастгирии пайваста аз раванди рушди устувори кишвари мо арзи сипос намуданд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз” ва ҳамчунин кишоварзӣ, зоҳир гардид. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ татбиқ мешаванд, ки ҳаҷми умумии  маблағгузории онҳо аз ҷониби бонк 400 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар фарҷоми мулоқот Нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид, ки барои татбиқи он ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк пешбинӣ шудааст.

Прокрутить вверх