Президент

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди вилоят 12 ҳазору 66 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст, ки ин 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб, ба мардум ва соҳибкорони бонангу номуси вилоят барои заҳмати ватандӯстона изҳори сипос намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи 92 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 2,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст. Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои зикргардида асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, рушди соҳаи энергетика, таҳкими соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ ва ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути бунёди долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ равона шудааст. Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли равон таъкид гардид, ки ҳарчанд дар вилоят дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардидааст, аммо бақияи қарзи андоз тамоюли афзоиш дорад, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Сарвари давлат дар робита ба вазъи соҳаи саноат дар вилоят ба масъулин супориш доданд, ки барои ҷалби бештари сармоя, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Аз натиҷаи машварати кории Роҳбари давлат, ки 25 апрели соли равон вобаста ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика баргузор гардида буд, ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд. Баҳри иҷрои пурра ва самараноки барномаҳои давлатии бахши кишоварзӣ роҳбарони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили зироатҳои тирамоҳӣ, бахусус, пахта, инчунин, пешгирӣ намудани талафот дар соҳаи парандапарварию занбӯриасалпарварӣ чораҷӯйӣ намоянд. Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, доир ба омодасозии заминҳои кишт, мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дода шуд. Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар баробари бунёди даҳҳо иншооти соҳаи маориф, дар ҳудуди вилояти Суғд биноҳои 54 муассисаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 32 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Инчунин, дар 4 муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд. Масъулини сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки доир ба бартарафсозии мушкилоти зикршуда ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳа чораҳои мушаххас андешанд. Дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии беш аз 10 ҳазор хонанда ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 23 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вале заминаҳои моддиву техникии ин муассисаҳо, бахусус, озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти таълимию истеҳсолии онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо менамояд. Раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки барои таъмиру таҷдиди муассисаҳои мазкур тадбирҳои амалӣ андешида, барои касбомӯзии шаҳрвандон шароити мусоиди таълимию истеҳсолӣ муҳайё созанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ дастур доданд, ки бо истифода аз неъматҳои бебаҳои табиат, бахусус ҳазорҳо намуди растаниҳои шифобахш, аз ҷумла растаниҳои доруворӣ барои ташкили корхонаҳои дорусозӣ бо истифодаи технологияву стандартҳои муосир чораҳои мушаххас андешанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят чандон қонеъкунанда нест. Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд. Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарону фаъолони вилоятро ба масъалаи истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем то ба хотири таҳкими минбаъдаи мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш талош намоем ва заҳмат кашем. Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Суғд оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисобот доданд. 19.11.2025 шаҳри Гулистон

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст. Ин иншооти навбунёд дар доираи корҳои созандагӣ  ба  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, туҳфаи арзишманд барои кормандон арзёбӣ мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалби аъзои фаъоли ҳизб — соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд гардидааст. Тибқи иттилои масъулин, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11384 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 73 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад. Қомат афрохтани бино ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидаанд. Ҳамзамон, дар арафаи  31 солагии таъсисёбии ҲХДТ ба сохторҳои маҳалии ҲХДТ дар 18 шаҳру ноҳияҳои кишвар мошинҳои хизматӣ тақдим карда шуд. 19.11.2025 ноҳияи Ҷаббор Расулов

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд. Иншооти нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати муайян бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои меъмории миллӣ анҷом дода шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави шуъбаи маориф аз 34 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ барои 100 нафар бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд буда, минбаъд баргузор намудани вохӯрӣ, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ дар он имконпазир хоҳад буд. Дар иншооти нав, ҳамчунин китобхона, бойгонӣ ва як қатор ҳуҷраҳои  ёрирасон дигар низ ҷойгир карда шудааст. Баробари ба истифода супоридани бинои шуъбаи маориф барои кормандони соҳа шароити муносибу замонавии корӣ фароҳам оварда шуд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 31 ҳазору 772 хонанда амал мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати боло бурдани сатҳи таълим, истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Иттилоъ дода шуд, ки 80 дарсади омӯзгорони ноҳияи Ҷаббор Расуловро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 16 хатмкунандаи ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар қабул шудаанд, ки 8 касашон духтарон мебошанд. Дар панҷ соли охир 40 духтари ноҳия бо истифода аз квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил  шудаанд. 19.11.2025 ноҳияи Ҷаббор Расулов

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои Муассисаи томактабии хусусии ҶДММ Фортуна Ко, тариқи маҷозӣ ифтитоҳи 2 кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ ва 8 маркази инкишофи кӯдак дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии Кӯдакистони Арчаро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фортуна Ко, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд. Кӯдакистони Арча дар асоси татбиқи нишондоди Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар маҳаллаҳои аҳолинишин бунёд гардида, мақсади он фарогирии бештари кӯдакон ба низоми ибтидоии таълим арзёбӣ мешавад. Кӯдакистони инноватсионии Арча барои 500 кӯдак сохта шуда, дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи нави томактабӣ бобати таъмини кӯдакон бо муҳити бехатар, инноватсионӣ ва устувори таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии оилаи Очиловҳо бунёд ёфтааст. Баробари ба истифода додани боғча зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд. Ин лоиҳа ҳамчун намунаи равшани сармоягузорӣ ба муассисаҳои иҷтимоии хусусӣ ва як қадами калидии стратегии рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон маънидод мегардад. Низоми таълим дар муассисаи нави томактабӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, барои ба боғча расондани кӯдакон се воситаи нақлиёти муосир харидорӣ шудааст. Боғча бо инфрасохтори инноватсионӣ, синфхонаҳои интеллектуалӣ, фазои мусоиди экологӣ ва барномаҳои тарбияву рушди ҳамаҷониба барои кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудааст. Дар муассисаи томактабӣ 18 гурӯҳ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме бештар аз 20 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Теъдоди синфхона, ҳуҷраҳои хоб ва ёрирасон бошад, ба 25 адад мерасад. Толори варзишӣ барои кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳазу барҳаво аз имкониятҳои дигари муассисаи таълимии томактабӣ мебошад. Дар синфхонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Гурӯҳҳо ба маҳфилҳои бозӣ, китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва ғайра ҷудо карда шудааст. Ба рушди нутқи кӯдакон ва тафаккури тарбиятгиранда афзалият дода мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот, ки бо санъати муосири меъмории миллию аврупоӣ бунёд шудааст, баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо пас аз ифтитоҳи кӯдакистони нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти кӯдакистони Азизи дилҳо дар шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азизи дилҳо” бунёд шудааст, оғоз бахшиданд. Иншоот дар масоҳати 36 садяк замин, дар ду ошёна аз тарафи соҳибкор Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст ва дар он 120 кӯдак дар чор гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Таълим дар ин кӯдакистон бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрофарин бошад, дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Донояк ба истифода дода шуд. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз се ошёна иборат аст. Таълим дар ин кӯдакистон ҳам бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Ифтитоҳи иншооти дигари соҳаи маориф, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ сурат гирифт. Кӯдакистони Фаринӯш дар ноҳияи Айнӣ дар доираи вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин ба истифода дода шуд. Бинои нави кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ташаббускор ва шахсони саховатпешаи  деҳа сохта шудааст. Дар  кӯдакистони нав имкони ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 40 кӯдак мавҷуд буда, он дорои шароити муосир мебошад. Ҳуҷраҳо барои гузаронидани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои хоб ва фароғат дар муассисаи томактабӣ дорои шароити мусоид буда, бо лавозимоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро, воқеъ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Сохтмони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии №23-и деҳаи Лангар, муассисаи таълимии №31-и деҳаи Сабағ ва муассисаи таълимии №10-и деҳаи Деҳманораи деҳоти Лангар, муассисаи таълимии №17-и деҳаи Ронч, муассисаи таълимии №11-и деҳаи Ғузн, муассисаи таълимии №32-и деҳаи Рогиф ва муассисаи таълимии №11-и деҳаи Рӯзи деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маблағгузории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши инсонӣ дар Тоҷикистони назди Вазорати молияи кишвар бунёд гардидааст. Дар ҳар яке аз ин муассисаҳо аз 25 то 60 кӯдак ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта мешаванд. Зимни суҳбат бо масъулони тарҳи бунёди марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус саҳмгузорӣ бобати рушди зинаи ибтидоии таълим, ҳидоят карданд. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани Муассисаи томактабии Аркон, тариқи маҷозӣ ифтитоҳи Гимназияву муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Айнӣ

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии Арконро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Умеда Гадойбоева дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти навбунёд 360 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 30 парастори соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 75 касро ташкил медиҳад. Иншооти навбунёд аз ҷониби меъморони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо меъморони олмонӣ таҳия шудааст. Ин равиш омехтаи эстетикаи аврупоӣ ва ниёзҳои фарҳангии тоҷикӣ мебошад. Ҳар ҷузъи бино аз равзанаҳо то гузаргоҳҳо бо усули Муҳити амн барои кӯдак тарҳрезӣ шудааст. Бино дорои 26 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 12 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳо бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Инфрасохтори мувофиқ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва методикаи байналмилалии таълимии, ки ба мустақилият, худомӯзӣ ва рушди табиии қобилиятҳои кӯдакон равонашуда, аз бартариҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ мебошад. Бозӣ ва корҳои амаливу тафаккурӣ, таваҷҷуҳ ба рушди интеллектуалӣ ва иҷтимоӣ ба ҳар кӯдак, барномаи рангинкамон, инкишофи нутқ, коммуникатсия, саводи аввалия бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад. Саҳни бинои Муассисаи томактабии Аркон бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии кӯдакон муассир мебошад. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст. Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкори ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо масъулин, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба кӯдакон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки Ватан дар қалби онҳо, дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду иншооти дигари соҳаи маориф – марҳилаи якуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон дар маҳаллаи Темурмалик ва Гимназияи рақами 4-ро дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон, ки бо шароити муосир бунёд ёфтааст, дорои имкони фаро гирифтани 600 хонанда дар ду баст мебошад. Дар Гимназияи рақами 4 бошад, 1700 хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро дар деҳаи Томин ва майдончаи нави варзишии замонавиро дар деҳаи Ғаберуди ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ба истифода доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Ғаберуд бо иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо маблағгузории корхонаи маъдантозакунии муштараки Тоҷикистону Амрико – Анзоб бунёд ёфтааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нави варзишӣ бошад, бо саҳми соҳибкори ватандӯст Сайфиддин Нуров бунёд гардидааст. Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун пешбинӣ шуда, барои ҷалби бештари наврасон ба варзиш имконият фароҳам меорад. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд ва ба таври фосилавӣ ба истифода додани ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рўи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи “Султон Урунов”-ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи нав дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб мебошад. Ба истифодадиҳии бинои нав шуъбаҳои беморхонаи клиникии рақами 1-шаҳри Хуҷанд ба 18 ва катҳои хоб ба 660 расид, ки имконияти фарогирии беморонро бо ташхису табобат васеъ гардонид. Дар баробари шуъбаҳои навтаъсис дар бинои нав толори барҳаво барои гузаронидани ҷаласа ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона бо шароити хизматрасонии хуб омода карда шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави беморхонаи клиникии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд 200 корманди соҳа бо кор таъмин гардиданд, ки дар маҷмуъ бо кормандони биноҳои қаблан фаъолияткунанда 900 кормандро ташкил медиҳад. Дар шуъбаҳои навтаъсиси қабул, эҳё ва наҷот, ҷарроҳиҳои фаврӣ, асаб, урологӣ, амрози занона, осебшиносӣ ва ортопедия шароит ва усулҳои нави табобат роҳандозӣ карда шудааст. Муассисаи тиббии мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа, аз ҷумла томографияи рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии дил, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, таҷҳизоти муосир барои ташхис ва табобати гурда ва дигар намуди дастгоҳҳои безараргардонӣ, дастгоҳҳои озмоишии истеҳсоли кишварҳои Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав бо кормандони беморхона суҳбати самимӣ намуданд. Таъкид гардид, ки солимии ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ аз ҷумла “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ карда мешавад. Бо истифода аз шароиту имкониятҳои васеи фароҳамомада ва технологияи муосири таъмингардида акнун дар ин муассисаи тиббӣ ҷарроҳиҳои бариатрикӣ, лапароскопии бемориҳои гурда, чурраҳои ковокии шикам бо усулҳои нав ва ғайра гузаронида мешавад. Бунёд гардидани муассисаҳои нави тиббӣ бо ба назар гирифтани зиёдшавии аҳолӣ имкон дод, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шуда, як қатор амалҳои муосири дарёфт, ташхис, табобат ва гузаронидани ҷарроҳиҳои нодир дар соҳа ҷорӣ карда шаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ ҳамеша дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ, такмил додани сатҳи тахассусӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу масъулият доштан ҳангоми фаъолият бисёр муҳим аст. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳар ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо сифати баланд бунёд гардидааст. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки маркази саломатии шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 16 ҳуҷраи корӣ буда, дар он шароит ва дастгоҳу таҷҳизоти ташхису табобат таъмин гардидааст. Баробари ба истифода додани Маркази саломатии мазкур 50 сокини ноҳия бо кор таъмин гардид. Дар маркази саломатии деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, 10 корманди соҳаи тандурустӣ бо кор таъмин гардида, он ба 2 ҳазору 200 аҳолии деҳа хизматрасонии тиббӣ мерасонанд. Бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани чунин муассисаҳои тиббӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат буда, ба хотири амалан  татбиқ намудани механизмҳои ташхису табобат, расонидани кӯмаки аввалия ва солимгардонии аҳолӣ анҷом дода  мешаванд. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиевро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он фаъолияти 5 шуъба ва дармонгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав бори аввал дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд фаъолияти ҷарроҳихона, ҳуҷраи эҳё, наҷот ва беҳискунӣ ба роҳ монда шуд. Ворид намудани зиёда аз 40 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти нав барои ташхису табобат имкониятҳоро барои хизматрасонӣ ба нафарони гирифтори диабети қанд, бемориҳои ҷоғар, ғадуди зери меъда, бенаслӣ, норасоии ғизо, фарбеҳӣ, диабети ғайриқандӣ ва дигар намуди бемориҳо ба талабот мутобиқ гардонид. Инчунин, дар марказ 4 шуъбаи нав – қабул, ҷарроҳӣ, бемориҳои ҷоғар ва кӯдакона таъсис дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини марбутаи соҳа ва табибонро барои истифодаи босамар аз шароити замонавии мавҷуда ва хизматрасонии сатҳи баланд вазифадор намуданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шумораи катҳо аз 80 ба 200 расид. Барои ташкили корҳои омӯзишӣ, дарсҳои амалии донишҷӯён ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун толору ҳуҷраҳои таълимӣ мутобиқ ба тарҳи муосир мавриди истифода қарор гирифтааст, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунад. Дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд шабакаи ягонаи оксигендиҳӣ мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин шуда, технологияи ҳаводиҳанда фаъол аст. Иншооти нави тандурустӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд барои ташхису табобат мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Саҳни бино чароғон ва сабзпӯш гардонида шудааст. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд

18 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид. Бинои нави Маркази саратоншиносӣ, ки аз 6 ошёна иборат аст, дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 200 кати табобатӣ сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат, камназир аст. Бунёди бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, иҷрои корҳоро бештар аз 200 бинокор ба ӯҳда дошт. Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти марказ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин бино 43 ҳуҷраи табобатӣ, 3 амалиётхона бо маҷмӯи дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ, таҳлилгоҳи клиникавӣ, биохимиявӣ, морфологӣ, имунаферментӣ, ҳуҷраи тадқиқоти ултрасадо ва ташхиси эндоскопӣ мавҷуд буда, дар 5 шуъбаи амалкунанда боз 60 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, хоса табибони саратоншинос, ба кор ҷалб гардидаанд. Барои пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои саратон ба маблағи бештар аз 7 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, харидорӣ шудааст. Табибон бо истифода аз ин дастгоҳҳо имкон доранд, ки саривақт ташхис гузаронида, бемориро дар марҳилаҳои ибтидоӣ муайян намоянд ва ба табобати беморони гирифтори саратон сари вақт камар банданд. Ҳамзамон, ин раванд барои татбиқи барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррас мегузорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари дунё гирифторӣ ба бемориҳои саратон зиёд шудааст. Дар бинои нав қабул, ташхис ва табобати беморон бо низоми мутамаркази электронӣ сурат мегирад. Ин низоми кор ба сарфа кардани вақти беморон ва ҳам табибону дигар кормандон мусоидат менамояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва табибони марказ дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва дар беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Зимни муаррифии шароиту имкониятҳои фароҳамшуда таъкид гардид, ки давоми солҳои охир 18 табиби Маркази саратоншиносии вилояти Суғд малакаи касбии худро дар муассисаҳои тандурустии сатҳи ҷаҳонии хориҷи кишвар сайқал дода, имрӯзҳо дар самти ташхис ва табобати беморон аз роҳу усулҳои муосир кор мегиранд. Дар натиҷаи омӯзишҳои пайвастаи табибон 26 намуди амалиёти ҷадиди ҷарроҳӣ, 12 намуди усули муолиҷаи кимиёвӣ бо нақшаҳои нав ва иловатан 18 намуди таҳлили гуногун роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон табибони марказ бо мутахассисони варзида ва профессорони соҳаи тандурустии Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои дунё дар самти ташхис ва муолиҷаи бемориҳои саратон ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд. Амалӣ намудани чунин тадбирҳои муҳим, ба монанди бозомӯзии кормандон ва муҷаҳҳазсозӣ бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ боис ба он гардид, ки рафтани беморон барои ташхусу табобати бемориҳои саратон ба хориҷи кишвар коҳиш ёбад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини соҳа ва ба табибон дастур доданд, ки барои пешгирии бемориҳои саратон дар миёни аҳолӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, ҳамеша тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоянд. Дар бинои нави марказ барои гузаронидани маслиҳату машварат ва ҷаласаю дигар чорабиниҳои соҳавӣ толори барҳаво бо фарогирии 100 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки иншооти кӯҳнаи марказ ҳануз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 130 кати табобатӣ дорад. Акнун бо бунёди бинои нави марказ шумораи катҳои табобатӣ дар маҷмуъ ба 330 расид. Дар фасли зимистон бинои иловагӣ ва иншооти ёрирасони он пурра тариқи маркази ягона бо гармӣ таъмин карда мешавад. Саҳни ҳавлии бино бо сифати баланд ободу зебо ва дилрабо гардидааст. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ  бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун  ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

16 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии гарм ва ташкили вохӯрӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Илҳом Алиевро ба муносибати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва мавқеи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад. “Дар ин зимн муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва мо тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебарем”, изҳор доштанд дар робита ба ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати мо натиҷаҳои дар гузашта бадастомадаро заминаи мусоид барои густариши маҷмӯи ҳамкории судманд арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии  баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мувофиқаҳои бадастомада, ки дар Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ-2040” инъикос ёфтааст, заминаи мустаҳкам барои расидан ба ин аҳдоф фароҳам меоранд. Оид ба аҳамияти қабули Консепсияи таъмини амният, субот ва рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки ин санад барои таъмини амну субот, тақвияти  робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаи мо нигаронида шудаанд, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳамчунин, изҳор гардид, ки ин тамоюли созанда ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори минтақаи худро ба манфиати наслҳои оянда самаранок истифода намоем. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиро заминаи устувори оянда номида, зарур шумурданд, ки иқтисоди минтақавӣ тавассути ҳамкорӣ ва навовариҳо густариш дода шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда зарур аст. Дар ин робита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад. Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа зарур шумурда шуд. Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ба андешаи Сарвари давлати мо вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд. Бо истифода аз фурсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, изҳори сипос намуданд. Илова бар ин, гуфта шуд, ки таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электронӣ, ки имрӯз ба нерӯи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфтааст, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус на танҳо ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки ба афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани амнияти минтақавии устуворро яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ номиданд, зеро таҳдидҳои терроризм, экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори сохторҳо ва идораҳои дахлдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Рушди мунтазами ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии касбии кадрҳо ва коршиносон барои бахши амният яке аз унсурҳои муҳими муқовимати муносиб бо таҳдидҳои нав номида шуд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо назардошти афзоиши таҳдидҳои киберӣ, тақвияти чораҳои муштарак бо истифода аз технологияҳои пешрафта зарур аст. Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бо мундариҷаи нав ғанӣ сохтани равандҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати рушди ҳамкорӣ дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузург барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани обурую нуфзи минтақа аз мероси ғании фарҳангию таърихӣ бояд васеъ истифода намоем. Масъалаи экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд, зеро тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва хокборишҳои тӯлонӣ ба амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд. Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шукуфоии ояндаи Осиёи Марказӣ ба ҳамкории зич вобаста мебошад, ки пеш аз ҳама ба беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон равона шудааст. Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Изҳороти муштарак ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расид. Дар фароварди ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз номи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. 16.11.2025 Узбекистон

Прокрутить вверх