Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунонӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид. Таъкид гардид, ки муовинон – сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи электронии раванди кору истеҳсолот дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои мушаххас андешида мутахассисони дорои таҷрибаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷиро ба кор ҷалб ва тарбия намоянд. Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 1 моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар”, “Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ” ва “Дар бораи аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколат” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардид. Ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зариф Ализода”, “Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Ҷамшед Ҳамро” ва “Дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон манзур карда шуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаҳои худ ва муомилаи шоиста бо шаҳрвандон ҳидоят намуданд.

Хабарҳо

Мусоҳибаи Одиназода Шарифамо дар Радиои “Фарҳанг”

24 октябри соли ҷорӣ сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Шарифамо дар барномаи “Маросими мардумӣ”-и Радиои “Фарҳанг” дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ” баромад намуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶОЙГОҲИ МЕРОСИ ИЛМӢ ВА МАЪНАВИИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР СИЁСАТИ ФАРҲАНГӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ»

Субҳи 20 октябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи мероси илмӣ ва маънавии Имоми Аъзам дар сиёсати фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Конференсияи мазкур ба омӯзишу баррасии амиқи мероси гаронбаҳои илмӣ, маънавӣ ва ҳуқуқии Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, нақши мазҳаби ҳанафӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати динӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии арзандаи тамаддуни тоҷикон бахшида шуда, дар он масъалаҳои муҳими илмию маърифатӣ ва сиёсати фарҳангии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар кори конференсия олимону донишмандон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва умумии ноҳия иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар чорабинӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор — директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хабарҳо

Тағйироти бунёдӣ дар ҳаёти маънавӣ (Андешаҳои коршиносони соҳаи танзими ҷашну маросим)

Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои зиёди илмӣ-амалиро тавассути мақолаҳои таҳлилӣ, баргузор кардани конфронсу ҳамоишҳо, суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва суҳбат дар телевизиону радио ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, Маркази исломшиносӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми июни соли 2026 бахшида ба 19-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва ойинҳои миллӣ» дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор кард. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор, мудирони шуъбаю бахшҳои дину танзими мамлакат, ходимони дини шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва баромад карданд. Маркази исломшиносӣ маводҳои конференсияро дар шакли маҷмуаи мақолаҳо зери унвони «Қонуни танзим – тарбиятгари насли наврас» рӯйи чоп оварда, мақолаҳои илмию таҳқиқотии баромадкунандагонро пешкаши хонандагон гардонидааст, ки барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа аҳаммияти илмию назариявӣ дорад. Зарур мешуморем, ки гулчини таҳлилҳои илмӣ, фикру андеша ва пешниҳодҳои дар маҷмӯа ҷамъовардаро пешниҳоди хонанда гардонем. Директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи хеш зери унвони «Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлоли миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо: ҷустуҷӯйи кафолатҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ» назари худ ва олимони сатҳи ҷаҳониро вобаста ба истиқлоли миллӣ ва мушкилиҳои сиёсати ҷаҳонӣ, воситаҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ҳимояи истиқлоли сиёсӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва ғояи давлатдории миллии демократӣ ва кашфи рисолатҳои нави давлатдории миллӣ бо далелҳо пешкаш гардонидааст. Ӯ таъкид менамояд, ки яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатист. Истиқлол танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намудану онро чун субъекти соҳибихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ. Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Профессор Абдураҳим Холиқзода яке аз омилҳои муҳимми истиқлолро дар кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ, ҳуқуқи миллӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи шоистасолориро дар онҳо ҳисобида, мақоми худшиносӣ ва худогоҳиро дар давлатдории миллӣ аз усулу воситаҳои ибтидоӣ ва калидии некӯкирдорӣ, адлпарастӣ, ҳақиқатшиносӣ, инсонмеҳварӣ, таҳаммулгароӣ ва мақомкасбкунии онҳо дар тарбияи шахс меҳисобад. Ӯ таъкид ба он дорад, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таърихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқуқиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбанд. Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода таъмин гардидани озодии виҷдон ва эътиқодро яке аз арзишҳои муҳимми даврони соҳибихтиёрӣ арзёбӣ карда, ёдовар гардидаанд, ки истиқлол барои эҳёи фарҳанг, анъанаҳо ва арзишҳои миллии тоҷикон имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бисёре аз ҷашнҳо, ойинҳо ва суннатҳои миллӣ эҳё гардида, мақоми воқеии худро дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа пайдо намуданд ва ҷашну маросим ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси фарҳангии миллат дар ташаккули худшиносӣ, тарбияи маънавӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ нақши бузург доранд. Вазъи душвори ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба вуҷуд омада буд, ба илму фарҳанги мамлакат, ба рушду инкишофи арзишҳои фарҳанги миллӣ бетаъсир намонд, навиштааст академик Кароматулло Олимов. Вале ба туфайли иҷрои қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI-и Шурои Олӣ дар мамлакат дар натиҷаи устувор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ илму фарҳанг рӯ ба рушд ниҳодаанд. Ба таъкиди ӯ, дар раванди ҳаёти фарҳангии мамлакат ду масъала мавқеи марказӣ пайдо кард. Якум, ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ниёзмандии зиёд ба он доштанд ва адабиёту фарҳанг инъикоскунандаи орзую омоли халқ дар ин самт гардиданд. Дуввум, руҷуъ ба мавзуҳои таърихӣ ба хотири худшиносии миллӣ дар асарҳою суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти асосии сиёсати фарҳангии давлат мақоми баландро ишғол намуд. Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуалим Аҳтамзода дар атрофи Консепсияи танзими сарфакории Пешвои миллат ва аҳаммияти глобалии он андешаронӣ намуда, изҳори назар карданд, ки замоне, ки хурофот ҷойи дину эътиқод ва эҳсосот ҷойи ақлу хирадро мегирад, монеи ҷиддие дар роҳи рушди инсон ва ҷомеа эҷод мекунад, ки боиси исрофкорӣ ва ба миён омадани нобасомониҳои иҷтимоӣ мегардад. Ягона роҳи несту нобуд кардани хурофот дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим, эътиқоду боварҳои солим, илму дониши созанда, истифодаи хиради азалӣ ва фаҳми дурусти қонуни миллии танзим мебошад. Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳмон Ваҳобзода вобаста ба таъмини озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкиди онро доранд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Истиқлоли давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва ойину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода нақши ҳувиятсози Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳлил намуда, қабули онро дар марҳалаи муайяни рушди ҷомеаи тоҷик саривақтӣ ҳисобидааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши равандҳои ҳамгироӣ ва таъсири босуръати фарҳангҳои гуногун ба ҳаёти ҷомеаҳо масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Барои ҳар як миллат нигоҳ доштани хусусиятҳои фарҳангӣ, урфу одатҳо, анъанаҳо ва тарзи зиндагии миллӣ яке аз омилҳои муҳимми бақои иҷтимоӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Таъкиди муовини директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Абдухалилзода бар он аст, ки агарчанде ҷомеаи башарӣ дар тамоми тули таърихи рушди худ дар шакли аҳкоми динию қавонини дунявӣ ба танзими зиндагӣ ниёз

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо иштироки Ҷумҳурии Исломии Эронро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай муҳим медонем. Аз раванди густариши муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши пайгиронаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин, масъалаҳои васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башарӣ муҳим дониста шуд. Дар ҷараёни суҳбат мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Президент, Хабарҳо

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 20 иншоот дар ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ дар маркази ноҳия муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба истифода доданд. Бунёди муҷассамаи шоири бузург дар маркази ноҳия нишонаи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик ва эҳтиром ба шахсиятҳои барҷастаи таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Иншооти мазкур барои боз ҳам зебову обод гардидани маркази ноҳия ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар байни насли ҷавон, аҳамияти барҷаста дорад. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи сеошёнаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони гунг ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба истифода доданд. Иншоот дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, барои 100 нафар пешбинӣ шудааст. Хобгоҳ бо ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он ошхонаи замонавӣ бо 140 ҷойи нишаст низ мавҷуд аст. Иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд, меҳмонхонаи Сомониён мебошад. Дар ин иншоот маркази савдо, тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Инчунин, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маориф – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 барои 800 хонанда дар бу баст дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ, бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 барои 1200 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабии №18 барои 280 кӯдак дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ ва муассисаи таҳсилоти томактабии №19 барои 100 кӯдак дар деҳаи Ганҷинаи деҳоти Роҳатӣ ба истифода дода шуд. Бо ба истифода додани ин муассисаҳои таълимӣ шароити илмомӯзӣ ва таълиму тарбия дар деҳаҳои мазкур беҳтар гардида, барои ояндаи дурахшони толибилмон заминаи мусоид фароҳам меояд. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, як иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Беморхонаи минтақавии деҳоти Роҳатӣ бо 30 кат дар деҳаи Роҳатӣ қомат афрохтааст. Бунёди ин беморхона сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро беҳтар намуда, ба солимгардонии аҳолии деҳоти Роҳатӣ мусоидат хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Роҳатиро ба истифода доданд. Бинои ҷамоат дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ ҷойгир буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, бинои истиқоматии хизматии дуошёна барои ҷойгир намудани 8 оила дар деҳаи Роҳатӣ мебошад. Бунёди чунин иншоот ба беҳтар намудани шароити зисти оилаҳо, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат менамояд. Бинои мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ду чоҳи амудиро, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст, ба истифода доданд. Тавассути ин чоҳҳо бо дарозии 3,5 километр аз деҳаи Қарияи Камари деҳоти Чоргултеппа то маркази шаҳраки Сомониён хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст. Се чоҳи амудии дигар низ, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст ва об дар 2 обанбори ҳаҷмаш 1500 метри мукааб ҷамъ мешавад, дар ин рӯз ба истифода дода шуд. Оби ин обанбор бо хатти оби нӯшокии 11 километра барои таъмини деҳаҳои Косибон, Румӣ, Ҳоҷиён, Турдиев ва Коргари шаҳраки Мирзо Турсунзода истифода мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо хатти оби нӯшокӣ бо дарозии 5 километр аз деҳаи Кӯктош то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён, хатти обу корез бо дарозии 5 километр аз деҳаи Оби Шифо то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён ба истифода дода шуд. Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истгоҳи барқии тавоноиаш 16000 кв дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд. Истгоҳи барқӣ дар деҳаи Мадад ҷойгир буда, барои бо барқ таъмин намудани аҳолии шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Зайнабобод пешбинӣ шудааст. Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 3 корхонаи истеҳсолӣ оғоз бахшиданд. Инҳо корхонаи истеҳсоли маводи дорувории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Таҷ фарма дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзода ва корхонаи истеҳсоли хишти бинокории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ФМ Аҳмадӣ бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор хишт дар як шабонарӯз дар деҳаи Болошаҳри деҳоти Гулистон мебошанд. Бо ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо барои сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи кори мувофиқ фароҳам оварда шуд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи кашидани хатти оби корезӣ бо дарозии 5,3 километр шинос шуданд. Хатти мазкур барои биноҳои истиқоматии баландошёна аз кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён то деҳаи Қарияи Камар хизмат хоҳад кард. Ба истифода додани 20 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Рӯдакӣ аз идомаи корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Иншооти нав соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, рушди энергетика, саноат ва хизматрасонӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд. Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст. Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид. Дар раванди корҳои сохтмонӣ, ки давоми беш аз ду сол идома ёфт, 150 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб шуданд. Барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби тоҷик гузошта шудааст. Қасри фарҳанг дорои як толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст буда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Сақфу девор ва толори барҳавои он бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва санъати баланди меъморӣ зинат ёфтааст. Иншооти тозабунёд аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла, ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ ва либосивазкунӣ иборат буда, барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ мусоидат мекунад. Бунёди чунин иншоот орзуи деринаи аҳли фарҳанги ноҳия буд ва онҳо аз ин туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон ихлос пазироии самимӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо кормандон, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа, тарбияи кадрҳои болаёқат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии ҳаваскорон пайваста тадбирҳои созанда меандешад. Аҳли ҳунару санъати ноҳия вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконоти муосир дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми бештар гузоранд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад. Дар бинои нави раёсати маорифи ноҳия барои фаъолияти самараноки кормандон тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Муҳити мусоиди корӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва фароҳам будани шароити зарурӣ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони соҳа заминаи мусоид мегузорад. Бунёди чунин иншооти замонавӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва омӯзгорон буда, ба таҳкими инфрасохтори соҳа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави раёсати маориф, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Ли Сян дар навбати худ изҳор доштанд, Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки муштарак кумаки худро дареғ намедорад. Зимни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла гардиши савдо, ки дар моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми он ба зиёда аз 2,5 миллиард доллар расидааст, баррасӣ шуд. Татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки барои ҳарду ҷониб судбахш  дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор ва кишоварзӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Баҳрабардорӣ аз технологияҳои муосир, бо шумули зеҳни сунъӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омодасозии кадрҳо ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, атрофи доираи васеи мавзӯъҳои рӯзномаи  шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин сурат гирифт. Дар рафти суҳбат Пешвои миллат ва Сарвазири Шурои давлатии Чин масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни пурарзиши бостониамон – Меҳргон самимона шодбош мегӯям. Ҷашни Меҳргон бар асоси қонунҳои табиат ва фаслҳои сол ташаккул ёфтааст, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ ба вуҷуд омадааст ва дар фасли тирамоҳи заррин ва мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил карда мешавад. Яъне ниёгони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл Меҳргонро ҳамчун ойини фаровонии ҳосил ва осоиши рӯзгор ҷашн мегирифтанд. Меҳргон дар тӯли таърихи деринаи худ дар ҳаёти мардуми мо ҳамчун рамзи бедорӣ, фарҳангсолорӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон, истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат, шукронаи файзу баракати фасли тирамоҳ ва ойини дӯстиву муҳаббат дар байни одамон устувору побарҷо буд. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Меҳргон дар кишвари мо ҳамчун ҷашни қадимаи миллати тамаддунсози тоҷик ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ҳамасола дар айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон таҷлил мегардад. Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҷлили Меҳргон ҳамчун ёдгори пурқимат аз фарҳанги ғаниву бостонии ниёгон ба рукни худшиносии фарҳангӣ ва эҳёи анъанаҳои таърихии мардуми мо табдил ёфтааст. Мехоҳам ёдовар шавам, ки ба шарофати ҷашнҳои миллии бостониамон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада мо тавонистем тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, дорои тамаддуни қадима ва анъанаҳои нодири мардумӣ муаррифӣ кунем. Маҳз бо омӯхтан ва аз худ кардани мероси гаронмояи гузаштагонамон мо тавонистем симои фарҳангии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз намоем, истифодаи расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамонро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии мардумамон, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба таври бесобиқа вусъат бахшем. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки ойинҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргонро ба ҳаёти имрӯза пайванди бештар дода, ба омили пешрафти фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисоди миллӣ табдил диҳем. Аз ин лиҳоз, дар арафаи баргузории ин ҷашн анъанаҳои арзишманди деҳқонону кишоварзон, фарҳанги кишоварзӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ, ғизои солим ҳамчун шарти асосии нигоҳдошти саломатии инсон, нақши кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастовардҳои илми кишоварзии ватанӣ бояд бо тарзу услуби хоси замонавӣ рӯнамоӣ карда шаванд. Дар марҳилаи имрӯзаи давлатдории тоҷикон ҷашни Меҳргон бояд ба рамзи қадршиносии неъматҳои табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди истеҳсолоти босифати ватанӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави кишоварзӣ ва технологияҳои ҳозиразамон табдил дода шавад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷараёни баргузории ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргон минбаъд бояд тавассути расонаҳои хабарии электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклҳои ҷолибу таъсирбахш инъикос гардад. Дар ин замина, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои мо метавонанд ба майдони муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги қадимаи тоҷикон ва тақвияти робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар табдил ёбанд. Эътимоди комил дорам, ки мардуми заҳматқарину соҳибфарҳанги тоҷик минбаъд низ анъанаҳои арзишманди ниёгонро бо мазмуну муҳтавои созанда ғанӣ гардонида, аз имкониятҳои мавҷуда барои муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ самаранок истифода мекунанд. Зеро ҷашни Меҳргон сарчашмаи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ мебошад. Аз ин рӯ, мову шумо ин ҷашни миллиро тавре бояд ташкил ва баргузор намоем, ки дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нақши назаррас гузорад. Бори дигар ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ фарорасии ҷашни таърихиву фарҳангиамон – Меҳргонро муборакбод мегӯям. Ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осудаҳолӣ, иқболи нек ва баракати рӯзгор орзумандам. Ҷашни бостонии ориёӣ – Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Прокрутить вверх