Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои  саратонӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳия шудааст. Тавре зикр гардид, дар стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст. Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба тасдиқ карда шуд. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои барномаро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол маълумот пешниҳод намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ба мардум фаҳмонидани сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои саратонӣ ва пешгирӣ аз онҳо аз ҳама имкону захираҳо бояд истифода карда шавад. Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029, Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ, муҳокима карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 гуфта шуд, ки он баҳри идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди сабз, фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра таҳия карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки масъулин аз руи барнома нақшаи амалигардонии онро таҳия ва тасдиқ намоянд. Сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои татбиқи барнома чораандешӣ карда, аз натиҷааш муълумот манзур намоянд. Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо доданд. 29.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак амалӣ гардид. Мукаммал кардани муҳити омӯзиш, такмили сифати таълими кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ аз масоили муҳими ҳамкории оянда, аз ҷумла тавассути рушди рақамикунонии раванди таълим, дониста шуд. Директори иҷроияи ЮНИСЕФ талошҳои пайвастаи Пешвои миллатро ҷиҳати фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва умуман рушди соҳаи маориф дар кишвар баҳои баланд доданд. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зоҳир гардид. Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва танзими боздиди олимону ҳунармандон зарур шумурда шуд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ду кишвар низ муҳим дониста шуд. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ташаббусҳои ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Без рубрики, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ шуд. Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ арзёбӣ шуд. Муборизаи бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла масоили муқовимат бо пасомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллар дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд. Пешгирӣ ва коҳиш додани фишори омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Барои ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ, энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва коммуникатсия, ҷалби бештари сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагии грантӣ зарур шумурда шуд. Тақвияти ҳамкорӣ дар самти ташаккули минбаъдаи иқтисоди рақамӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи босамари лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” зоҳир гардида, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум муҳим дониста шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати дастгирии “Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъсис ёфтааст, иқдомоти шоистаро роҳандозӣ хоҳад кард. Атрофи мукаммалсозии стратегияи навбатии шарикии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд барои панҷ соли минбаъда низ табодули афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд. Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар навбати худ ба талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ва Сарвари давлати моро дар ҷодаи истифодаи об ҳамчун сарчашмаи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баланд доданд. Бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва мусоидати дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ пешниҳоди муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, атрофи ташаббуси Тоҷикистону Фаронса “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034” ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули судманди афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

  28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват намуда, таъкид доштанд, ки пайваста барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ ва кормандонашон, омӯзиши техникаю технологияи муосир, забони давлатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҷаҳду талош намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ дар давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

Идомаи Конференсияи илмӣ – назариявии олими бузург ва асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа

27 – уми май соли 2025 давоми Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Абумансури Мотуридӣ асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ”дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонони ҳамоиш иштирок ва дар мавзуоти пешниҳоднамудасуханронӣ намуданд. Лозим ба ёддоварист, ки маърӯзаҳои иштирокчиёни конфронс дар шакли маҷмуаи мақолот дар рӯзҳои наздик нашр хоҳанд шуд. https://www.facebook.com/share/p/1Cr5S5MB91/ Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Баргузории Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 1155-солагии олими бузург ва асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ

27- уми майи соли 2025 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1155-солагии олими бузург, асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Абумансури Мотуридӣ асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуллоҳ Қурбоналӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон, президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Абдуқодирзода Саидмукаррам ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуллоҳ Қурбоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиёни конфронс барору комёбӣ таманно намуд. Сипас, иштирокчиёни конфронс дар мавзуоти пешниҳоднамудаашон суханронӣ намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол

25.05.2025 https://president.tj/event/news/50867 Ҳамватанони азиз! Мухлисону дӯстдорони варзиши футбол! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям. Як сол пеш, яъне 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид. Қобили зикр аст, ки ин иқдоми созанда боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад. Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳимми солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо футбол дар кишвари мо дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, шумораи ҳаводорону варзишгарон, махсусан, миёни наврасону ҷавонон пайваста афзуда истодааст. Ин намуди зебои варзиш ҳоло на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар рушд ёфта, ҳамчун унсури муҳимми тарбияи ҷисмониву маънавӣ мавқеи хосса пайдо кардааст. Бояд гуфт, ки рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бе бунёди инфрасохтори муҷаҳҳаз ва ба талаботи замони имрӯза мутобиқ гардонидани иншооти бунёдшаванда тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо дар пойтахти мамлакат дар панҷ соли охир тавассути роҳандозии барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид. Лозим ба ёдоварист, ки се барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2012 – 2016, 2017 – 2021 ва 2021 – 2026 амалишавии васеи чорабиниҳоро таъмин намуда, ба таҳкими инфрасохтор ва оммавӣ гардидани футбол дар миқёси кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Илова бар ин, се барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои кишвар, як барномаи таълимӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, беруназдарсӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз рӯйи намуди футбол қабул ва аз ҷониби масъулину мураббиёни соҳаи варзиши мамлакат амалӣ гардида истодааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҳамкории самараноки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои футбол дар қаламрави кишвар мунтазам баргузор гардида, ба ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба ин намуди варзиш мусоидат карда истодааст. Ҳамватанони азиз! Натиҷаҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самараҳои сиёсати давлат дар самти варзиш мебошанд. Ҷойи хушнудист, ки бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастаи миллии футболи кишварамон дар Ҷоми Осиё – 2023 ба марҳалаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё то марҳалаи нимниҳоӣ баромада, дар чемпионати ҷаҳон низ иштирок намуд. Хотиррасон менамоям, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол моро водор месозад, ки минбаъд низ барои рушду оммавигардонии ин намуди варзиш дар кишварамон кӯшиши бештар намоем. Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик ифтихор дорам ва тамоми масъулони соҳа, мураббиён, футболбозон ва алоқамандони ин намуди зебои варзишро бори дигар ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик мегӯям. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки футбол дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихори миллӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва омили муҳимми муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз рушду инкишоф меёбад ва мухлисону ҳаводорони ин намуди варзиш аз дастовардҳои нав ба нави футболбозони тоҷик рӯҳбаланду сарфароз мегарданд. Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бод, дӯстдорони варзиш!

Прокрутить вверх