Президент

Президент, Хабарҳо

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайи

14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат хонум Тсзоу Ҷиайиро ба муносибати интихоб шуданашон ба мақоми баланд табрик намуда, ташрифи нахустини ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Дар ҷараёни суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба роҳбарияти он арзи сипос намуданд. Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар самти ташаккули инфрасохтори муосир ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор, ҳамчунин,  иқтисоди «сабз» мебошад. Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун ва идомаи таҷдиди неругоҳи Норак таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд. Омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ такони нав мебахшад. 14.02.2026 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Машварати корӣ

28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба супоришҳо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус навъҳои синтетикӣ ва психотропии он, зоҳир гардид. Супоришҳо, ҳамчунин, доир ба кор бо мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, риояи интизому оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии кадрҳои касбӣ дода шуд. 28.01.2026 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин намудани Сафарзода А.   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам : Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 27 январи соли 2026 №1134

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумат натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 шунида шуд. Тавре таъкид гардид, сарфи назар аз мушкилоти мураккаби ҷаҳони имрӯз ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди кишвар, соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Ба таъкиди Сарвазири кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд. Сатҳи таваррум 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шуд. Соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз таъмин гардид. Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда зиёд гардида, 30 миллиард сомониро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст. Татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 155 миллион тонна бор ва 1,1 миллиард мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11 фоиз зиёд мебошад. Соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 77,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 14 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2025 ба 30,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 13,2 фоиз зиёд мебошад. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2024 20,5 фоиз афзоиш ёбад. Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ба 795 адад расида, дар муқоиса ба соли 2024 38 муассиса зиёд мебошад. Вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 182,7 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст. Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 24,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 113 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 301 муассиса таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад. Дар соли ҳисоботӣ дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 280 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти қонунгузории андоз, тавассути воситаҳои электронии пардохт вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиард 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,3 фоиз, вилояти Хатлон 103,1 фоиз, вилояти Суғд 107,1 фоиз, шаҳри Душанбе 119,8 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 109,5 фоиз таъмин карда шуд. Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Сипас Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода доир ба фаъолияти мақомоти назорату санҷиш дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд. Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд. Доир ба раванди ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ ва роҳҳои афзун намудани он ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода шунида шуд. Инчунин, дар маҷлиси

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия як қатор тағйироти кадрӣ анҷом доданд. Ба вазифаи муовини якуми сардори Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва вазифаҳои роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд. Ҳамчунин, ба вазифаи комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон кадрҳои таҷрибадори ин соҳа таъин карда шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва суҳбат ҳолати омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои низомӣ ва сохторҳои дигари номбурдаро дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди ҳар яке аз ин ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзу таъмини сулҳу оромӣ вазифаҳои муайян гузоштанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузаронидани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти  идорашавандаи фосилавӣ ва риояи  қонунияту оинномаҳои соҳавӣ  зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки муносибат бо сарбозону кормандон бояд мисли муомила миёни аъзои оила бошад, то ки эҳсоси дӯстиву бародарию ҳамдигарфаҳмӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ устувор гардад. Дастуру тавсияҳои дигар доир ба иҷрои босифати масъулиятҳо дар ҳар яке аз сохторҳои номбурда дода шуд. 16.01.2026 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон, инчунин дар бораи интихоби Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд. Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар сатҳи муовинони раисони мақомоти судӣ, судяҳои судҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз ҳисоби кадрҳои корозмуда ва дорои таҷрибаи кофӣ дар соҳаи дипломатия ба вазифаҳои муовинони вазири корҳои хориҷӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин муовини якум ва муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар аз ҳисоби кадрҳои варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ва бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони кишвар, назорати беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муаррифии шоистаи таърих ва фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуданд. 12.01.2026

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ

9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид. Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд. Зимни суҳбат бо кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю бенуқсон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои соҳавӣ, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ дар сафҳои мақомот ва ҳам дар миёни мардум, муборизаи ҷиддию софдилона бо ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла навъҳои синтетикии он ва ҳамчунин, ба тарбияи босифати кадрҳои ҷавони соҳа ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои раисони як қатор шаҳру  ноҳияҳои кишвар ва роҳбарӣ дар дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти иқтисоди миллии кишвар дар соли 2025 муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ, раис ва муовинони раиси Кумитаи рушди маҳал аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои дигари ҷавону варзида таъин карда шуданд. Солеҳзода Ашурбой аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раҳмонзода Абдулло аз вазифаи  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин гардиданд. Ҳамчунин, ба вазифаи директори муассисаи давлатии “Театри миллӣ” Шарифзода Манучеҳр, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, таъин карда шуд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда доир ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, бахусус вобаста ба тақсими замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва муомилаи дуруст бо мардум дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки раванди созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорони ҳимматбаланду мардуми саховатпеша, бахусус ба хотири истиқболи сазовор аз Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, вусъат дода шавад. 07.01.2026 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026

Дар ҷаҳони имрӯз, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технология, зеҳни сунъӣ ва тарғиби фарҳангу адабиёт хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ, рушди малака ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо кардааст. Асри ҷорӣ – асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад. Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврасу ҷавонон ва рушди ҳамаҷонибаи фарҳангу санъати миллӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Фарҳангу санъат василаи асосии муаррифии ҳамаҷонибаи симои барҷастаи миллат ва заминаи воқеии тарбияи зебоипарастии ҷомеа маҳсуб меёбад. Миллати мо дар ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангӣ шинохта шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардидаанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ идомаи ҳамин тадбирандешиҳо мебошад. Ин озмун соли ҳаштум аст, ки зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомии инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик баргузор карда мешавад. Дар соли 2026 маблағи умумии ҷоизаҳо ва баргузории ин озмун 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои баргузории озмуни мазкур 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, 580 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, ғолибони шоҳҷоиза 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Ба ду қисм ҷудо намудани жанри академии номинатсияи навозандагӣ тағйироти дигар дар озмун мебошад, ки довталабон метавонанд ҳунару истеъдоди худро дар навозиши созҳои миллӣ ва созҳои аврупоӣ нишон диҳанд. Вобаста ба тағйироти зикргардида дар соли 2026 шумораи ғолибон 143 касро ташкил хоҳад дод. Бо мақсади суръат бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, тақвият додани таъсири донишҳои илмӣ ба рушди соҳаҳои ҳаёти кишвар, баланд бардоштани самаранокии донишҳои илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули 6 сол аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад. Соли 2026 низ озмуни мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо мақсади таҳкими тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасии боз ҳам бештар пайдо кардан ба техникаву технологияҳои муосир, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, рушди рақамикунонӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад. Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани озмун ва таъмин намудани шаффофият дар раванди баргузории он ба Низомномаи озмун тағйироту навгониҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, портали ҷумҳуриявии озмун таҳия гардида, тамоми раванди баргузорӣ, маълумоти иштирокчиёну ғолибон ва саволгузорӣ аз ҷониби аъзои ҳакамон тавассути он сурат мегирад. Ҳамчунин, санҷиши дониши иштирокчиёни даври чоруми озмун аввалан ба воситаи Маркази миллии тестӣ ва баъдан дар назди ҳайати ҳакамон сурат гирифта, василаҳои муайян намудани ғолибон тақвият бахшида шуданд. Бо назардошти тағйироти воридгардида маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 9 870 000 (нуҳ миллиону ҳаштсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2025, ки барои гузаронидани ин озмун 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо гардида буд, 650 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2025 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисиву техникӣ замина гардидааст. Мавриди зикри хос аст, ки чун солҳои қаблӣ, соли 2026 низ таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии ҷомеа баргузор карда мешавад. Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён соли 2026 ба Низомномаи озмун тағйирот ворид гардида, хонадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидои касбӣ аз 2 гурӯҳ ба 3 гурӯҳи синнусолӣ ҷудо карда шуданд. Ҳамин тавр, соли ҷорӣ озмун дар байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-8) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ баргузор мегардад. Бо дарназардошти тағйироти воридгардида маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 8 290 000 (ҳашт миллиону дусаду навад ҳазор) сомониро ташкил мекунад. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои баргузории озмуни мазкур     6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардида буд, 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамин тавр, барои баргузории озмунҳои мазкур дар соли 2026 дар маҷмуъ 26 миллиону 420 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Баргузории озмунҳои мазкур ҳамчун идомаи сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳбаландӣ ва талошу кӯшиши бештари ҷомеаро дар роҳи илмомӯзӣ, аз бар кардани осори мондагори фарзандони фарзонаи миллат ва рушди фарҳангу санъати миллию ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад ва ҳазорон кас аз наврасону ҷавонон бо илму дониш ва истеъдоди худ ғолиб гардида, насли шоистаи Ватан будани худро нишон медиҳанд.

Президент, Хабарҳо

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд. 4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд. 5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2026 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 8 290 000 (ҳашт миллиону дусаду навад ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд. 6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд. 7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 1 январи соли 2026 №АП-951

Прокрутить вверх