Президент

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Императори Ҷопон Наруҳито

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Император барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуданд. Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон имрӯз доираи васеи ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо фаро мегиранд. Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид. Оид ба дигар масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо ҳавасманди ҳамкорӣ бо Созмон барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ мебошем. Ба истифодаи имкониятҳои кишвари мо дар соҳаи саноат, муосирсозии технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Роҳандозии ҳамкории амалӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергеияи барқароршаванда бо ҷалби сармоя ва технологияҳои нав зарур шумурда шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мо ба иштироки фаъоли ширкатҳои ҷопонӣ дар татбиқи “технологияҳои сабз” дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастем. Аз Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон даъват карда шуд, ки бо ниҳодҳои давлатӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ ҳамкории муштарак ба роҳ монад. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол РОТОБО Масами Ииҷима

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдоро василаи муҳимми густариши робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими алоқаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо номиданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои нодир, мавқеи географии муносиб ва иқтидори зиёди инсонӣ мебошад. Дар ин зимн гуфта шуд, ки ин имкониятҳо кишвари моро ба макони ояндадори ташаккули занҷираҳои логистикӣ ва истеҳсолӣ табдил медиҳанд. Ба истифодаи имкониятҳои роҳандозии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавсеаи саноати нассоҷӣ, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва дорусозӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз Ассотсиатсия даъват карда шуд, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ, офтобиву бодӣ ва муосиргардонии иншооти мавҷудаи энергетикӣ, ҳамчунин, ва таъсиси корхонаҳои муштарак иштирок намоянд. Парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваҷот, ангур, лӯбиёгиҳо ва растаниҳои шифобахш, самтҳои қобили таваҷҷуҳ дониста шуд. Ҳамчунин, шароити мусоиди таъсиси корхонаҳои саноатӣ, истифодаи  ашёи хоми минералӣ ва захираҳои энергетикӣ муаррифӣ гардид. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Ҷопонро дар чаҳорчӯби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) баланд арзёбӣ мекунад. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллии кишвари мо, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Аз имзои ду созишномаи нави грантӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони як зеристгоҳ ва муосирсозии таҷҳизоти сканерии борҳо дар дидбонгоҳи гумрукӣ истиқбол карда шуд. Ҷалби сармояи мустақими ҷопонӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзноки иенӣ, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Рушди энергетикаи “сабз” аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Барои тавсеаи бахшҳои Барномаи “JDS” дар соҳаҳои тиб, нанотехнология, технологияҳои иттилоотӣ, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсиси Маркази инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистону Ҷопон дар кишвари мо изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари расмӣ ба Ҷопон

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» вориди шаҳри Токиои Ҷопон шуданд. Дар саҳни фурудгоҳи Ҳанеда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷопон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд. 18.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Сафари расмӣ ба Ҷопон

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Без рубрики, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон  Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Гурӯҳи байнипарлумониро дар таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ намуданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, нақлиёт, кишоварзӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси технопаркҳо, дастгирии бизнес-инкубаторҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи IT таваҷҷуҳ намуданд. Соҳаи гуманитарӣ бахши муҳимми ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд. Масъалаҳои рушди табодули фарҳангӣ ва зиёд кардани квотаҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон, инчунин, тавсеаи давраҳои омӯзишӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад. Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистони куҳанбунёд, вале тозаистиқлоли мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ сарҷамъона фаъолият намуда, корҳои бузурги ободониву созандагиро ба анҷом расонида истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз беш аз 26 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд гардидааст. Инчунин, мо бояд дар заминаи шинохти амиқтари таъриху фарҳанги бостонии худ ва пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгони давлатсозу тамаддунофари хеш ба истиқболи ин ҷашни муқаддас корҳои ободониву созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, ки худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият мебахшанд, доир намоем. Дар ин раванд, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, ба таъмиру тармим, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро, аз марказҳо то дурдасттарин деҳот, фаро гирифта, ба як амали ҳамешагӣ ва фарҳанги умумимиллӣ табдил ёбад. Яъне, ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас дар роҳи пешрафти давлат ва ободии Ватани азизи худ саҳми шоиста гузошта, бо анҷоми амалҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ ва рафтори шоиста фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва асолати миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии ҳар як сокини кишвар вазифаи муҳимми рӯз ба ҳисоб рафта, татбиқи корҳои амалии назаррасро тақозо менамояд. Ҳадафи ниҳоии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, инчунин, ошноии бештар пайдо кардан бо таърихи пурғановати миллӣ, фарҳанги бостонии оламшумул ва худшиносу худогоҳ будан маҳсуб меёбад.

Президент, Хабарҳо

Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 17 декабри соли 2025 №1102

Президент, Хабарҳо

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд,  имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  ва «Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувору босуръати  иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини волоияти қонун ва некуаҳволии мардум равона шудаанд. Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.

Прокрутить вверх