Президент

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Ин рӯйдоди муҳим идомаи мантиқии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ  арзёбӣ мегардад. Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ дорои имкониятҳои фаровон дар соҳаи кишоварзӣ буда, истифодаи технологияҳои муосир метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат намояд. Самти дигари муҳими фаъолияти ин марказ рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар доираи фаъолияти марказ имконияти таҳия ва татбиқи низомҳои электронии бақайдгирии беморон, кортҳои электронии тиббӣ ва платформаҳои рақамии идоракунии маълумоти тиббӣ фароҳам оварда мешавад. Татбиқи низомҳои муосири пардохтҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва платформаҳои қарздиҳии онлайн метавонад шаффофият ва бехатарии амалиёти молиявиро таъмин намуда, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва «сабз» мусоидат намояд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 30 нафар кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ супориданд. Ин иқдоми нек дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз нишонаи ғамхорӣ, дастгирӣ ва қадршиносии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд. Бо ба истифода додани иншоот барои 15 кас кори доимӣ муҳайё гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён сӯҳбати самимӣ анҷом дода, ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки пеш аз ҳама ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Иншооти мазкур аз толори калони маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори Шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, ки дар назди Донишгоҳ таъсис ёфтааст, ҳамчун як платформаи муосири инноватсионӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар кишвар хизмат менамояд. Марказ ба ташкили муҳити зеҳнӣ барои таҳлил, коркард ва истифодаи самараноки маълумот равона гардида, ҳамзамон ба омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир аҳамияти махсус медиҳад. Дар доираи фаъолияти худ, он ба таҳияи системаҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии раванди таълим ва рушди таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Марказ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютерҳои фардии мувофиқ ба самти зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва ғайра таъмин мебошад. Илова бар ин, марказ бо шабакаи интернети баландсуръат тавассути хатти оптикӣ пайваст буда, барои фаъолияти самараноки таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ тамоми шароити заруриро фароҳам меорад. Дар Донишгоҳ фаъолияти се Шурои диссертатсионӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои баргузории ҷаласаҳои илмӣ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ хизмат мерасонад. Ин Шуроҳо дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди илми ватанӣ нақши муҳим доранд. Осорхонаи Донишгоҳ яке аз бахшҳои муҳими фарҳангиву таълимӣ ба ҳисоб рафта, таъриху дастовардҳои Донишгоҳро инъикос менамояд. Дар осорхона маводи арзишманд вобаста ба марҳилаҳои рушди Донишгоҳ, комёбиҳои илмиву таълимӣ ва саҳми он дар тарбияи мутахассисон ба намоиш гузошта шудаанд. Қисмати муҳими осорхонаро маълумот ва аксҳои сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ташкил медиҳанд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишварро ба соҳаи маориф ва рушди он бозгӯ менамоянд. Инчунин, дар осорхона дастовардҳои илмию таълимӣ, ихтироот ва корҳои илмии олимону устодони Донишгоҳ ҷойгир гардида, фаъолияти онҳо дар рушди илм ва маориф инъикос ёфтааст. Толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ барои рушди истеъдоди эҷодии донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Дар ин толор машғулиятҳои мусиқӣ, рақс ва дигар барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Толори мазкур дар тарбияи завқи эстетикӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва омода намудани ҷавонони эҷодкор саҳми назаррас мегузорад. Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ҳамчун гӯшаи муҳими фарҳангӣ таъсис дода шудааст. Дар он намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои анъанавии миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, ба намоиш гузошта шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дорои 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ бо 135 синфхонаи таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, китобхонаи электронӣ, маҷмаа ва майдони варзишӣ, 16 синфхонаи компютерӣ ва кабинети лингафонӣ, лабораторияҳои криминалистӣ, инноватсионию табиӣ, толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ мебошад. Бино бо системаҳои муосири гармидиҳӣ, огоҳкунӣ аз сӯхтор ва назорати видеоӣ таъмин гардида, таъминоти барқ бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд. Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии Сомони Истиқлол бунёд шудааст. Ифтитоҳи иншооти мазкур дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳамчун як қадами устувор дар роҳи рушди соҳибкорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ арзёбӣ мегардад. Бо ба кор даромадани бинои мазкур 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кормандон бояд бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва эҳсоси ватандӯстӣ фаъолият намоянд. Баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, аз худ кардани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номида шуд. Ҳамчунин, иброз доштанд, ки хизматрасонӣ ба соҳибкорон бояд шаффоф, босифат ва саривақтӣ бошад. Кормандон бояд барои фароҳам овардани муҳити мусоид ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ талош намоянд. Бинои навбунёд бо назардошти талаботи муосир сохта шудааст. Он дорои ду шуъбаи асосӣ — шуъбаи экспертиза ва сертификатсия ва шуъбаи робитаҳои иқтисоди беруна мебошад. Ҳар як бахш бо таҷҳизоти пешрафта таъмин гардида, барои хизматрасонии босифат ба соҳибкорон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар ошёнаҳои болоии бино толори барҳаво барои маҷлис, ҳуҷраҳои роҳбарият ва утоқҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд. Толори маҷлис бо техникаи муосири аудиовизуалӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки ҳамоишҳои сатҳи баланд, форумҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои корӣ дар шароити муносиб баргузор гарданд. Ҳуҷраҳои корӣ бошанд, барои фаъолияти самараноки кормандон бо тамоми шароити зарурӣ таъмин шудаанд. Саҳни бино низ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст. Он пурра сабзкорӣ шуда, дарахту гулҳои ороишӣ фазои зебо ва фароғатиро фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, барои нақлиёти хизматӣ таваққуфгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд гардидаанд. Ифтитоҳи чунин як иншооти муҳими иқтисодӣ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар ба рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мебошад. Палатаи савдо ва саноат ҳамчун як ниҳоди калидӣ дар густариши ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Он барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ватанӣ ва шарикони хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар ин рӯз, ҳамчунин Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти иҷтимоию истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Маркази ташхисию табобатии Нейрамед аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳоми Тоҷибой сохта шудааст. Бинои мазкур дорои 64 кати хоб мебошад. Воридкунии таҷҳизоти муосир имкон фароҳам овардааст, ки муроҷиаткунандагон аз хизматрасонии сатҳи баланд баҳравар шаванд. Коргоҳи нави коркарди гӯшти парранда ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри Далерон. Иқтидори технология коркарди 120 тонна гӯшти мурғро дар бар гирифта, 10 намуди маҳсулоти гуногун истеҳсол карда мешавад. Корхонаи истеҳсолии Шириниҳои Анас бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ғанизода Далер дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсоли он дар як моҳ зиёда аз 4 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми солонааш 40 тоннаро ташкил медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи миллии Наврӯзро, ки бо санъати баланди кандакорӣ барои истироҳату фароғати калонсолон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бунёд гардидааст, ба тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии маркази савдо ва хизматрасонӣ, корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо нашъунамои токзори ҳавозавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баъди оғоз бахшидан ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи “Қуттии тоҷик” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд. Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар идомаи иқдомҳои созанда ба ифтихори истиқбол аз 35-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон сохта шуда, дар ноҳия калонтарин иншооти хизматрасонӣ ба шумор меравад. Иншоот бо фарогирии васеи хизматрасониҳо барои аҳолӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, дар он намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷиҳози рӯзгор пешниҳод мегарданд. Дар гӯшаи алоҳидаи толори фурӯш нонвойхона ва нуқтаҳои махсуси пухтани шириниҳо ва хӯришҳои болаззат фаъолият менамоянд. Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дорои ошхонаи муосир аст, ки дар он номгӯи зиёди таомҳои милливу аврупоӣ омода карда мешавад. Барои фароғати кӯдакон низ шароити мусоид муҳайё гардида, толори бозӣ ва дилхушӣ барои онҳо фазои шоду хотирмон таъмин мекунад. Ба хотири дар сатҳи баланд пешниҳод намудани чунин хизматрасониҳо 36 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Бо фаъол гардидани корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дар деҳоти Исфисор, ки барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст, шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар ҳудуди вилоят ба 68 адад расид. Корхона аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон дар масоҳати 6,7 садяк замин бо харҷи зиёда аз 12 миллион сомонӣ сохта шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хатҳои технологӣ тавлиди нави ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, дар кишварҳои минтақа камназир аст. Ин технология метавонад дар як вақт то 200 ҳазор сар парандаро ба таври худкор бо обу ғизо таъмин намояд. Усули нави фаъолият фосила байни чӯҷа ва инсонро зиёд намуда, талафоти мурғро коҳиш медиҳад. Ин раванд эҳтимоли расидан ба нишондоди лоиҳавӣ, истеҳсоли 1900 тонна гӯшти мурғро дар як сол бештар мекунад. Ҳоло дар корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чӯҷаи байзо” 30 сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дорои нуқтаи махсуси забҳи паранда мебошад. Раванди забҳ бо риояи пурраи талаботи беҳдоштӣ ва стандартҳои санитарӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулот бо тартиби хос банду баст шуда, бо сифати баланд пешниҳоди бозори истеъмолӣ карда мешавад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти чунин корхонаҳо ба ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, устувории иқтисоди миллӣ ва ба рушди соҳаи саноат низ заминаҳои воқеӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои фароҳамбуда тақвияти соҳаи парандапарварӣ дар кишвар зарур дониста шуд. Дар ҳарду иншоот – Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” ва корхонаи парандапарварӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ кушода шуд, 66 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори ҳавозавии хоҷагии “Шамсу Қамар” дар деҳоти Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардиданд. Токзор дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар масоҳати 8,55 гектар бо саҳми соҳибкор Шавкат Расулзода бунёд карда шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар қитъаи замин 5 ҳазору 500 бех ниҳоли ангури навъҳои беҳтарини содиротӣ, аз ҷумла “Ҳусайнии сафед” ва “Ҳусайнии сиёҳ” шинонида шуда, барои шодоб намудани ин мавзеъ аз умқи 120 метр об бароварда шудааст. Токзори нав, ки дар доираи амалишавии барномаҳои давлатии соҳавӣ бунёд карда шудааст, оянда барои таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи меваи шаҳдбори ватанӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати беш аз 10 ҳазору 500 гектар боғ мавҷуд аст, ки 3 ҳазору 200 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Майдони токзори ҳавозавӣ дар ноҳия зиёда аз 300 гектарро ташкил намуда, ин масоҳат дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамасола аз боғу токзори ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 38 ҳазор тонна мева, аз ҷумла 8 ҳазору 500 тонна ангур истеҳсол мегардад, ки баробари таъмини талаботи дохилӣ ба содирот низ равона карда мешавад. Хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин баробар қатори байни боғҳоро самаранок истифода намуда, дар кишти асосӣ гандум ва дар мавсими такрорӣ лӯбиёдонагиҳо кишту парвариш мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҷараёни нашъунамои токзори ҳавозавии хоҷагӣ ба таҷрибаи аҳли заҳмат баҳои арзанда дода, дар шароити дигаргуниҳои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ барои истифодаи мақсадноку оқилонаи ҳар як қитъаи корам дастуру ҳидоятҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд. Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст. Марҳилаи нави корхона иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва ҷойҳои нави кориро афзун намуд. Тавоноии лоиҳавӣ дар корхонаи қаблӣ коркарди 5 тонна маҳсулот ва истеҳсоли 8 ҳазор қуттиро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Хатҳои нави технологӣ дар марҳилаи дуюм бо коркарди 10 тонна маҳсулот истеҳсолотро ба зиёда аз 20 ҳазор дона баробар намуд. Нишондоди лоиҳавӣ дар ҳарду марҳилаи корхона ба коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ баробар гардид. Шумораи кормандон аз 80 кас қаблӣ ба 130 кас расонида шуд. Маҳсулот дар шаклу ҳаҷми гуногун дар асоси фармоиши мизоҷон бо пешниҳоди дилхоҳи дизайн ва ҷавобгӯи талабот истеҳсол мешавад. 70 дарсади ашёи хом дохилӣ буда, воридот 30 дарсадро ташкил медиҳад. Корхонаи “Қуттии тоҷик” ҳоло бо зиёда аз 20 ширкати ватанӣ шартномаи корӣ бастааст ва талабот ба ин навъи маҳсулот дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Гузариш аз 8 марҳилаи коркард ба мутобиқати маҳсулот ба стандартҳои дохилу хориҷ мусоидат мекунад. Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки корхона пас аз қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ маҳсулотро ба хориҷи кишвар ҳам содир менамояд. Дар соли 2025 корхона ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содир намудааст. Ин нишондод дар заминаи фаъолияти марҳилаҳои 1 ва 2-и корхонаи “Қоғази тоҷик” афзоиш ёфта, ба мубодилаи молу маҳсулот низ такони нав бахшид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи чунин ҳадафҳоро дар устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ ва рушди дигар бахшҳои давлатдорӣ муассир арзёбӣ намуда, масъулонро ба афзун сохтани ҳаҷми истеҳсолот муваззаф карданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо 300 ҷойи нишаст баъди азнавсозӣ

29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст. Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст. Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки баъди навсозӣ Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин ва фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар он барои ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон шароити зарурӣ фароҳам гардида, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст. Дар ин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати самимӣ доир намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарияти вилоят истиқбол намуданд. Ҳар як сафари кории Пешвои миллат ба тамоми гушаву канори кишвар ин пайки шодию нишот, марҳилаи рушди нави бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар мегардад, хусусан дар фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ.

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои марбута то санаи 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд. Дар бораи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гузориш дод. Сипас, дар кори маҷлис Нақшаи амали Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 ва Нақшаи амали Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд. Дар фароварди маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва муассисаҳо оид ба иҷрои супоришҳои қаблии Роҳбари давлат ва амалисозии қарорҳои маҷлиси имрӯза дастурҳои мушаххас доданд. Супоришҳо, ҳамчунин, оид ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор, вусъати корҳои созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.  

Президент, Хабарҳо

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро бо нишони эҳтироми баланд ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев самимона гусел намуданд. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатӣ, ки рӯзҳои 26-27 март дар шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро ҷараён дошт, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардида, аз руи натиҷаи вохӯрӣ ва форуми минтақавии тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Узбекистон Форуми тиҷоратӣ, намоишгоҳи муштараки маҳсулот, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва барномаи ҳунарии Шоми дӯстӣ бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон

27 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Бухоро аз корхонаи саноатии Мергантекс боздид намуданд. Ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи саноатӣ 2000 коргар фаъолият доранд ва 85 фоизи онро занон ташкил менамояд. Дар корхона, ки соли 1993 таъсис ёфтааст, занҷираи истеҳсолӣ дар коргоҳҳои ришта, матоъбофӣ, рангуборкунӣ ва духти курта пурра ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 1 миллион дона курта мебошад. Баъди боздид аз корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамарро ба роҳ монанд.

Прокрутить вверх