Президент

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар тариқи фосилавӣ ба фаъолияти майдони танкронӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон оғоз бахшида шуд. Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар ин машқгоҳ иншооти зиёди таълимӣ бунёд ёфтааст. Бинои нуқтаи фармондеҳию мушоҳидавӣ бо синфхонаҳои ронандагӣ ва манораҳои мушоҳида аз имкониятҳои дигари ин машқгоҳ ба шумор меравад. Зимни шиносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд. Аз ҳамин ҷо, ҳамчунин тариқи фосилавӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ифтитоҳ ёфт. Ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд. Натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давоми 31 соли фаъолияти худ Қӯшунҳои сарҳадӣ пуриқтидору мукаммал гардида, рӯз то рӯз шароити хизматию маишии афсарону сарбозон хубтару беҳтар мешавад. Ин раванд, бахусус давоми 2-3 соли охир хеле авҷ гирифта, дар ин муҳлати кӯтоҳ аллакай 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизот ва ҳама лавозимоти ҳарбию хизматию маишӣ таъмин гардиданд. Дар ҳамаи ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, дар баробари муҳайёсозии шароити зарурии хизматӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои сарбозӣ, ошхона, ҳаммом, шабакаи гармидиҳӣ, майдончаҳои машқу тамрин, ҳамчунин барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ сохта шудааст. Зимни ифтитоҳи иншооти сарҳадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои фароҳамсозии шароити будубош ва хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, пайваста чораандешӣ менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсти кишвар, ки дар ин кори пурифтихор низ иштирок менамоянд, ёдовар шуда, ба ҳамаи касони дар ободонии кишвар ҳиссагузор арзи сипосу қадрдонӣ намуданд. 24.12.2025 город Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, ки ҷузъи Гурӯҳи Анадолу  мебошад, оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Марҳилаи аввали фаъолияти ширкат аз соли 2015 оғоз гардида, бо як хатти истеҳсолӣ 100 кормандро фаро гирифта буд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 170 миллион литр нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар зарфҳои гуногунҳаҷм пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи нави ин иншооти саноатӣ беш аз 600 кас бо кор таъмин гардиданд. Васли хатти нави истеҳсолӣ, ба афзоиши иқтидор, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат кард. Ҳоло дар корхона 7 намуд нӯшокиҳои брендӣ барои қонеъсозии талаботи мизоҷон истеҳсол мешавад. Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усули хос ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои соҳавӣ аз санҷиш мегузаронанд. Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи талабот, стандартҳои бехатарӣ ва ҳам афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд. 24.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаи саноатии Покиза М дар шаҳри Душанбе ва ифтитоҳи фосилавии 3 корхонаи парандапарварӣ

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покиза М-ро ба истифода доданд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 7 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо саҳми корхонаро дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар боз ҳам назаррас мегардонанд. Дар корхона 77 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, шароити мусоиди меҳнат ва музди хуб таъмин гардидаанд. Тибқи дурнамо, бо васеъ гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандон то 280 кас расонида шуда, пас аз қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳои истеҳсолӣ, нуқтаи қабули гӯшти чорво ва паранда, сардхонаҳои нигоҳдории ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Фаъолияти корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ Покиза М ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифату бехатар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди саноати коркард ва суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии кишвар мутобиқат мекунад. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, бо шароит, имконот ва ҷараёни коркарди маҳсулот фосилавӣ шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхона дастуру тавсияҳо доданд. Пас аз ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо се корхонаи парандапарвариро дар ноҳияҳои Шаҳринаву Файзобод ва шаҳри Турсунзода ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Корхонаи парандапарварӣ дар шаҳри Турсунзода бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бунёд гардидааст. Дар корхонаи мазкур чор коргоҳи парвариш барои мурғи гӯштӣ бо иқтидори умумии 160 ҳазор сар чӯҷа омода буда, коргоҳҳои иловагӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳоло дар чор коргоҳи  омодашуда зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, 40 ҳазор сар чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти мурғ парвариш меёбанд. Корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав аз чор коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, иқтидори истеҳсолии солонаи он то 1 миллиону 170 ҳазор сар мурғро дар бар мегирад. Корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Файзобод барои парвариши то 540 ҳазор сар мурғ дар як сол пешбинӣ шуда, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Баробари ба истифода додани ин корхона 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба истифода додани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар буда, заминаи устувор барои рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ояндаи устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тӯли 22 соли фаъолияти корхонаи мазкур беш аз 10 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардида, ин иқдом ба беҳтар гардидани зиндагии арзандаи сокинон мусоидат намудааст. 24.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе

Бинои нави боз як иншооти дар рушд ва шукуфоии пойтахт нақшгузор – Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе низ дар ҳамин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд. Иншоот, ки бо риояи унсурҳои муосири миллӣ қомат афрохтааст, ҳусни ин гӯшаи қалби Тоҷикистон – Душанберо боз ҳам афзун намуд. Зимни муаррифии шароит ва имкониятҳои корӣ дар Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати ширкатҳои бонуфузи ватанӣ сохта шудааст. Бунёд ва ба истифода супоридани бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе замина гузошт, ки шумораи кормандон аз 40 каси қаблӣ ба 70 кас расонида шавад. Толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҷамъомаду вохӯриҳо пешбинӣ шуда, истифода аз китобхонаи электронӣ воситаи рушди дониш ва огоҳии кормандон аз навгониҳои илмӣ хоҳад буд. Муаррифии симои шаҳри Душанбе, шиносоии мардум бо дастовард, мавзеъ ва нуқтаҳои ҷолиби диққат, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ бо муаррифии брендҳо,  тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва ташаккули иқтисоди шаҳр тавассути воситаҳои рекламаи берунӣ, маълумоти визуалӣ ва ороишӣ дар маҷмуъ ҳама самтҳои фаъолият дар Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе аз ин пас дар шароити хуб сурат мегирад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин истифодаи мақсаднок аз шароити хуби корӣ ва назорати ҷиддӣ аз мутобиқати рекламаҳои берунӣ ба талаботи қонун дастуру тавсияҳо доданд. Ҳудуди иншоотро ниҳолу дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ зиннати хос медиҳад. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таваққуфгоҳи муосири бисёрсатҳа шинос шуданд. Иншоот  дар давоми 1 сол сохта шуда, барои 354 воситаи нақлиёт пешбинӣ шудааст. Таваққуфгоҳ дар идомаи раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи беҳсозии муҳити шаҳрӣ ва коҳиши шумораи мошинҳо кӯчаву хиёбонҳо сохта шудааст. Бунёди иншооти замонавӣ бозгӯи татбиқи босамари Барномаи рушди устувори шаҳрӣ ва Нақшаи генералии шаҳри Душанбе буда, ба рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ низ мусоидат мекунад. 24.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ доданд, бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе дар маҷмуъ дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити муҳими кору фаъолият фароҳам оварда  шудааст. Телевизиони Душанбе дорои чор студияи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ буда, калонтарини он студияҳои якум ва дуюм мебошанд, ки барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд. Ҳарду студия дорои 4 маҷмуи таҷҳизоти студиявӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон буда, дар маҷмуъ имкони ҷойгиркунонии то 50 мухлисро доранд. Студияҳои сеюм ва чорум бо 2 маҷмуи таҷҳизоти студиявӣ ва 8-ҳуҷраи корӣ сохта шуда, барои ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намудани барномаҳои гуногуни телевизионӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ 4 студия бо муосиртарин технологияи соҳавӣ аз қабили дастгоҳу таҷҳизоти рақамии формати сабташон 4К таъмин буда, имконияти сабт ва тариқи зинда пахш намудани барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ, фарҳангиву фароғатӣ, ток-шоу ва дигар барномаҳо мавҷуд аст. Муассиса дорои парки зарурии техникӣ буда, студияи сайёри он аз се автомашинаи калони махсус иборат аст. Дар баробари ин, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва мебели хушсохту замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Студияи марказии пахши барномаҳо, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, дизайнерҳои графикӣ, барномасоз,  китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, синфхона барои машғулиятҳои такмили ихтисос, ҳуҷраи истироҳат, ҳуҷраи коркарди маълумоти бойгонӣ  дар маҷмуъ ҳамаи ҳуҷраҳои бинои нави Муассиса дарои шароити хуби кору фаъолият ҳастанд. Бинои Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе бо истифода аз санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, қисмати берунаи он пурра шишабандӣ шудааст. Ҳамчунин бино ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳо бо системаи ҳавотозакунии автономӣ васл карда шудаанд. Роҳравҳои атрофи бино бо истифода аз санги хоро оро дода шуда, ҳавлии Муассиса пурра мумфарш карда шудааст. Дар даромадгоҳи бино монитор барои пахши лавҳаю наворҳои таблиғотӣ бо паҳноии 2,5 ва баландии 8 метр насб гардидааст. Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе қаблан дар бинои солҳои 40-уми садсолаи гузашта сохташуда фаъолият мекард. Бинои қаблӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба талаботи соҳа ҷавоб гуфта наметавонист ва он барои толори синамо ё худ кинотеатр пешбинӣ шуда, ҳамагӣ дорои ду студияи хурд, яке барои барномаҳои иттилоотӣ ва дигаре барои сабти дигар барномаҳо пешбинӣ шуда буд. Набудани студияи сабти барномаҳо ва шароити маҳдуд имкон намедод, ки ҳайати эҷодии ин Муассиса барномаҳои баландсифат ва ҷавобгў ба талаботи замонро таҳия карда, ба бинандагон пешниҳод намоянд. Ҳоло бошад, дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии давлат ҳоло доираи пахши Телевизиони Душанбе васеъ гардида, онро тавассути моҳвора дар зиёда аз 40 кишвари дунё бо  сифати FULL  HD  тамошо кардан мумкин аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо имтинон иброз доштанд, ки ҳайати эҷодӣ ва техникии Телевизиони Душанбе бо фаъолият дар шароити хубу замонавӣ ва бо истифода аз навтарин технологияи соҳаи телевизион бинандаи худро бо тозатарин хабару рӯйдодҳо ва барномаҳои ҷолибу диданӣ таъмин менамоянд. Иҷрои масъулияти иҷтимоӣ, ростқавлӣ, хизмат ба манфиати ҷомеа, риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот аз ҷумлаи талаботи Пешвои миллат зимни суҳбат бо кормандони Телевизиони Душанбе буд. 24.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

22 декабри соли 2025, дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. Зарурати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид гардид. Сарони давлатҳо куштори бераҳмонаи шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шадидан маҳкум карда, зарурати тафтишоти беғаразонаи ин ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид карданд. Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикону пайвандони Қобилҷон Алиеви фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, таъкид дошт, ки чунин амалкардҳои террористӣ, бахусус нисбати кӯдакон аз доираи фаҳмиши инсонӣ берун аст. Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб дастур диҳанд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо чунин амалҳои зӯроваронаро тақвият диҳанд ва дар ин самт чораҳои фаврӣ андешида шаванд. 22.12.2025 Русия

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федаратсияи Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари кишвари мизбон ва дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд. Роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башариро баррасӣ намуданд. Ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Раёсати босамари Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли равон таъкид гардид. 22.12.2025 Русия

Президент, Хабарҳо

Боздид аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж

22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд. Дар осорхонаи Эрмитаж Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Ба роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона ва санъати меъмории он маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи фарҳангӣ соли 1764 таъсис ёфта, аз ҳафт бинои таърихӣ, аз ҷумла Қасри зимистона, иборат аст. 22.12.2025 Русия

Президент, Хабарҳо

Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой

21 декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд. Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд. Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд. 21.12.2025 Русия

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи “Пулково” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд. 21.12.2025 Русия

Прокрутить вверх