Президент

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай иштирок ва суханронӣ карданд. Ин тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури сокинони сершумор ва меҳмонон баргузор гардид. Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ин ноҳия ва тамоми мардуми кишварро бори дигар бо фарорасии соли нави аҷдодӣ – ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик хушбахтӣ, баракат ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд. Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик на танҳо ҷашни фарорасии баҳор, балки ойинаи таърихи куҳан, таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки миллати куҳанбунёди мо дар тӯли таърихи бостонии худ борҳо ба мушкилоти сарнавиштсоз рӯ ба рӯ гардидааст, вале ҳар дафъа ба шарофати ақлу хирад ва ойину арзишҳои зиндагисози худ, аз ҷумла Наврӯз, аз ин мушкилот раҳоӣ ёфтааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба шарофати ҳамин арзишҳои зиндагисоз мо ин ҷашни бостонии миллиро дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё кардем ва имрӯз онро дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем. Зикр гардид, ки наврӯзи имсола барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ, дар марҳалаи муҳимми созандагиву ободкорӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи пайгиронаи ислоҳоти иқтисодӣ ва заҳмати софдилонаи мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Мастчоҳ хеле ободу зебо ва шароити зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст. Ин дастовардҳоро Пешвои миллат туҳфаи арзандаи соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо замин, айёми оғози корҳои кишоварзӣ ва талош барои баракату фаровонӣ мебошад. Бинобар ин, зурур шумурданд, ки мо шаҳрвандон ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода бурда, барои таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саъю кӯшиш намоем. Таъкид карда шуд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду азнавсозии 735 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз ҳамаи онҳо ба истифода дода шудааст ва ин нишонаи баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва натиҷаи заҳмати созандаи мардуми ноҳия маънидод гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти ин гӯшаи Ватани азизамон изҳори сипос намуданд. Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки соҳибкорон ва мардуми бонангу номуси ноҳияи Мастчоҳ то охири сол боз даҳҳо иншооти дигарро бунёд карда, ба истифода месупоранд ва барои ҳамдиёрони худ садҳо ҷойи кории нав муҳайё сохта, дар ободу зебо гардондани ноҳия ва деҳоти он саҳми арзишманд мегузоранд. Пас аз сухани табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангии идона оғоз ёфта, зимни он ҳунармандон бо пешниҳоди барномаи рангину ҷолиб фазои идонаро боз ҳам пуршукуҳ гардониданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ва ду ҳавзи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд. Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 200 кат барои табобати беморон пешбинӣ шудааст. Иншооти нав дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ мебошад, ки ба аҳолӣ хизматрасонии босифатро фароҳам меорад. Аз ҷумла, шуъбаҳои қабул бо ҳуҷраҳои функсионалӣ, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, инчунин шуъбаи эҳё ва наҷот фаъолият хоҳанд кард. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ соли 2023 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шудааст. Бинои нави беморхонаи марказӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаи нав 5 ҳуҷраи муосири ҷарроҳӣ бунёд гардидааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ  дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, барои беш аз 250 мутахассис кори доимӣ фароҳам гардид, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат мекунад. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ифтитоҳи чунин як маркази муосири тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд. Зеро ин беморхона имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба маротиб беҳтар гардида, ниёзи аҳолӣ ба муолиҷа дар дохили кишвар пурра таъмин гардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон, дастуру ҳидоятҳо доданд. Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои хеле зебо дорад. Бояд зикр намуд, ки бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ, ҳамчунин ду ҳавзи бузурги захираи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши умумии 2000 метри мукааб мавриди истифода қарор доданд. Иншооти муҳим барои таъмини беш аз 12 ҳазор аҳолии маҳаллаи Фирдавсии  деҳоти Оббурдон бо оби тозаи ошомиданӣ хизмат мекунад. То ин муддат сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи онҳо ба ҳисоб мерафт. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ҳавзҳо, мушкилоти чандинсолаи мардум ҳалли худро пайдо намуд. Иншооти мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон равона шудааст. Мутахассисон таъкид менамоянд, ки бо ба истифода додани чунин иншооти зерсохторӣ, на танҳо сатҳи таъминоти об беҳтар мегардад, балки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо низ мусоидат хоҳад кард. Сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз ин иқдоми созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос карданд. Бо чунин корҳои ободониву созандагӣ, симои деҳот рӯз ба рӯз зеботар гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.

Президент, Хабарҳо

Оғоз бахшидан ба кишти пахта дар 10 гектар замини хоҷагии деҳқонии “Мирхонд” ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд. Сарвари давлат дар саҳрои хоҷагӣ бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуда, ба деҳқонону кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои муфид доданд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли пахта, яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2026 ҷиҳати ташкили истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия сохтори кишти баҳории зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ гардид, ки тибқи он дар майдони қариб 20 ҳазор гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад. Аз он 12450 гектарашро кишти пахта, 2250 гектар зироатҳои равғандор, 2700 гектар полезӣ, 20 гектар картошкаи барвақтӣ, 105 гектар сабзавот, 800 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад. То имрӯз дар ноҳия дар майдони 750  гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд. Номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ ва меваҷоти тару тозаи табиӣ ба намоиш гузошта шуд. Кишоварзони ноҳия маҳсулоти худ, аз қабили сабзавот, меваи тару хушк ва тухмии зироатҳоро ба маъраз гузоштанд. Ба таъкиди Сарвари давлат талабот ба чормағзи заминӣ дар хориҷи кишвар зиёд аст ва мағзи он дар омода кардани маҳсулоти қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир, кишоварзонро барои истеҳсоли бештари ин навъи маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар ҳидоят намуданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ низ пешниҳод карда шуд. Дар маҷмуъ ҳамаи ин самараи заҳмати садоқатмандонаи сокинон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон гувоҳӣ медиҳад. Истифодаи босамари замин имкон фароҳам овардааст, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин ва гирифтани якчанд ҳосили дилхоҳ ҳидоят карданд. Дар намоиши кишоварзӣ қурутҳои машҳури Мастчоҳ бо бастабандии замонавӣ ва ҷаззоб муаррифӣ гардида, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб намуд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 3 иншоот дар ноҳияи Мастчоҳ ба тариқи фосилавӣ

30 март Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор доданд. Нахустин иншооте, ки дар ин рӯз  ифтитоҳ гардид ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз мебошад. Иншооти мазкур дар ҳудуди деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати 2,0 гектар  замин бунёд гардида, аз иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида,  раванди истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли маҳсулот дар ин коргоҳ мутобиқ ба талаботи санитарӣ сурат мегирад. Ҳамзамон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи парандапарварии Илёс бо иқтидори истеҳсоли 500 тонна гўшти паранда дар як сол оғоз бахшиданд. Ин коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бунёд гардида, аз ду бинои асосии истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Биноҳои истеҳсолии коргоҳ барои парвариши то 40 ҳазор сар паранда пешбинӣ гардидаанд. Дар корхона шароити муосири нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва парвариши парандаҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳоло, дар коргоҳ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии соҳибкори инфиродӣ Сино Раҳимов бо иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як сол ва 10 ҷойи корӣ дар деҳоти Оббурдон аз иқдомҳои навбатии соҳибкорон мебошад. Бояд зикр намуд, ки иншоот аз биноҳои истеҳсолӣ, маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат аст. Бино бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ ва технологӣ бунёд гардида, барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар бинои истеҳсолии коргоҳ имкон аст, ки ҳамзамон то 15 ҳазор сар паранда парвариш ёбад. Қобили зикр аст, ки коргоҳ бо истифода аз технологияҳои муосир, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, фаъолият менамояд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносои бо фаъолияти корхонаҳо аз ташаббусҳои амалинамудаи соҳибкорон хуш истиқбол намуда, таъкид карданд, ки  бояд чунин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ замина мегузоранд, ҳарчи бештар бунёд карда шаванд. Соҳибкорони ватандӯсти кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корнаҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар бунёд гардида, барои таълиму тарбияи ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он кабинетҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво, озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълимии фанҳои биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат, омодагии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон ва толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Бояд гуфт, ки ҳамаи нуздаҳ синфхонаи таълимӣ бо аёният ва лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, мактаб пурра бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз омӯзгорон даъват намуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос намоянд. Пеш аз ҳама, дастур дода шуд, ки вобаста ба пешрафти техника ва технология дар замони муосир хонандагон аз нозукиҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин забонҳои хориҷӣ ба хубӣ бохабар карда шаванд. Дар муассисаи мазкур толори замонавии варзишӣ мавҷуд аст, ки он барои баргузор намудани мусобиқаҳои волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ мутобиқат мекунад. Саҳни муассисаи нави таълимӣ пурра чароғон, сафолакпӯш ва сабзкорӣ шуда, ба як макони зебо мубаддал гардидааст. Мавриди зикр аст, ки хонандагони ин муассиса қаблан дар бинои солҳои пеш бунёдшуда таълиму тарбия мегирифтанд ва ҳамакнун бинои наву замонавии таълимӣ имкон фароҳам овард, ки дар синфхонаҳои барҳаво ба омӯзиш машғул шаванд. Бино ба иттилои масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, ҳоло дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар он зиёда аз 32 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо пуштибонӣ аз роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду ба истифода додани 22 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, то ба ин рӯз 18 бинои таълимӣ бо 4500 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Боқимонда иншооти соҳа то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Хонандагону омӯзгорон аз ин туҳфаи Сарвари давлат хушҳол гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда дар самти таълим ва омӯзиши илмҳои замони муосир масъулияти дучанд эҳсос мекунанд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 дар ноҳияи Мастчоҳ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои муассиса бо иқдоми сокинони 4 деҳаи  деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд ва Истошон, саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути ҳашари умумӣ бо лоиҳаи мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардидааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбати гарму самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, масъулон ва падару модарон иқдоми сокинони ин деҳоти ноҳияи Мастчоҳро иқдоми шоистаю ватандӯстона,  ғамхорӣ ба фарзандон ва намунаи ибрат номиданд. Сокинону соҳибкорони ин деҳаҳо бо ифтихору сарбаландӣ аз неъмати таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ сиёсати созандагии Пешвои миллатро намунаи олии ободонӣ баҳри истиқболи сазовору арзандаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд. Дар бунёди бино ва иншооти муассисаи нав ҳамаи 750 оилаи деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд, Истошон ва соҳибкорону ашхоси саховатпеша аз ҳисоби пасандозу даромадҳо саҳм гузоштаанд. Аксари корҳои сохтмонӣ бо қувваи сокинони ин деҳаҳо анҷом дода шудаанд. Бинои муассиса дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзишӣ барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст мебошад. Дар бинои нави муассиса 400 хонанда, фарзандони сокинони деҳаҳои номбурда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ин хонандагон қаблан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, воқеъ дар деҳаи “40-солагии Дилварзин” таҳсил мекарданд. Бо афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассиса нарасидани ҷои нишаст ба вуҷуд омада буд. Бо бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 минбаъд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 дарсҳо дар ду баст сурат гирифта, барои гузаронидани маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ шароит муҳайё гардид. Ба муассисаи нав мебелу мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, маҷмӯи компютер бо принтерҳо, таҷҳизоту лавозимот ва аёнияти кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд датрасу таъмин гардид. Дар саҳни муассисаи нав марказ ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ тасис дода шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат  бо омӯзгорон ва сокинони деҳаҳои мазкур баҳри чунин иқдому амали ватандӯстона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид  доштанд, ки ин анъанаю иқдомҳои созандагӣ рукни муҳими тамаддуни тоҷикон мебошад. Бахусус, таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба таълиму тарбияи фарзанд, маърифати фарзандон ғамхорӣ ба ояндаи неки миллат аст.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро расман мавриди истифода қарор доданд. Корхона бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Ниёз Ниёзов ва Саъдӣ Ниёззода баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 июли соли 2023  зимни ифтитоҳи расмии нахустин корхонаи коркард ва банду басти чормағзи заминӣ дар минтақа, ки бо иқдоми ин соҳибкорони ватандӯст таъсис дода шудааст, онҳоро ҳидоят намуда буданд, ки амалу иқдомҳои шоистаро идома дода, боз як корхонаи муосири саноатӣ барои рушди ноҳияи Мастчоҳ бунёд намоянд. Соҳибкорон бо назардошти талабот ба хишти сохтмонӣ ба бунёди ин корхонаи муосир иқдом намуданд. Корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа ва таҷҳизоти технологии муосири ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст. Сохтмони иншооти истеҳсолӣ соли 2024 оғоз ёфта, дар муддати 1 солу 8 моҳ ин корхонаи муосир оид ба истеҳсоли масолеҳи хишти сохтмонӣ ба фаъолият омода гардид. Ин корхонаи дуюми хиштбарории ширкати Ҷаъфар-2014 мебошад. Корхонаи якуми соҳибкорон дар минтақаи Обшорони ноҳия фаъолият мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли масолеҳи хишти сохтмонӣ дар технологияи ҷаҳонӣ шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар таъсиси ин корхонаи муосир саҳми шоиста дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Дар корхонаи навбунёд истеҳсоли хишти пухтаи сохмонӣ дар технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Маҷмӯи дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ аз қабулу омехтакунии ашёи хоми асосӣ барои хишти пухта – гилу хокаи ангишт то пухтани хишти хом дар хатти технологии  пайиҳами силсилавӣ ҷараёни  мукаммалу пурсамарро ташкил медиҳад. Пухтани хишти сохтмонӣ ба таври атоматӣ сурат гирифта, раванд ба сифат ва маҳсулнокии баланди истеҳсоли хишти сохтмонӣ мусоидат менамояд. Иқтидори хатти технологии корхона истеҳсоли 80 ҳазор дона хишти пухта дар як шабонарӯз мебошад. Аз рӯи ин иқтидор дар корхона дар як сол зиёда аз 24 млн. дона хишти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад. Бо вусъати корҳои созандагӣ, зиёд шудани сохтмони иншооти соҳаҳои гуногун ва манзилҳои шахсӣ талабот ба хишти сохмонӣ меафзояд. Истеҳсоли хишти сохтмонӣ дар ду корхонаи ширкати Ҷаъфар-2014 имконияти хуби таъмини талабот бо ин масолеҳи бинокории истеҳсоли худи дар ноҳияи Матсчоҳ мебошад. Дар корхона аз рӯйи хусусияту талаботи технологӣ кор дар се баст ташкил мегардад. Дар корхонаи навбунёд беш аз 50 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. Таъминоти ашёи хом аз дохили кишвар ва мавҷудияти инфрасохтори роҳу нақлиёт аз имконияту афзалият барои фаъолияти босамари корхонаи нави соҳаи масолеҳи бинокорӣ мебошад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5 дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд карда шуда, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъморӣ, мутобиқ ба завқи кӯдакон сохта шуда, бо шароити муосир ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии 10 гурӯҳи кӯдакон муҷаҳҳаз мебошад. Бино аз се ошёна иборат буда, дар зиёда аз 15 ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои ёрирасони он  барои гузаронидани машғулиятҳои рангини кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави боғча 25 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Бинои куҳнаи ин муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд. Бунёди бинои нави дабистон натиҷаи татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтани чунин иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаҳо барои  ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ мегардад. Акнун дар ин муассисаи тозабунёд мутахассисони соҳа ҷалб карда шуда, барои тарбия ва ташаккули зеҳнии ин дӯстрӯякон донишу таҷрибаи худро равона месозанд. Дар саҳни бинои нав майдончаҳову суҳбаткадаҳо бо ороиши махсус барои хушҳолӣ ва машғул шудани кӯдакон ба ҳар гуна бозиҳои шавқовару ташкили маҳфилҳои эҷодӣ сохта шудааст. Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳои босамар барои амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия равона шудааст, мусоидати фаъол мекунад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиён дар деҳаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд. Иншооти соҳаи маориф дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир сохта шуда, дар он шароити мусоид барои тарбияи зиёда аз 300 кӯдак фароҳам оварда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистони нав 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шуда, дар тарбияи дӯстрӯякон бо усулҳои муосири амаливу назариявӣ, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо саҳм мегузоранд. Ин муассисаи тозабунёд аз 15 ҳуҷра ва 10 гурӯҳ иборат буда, дар он ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, мусаввирӣ, машғулиятҳои амаливу зеҳнӣ ва барои гузаронидани дигар бозиҳои гуногуну шавқовар, ки барои ташаккули барвақтии кӯдакон муҳим мебошанд, сохта шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонии бино, ки дар муддати кутоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд карда шуд, 20 мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо кӯдакони хушбахту ояндасози Ватан суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Дар боғчаи мазкур ҳуҷраҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой дода шуда, толори варзишӣ, дар таҳхонаи он ду ҳавзи шиноварӣ, дар саҳни бино 8 айвонча ва майдончаи бозиҳои шавқовар бунёд гардидааст. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин боғча Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парасторонро барои дар роҳи дуруст, аз ҷумла боидроку хушзеҳн, худшиносу ватандӯст ва ҳушёру зирак тарбия намудани кӯдакон ҳидоят карданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

Дар шаҳри Гулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони вилоятро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ – феврали соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, махсусан, дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот, зарур шумурда шуд, ки суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот таҳти назорати доимӣ қарор гирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешанд. Сарвари давлат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба масъалаи иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими минбаъдаи интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо ҷалб намуданд. Зимни таҳлили соҳаи саноат гуфта шуд, ки суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин робита, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд. Дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Супоришҳо, ҳамчунин, вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо  либоси мактабӣ дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин бахш ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин суръати кишт, аз ҷумла пахтаро таъмин намуда, истифодаи пурраи заминҳои кишоварзиро ба роҳ монанд. Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзорро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуданд. Зимни таҳлили соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Супориш дода шуд, ки масъулини сохторҳои марбута гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамиро суръат бахшида, сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба онҳоро барои аҳолӣ ба таври куллӣ беҳтар намоянд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зарурати дар сатҳи олии тадорукотӣ баргузор кардани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд. Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Суғд дар моҳҳои январ – феврали соли равон ва иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба Президенти кишвар гузориш доданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳои ҳамешагӣ, ҳидоятҳои раҳнамунсоз ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагии мардум изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки то ҷашни умумимиллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақша боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳанд дод.

Прокрутить вверх