Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳри Душанбе

21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тавааҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари  давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст. Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рањмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст. Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст. Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд. Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт. Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад. Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст. Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад. Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд. 21.08.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Дониш ва илму маърифат – сарчашмаи ҳама пешравиҳо

Дар Тоҷикистони азизамон 1 сентябр ҳамчун яке аз рӯзҳои муборак ва пуршараф ба шумор рафта, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар замони муосир пешрафти ҳар як давлат ба сатҳи илму маърифат ва донишу касбомӯзии шаҳрвандонаш вобастагии қавӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маърифатро яке аз асосҳои муҳими давлатдорӣ ва ояндаи миллат меҳисобад. Ин рӯз ҳамчун Рӯзи дониш ҷашн гирифта шуда, он на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки рамзи шукуфоӣ, пешрафт ва меҳру муҳаббат ба илму дониш аст. Рӯзи дониш ҳамеша бо садо додани занги аввал, бо гулчанбарҳо ва чеҳраҳои пур аз табассуму як ҷаҳон умед оғоз меёбад. Илму дониш аз замонҳои қадим ҳамчун ганҷинаи беинтиҳо барои инсоният шинохта шудааст. Аз нигоҳи бузургон, дониш чароғи ҳаёт ва калиди бахту саодат аст. Бе илм ва дониш дар ҷомеа на пешрафти иқтисодӣ ва на тараққиёти иҷтимоӣ имкон надорад. Маҳз дониш инсонро аз ҷаҳолату нодонӣ раҳо месозад, ба ӯ роҳи ҳақиқатро нишон медиҳад ва нерӯи эҷодкорӣ мебахшад. Дар кишвари мо ин рӯз хусусияти ҷашни воқеан миллӣ дорад. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз мактабҳои ибтидоӣ то донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои дигари таълимии кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мегардад. Чанд сол боз дарси аввалро Пешвои миллат дар яке аз муаасисаҳои таълимӣ мегузаронад ва он ба шакли мустақим аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ дар саросари кишвар пахш мегардад. Ин рӯз на танҳо барои хонандагон ва донишҷӯён, балки барои падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа рўзи азиз аст. Зеро маҳз илму дониш ба ояндаи дурахшони миллат замина мегузорад, насли ҷавонро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд ва пояҳои давлатдориро устувор мегардонад. Рӯзи дониш ҳамчунин рамзи эҳтиром ба заҳматҳои омӯзгорон низ аст. Омӯзгор мисли чароғе дар нима шаб роҳнамои шогирдон буда, онҳоро ба қуллаҳои илму маърифат мебарад. Ҳар як муваффақият ва пешрафти ҷомеа ба заҳмати устодон сахт вобаста аст. Бинобар ин, эҳтиром ва қадршиносӣ ба устодон қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҷашни Рӯзи дониш мебошад. Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника рӯз ба рӯз рушд мекунад, танҳо миллате пешрафт мекунад, ки ҷавононаш соҳиби дониш, касбу ҳунар ва маърифат бошанд. Бо ин сабаб, ҷашни Рӯзи дониш ҳамеша бо орзӯҳои нек барои оянда ва ташвиқи ҷавонон ба омӯзишу таҳсил ҳамроҳ аст. Ҷашни Рӯзи дониш – рамзи зиндагии босаодат, ояндаи дурахшони ҷавонон ва ватани обод мебошад. Ҷашни Рӯзи дониш моро водор месозад, ки ба илму дониш арҷ гузорем ва онро ҳамчун муқаддасот ҳифз намоем. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк кунад, ки роҳи пешрафти шахсӣ ва тараққиёти Ватан маҳз аз дари оила, боғча, мактаб, донишгоҳу донишкада оғоз меёбад. Бигзор ин рӯз барои ҳар хонандаву донишҷӯ, омӯзгор ва волидон рӯзи фараҳмандӣ бошад ва ҳамеша ҷомеаи моро ба сӯи саодату шукуфоӣ роҳнамоӣ кунад. Мирзозода А. Мушовири директори Марказ

Президент, Хабарҳо

Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ

Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт. Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд. Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”. Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт. Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст. Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: “Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт”. Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд. Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози “Шоҳнома” ниёзи бештар дорем. Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд. Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд: Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад, Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад. Ва ё Басе ранҷ бурдам дар сол сӣ, Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ. 19.08.2025

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёд дорои инфрасохтори мукаммал ва имкониятҳои фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст. Таъкид гардид, ки бо ба истифода додани бинои нав, кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид. Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қомат афрохта, на танҳо шароити муосири фаъолиятро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фароҳам овардааст, балки бо намои хуштарҳу зебои худ ба симои шаҳр низ зебоӣ зам кардааст. Ҳангоми шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид. Ин иқдом ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди илму маърифат, тарбияи насли соҳибилм ва таҳкими пояҳои сохтории мақомоти қудратӣ маҳсуб меёбад. Саҳну атрофи бино комилан мумфарш гардида, дар масоҳати беш аз 3200 метри мураббаъ дарахтони гуногуни нодири ороишӣ шинонида шудаанд, ки ба муҳити атроф зебоию таровати бештар мебахшанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонию муҷаҳҳазсозӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва кормандони мақомоти милитсияи пойтахт талаб намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту субот намунаи ибрат бошанд. 19.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

19-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд. Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат буда, бо дарназардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ ва шароити мусоиди корӣ омода карда шудааст. Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, биноҳои навбунёди Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дорои синфхонаҳо ва майдончаҳои махсуси таълимӣ буда,  онҳо бо аёниятҳои зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар иншооти мазкур хобгоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард. Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Ҳамчунин бино дорои майдонча ва майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони ба машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст. Дар саҳни иншооти навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, ҳамаи он дар омодагии хуби доимӣ қарор дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид доштанд,  ки ҳушёриву зиракии касбию сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд. Таъкид гардид, ки ҳамаи шароити навтарини зист, фаъолияти ҳаррӯза ва омодасозии босифати ҳайати шахсӣ ба иҷрои амалиёти махсуси низомӣ ҳар яки онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва машқу тамрини матлуб бояд водор намояд. Бо ёдоварӣ аз вазъи басо мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб карда шуд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Ватани соҳибистиқлол ва амну суботи пойдори Тоҷикистони азиз ҳамеша омодагии зарурӣ дошта бошанд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиётҳои нави корӣ тақдим карда шуд, ки ба фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад расонд. 19.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои фалокатовар, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: “Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардуми дӯсти Покистон ва наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи инҷонибро изҳор менамоям. Ба тамоми осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонам”. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

18 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Пешвои миллат бо таъкид бар аҳамияти хоссаи сиёсии натиҷаҳои музокироти Президентҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аляска барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ карданд. Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доранд, табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо дар робита ба идомаи муколама ва тамосҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Рӯ овардани мусулмон ба улуми дақиқ ҳам асоси шаръӣ ва ҳам зарурати ҳаётӣ дорад!

Андеша бар умқи маънои ояти 9 аз сураи «Зумар» дар шакли «Оё баробаранд онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд?» хаёли аҳли андешаро ба ҳар тараф парвоз медиҳад. Чун анъана дар чунин ҳолат бешак роҳи беҳтарин барои дарёфти маънои ҳақиқӣ рӯ овардан ба андешаи муфассирон аст. Зимни руҷуъ ба тафсири оят муфассирон андешаҳои гуногунро баён мекунанд. Яке аз аввалин муфассирон Ибни Аббос бар он ақидааст, ки зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» Абубакр ва асҳоби ӯ ва «онҳое, ки намедонанд» Абуҷаҳл ва асҳоби ӯ дар назар дошта шудаасту объекти маърифат тавҳиди Худо ва амру наҳйи ӯ мебошад. Албатта, дар чунин тафсири оят набояд тааҷҷуб намуд, зеро андеша ба нимаи аввали асри VII тааллуқ дорад. Дар замони зикршуда дар минтақаи ташаккули дин, яъне Арабистони Марказӣ на танҳо улуми дақиқ, балки илм дар маҷмуъ ба тавре, ки бояд, ҳоло аз худ дарак надода буд. Бинобар ин, Ибни Аббос ҳамчун шахсияти аз муҳити иҷтимоию маънавии маҳдуди замони худ берун назар накарда, зери ибораҳои ёдшуда ду гӯрӯҳи мушаххаси шахсиятҳоро номбар намудааст. Дар тафсири Ибни Касир (тав. 1300) (Муфассири асрҳои миёна –А.К.) бошад, зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки бо тоату ибодат шабзиндадорӣ менамояд ва зери ибораи «Онҳое, ки намедонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки ба Худо шарик муқаррар мекунад. Агарчанде Ибни Касир дар қарни XIV зиндагӣ намудааст, чун ӯ дар зери таъсири донишмандони мутаассиби дин қарор дошт, ояти мавриди назарро яктарафа, маҳдуд ва ғайриилмӣ шарҳ додааст. Зимни муқоисаи шарҳи ӯ бо шарҳи муфассирони зерин заъфи шарҳи ӯ равшан маълум мегардад. Абулқосим Маҳмуди Замахшарӣ (тав.1075) чун яке аз асосгузорони забоншиносии арабӣ, ки бо дониши баланди сарфу наҳви забони арабӣ мумтоз будааст, аз лиҳози забонӣ маънои ояти зикршударо дақиқтару равшантар баён намудааст. Чунин усул ва шарҳ айнан бо маънии баёнгардида дар тафсирҳои Байзовию (тав.1286) Ҷалолайн (садаи XV) низ мушоҳида мешавад. Муфассирони номбурда, махсусан Замахшарӣ ҳамчун файласуф ва забондон дарк намудааст, ки маънои оят бо ду фикри аз лиҳози маъно мустақил, вале яке дигареро пурракунанда баён ёфтааст. Агарчанде дар байни ҳар ду қисмати оят робитаи мантиқӣ вуҷуд дорад, лекин ҳар яке аз онҳо фикри том ва мустақилро ифода мекунанд. Замахшарӣ дар тафсири ояти мазкур чунин маъноро пешкаш намудааст, ки худотарсу кофир, итоаткору гунаҳгор баробар нестанд, чуноне ки доною нодон баробар нестанд. Агар дар тафсирҳои Ибни Аббосу Ибни Касир ибораҳои «Онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд», аз маънои аслияшон, ки «огоҳ будан ё огоҳ набудан аз чизе»-ро ифода менамояд, дур рафта бошанд, пас, дар тафсири Замахшарӣ ва тафсири онҳое, ки дар чунин шарҳ ӯро пайравӣ кардаанд, чун Байзовию Ҷалолайн дақиқбинию нуктасанҷии хосеро мушоҳида менамоем. Вақте ба мазмуни оят дар умум аз нигоҳи имрӯза назар меандозем, ба чунин хулосае меоем, ки қисмати дуюми оят: «Бигӯ: оё онон, ки медонанд, ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд?» аз қисмати аввали оят: «Оё касе, ки дар соатҳое аз шаб саҷдакунон истода ибодаткунанда аст, аз охират метарсад ва ба раҳмати парвардигораш умед дорад? (Яъне ин шахс беҳтар аст, ё он носипоси мушрик?) аслан мустақил аст. Қисмати дуюм танҳо барои тавзеҳу тақвияти қисмати якум оварда шудааст. Аз лиҳози маъно ду қисмати оят, ибодаткунандаю худотарс будану доногӣ ду ҳолати мухталифи инсон маҳсуб меёбанд. Аҳён дучор меояд, ки ҳар худотарс ҳатман доно бошаду ҳар доно ҳатман худотарс. Аз ин рӯ, комилан аён аст, ки оварда шудани доногию нодонӣ дар баробари худотарсию саркашӣ ба хотири мисол, яъне зудтару осонтар дарк намудани ҳадаф аст. Аз ин нуқтаи назар, қисмати дуюми оят: «онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» маънои комилан алоҳида дорад ва Қуръон нобаробарии доною нодонро дар баробари худотарсу саркаш тавассути ояти мазкур таъкид намудааст. Чизи дигаре, ки дар оят таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб менамояд, хеле умумӣ будани ифодаи «Онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» мебошад. Зимни тааққул ба ифодаи баёнгардида ва ҳамчунин тааммул ба ба шарҳи муфассирон дар шакли «доною нодон» аҳли андеша ба зудӣ дарк менамояд, ки ифодаҳои баёнгардида танҳо дониши диниро дар назар надорад. Маҳдуд набудан танҳо бо дониши динӣ на танҳо дар мазмуни оят, балки дар тафсирҳои муфассирон низ, чуноне ки зикр гардид, мушоҳида мегардад. Бинобар ин, зери ибораи «доною нодон» хонанда метавонад ҳам донишҳои шаръӣ, ҳам улуми дақиқ, ҳам улуми ҷамъиятӣ ва ҳам дилхоҳ ягон навъи мушаххаси илмро дар назар дошта бошад. Комилан равшан аст, ки оят ба аҳли ҷомеа нигаронида шудааст. Вақте ҷомеа дар сатҳи рушди асримиёнагӣ қарор дошт, бешак улуми шаръӣ фаҳмида мешуд, зеро улуми шаръӣ дар он замон меъёри фарқкунандаи доною нодон маҳсуб меёфт. Аммо чун имрӯз замони тантанаи улуми дақиқ асту маҳз донистани улуми дақиқ ба сабаби аҳамияти амалияш аҳамияти тақдирсоз пайдо намудааст, бинобар ин, ибораи «доною нодон» бояд фаҳмиши асримиёнагии донистани улуми шаръиро ба гӯшаи торики осорхона бурда, донистани улуми дақиқро меъёри асосӣ ва фарқкунандаи доногию нодонӣ дар назар дошта бошад. Зеро воқеияти имрӯза чунин маъноро тақозо менамояд. Дар акси ҳол мазмуни оят робитаи худро бо воқеият гум намуда, ба зумраи оятҳои мансух наздик мешавад. Маҳз бо назардошти мантиқи баёнгардида ва аз ин ҷо маънои фарогирии мафҳумҳои «доною нодон» мутмаинона бо назардошти таҷрибаи ҳаётии имрӯза метавон иброз намуд, ки доною нодон воқеан ҳам баробар нестанд. Далели баробар набудани доною нодон (ба таъбири қуръонӣ оне, ки медонаду оне, ки намедонад) воқеияти имрӯзаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеаи башарист. Ҳангоме дар миқёси васеъ ба вазъи сиёсию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон назар меандозем, дармеёбем, ки сабаби тафовут маҳз бархӯрдорӣ аз илм, яъне бештар донистани асрори ҳастӣ маҳсуб меёбад. Яъне, он кишварҳое, ки бештар медонанд, баробар нестанд бо он кишварҳое, ки камтар медонанд. Ҳамчунин агар дар миқёси хурдтар ба ҳолати иҷтимоии атрофиён назар андозем, зуҳури қонунияти мазкурро дар ин ҷода низ мушоҳида мекунем. Яъне, бо чашми биологӣ мебинем, ки мояи асосии тафовути ҳолати иҷтимоии афроди ҷомеа маҳз сатҳи маълумотнокии онҳо мебошад. Илму дониш, яъне огоҳу доно будан аз асрори ҳастӣ барои дар ҷомеа мавқеи муайян ва мувофиқро касб намудан мусоидат намудааст. Матлабро соддатар баён намуда, ба он бо мисоли зерин равшанӣ меандозем, ки агар зарурати кандани хандақи одие пеш омада бошад, – чун кандани он ба ҳама дастрас асту он донишу илми зиёдро талаб намекунад, – арзиши он хеле паст мебошад. Дар баробари ин, агар зарурати иҷрои коре пеш омада бошад, ки он маҳз илму дониши муайянро талаб

Президент, Хабарҳо

Боздиди корӣ аз шаҳри Турсунзода

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад. Тавре аён гардид, нашъунамои шолӣ хуб буда, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектари он 65 сентнерӣ мебошад. Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ангури Сомон” шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 500 гектар токзор буда, дар он вобаста ба шароити созгори иқлим навъҳои гуногуни ангур, ки бештар барои содирот ва истеҳсоли мавиз нигаронида шудааст, парвариш ёфта, ҳамасола аз он ҳосили фаровону хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад. Имсол ҳосили ангур дар токзори хоҷагӣ фаровон буда, аҳли заҳмати он мақсад доранд, ки зиёда аз 20 ҳазор тонна ҳосили аълосифати ангур ҷамъоварӣ карда, дар баробари таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, ҳамзамон 10 ҳазор тоннаи онро ба хориҷи кишвар содир намоянд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки майдони умумии токзор дар шаҳри Турсунзода 5300 гектар буда, токпарварон аз он соли 2024 зиёда аз 32 ҳазор тонна ангур ба хориҷи кишвар содир намудаанд. Бо дарназардошти ҳосили фаровон имсол токпарварон мақсад доранд, ки ҳаҷми содироти ангурро ба хориҷи кишвар ба 40 ҳазор тонна расонанд. Зимни боздид аз майдони ҷуворимаккаи дон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки имсол баъд аз ҷамъоварии ҳосили зироати гуногун аз кишти асосӣ, дар шаҳри Турсунзода дар майдони зиёда аз 780 гектар ин зироат кишт шудааст. Нашъунамои ҷуворимаккаи дон хуб буда, кишоварзон аз он ҳосили фаровон умедворанд. Дар фароварди боздид аз шаҳри Турсунзода Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат, ки асосан, ба токпарварию ниҳолпарварӣ машғул аст, ташриф оварданд. Зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои 105 гектар токзор буда, дар он 6 намуд ангур парвариш меёбад. Токпарварони хоҷагӣ бовар доранд, ки имсол зиёда аз 5 ҳазор тонна ангури хушсифат ба даст меоранд. Хоҷагӣ барои нигоҳдории 1200 тонна ангур сардхона низ дорад, ки барои захираи ангуру дигар меваю сабзавот ва пешниҳод ба бозор дар 4 фасли сол пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ, ҳамчунин, шоҳиди оғози мавсими хушксозии ангур барои истеҳсоли мавиз шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, токпарварони шаҳри Турсунзода тайи солҳои охир ин таҷрибаи барои худашон навро хуб аз худ намуданд. Аз ҷумла соли гузашта онҳо 1500 тонна мавиз ба хориҷи кишвар содир карданд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз 4-4,5 кг ангур як кг мавиз ба даст меояд ва фоидаи он нисбат ба фуруши ангури тару тоза қариб як баробар зиёд аст. Дар маҷмуъ аз иттилооти расмӣ бармеояд, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳми намоён доранд. Онҳо, аз ҷумла барои таъмини фаровонию суботи бозори истеъмолӣ дар 4 фасли сол дар майдони 77 гектар гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва барои нигоҳдории 28 ҳазор тонна меваю сабзавоти тару тоза сардхонаҳо бунёд намудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарият ва кишоварзони шаҳр барои боз ҳам зиёд намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, пешниҳоду паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадами деҳқонони Турсунзода дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон, фаровон захира намудани озуқаворӣ барои зимистон, пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти пойтахт-шаҳри Душанбе, ба онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид гардид, ки бо мақомоти масъули шаҳри Душанбе барои таъмини фаровонию субот дар бозори истеъмолӣ ва захираи озуқаворӣ барои ҳамаи фаслҳои сол ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад. 16.08.2025 шаҳри Турсунзода

Хабарҳо

МАСЪАЛАИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЛСАФАИ ИБНИ СИНО

Имрӯз, 15 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045 -солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино” баргузор гардид. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имсол дар саросари ҷаҳон 1045 солагии ин нобиғаро таҷлил менамоянд. Мо ифтихор аз он дорем, ки Ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик аст ва тоҷик бо номи ӯ дар ҷаҳони илму фалсафа ифтихор мекунад. Ба хотири бузургдошти Шайхурраис бо ибтикори Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, семинарҳои омӯзишӣ, конфросу симпозиумҳо баргузор гардидаистодааст. Академияи миллии илмҳо низ ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Ҷумҳурӣ бахшида ба бузургдошти Ибни Сино конфронсу симпозиумҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст ва теъдоде аз онҳоро гузаронидааст. Таъкид гардид, ки Ибни Сино дар ҳақиқат нобиғаи давру замон аст, осори гаронарзиши ӯ бо гузашти 1045 сол то ҳол на танҳо дорои аҳамияти илмианд, балки аҳамияти илмии бештареро касб кардаанд. Миллати тоҷик аз доштани чунин нобиғаҳо ифтихор мекунад, зеро ҳал миллату давлатро бо нобиғаҳояш мешиносанд ва нобиғаҳои илму фарҳанг метавонанд, ҳам номи худ ва ҳам номи миллатро дар саросари ҷаҳон баланд нигоҳ доранд. Бояд гуфт, ки Ибни Сино дастпарвари яке аз сулолаҳои бузурги миллати тоҷик Сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ Нӯҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷот дод дод ва бар ивази чунин амал барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён иҷозат гирифт. Бо роҳи асарҳои нодири китобхонаи мазкур дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш пурра намуд. Гуфта шуд, ки пас аз шикасти давлати Сомониён Ибни Сино ба Хоразм равон шуд. Дар он замон дар Хоразм олимони зиёде ҷамъ омада буданд ва барои фаъолияти илмию эҷодии олим муосидат менамуд. Аммо дере нагузашта ҳолати сиёсии Хоразм низ ноором шуд. Аз ҳамин сабаб Ибни Сино роҳи Гургонро пеш гирифт. Ӯ дар ин ҷо ба навиштани асарҳои илмӣ, аз ҷумла, ҷилди якуми «Ал-Қонун фи-т-тиб» оғоз намуд. Азбаски ҳокими нави Гургон ба Султонмаҳмуд таваҷҷуҳи зиёд дошт, Ибни Сино маҷбур шуд ба Рай равад. Пас аз чанд муддат Султонмаҳмуд Райро низ забт кард ва ӯ аз таъқибот гурезон шуда, ба Ҳамадон омад. Поёни умри ин олими забардаст пурра дар мусофират ва зери таъқиботи амирон ҷараён гирифт. Абуалӣ ибни Сино соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшид. Дар идома Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар олимон дар маърузаҳои хеш нақши олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Синоро дар илмҳои фалсафа ва тиб муҳим арзёбӣ намуданд. Маълумот ва расм аз сомонаи расмии АМИТ

Прокрутить вверх