Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУСУЛМОНӢ

Аҳаммияти таҳқиқи мавзуи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки то имрӯз мазмун ва моҳияти башардӯстонаи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, бахусус назарияи ҳуқуқии таҳаммулгарои он, ки аксарияти шаҳрвандони кишвари мо ва зиёда аз нисфи мусулмонони ҷаҳон ба он пайравӣ мекунанд, ба таври кофӣ мавриди таҳқиқу таҳлили амиқи илмӣ қарор нагирифтааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳуқуқи исломӣ дар давоми беш аз сездаҳ аср ҳамчун як низоми мустақил ва мукаммали ҳуқуқӣ ба таври пайваста фаъолият намуда, имрӯз низ дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқии аксари кишварҳои мусулмонӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мутаассифона, дар адабиёти илмии марбут ба таърихи ҳуқуқ бисёр паҳлуҳои вобаста ба таърих, моҳият ва мундариҷаи фиқҳи исломӣ, бахусус низоми ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ, то ҳол аз мадди назари муаррихон ва муҳаққиқони таърих ва назарияи ҳуқуқ берун мондаанд. Гузориши мазкур бо ҳадафи равшан сохтани бархе аз ҳамин гуна ҷанбаҳои камомӯхташудаи масъала таҳия гардида, дар он ба таври мухтасар таърихи ташаккули фиқҳи исломӣ, нақши фақеҳони ҳанафӣ дар густариши арзишҳои умумибашарӣ, хусусан дар миёни тоҷикон ва дигар халқҳои маскуни минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар шароити муосир, ҳамзамон бо густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз як ҷониб, ва таҳкими муколамаи байни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиб, аз ҷониби дигар, хатари бархӯрд ва ихтилоф миёни онҳо низ тадриҷан афзоиш меёбад. Ин вазъият аз муҳаққиқони соҳаи таърихи ҳуқуқ ва ҳуқуқи исломӣ тақозо мекунад, ки ба масъалаи таҳқиқ ва ошкор намудани воситаҳои ҳуқуқии имконпазири ҳамзистии мусолиматомези пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои рафъи ин мушкилот, на танҳо таҳқиқи фарогир ва умумии ҳуқуқи исломӣ, балки омӯзиши амиқи низом ва таълимоти ҳуқуқии ҳар як мазҳаб ё ҷараёни алоҳидаи исломӣ низ аҳаммияти хоса дорад. Чунин таҳқиқот метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳ миёни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиби мухталиф хизмат намояд. Аз ҷониби дигар, анҷом додани чунин пажӯҳишҳо ба пешгирии низоъҳо миёни пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун вобаста ба масоили ҳуқуқӣ мусоидат намуда, дар ташаккули руҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил нақши муассир хоҳад бозид. Таъкид кардан зарур аст, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар тамоми давраҳои таърихӣ бо низоъҳои шадиди ғоявию динӣ миёни пайравони мазҳабҳо ва фирқаҳои гуногун ҳамроҳ будаанд. Дар байни намояндагони ҷараёнҳо ва мазҳабҳои мухталифи исломӣ оид ба масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ ихтилофҳои ҷиддии назар вуҷуд доштааст. Дар чунин шароит, ҳанафия яке аз он мазҳабҳои фиқҳӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи аҳли суннат ва ҷамоат ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ҳамчун мазҳаби воқеан таҳаммулпазир, адолатпарвар ва ваҳдатгаро баромад карда, тавонистааст халқҳо ва миллатҳои гуногунро дар асоси арзишҳои муштарак муттаҳид созад. Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои ғоявии пайдоиш ва ташаккули ин мазҳаб, метавон таъкид намуд, ки аз ибтидои фаъолияти он дар дохили ҳанафия анъанаи устувори ақлгароӣ, тафаккури интиқодӣ ва тамоюл ба таҷдиди дониш ва эътиқодоти динӣ-ҳуқуқӣ шакл гирифтааст. Мутафаккирон, фақеҳон ва мутакаллимони пайрави ин мазҳаб ҳангоми баррасӣ ва шарҳи масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ на танҳо ба таълимоти Қуръон ва ҳадис такя менамуданд, балки онҳоро бо дарназардошти шароити мушаххаси давру замон тафсир ва татбиқ мекарданд. Ба ибораи дигар, барои мазҳаби фиқҳии ҳанафӣ қобилияти мутобиқшавии фаъолона ба воқеиятҳои ҷаҳоне, ки пайваста дар ҳоли тағйир ва такомул қарор дорад, хос мебошад. Мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз мазҳабҳои асосии исломӣ ва бо такя ба таълимоти фалсафӣ ва илоҳиётшиносии худ, на танҳо маҷмуи назария ва амалияи гуногуни динӣ, балки низоми мукаммали принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқиро низ фаро мегирад. Ғояҳои бунёдӣ ва ҷавҳарии ин мазҳаб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти пайравонаш ва муносибатҳои ҳуқуқии онҳо таъсири амиқ расонида, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, афкору аъмол ва тарзи зиндагии онҳо нақши муҳим мебозанд. Қобили зикр аст, ки аксари сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳаби таҳаммулгаро мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар шароити давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, дар паҳлуи пайравони мазҳаби исмоилия ва дигар ақаллиятҳои этникию динӣ, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта умр ба сар мебаранд. Муносибатҳои таърихӣ миёни пайравони динҳо ва мазҳабҳои гуногун дар кишвар, хусусан байни пайравони мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия, инчунин муносибати мусулмонон бо пайравони масеҳият, яҳудият, буддоият ва дигар ақаллиятҳои динӣ, бар пояи эҳтироми мутақобили арзишҳои динӣ шакл гирифта, намунаи равшани ҳамзистии мусолиматомези ҷараёнҳои гуногуни динию этникӣ маҳсуб меёбанд. Зарурати баррасии ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, ниёз ба ошкор намудани қонунмандиҳо ва хусусиятҳои раванди ташаккул ва рушди мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар раванди ҳаллу фасли масоили гуногуни динию ҳуқуқӣ вобаста аст. Ҳамзамон, дар илми муосири таърихи ҳуқуқ як қатор масъалаҳои мубрам оид ба мутобиқати фиқҳи исломӣ ва усулҳои он бо арзишҳои умумибашарӣ, талаботи замони муосир, инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мусулмонон матраҳ мегарданд. Ин омилҳо зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба ва пайгиронаи мавзуи мазкурро боз ҳам тақвият мебахшанд. Дар ин замина, барои дарёфти посух ба саволҳои мавҷуда, омӯзиши нақш ва мақоми фиқҳи исломӣ дар қонунгузории таърихӣ ва муосири кишварҳои мусулмонӣ аҳаммияти хос дорад. Дар ин замина, таҳқиқи принсипҳо ва меъёрҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ аҳаммияти хос касб менамояд, зеро ин мактаби ҳуқуқӣ дар тӯли асрҳо дар раванди ҳалли масоили сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию маишии қавму миллатҳои гуногуни мусулмон, аз ҷумла тоҷикон ва дигар халқҳои муқими Осиёи Миёна, нақши барҷаста ва муассир бозидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши фиқҳи ҳанафӣ ва ба таври умум, фиқҳи исломӣ бо дарназардошти таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи муосир ба низоми ҳуқуқи исломӣ, барои рушди назарияи муосири диншиносӣ ва исломшиносӣ аҳаммияти илмӣ дошта, метавонад онро бо ғояҳо, бардоштҳо ва равишҳои нави таҳқиқотӣ ғанӣ гардонад. Омӯзиши илмии таърих ва назарияи фиқҳи исломӣ, аз ҷумла фиқҳи ҳанафӣ, барои таҳлили мафҳумҳо ва усулҳои асосии он, роҳҳои таълифу танзим ва татбиқи амалӣ дар қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ ва масоили илмӣ ва амалии марбут ба мавзуъ аҳаммияти зиёд дорад. Чанд масъалаи асосӣ, аз ҷумла мафҳуми принсипҳои ҳуқуқӣ, таснифи намудҳои принсипҳо ва таносуби онҳо, раванди таърихии таълифу танзими принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ, манобеи ҳуқуқи исломӣ ва принсипҳои ҳуқуқи исломӣ, то як сатҳи муайян аз ҷониби олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таҳқиқ ва баррасӣ шудаанд. Аз ҷумлаи ин таҳқиқотҳо метавон ба асарҳои олимону муҳаққиқони тоҷик – Ф. Тоҳиров, А. Холиқзода, И. Бӯриев, М. Ҳайдарова, Д. Обидов ва дигарон ишора намуд. Ин олимон саҳми назаррас дар омӯзиши таърихи ҳуқуқи исломӣ ва таҳлили нақши фиқҳ дар танзими ҳаёти иҷтимоӣ ва қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ доштаанд. Таъкид кардан зарур аст, ки мазмун ва

МАҚОЛАҲО

Риояи одобу русуми неки миллӣ – вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)

«Расму ойинҳоро дар сурате ба як низоми муайян оварда метавонем, ки аслро аз бадал фарқ намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем». Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури мардуми кишвар гардид, ки давоми мантиқии паёмҳои пешини Сарвари давлат ба мақоми олии қонунбарор ва тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад. Тавре мушоҳида мешавад, танзими ҷашну маросим ва бо ин роҳ беҳбуд бахшидан ба зиндагиву рӯзгори мардуми кишвар ҳамоно аз мавзуҳое, ки пайваста дар Паём ба он ишора мешавад, боқӣ мемонад. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи талаботи он ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим дар паёмҳои Сарвари давлат зиёда аз ҳашт маротиба таъкид гардидааст, ки худ далели гуфтаҳои болост. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2002 (22-юми апрел) чунин дарҷ гардида буд:«Аз нашри фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-уми июли соли 1999) дар бораи танзими ҷашну маъракаҳои мардумӣ қариб се сол мегузарад. Вале то ҳанӯз вазъи татбиқи фармон ва чорабиниҳои дар асоси он таҳияшуда ғайриқаноатбахш аст. Шахсоне, ки маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот барпо мекунанд, чаро наметавонанд ба мактабҳо кӯмак кунанд ва барои рушди зеҳнии фарзандони худ дар мактабҳо синфҳои компютерӣ ташкил намоянд? Чунин шахсон бояд хуб донанд, ки фарзандони мо аз олам бехабар ва аз пешрафти ҷомеаи башарӣ монда истодаанд». Президенти мамлакат дар Паёми соли 2016 хотиррасон карданд: «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем». Дар Паёми соли 2016 ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки «Омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад». Пешвои миллат 26-уми декабри соли 2018 аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки «Дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагонии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд». Роҳбари давлат бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир 26-уми декабри соли 2019 сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни мамлакатро уҳдадор намуданд, ки «Дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Инчунин, 28-уми декабри соли 2023 бори дигар аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд: «Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд». Президенти муҳтарами мамлакат дар Паёми навбатӣ, 28-уми декабри соли 2024, хотиррасон намуданд, ки «Соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам. Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам. Пешвои муаззами миллат 16-уми декабри соли 2025 низ эҳтироми худро нисбати бонувону занон ва модарону духтарон изҳор намуда, ёдовар шуданд, ки бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад». Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар як сокини бонангу номуси мамлакат аст, ки ба қадри истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ расад, риояи одобу русуми неки миллӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳои миллиро дар амал татбиқ намоем. Додарзода Илхом сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст.

Дар шароити мураккаби равандҳои ҷаҳонӣ, афзоиши таҳдидҳои мафкуравӣ ва густариши ифротгароии динӣ, масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат аҳамияти хосса касб менамояд. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо таъкид намудаанд, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед. Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Сарвари давлат 9 марти соли 2024 зимни вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон». Ин суханон ҳамчун рукни асосии давлатсозӣ ва кафили сулҳу суботи ҷомеа аҳамияти бузург доранд. Дар ин замина хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода мусоҳиба анҷом дод. АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Ба назари Шумо, моҳияти аслии ин сухан дар чист? Абдураҳим Холиқзода: Бо дарки таҳдиду хатарҳои замони муосир Пешвои миллати мо илман асоснок, таърихан мантиқӣ, аз лиҳози сиёсӣ мусбат ва аз назари эътиқод боинсофона таъкид намуданд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Зери ин шиор бори вазнини масъулияти худшиносӣ, давлатсозӣ, эҳтиром ба боварҳои мардумӣ ва тинҷию амонии мафкуравӣ ниҳода шудааст. Худошиносӣ аз худшиносӣ оғоз меёбад. Дар ҳадиси Паёмбари ислом омадааст: «Касе, худро шинохт, Худоро мешиносад». Миллати мо ҳастии мост, шинохти мо аз худамон, аз таърихамон, аз забонамон, аз фароҳангамон, аз давлату аз миллатамон, аз расму оинамон, аз суннату анъанаҳои деринаи миллиамон оғоз меёбад ва баъд то ба даргоҳи муъминию мусулмонӣ ва худошиносии мо рафта мерасад. Аз лиҳози шаклӣ ва мазмунӣ низ тавре, ки муҳаққиқон иброз доштаанд, миллат ва арзишҳои миллӣ шакл ё қолаби нахустини ташаккули маънавии инсон мебошанд, ки ба ҳаёти моддии ӯ мазмун мебахшанд. Эътиқод ва боварӣ танҳо баъд аз забон ва мансубияти миллӣ шакл мегиранд. Инсон нахуст бо забонаш ба иҷтимоишавӣ оғоз мекунад ва мазмуни зиндагии худро меҷӯяд. Сипас ба синни муайян расидан думболи ҷустан ба саволҳое мешавад, ки дин ба ӯ ҷавоб медиҳад. Дигар ин ки ҳар инсон ба ҳар бовару эътиқод маҳз тавассути вожаю мафҳумҳои забонӣ ворид мешавад. Забон аст, ки роҳи динро ба тафаккури инсон боз мекунад. Гузашта аз он арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ инсонро ба иттиҳоди сиёсӣ меорад, вале боварҳои динӣ онҳоро дар сатҳи эътиқод ва боварҳо нигоҳ медоранд. Аз лиҳози маънӣ низ касе, ки ба қадри бародару хоҳар ва ҳамватани худ намерасад, касе, ки шукронаи ватани худро ба ҷо намеорад, касе ки неъмати тинҷию амонии давлаташро намешиносад, нафаре, ки Ватанашро дарк намекунад, ҳифз намекунад, касе, ки забонро намедонад, қоидаю имлояшро намефаҳмад, ӯ аз куҷо динро медонаду ба қадри дигар муъминон расида, Худоро мешиносад?! Ба ёд оред лаҳзаеро, ки Паёмбари гиромиро аз шаҳри Макка ронданд, он кас аз ғори Савр берун шуда, дар минтақаи «Ҷуҳфа», байни Маккаву Мадина қарор гирифтанд, роҳи Маккаро нигоҳ карда, маҳзун шуданд, дил ба ватан майл намуд, зодгоҳ ва манзили аҷдодонашонро ба ёд оварданд. Бо оҳи сарду чашмони пуроб ба сӯи Макка – ба ватани худ нигоҳе карданду гуфтанд: «Чӣ қадар шаҳри поку хушбӯе ҳастӣ ва дар қалби ман чӣ аҷаб маҳбубӣ. Туро ман дӯст медорам!!! Агар қавмат маро аз ту намеронд, ҳаргиз ба ҷуз аз ту маконеро маскан намекардам». Ин буд, ки Ҷабраил нозил шуд ва пурсид: Муштоқи ватан ва зодгоҳат шудӣ? Паёмбар (с) посух доданд: Бале! Ва дар ҳамин вақт нисбат ба меҳри Паёмбар бар ватанаш ояте нозил мешавад, ки бозгашти ӯро ба зодгоҳаш муқаррар месозад: «Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба зодгоҳат бармегардонад! (Сураи «Қасас», ояти 85). Ё ба ёд орем, ки чӣ тавр аз эҳсоси меҳри Паёмбари ислом ба ватанаш Худованди бузург қиблаи муъминонро табдил дод. Пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара Паёмбари ислом пайваста бо меҳр ва иштиёқи хос ба сӯи ватани худ дида медӯхт. Ва эҳсоси ҳамин меҳру муҳаббати Паёмбар бар ватанаш буд, ки Худованди азза ва ҷалла қиблаи муъминонро ба сӯи ватани ӯ гардонд: «Ба дурустӣ ки мо гаштани рӯи туро дар ҷониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ (ишора ба зодгоҳи Паёмбар аст). Пас рӯи худро ба тарафи Масҷиду-л-ҳаром бигардон; ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯйҳои худро ба тарафи вай бигардонед» (сураи «Бақара», ояти 144). Худованд ба хотири меҳри ватани расулаш қиблаи муъминонро тағйир дод. Магар ин ҳама гувоҳӣ аз мақому мартаба ва афзалияти ватану миллат бар дигар арзишҳо нест? Ин аломати муҳимми миллатдӯстӣ ва ватандӯстист. Тарзе Амир-ал-муъминин Алӣ ибни Абутолиб гуфтааст: «Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст». Мусулмонии мо вақте комил мешавад, замоне дуруст аст, ки мо ба қадри падару модари худ расем, ҳурмати эҳтироми бародару хоҳарро ба ҷо оварем, худро ҳамчун миллат шиносем, Ватан ва сарзаминамонро мисли гавҳараки чашм ҳимоя кунем. Ин ҳамон арзишҳое ҳастанд, ки ҳам қонуни башарӣ, ҳам таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳам ахлоқи инсонӣ ва ҳам Худованди бузург афзалияту бартариашонро барои мо муқаррар кардаанд. Маҳз бо дарки ҳамин масъулиятҳо ва ҳамин арзишҳо мо «нахуст тоҷикем, баъд мусалмон»! АМИТ «Ховар»: Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо то кадом андоза ҳифзи решаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати сиёсӣ метавонад омили асосии таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории соҳибихтиёрии давлат ва муқовимат бо таҳдидҳои мафкуравии муосир бошад? Абдураҳим Холиқзода: Афзалияти мансубияти миллӣ ба унсурҳои муайяни фарҳангӣ ва таърихӣ такя мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол мешавад, ки дар ин самт моро ҳушдору бедор менамоянд. Чунки медонанд, ки иллати набудани унсурҳои хотираи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ заъфи соҳибихтиёрии миллат аст. Дар назари аввал бояд дарк кард, ки таваҷҷуҳ ба таърих, ба эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид мекунанд, ин кӯшиш дар масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишии халқу барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ нест. Ҳарчанд, ки ин ҷанбаҳо низ зарурат дошта, аз аҳамият дар умум холӣ нестанд. Муҳимтар аз ҳама, вазифаи ҳифзу омӯзиши хотираи таърихӣ бедор кардани масъулияту рисолати давлатсозии халқ; сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои миллат дар масири таърих, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ, таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои фарҳангӣ, соҳибӣ кардани фарҳанги моддӣ

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ

9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид. Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд. Зимни суҳбат бо кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю бенуқсон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои соҳавӣ, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ дар сафҳои мақомот ва ҳам дар миёни мардум, муборизаи ҷиддию софдилона бо ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла навъҳои синтетикии он ва ҳамчунин, ба тарбияи босифати кадрҳои ҷавони соҳа ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.

Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

9 январи соли 2026 ҷаласаи ҷамъбастии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор баргузор гардид. Дар ҷаласа сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом, муовинон ва кормандони Марказ иштирок доштанд. Нахуст маърӯзаи котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбеков М. А., доир ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2025, 124 адад семинару конференсияҳо, 321 мақолаҳои илмию омавӣ, 101 баромад дар телевизион ва радио, 187 адад мулоқоту вохӯриҳо, 7 монография, 2 маҷмуаи мақолаҳо ва 1 китобча аз ҷониби кормандони Марказ таҳия ва нашр гардида, Марказ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти марказ зикр шуда, дар муҳокимаи масъалаҳо сардорони шуъбаву бахшҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд. Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом ҳисоботи Марказ дар соли 2025-ро қаноатбахш ҳисобида, барои кормандони Марказ барору комёбӣ таманно намуд. Дар фарҷом, аз ҷониби директор Холиқзода Абдураҳим ба як қатор кормандони Марказ дар ҷамъбасти сол Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2026 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба кормандони Марказ супоришҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул гардид.

МАҚОЛАҲО

Гузаштаро бояд омӯхт, то ояндаро сохт! (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)

“Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем” (Иқтибос аз Паём, 16.12.2025). Дар тӯли таърихи инсоният, намунаи қонунҳо, эъломияҳо, меъёру барномаҳои ахлоқӣ эҷод шудаанд ва ин раванд вобаста ба талаботи ҷомеа бо фаро гирифтани масъалаҳои нави ҳаётӣ идома дорад. Мазмуну моҳияти онҳо таъмини вазъи иҷтимоест, ки як фард тавонад бо риояи онҳо аз неъматҳои ҳаёти инсонӣ бархӯрдор шавад. Барои бунёди як давлати идеалӣ, дар ҷомеа ғояҳо ва идеологияҳои гуногуни устуравӣ, динӣ, тахаюлӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ тарҳрезӣ шуданд. Аммо дар амал, танҳо чанде аз онҳо маънои бунёдӣ доштанд, ба пешрафт ва беҳдошти ҳаётии афрод, ҷомеа ва давлат мувофиқат мекарданд. Албатта, бояд таъкид намуд, ки инсони муосир, аз арзишҳои иҷтимоӣ ва категорияҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки ҳазорсолаи пеш эълон шуда буданд, хеле дур рафтааст, зеро пешрафти ҷомеа зарурати таҳавулоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш меорад, ки метавонад ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ дошта бошанд. Чаро баъзе тамаддунҳои пешрафта натавонистанд дар муқобили гардишҳои таърихӣ истодагарӣ кунанд? Зеро бақои тамаддун ба муносибати мардум бо арзишҳои миллӣ, ки худ барандаи онҳо ҳастанд ва вазъи сиёсие, ки дар фароянди таърихӣ ба он рӯ ба рӯ шуданд, вобастагӣ дорад. Масалан, фарҳанги қибтиҳо фарогири тамоми кишварҳои Африқои шимолӣ буд, вале дар натиҷаи чанд бархӯрдҳои таърихӣ аз байн рафт. Чаро?!!! Пас аз забти сарзамини атрофи Нил аз ҷониби юнониҳо ва баъдан забт шудани ҳудуди Миср аз ҷониби арабҳо, ва ба таври иҷборӣ, бо фармони халифа Абдулмалик ибни Марвон, ки “забони арабӣ забони расмии Миср ва манотиқи гирду атрофи он хоҳад шуд”, (1) дар тӯли 400 соли оянда, барои ҷорӣ кардани забони арабӣ ва аз байн бурдани фарҳанги ин мардум дар ҳаёти ҳаррӯза фишори иҷтимоӣ ва динӣ шиддат гирифт, аз манотиқи дигар мардуми бегона вориди шаҳрҳо шуд, мардуми зиёди қибтию юнонизабон ба манотиқи зери ҳокимияти Рум кӯчид, мардум барои пешбурди зиндагӣ ба марказҳои тиҷорӣ ва шаҳрҳо кӯчиданд, ки дар он ҷо бо забони арабӣ муошират мекарданд. Ҳатто элитаи фарҳангӣ барои ишғоли мавқеъ дар маъмурияти давлатдорӣ фарзандони худро забони арабӣ-юнонӣ таълим медоданд (Коттон, Ханна. От эллинизма к исламу: культурные и языковые изменения в римском Ближнем Востоке. Издательство Кембриджского университета, 2012, 426). Ин боиси он шуд, ки забони қибтӣ аввал ҳамчун забони адабӣ ва сипас ҳамчун забони гуфтугӯ мақоми худро аз даст дод ва дар ниҳоят забон, фарҳанг ва миллат аз байн рафтанд. Гузаштаи ин, тамаддун танҳо дар таърихномаҳо боқӣ мондаасту халос. Муҳаққиқ ва таърихнигори мисрӣ Аҳмад Амин бо алам ёд мекунад: “Ҳамчун миллат вақте ки мо забони қибтиро аз даст додем, мо воқеан куллан ҳувияти фарҳангӣ ва этникии худро аз даст додем. Имрӯз диаспораҳои бисёри қибтиҳо берун аз Миср зиндагӣ мекунанд, орзӯи пайванд бо Мисри дорои фарҳанги таърихӣ ва миллӣ доранд”. Аҳмад Амин, книга «Словарь египетского фольклора» (Париж 1956. Стр. 178). Воқеан суханони Пешвои миллат, ки душманон аввал забон, баъд фарҳангатро мебаранд ва дар охир миллат нест мешавад, ишораи дақиқи таърихӣ барои бақои миллат аст. Кӯшиши эҳёи миллат, дар давраҳои таърихӣ гуногунранг буда, намояндагони гурӯҳи этникӣ, ки нисбатан ташаккулёфта буданд, афкори ҷамъиятиро сохта, раванди сиёсиро бо манфиати ҳамаи гурӯҳҳои дигар тарҳрезӣ мекарданд. Ташаккули арзишҳои умумимиллӣ гурӯҳҳои этникиро муттаҳид мекарданд, вале дар ин раванд нақши ҳама якхела набуд. Новобаста аз ин, гурӯҳҳои гуногуни этникӣ бо назардошти манфиатҳои умумӣ ва арзишҳои ягона ба ҳам пайванд шуда, барои ташаккули миллатҳо замина гузоштанд ва ин таҷрибаи таърихии бунёди миллатҳои гуногун дар ҷаҳон аст. Намунаи ташаккул ёфтани миллати рум аз қавмҳои парокандаи латиниҳо, сабиниҳо, аз гурӯҳҳои этиникии хуася, янди, хуанди, ман, жун. юэ сохтани миллати чин, аз қавмҳои минг, юз, кият, манғит, кипчоқ, найман, уйғур, оғуз ва ғайра сохтани миллати турк, аз қавмҳои мунда, бирманиҳо, скифҳо, кушаниҳо, гуннҳо, дравидиҳо, ҳиндуориёиҳо, кшатриҳо, раджпутҳо сохтани миллати ҳинду нишонгари ин раванди таърихии ташаккули миллатҳоро собит мекунанд. Дар фароянди таърихӣ пайванди ин гурӯҳҳо ифодакунандаи манфиатҳои умуммиллӣ мегардад (Elst K. Ayodhyaand after. Issuesbefore Hindusociety. NewDelhi, 1991.P.V). Дар ин маврид, назарияи дигар низ вуҷуд дорад. Дар аксар вақт муҳаққиқон ва таърихнигорон равандҳои мураккаби соҳибихтиёрӣ ва ташаккули миллатро ҳамчун омили низоъҳои дохилӣ муаррифӣ мекунанд ва ин ҳолатро бо мафҳуми “ниқобпӯшии миллӣ-этникӣ” ифода мекунанд (Jaffrelot Ch.The idea of Hindu racein the writings of Hindu nationalist ideologues in the 1920 sand 1930s: acon cept between two cultures// Thecon ceptof race in South Asia/Ed.P.Robb. Delhi: OxfordUniv. Press, 1997. P.327–354). Хулосаи ниҳоии ин гурӯҳ аз он иборат аст, ки дар ҳар давлате, ки гурӯҳҳои этникӣ зиёд бошанд, омили низоъ дар он бештар аст. Аммо таҷриба собит намудааст, ки “гуногунии қавмӣ ва этникӣ худ сабаби низои мусаллаҳона нестанд, балки усули сохтани ҳувияти қавмӣ-этникӣ ё миллӣ, ки хусусияти сиёсӣ касб мекунад ва омили ҷалби қувваҳои бегона дар ин раванд мешаванд, аксар вақт ҷонибҳои низоъро муайян мекунанд” (Grant W.J.Thespace of thenation:anexamination of thes pecial production of Hindu nationalism // Nationalism andethnic politics,2005. Vol.11.P.338–339). Сиёсикунонии идеяи миллатмеҳварро дар сохтани давлати миллӣ Гитлер дар Олмон таҷриба карда буд, ки заминаи пайдоиши миллатгароии олмонӣ гардид. Зеро чунин модели миллатсозӣ тоқати мавҷудияти миллатҳои дигарро надорад ва роҳи ягонаи сохтани ҷомеаи мутамаддинро дар нест кардани миллатҳои дигар мебинанд. Низоъҳои муосири хусусияти миллӣ касбкарда, решаҳои таърихии садсола доранд, баъзан аз майдони баҳсҳо берун мешаванд ва бо рӯйи кор омадани ягон ҳодиса бо қувваи нав авҷ мегиранд. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сабабҳои низоъҳо реша дар ҳолати кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷомеаҳо доранд, аммо идеологияи низоъ воқеан метавонад ба хотираи таърихӣ муроҷиат кунад ва онро мувофиқ ба манфиати ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил кунад. Дар ҳолати аввал, ҳифзи арзишҳо бораи ташаккули ҳувият (забон, фарҳанг ва то андозае дин), ки ҳамчун асли асосии он эътироф шудаанд, қарор медиҳанд. Дар ҳолати дуюм, мубориза таҳти шиори барҳам додани табъиз нисбати миллатҳои дигар, ихтилофи гурӯҳҳои гуногун нисбати ҳамдигар дар дохили як миллат сурат мегирад. Гурӯҳҳои гуногун аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоӣ ё дигар хусусиятҳо ҳувияти этникӣ ва қавмиро ҳамчун унсури мустақили иҷтимоӣ қарор дода, дар атрофи онҳо идеяҳои нав зуҳур мекунанд. Чунин таҷрибаи ҳувиятсозӣ дар Қафқоз ва Сурия таҷриба карда шуд. Ҷалби бегонагон аз ҷониби як тарафи низоъ ба ҷуз ҷанги дохилӣ ва харобӣ чизе наовард. Дар сурати набудани низоми устувори танзимкунандаи муносибатҳои дохилӣ чунин муноқишаҳо метавонанд солҳо идома

МАҚОЛАҲО

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Забон ва маънавиёт шаҳсутуни ҳастии миллатанд «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад». Эмомалӣ Раҳмон Боиси ифтихор аст, ки барои ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии насли наврас шароити зарурии иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф кардаанд ва бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон ба таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ аҳаммияти зарурӣ медиҳанд. Ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30-юми августи соли 2025 Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: «Миллате, ки босавод, дорои маорифи босифат ва кадрҳои баландихтисос аст, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом бошад. Аз ин рӯ, дар давоми беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёд, дар радифи соҳаҳои дигар соҳаи маориф низ рушд ёфт ва ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад». Халқи тоҷик дар тӯли таърихи худ ҳазорон шоирону нависандагони ҷаҳоншумул ба воя расонидааст. Бо таъкиди гузаштагони некномамон халқи тоҷик ба китоб ва сухани китобӣ бовар дошт, ҳама зиндагиашро аз рӯйи китоб тартиб медод, шинохти моҳияти худ, шинохти мавқеи худ дар дунё, ҷаҳонбинии ӯ бо ёрии китоб сурат мегирифт. Сарвари давлат низ китобро маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа ҳисобидааст, ки қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Вобаста ба ин, олимону донишмандонро ба он даъват менамояд, ки зарур аст ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад. Ҳамин аст, ки бо дастури Сарвари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Бо фармудаи Пешвои муаззами миллат мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Ҳадафи асосии Сарвари давлат аз ин тадбирҳо ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва сатҳи маърифати илмии мардум аст, то ки насли ҷавон ба моҳияту маънои таъриху дину мазҳаб дуруст сарфаҳм раванд. Инчунин, ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ диққати махсус дода, аз ҷумла донистани забонҳои русӣ ва англисиро ҳатмӣ мешуморанд. Ӯ дар китоби худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ёдрас намудааст, ки забон падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои тавонбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад. Бедордиливу ватанпарварии Сарвари давлат аз пос доштани арзишҳои забони тоҷикӣ низ шаҳодат медиҳад. Дунёи маърифату маънавиятро обод гардондан осон нест. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, чунки забон ва маънавиёт шаҳсутуни ҳастии миллатанд ва ҳифзу қадрдонӣ аз ин ду шаҳсутун вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа аст. Дар паси ин гуфта ҳақиқати бебаҳсе ниҳон аст. Ин ё он забонро он кас хубтар медонад ва андар мағзи ҷони хеш ҷо медиҳад, ки ба анъанаҳои соҳиби он забон аз дилу ҷон арҷ мегузорад. Чунонки мегӯянд, азбар кардани ҳар забони нав одамро боз як бори дигар одам мекунад. Гузашта аз ин, ҳар фард ҳар боре ки як забони навро ёд бигирад ва агар тавони қиёс кардани забонро дошта бошад, бовар ҳосил мекунад, ки барои чӣ поягузори адабиёти навини олмон Иоганн Волфганг Гёте (1749-1832) бо нияти огоҳии комил ёфтан аз ғазалҳои Ҳофиз муддати ду сол забони форсӣ омӯхтааст. Андешаи худро бо таъкиди Пешвои муаззами миллат ба итмом мерасонам, ки фармудааст: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу субот талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем». Вализода Одинашоҳ, сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои раисони як қатор шаҳру  ноҳияҳои кишвар ва роҳбарӣ дар дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти иқтисоди миллии кишвар дар соли 2025 муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ, раис ва муовинони раиси Кумитаи рушди маҳал аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои дигари ҷавону варзида таъин карда шуданд. Солеҳзода Ашурбой аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раҳмонзода Абдулло аз вазифаи  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин гардиданд. Ҳамчунин, ба вазифаи директори муассисаи давлатии “Театри миллӣ” Шарифзода Манучеҳр, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, таъин карда шуд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда доир ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, бахусус вобаста ба тақсими замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва муомилаи дуруст бо мардум дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки раванди созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорони ҳимматбаланду мардуми саховатпеша, бахусус ба хотири истиқболи сазовор аз Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, вусъат дода шавад. 07.01.2026 шаҳри Душанбе

Без рубрики

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳидоят ва роҳнамои мардум

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Эмомалӣ Раҳмон Дар тўли зиёда аз 34- соли даврони истиқлолият Тоҷикистони азизи мо рўз аз рўз ободтару зеботар гашта, ҳамасола ба комёбиҳои беназир ноил гардида истодааст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ сулҳу суботи устувор, тинҷию оромӣ, волоияти қонун, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ байни сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар қоим аст, ки ин муҳаррики асосии пешрафти Тоҷикистон дар самтҳою соҳаҳои гуногун ва пайваста авҷи тоза гирифтани корҳои созандагию бунёдкории диёри азизамон мебошад. Тавре огаҳӣ дорем, 16 декабри соли равон Паёми навбатии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид. Дар оғози Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба чорабиниҳои муҳимми сиёсии дар моҳи марти соли 2025 доиргардида:- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо ба имзо расидани шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ, шартномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд, суханронӣ намуданд. Ҳамчунин Сарвари давлат зикр намуданд, ки «Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад». Пешравию тараққиёти ҳамаҷонибаи ҳар як давлат аз саводнокии сокинони он вобастагӣ дорад. Мисоли инро мо дар пешравию тарақиёти иқтисодии Ҷопони баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба харобӣ муваҷҷаҳгардида дида метавонем. Зеро, Ҷопон баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ диққати асосиро ба рушди соҳаи маъориф равон намуда, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё табдил гашт. Ҳамин аст, Пешвои муаззами миллат пайваста барои саводнок гардидани насли наврас саъю кўшиш менамоянд, шароит фароҳам месозанд то ин ки фарзандони мо соҳибсаводу соҳиби касбу кор бошанд ва дар ҷодаи зиндагӣ, хоҳ дар дохили кишвар, хоҳ дар хориҷи онанд, ҳеҷ гоҳ ба мушкилот муваҷҷеҳ нагарданд. Қобилияти сиёҳро аз сафед фарқ карданро дошта, ҳаргиз хору залил нагарданд, ба таассубу хурофот дода нашаванд. Дар робита ба масъалаи мазкур Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш чунин ишора намуданд: “Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад. Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем. Ба ин мақсад, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад. Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон зиёда аз панҷ сол сипарӣ гардид. Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд”. Ҳеҷ гоҳ фаромўш набояд кард, ки забони модарии мо асосан барои муоширати ҳамарўзаи мо дар дохили кишвар аст, вале вақте берун аз хоки он баромадем, бояд бо забонҳои хориҷӣ муошират намоем, то моро бифаҳманд ва то тавонем хешрову Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Масалан, ба сафари хидматии расмие шуморо ҳамчун намоянда аз Тоҷикистон фиристонидаанду забонҳои хориҷиро балад нестед ва суханронии лозимаро дар ин ҷаласаи корӣ накардед, ташкилкунандагони ин ҷаласа метавонанд нисбати шумо ва миллату диёри мо фикри манфие кунанду минбаъд аз даъвати расмии намояндаи кишвари мо сарфи назар кунанд. Фаромўш набояд кард, ки дар қуҷое набошем, ҳар яки мо намояндаи ин миллати куҳанбунёд мебошем. Аз ин рў, обрўи миллатро бардоштан дар дасти мост. Вобаста ба рафтори ҳар яки мо ба миллати мо баҳо медиҳанд. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандони мо (махсусан аснои дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан) ҳангоми ба мушкилот рў ба рў шудан вазъиятро шарҳ дода наметавонанд, дар натиҷа ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил намегардад. Дар ҳолати донистани забон ҳурмату эҳтиром ҳосил мегардад, шахси забондон аз ҳадафу ғарази ҳамсуҳбату атрофиён огоҳ мегардад. Дар ҳолоти зарурӣ худро ҳифз карда метавонад. Бо забондонӣ китобу рўзномаю маҷаллаҳои дигар забонҳоро мутолиа намуда, дониши хешро тақвият дода, аз дастовардҳои қавму миллатҳои пешрафта истифода бурда метавонем, ки ин ҳама ба манфиати кор аст. Ҳамин босаводии ниёкони мо буданд, ки бо мероси таърихии гузоштаи онҳо миллати тоҷикро мешиносанду бо он фахр мекунем. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш ба таълиму тарбияи фарзандон боз як бори дигар махсус таъкид намуданд, зеро ояндаи миллату Ватан аз

МАҚОЛАҲО

Сулҳу ваҳдати миллӣ – арзиши олӣ барои ҳар шаҳрванди кишвар (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҳар давлат ва ҷомеа аз арзишҳои бебаҳо ва муқаддас ба ҳисоб меравад. Ин неъмат аст, ки ба шарофати он халқҳо метавонанд дар фазои орому осоишта зиндагӣ кунанд, тараққӣ ёбанд ва ба фардои дурахшон нигаранд. Имрӯз дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳои глобалӣ ва низоъҳои миллӣ торафт авҷ мегиранд, аҳамияти сулҳу ваҳдат боз ҳам бештар мегардад. Ба туфайли сулҳу ваҳдат мардум метавонанд зиндагии осоишта дошта бошанд, ба таълиму тарбияи фарзандон машғул шаванд, дар пешрифти Ватан саҳм гузоранд. Заминаҳои таърихии расидан ба Ваҳдат Тоҷикистон, ки дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк мекунад. Пас аз Истиқлоли давлатӣ, ки соли 1991 ба даст омад, кишвари мо дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт. Ин фоҷиа боиси талафоти зиёди ҷонӣ, хисороти иқтисодӣ ва парокандагии миллат гардид. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ: ин иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз заминаи аввалини барқарорсозии сохти конститутсиониро гузошт. Суханони таърихии Пешвои муаззами миллат «Ман ба шумо сулҳ морам!» ва «То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, осуда нахоҳам буд» шиори асосии раванди сулҳ гардиданд. 27-уми июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумии истиқорори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки нуқтаи гардиш дар таърихи муосири мо шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомўзад ва барои насли имрўз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад. Сулҳу ваҳдат имкон дод, ки кишвар аз вартаи ҷанг халос ёбад, миллионҳо нафар ба Ватан баргарданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ҳамкориро ба роҳ монад, иқтисодиёт тараққӣ кунад, корхонаҳо барқарор шаванд, ҷойҳои корӣ зиёд шаванд, маориф ва фарҳанг рушд ёбанд. Ваҳдати миллӣ бошад, ин ҳамбастагии миллатҳо, динҳо ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистон миллатҳои гуногун ва пайравони динҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд ва ҳама якҷоя, бо ҳам барои ободии кишвар кӯшиш мекунанд. Ба шарофати ваҳдати миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои мураккаби давлатӣ ҳал карда шаванд, ташаббусҳои созанда амалӣ гарданд, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда фароҳам оварда шавад. Имрӯз мо натиҷаҳои ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардумро ба чашми сар мебинем: Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа–Кўлоб иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад. Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Шумо боре ба гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон назар кунед, ки чи гуна ободу зебо гаштаанд. Бунёди ҳайкали аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам нест, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд, 2700- солагии шаҳри Кўлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд. Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи «Наврўз», «Меҳргон», Рўзи «Шашмақом», «Рўзи фалак», «Рўзи китоб», «Рўзи Парчами миллӣ», «Рўзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Дар даврони истиқлолият Наврўз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврўз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод – аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қурони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд. Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрўз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад. Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар

Прокрутить вверх