Президент

Президент, Хабарҳо

Боздид аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж

22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд. Дар осорхонаи Эрмитаж Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Ба роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона ва санъати меъмории он маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи фарҳангӣ соли 1764 таъсис ёфта, аз ҳафт бинои таърихӣ, аз ҷумла Қасри зимистона, иборат аст. 22.12.2025 Русия

Президент, Хабарҳо

Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой

21 декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд. Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд. Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд. 21.12.2025 Русия

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи “Пулково” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд. 21.12.2025 Русия

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 21.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи

20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонум Санаэ Такаичи барои пазироии самимӣ ва дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” изҳори сипос намуданд. Ҷонибҳо ҳамкории ду давлатро баррасӣ карданд. Ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ, рушди муколамаи байнипарлумонӣ ва фаъолияти муассири Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон аз мавзуъоти муҳими мулоқот буд. Оид ба ҷалби сармояву технологияҳо ва қарзҳои имтиёзноки Ҷопон, иштироки ширкатҳои пешрафтаи ҷопонӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаҳои электроника, нақлиёти автомобилӣ, дорӯсозӣ, коркарди маъдан ва кишоварзӣ табодули андеша сурат гирифт. Пешниҳод гардид, ки Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои се соли оянда (2026-2028) қабул карда шавад. Ба ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди рақамӣ” ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷалби ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо, таъсиси  корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди пахта, пилла, сабзавоту меваҷот ва растаниҳои шифобахш зарур шумурда шуд. Соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ, бахшҳои фарҳангию башарӣ, бахусус маориф аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Барои зиёд кардани ҳиссаи бурсияҳо оид ба омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои тиб, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи муҳити зист изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Ҳамкории фаъоли Тоҷикистону Ҷопон дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар доираи онҳо таъкид гардид. Гуфта шуд, ки мо кишварҳои Осиёи Шарқиро ба ҳайси шарикони муҳим дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва мубориза бо бемориҳо мешиносем. Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷопон даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд. 20.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон

20 декабр дар шаҳри Токио Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон баргузор гардид. Дар кори форуми тиҷоратӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷопон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣиштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш таҳкими минбаъдаи муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, хусусан бо таваҷҷуҳ ба самтҳои рушди сабз ва устуворӣ, рақамикунонӣ, молия, зарфияти инсонӣ ва рушди низоми иҷтимоӣ барои тиҷорат мебошад. Дар интиҳои кори форум Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи суханронӣ намуда, сарони давлатҳо ва доираҳои соҳибкории кишварҳоро хайрамақдам гуфт. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон аз руи натиҷаи мулоқоту музокирот як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо ҷиҳати эҷоди ҳамкории мутақобилан судманд, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон дар соҳаи саноат, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2026-2028, Ёддоштҳои табодулӣ ва Созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи таҷдиди таҷҳизоти сканкунии борҳо дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен дар масири нақлиёти байналмилалии Транскаспий”, Созишномаи грантӣ дар бораи лоиҳаи «Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ барои шаҳри Душанбе», Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон оид ба ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидории Ҷопон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддоштҳо оид ба “Лоиҳаи таҳкими низоми коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ”. Дар ҳошияи Бизнес-форуми минтақавии Осиёи Марказӣ + Ҷопон ва форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ҷопон низ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд. Аз қабили, Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Masui Co., Ltd”, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Curtis Creek Co., Ltd. дар самти пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази муҳандисии метеорологии Ҷопон, Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати ҷопонии “Splice-Lab Co., Ltd. дар самти омода намудани муҳандисони маҳаллӣ дар соҳаи сохтмони пулҳо ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷопонии “Sansei Corporation” барои қабули мошинҳои мобилии тиббӣ. Дар маҷмуъ аз руи натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон наздики 20 санади нав ба имзо расид. 20.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон

20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон дар Ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Бо дарназардошти аҳамияти калидии иқтисоди “сабз” барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷалби сармоя ва технологияи Япония барои татбиқи стратегияҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетикаи “сабз”, аз ҷумла аз худ намудани иқтидори гидроэнергетикӣ ва ҳамчунин, ба бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон истиқбол намуданд. Гуфта шуд, ки дар ин самт, дар кишвари мо сиёсати гузариш ба саноати “сабз”, ҳамчунин, мавриди истифода қарор додани технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахшҳои калидии истеҳсолот ба таври фаъол пеш бурда мешавад. Таъкид гардид, ки дар шароити воқеиятҳои нави иқтисодӣ, робитаҳои саноатӣ ва ҳамкории байниҳамдигарии сохторҳои соҳибкорӣ, бешубҳа, бояд ба рушди минбаъда ва таъмини суботи иқтисодии давлатҳои мо нигаронида шаванд. Саҳми Ҷопон дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар кишвари мо баланд арзёбӣ карда шуда, иштироки Ҷопон дар амалӣ сохтани тарҳҳои калонҳаҷм дар Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, зарур шумурда шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гидроэнергетика, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, химиё ва дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургияро аз бахшҳои афзалиятнок номиданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти захираҳои зиёди табиӣ, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонии худ дар кори истихроҷ ва коркарди онҳо иброз доштанд. Ба масъалаи тағйирёбии иқлим, обхезӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои чангу ғубор, сел ва тахриби экосистемаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. “Мо хуб дарк менамоем, ки ҳифзи захираҳои об ҳамчун манбаи ҳаёт, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва рушди устувор то кадом андоза муҳим аст”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин зимн гуфта шуд, ки кишвари мо дар пешбурди дипломатияи об пешсаф мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи кишварҳои манфиатдор даъват намуданд, то дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланди дар доираи “Раванди обии Душанбе” моҳи майи соли 2026 баргузоршаванда, фаъолона ширкат варзанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо барои ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, коркарди партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим манфиатдорем. Зикр гардид, ки кишвари мо ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос дорад, чун ин соҳаҳо барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ, назорати муҳити зист ва беҳбуди сифати мудирияти захираҳо уфуқҳои нав боз мекунанд. Дар робита ба ташаббуси кишвари мо оид ба қабули Қатъномаи махсуси СММ зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” мусоидату дастгирии Ҷопон ва дигар кишварҳои шарик мувофиқи матлаб дониста шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ, ба рушди логистика ва пайвастагии нақлиётӣ аҳаммияти хоса медиҳад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки такмили зерсохтори роҳҳои мошингард ва оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамии логистикӣ – ин ҳама барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисодиёт дар минтақа фурсатҳои нав фароҳам меоварад. Пешниҳод гардид, ки барои рушди ҳамлу нақли транзитии борҳо бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Шимол ва Ҷануби кишвар ҳам марказҳои логистикӣ сохта шаванд ва ҳам маҷмааҳои агрологистикӣ бунёд гарданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷопонро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар таълиму тарбияи кадрҳо тавассути барномаҳои ҶАЙКА (JICA) ва бурсияҳои Ҷей-Ди-Эс (JDS) номиданд. Барои густариши ҳамкории босамар бо Ҷопон як қатор самтҳо муайян ва пешниҳод карда шуд, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, таълиму тарбияи кадрҳои техникӣ дар бахшҳои саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, таъсиси озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба гидроэнергетика, кишоварзии устувор ва идораи таҳдидҳои табиӣ. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамоми пешниҳодҳои имрӯз дар Ҳамоиш ироашуда, талоши дастҷамъонаи моро барои сулҳ, субот, эҳтироми якдигар ва рушди устувор инъикос менамоянд. 20.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва нақши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар рушду густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Таро Асоро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Япония назаррас номиданд. Саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, таҳкими иқтидорҳои энергетикӣ ва омодасозии кадрҳо баланд арзёбӣ карда шуд. Дар мулоқот оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гуруҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқоти самимӣ доир намуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба бештар ва амиқтар андӯхтани илму дониш ва малакаҳои беҳтарин дар донишгоҳҳои Ҷопон ҳидоят намуданд. Аз рушди мунтазами соҳаи маориф ёдовар шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон, ба туфайли талошҳои пайвастаи Ҳукумат, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва маънавиёт аз рушду таҳаввулоти ҷиддӣ бархурдор гардидааст. Гуфта шуд, ки ба мақсади таълиму тарбияи насли нави ояндасоз барои афзоиши назарраси шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тадбирҳои муассири амалӣ андешида шудааст. Зикр гардид, ки барои истифодаи пурсамари ҳамаи имкониятҳо барои кишвар мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногун лозиманд. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват намуданд, ки бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисиву сохтмон, роҳсозӣ, энергетика, технологияҳои нав ва дигар соҳаҳои муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дипломатияи парлумонӣ василаи муассири таҳкими минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ номида шуд. Пешбурди робитаҳои фаъоли Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар ҷанбаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон, самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, бахшҳои инфрасохтор, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ табодули андеша намуданд. Ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҷалби сармоя ба бахши сайёҳӣ, рушди ҳамкории амалӣ бо Ҷопон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангиву башарӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. 19.12.2025 Ҷопон

Прокрутить вверх