НАҚШИ МАЪХАЗҲОИ ХАТТӢ ДАР РУШДИ ХУДШИНОСӢ ВА ТАФАККУРИ МИЛЛӢ (ДАР МИСОЛИ “ФУТУҲУ-Л-БУЛДОН”-И БАЛОЗУРӢ)
Тӯли ҳафтод соли побарҷобудани ҳукумати Шӯравӣ таърихи 15 кишвари ин Иттиҳод, аз ҷумла таърихи халқи точик дар чорчӯбаи хосси илмӣ тарҳрезишуда, дар асоси принсипҳои илмии роиҷи он давру замон -методологии максистии таърих омӯхтаву таълим дода мешуд. Дар ин васила илми манбаъшиносии тоҷик низ зери таъсири ҳамин идеология омӯхтаву омӯзонида шуда, бештар ба методология ва нақди илмии манбаъшиносии Аврупо ва Русия диққат дода мешуд. Манбаъҳои таърихии ҳувиятсози мо, ки теъдодашон ба ҳазорону миллионҳо мерасид, ҳамчун манбаҳои идеологии куҳнаи ифротии феодалӣ натанҳо хонда намешуд, балки хондану тадриси онҳо ҷурм ҳисобида мешуд. Айни замон бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тағйирот дар аксар самтҳои ҳаёти ҷомеа, навоварию навпардозиҳо дар самти илм, аз ҷумла дар самти илми таърих низ як қатор навгониҳову тағйиротҳо ба амал омаданд. Дар ин ҷараён, дар доираи илмҳои гуманитарии тоҷик ва дар фазои илмии омӯзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик илми манбаъшиносӣ ҳам бо диди нав, бо тарҳи замонавӣ ва имконоти васеътар ба қадри тавон рӯ ба инкишоф ниҳода бошад ҳам, аз лиҳози интиқодӣ ба роҳ мондани таҳлили манбаъҳои таърихӣ мувофиқи матлаб нест. Албатта бо такя ба илми манбаъшиносии ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои хоси усулҳои омӯзиши манбаъҳои меросмондаи таърихи ватанӣ, бо тарҳрезии нави методология ва нақди хоссаи илмии манбаъҳо илми манбаъшиносӣ дар радифи дигар илмҳои таърих пеш меравад. Ҳамин аст, ки дар даҳсолаи охир, аз тарафи таърихнигорону манбаъшиносони тоҷик, ҳамчунин бо кӯшишу заҳамоти кулли донишмандону унвонҷӯён ва устодони доираи илмҳои гуманитарӣ даҳҳо манбаъҳои таърихии калонҳаҷм мавриди тадқиқоти арзишманди илмӣ қарор гирифта, дар ин самт дар маҷаллаву рӯзномаҳои илмӣ садҳо мақолот ба табъ расидаанд. Аз ин лиҳоз, дар шароити кунунӣ, бо дарки хусусиятҳои хосси ҳуввияти миллӣ, бо дарки баланди худогоҳиву хештаншиносӣ, бо тавони беш аз пеш, бо амри дилу раҳбурди ақл тақвият додану мустаҳкам намудани илми манбаъшиносии тоҷик ва ба ин васила дарёфтани падидаҳои нав ба нави фарҳангию таърихӣ кори хайру савоб дониста мешавад. Асрҳои VIII-X дар таърихи халқи тоҷик давраи муҳимтарини ташаккули он ҳамчун халқ ва давраи ренесанси Шарқ ба ҳисоб рафта, маҳз дастовардҳои илмии олимону мутафаккирони тоҷики ин давра имрӯзҳо ин миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Дар баробари ташаккул ёфтани донишҳои таърихӣ дар асрҳои VIII-IX шеваҳои мухталифи таърихнигорӣ шакл гирифтанд, ки маъруфтарини онҳо “ҳолноманигорӣ”, номнигорӣ”, солноманигорӣ” ва “фатҳноманигорӣ” ба ҳисоб рафта, ҳар кадоми онҳо дар раванди иҷтимоишавии ҷомеаи мусалмонон нақши бориз бозидаанд. Осори таърихие, ки дар ду асри аввали зуҳури ислом то ниммаи аввали асри IX таълиф шудаанд, бештаран фарогири мавзуъҳои мушаххас ва дар асоси шеваҳои зикршуда офарида шудаанд. Ҳолноманигорӣ яке аз аввалин шаклҳои таърихнигорӣ буда, аз таҳқиқи мазмун ва мундариҷаи ҳолномаҳо маълум мегардад, ки онҳо низ дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар баробари инкишофи шохаҳои ҳокимият ва ҷамъият бештаран дар бораи “қуззот” – қозиҳо, волиҳо – ҳокимон, “худамо” – ходимони давлатӣ ва “вузаро” – вазирон таълиф мегардиданд. Дар ин замина асарҳои муҳимму зиёди шарҳиҳолии хусусиёти таърихӣ дошта ба монанди “Ал-мунтазам”-и Ибни Ҷавзӣ ва “Табақот”-и Ибни Саъд дар идомаи асрҳои VII-VIII рӯи кор омаданд, ки дар ояндаи наздик сабабгори ба вуҷуд омадани шеваи нави таърихнигорӣ – номнигорӣ гардиданд. Номнигорӣ низ ҳамчун шеваҳои маълуму машҳури таърихнигории асрҳои VIII-IX шинохта шуда, бо номҳои дигари “ассомӣ”, “аълом”, “феҳрист”, “табақот” ва ғайра муаррифӣ мешаванд. Номнигорӣ шеваи таърихнигориест, ки ба муаррифии афроди шоиста, ба монанди дорандагони навъе аз дониши хос ба мисли; муҳаддисон, фақеҳон, мунаҷҷимон, табибон, ё дорандагони маҳоратҳои махсус ба монанди; қориён, ровиён, санъаткорон ва ё табақаҳои аъёни ҷомеа ба монанди; ашрофон, тоҷирон, ҳунармандон ва ғайра машғул аст. Машҳуртарин ва куҳантарин асари номнигории ин давра “Таърихи кабир”-и Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ буда, дар 18 солагии муаллиф баробар ба соли 828 мелодӣ таълиф гардидааст. Имом Бухорӣ дар ин асари таърихии номнигории хеш аз 40000 муаррихону ровиёну ноқилони ахбор маълумот дода , муҳимтарин шеваи таърихнигории номнигориро асос гузоштааст. Дар заминаи осори номнигорӣ шуъбаи дигари таърихнигорӣ, феҳристнигорӣ зуҳур карда, аввалан феҳристҳои маҳаллию минтақавӣ ва баъдан феҳристҳои комили фаннию, ҳунарӣ ба вуҷуд омаданд, ки куҳантарини онҳо “Ал-феҳрист”-и Абуисҳоқ ибни Надим ва бузургтарини онҳо “Таърихи Бағдод”-и Хатиби Бағдодӣ мебошад. Феҳристҳои таълиф гардидаи ин давра аслан дар шакли феҳристҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҳавзавӣ таълиф мешуданд. Олитарин шакли феҳристҳо, феҳристҳои шаҳрӣ – минтақавӣ буда, дар шакли феҳристҳои мисрӣ, суриёнӣ, ҳиҷозӣ, яманӣ, ҳиндӣ, хуросонӣ, мовароуннаҳрӣ, хутанӣ ва амсоли он таълиф мешуданд, ки машҳуртарин афрод ва ё шахсиятҳои сиёсию адабӣ ва ҳунарварони минтақаро барои наслҳои оянда муаррифӣ мекард . Дар баробари забткориҳои пайдарпай, арабҳо дар кутоҳтарин фурсат шаҳрҳои бузурги императории Византия ва шоҳаншоҳии Сосониёнро фатҳ намуда, густариши исломро дар ҳудудҳои паҳновари ду императории ҳамсояи худ таъмин намуданд. Ин ҷаҳонкушоӣ ва фатҳи шаҳрҳо боиси паҳншавӣ ва умумишавии фарҳангу тамаддун ва улуми исломӣ гардида, мусулмонон ниёзмандии худро нисбати илми таърих дарк карданд ва барои муаррифии шоҳкориҳои қаҳрамонон-ғосибони худ ба навиштани ҷангномаҳо ва фатҳномаҳо машғул гардиданд. Дар баробари забти Тайсафун, Шом, Наҳованд, Бағдод ва дигар шаҳрҳои бонуфузи Хуросону Мовароуннаҳр китобҳои бисёре дар бораи фатҳи ҳар шаҳре аз қабилӣ; “Футуҳу-ш-Шом ва футуҳу-л-Ироқ”-и Абумихнаф, китоби “Футуҳу-л-Миср ва Мағриб”-и Абдулҳаким, “Футуҳу-л- Байту-л-муқаддас ва “Футуҳу-л-Хуросон”-и Мадоинӣ таълиф гардиданд. Пас аз он ба тадриҷ фатҳноманависӣ низ ривоҷ ёфта, доманаи мазмун ва мундариҷаи онҳо бузургтар шуда, ба монанди “Ал-футуҳ”-и Ибни Аъсам ва “Футуҳу-л-булдон”-и Билозурӣ забти кулли мамолик ва кишварҳо дар як китоб ҷамъоварӣ гардид. Мубрамияти осори ин муаррихон дар он зоҳир мегардад, ки ин давра бо ба эътибор гирифтани вазъи иҷтимоӣ, ҳолатҳои эътиқодӣ, равонӣ-психологӣ, мантиқӣ, касбу кор ва доираи фаъолиятҳои шахсиятҳои таърихӣ дар чорчубаи талоботи бунёдшуда ба навовариҳо пардохтанд ва шаклҳои муътабари ҳодисаҳои воқеъии таърихиро дар асарҳои хеш ворид намуданд, ки бад-ин восита муҳимматарин асарҳои “таърихи умумӣ”-ро бо фарогирии ахбори сиққа пешниҳоди хонанда намуданд. Яке аз муаррихони асри аввал ва дуввуми ислом Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир ибни Довуд маъруф ба Балозурӣ аз зумраи муаррихони аҳди аввал буда, дар Бағдод таваллуд ва ба воя расидааст. Санаи таваллуди ӯ дар манбаъҳо зикр нашудааст, аммо маълум аст, ки ӯ дар аҳди хилофати Муътаззид дар он замон, ки ҳудуди ҳаштод сол аз умраш мегузашт дар соли 892 милодӣ фавтидааст. Баъди касби илми таърих Балозурӣ ба таълифи асарҳои гаронбаҳое чун “Аҳди Ардашер”, “Ансобу-л-ашроф”, “Футуҳу-л-булдон” ва “Китобу-р-рад ъало шуъубия” машғул гарид, ки таълифи “Футуҳу-л-булдон” ба Балозурӣ шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Балозурӣ дар таълифи “Футуҳу-л-булдон” аз муҳиммтарину бузургтарин ҳодисаҳои таърихӣ то кучактарину









