Президент

Президент, Хабарҳо

Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва иштирок дар барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд. Дар доираи фестивал гӯшаҳои миллии намояндагони кишварҳо ташкил гардида, онҳо тавассути пешниҳоди таомҳои миллӣ, расму оин ва ороиши дастархон анъанаҳои меҳмондории худро муаррифӣ намуданд. Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ ва суннатии мардуми тоҷик, ороиши хоси дастархони миллӣ, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва дигар неъматҳои табиии Тоҷикистон диққати иштирокдорони фестивалро ба худ ҷалб намуд. Ҳамзамон, дар гӯшаи Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардид. Намунаҳои ҳунарҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Дар бахши саноатии гушаи Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва намунаҳои молҳои дорои аҳамияти иқтисодию содиротӣ муаррифӣ гардид. Бахши кишоварзии гӯшаи Тоҷикистон низ бо пешниҳоди молу маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт. Ин бахш имкониятҳои фаровони табиӣ ва иқтидори кишоварзии кишвар, заҳмати созандаи кишоварзон ва имкониятҳои Тоҷикистонро дар самти истеҳсол ва коркарди анвои хӯрока инъикос намуд. Дар ҳамин мавзеъ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳо барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  намоиш дода шуд. Барномаи консертӣ бо мақсади муаррифии беҳтарин намунаҳои фарҳанг ва санъати мардумони давлатҳо ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи фарҳангӣ ва эҷодии миёни кишварҳои иштирокдор ташкил гардида, ба як намоиши бузург табдил ёфт. Дар ин чорабинии муҳим Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони аҳли фарҳанг ва санъат, ҳунармандони касбӣ ва гурӯҳҳои эҷодӣ муаррифӣ намуданд. Ҳунармандони тоҷик бо барномаи махсуси консертӣ, ки дар он беҳтарин намунаҳои мусиқии миллӣ, суруд ва рақси суннатӣ ҷо дода шуд, дар назди иштирокдорони чорабинӣ ва меҳмонони воломақом ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги Тоҷикистон бо иҷрои суруду оҳангҳои миллӣ оғоз гардида, дар идомаи он намунаҳои гуногуни санъати мусиқӣ ва рақсии тоҷикӣ пешкаши ҳозирин карда шуд. Дар ин барномаи бошукӯҳ ҳар як кишвари иштирокдор бо пешниҳоди намунаҳои беҳтарини фарҳанг ва санъати миллӣ симои фарҳангии худро муаррифӣ намуд. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки ҳозирин бо гуногунрангӣ, ғановати маънавӣ ва анъанаҳои миллии мардумони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар ошно гарданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистон барои даъват ва истиқболи гарм, арзи сипос намуда, рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, таъкид доштанд. Сарони ҳарду давлат ба пешбурди минбаъдаи ин раванд дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ изҳори алоқамандӣ карданд. Гуфтугӯи созанда оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ ва дар бахши энергетикаю маводи сухт сурат гирифт. Масъалаҳои вобаста ба робитаҳои фарҳангию башарӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Мубодилаи афкор, инчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

Президент, Хабарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад. Тавре зикр гардид, ин захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд. Аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содиротӣ, тақвияти устувории занҷираҳои таъминоти минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба дар мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ, карбонӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад. Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин, бо назардошти ниёзҳои тамоми минтақа таъкид гардид. Ҳамчунин, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки стратегияи гузариши минтақавии “сабз” бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад. Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи масирҳои омехта, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, барои тақвияти пайвастагии нақлиётии минтақа аҳамияти калон дорад. Дар ин робита, Сарвари давлати мо зарурати кори самаранокро барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуданд. Мавзӯи рақамисозиро идома дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуданд ва изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти он имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат мебахшад. Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳишёбии захираҳои об ва хокборишот, ки ба муҳити зист ва амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд, ривоҷ дода шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Дар ниҳояти сухан таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ карда,  ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат намояд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки эътимод ба ҳамдигар ва рӯҳияи шарикӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба сӯи ҳадафҳои муштарак пайваста пеш раванд.  

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Туркманистон

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Туркманистон

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Президент, Хабарҳо

Гусел аз Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб

6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми се рӯз дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сурат гирифт. Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор 21 иншоот, дар ноҳияи Восеъ 30-то ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 42 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири миллати тоҷик буда, давоми 35 сол ба сифати ҷашни давлатии муқаддас барои созандагиву бунёдкориҳои бемисл, рушду тараққиёт ва пешрафти Ватан заминаи устувор фароҳам овард. Дар панҷсолаи охир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишонаи он аст, ки сокинони сарбаланд ва заҳматпешаи вилоят барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб ва ҳаёти шоиставу босаодат талошу кӯшишҳои зиёд менамоянд. Маросим гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  шаҳомати хоса бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб, барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона дар фазои фараҳмандӣ ва шодию нишот сурат гирифт. Мардуми саодатманди шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои эҳтироми хоса ва муҳаббати беандоза гусел намуданд.

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мо дар шаҳри бостонии Кӯлоб – сарзамини ҷавонмардиву ҷасорат, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ тантанаҳои ниҳоии ҷашни бузурги давлатдории навини тоҷикон – 35-солагии истиқлоли давлатиро баргузор мекунем. Ба ин муносибат хурду бузурги мардуми ватандӯсти шаҳри Кӯлобро самимона табрик мегӯям. Имрӯз, ҳамчунин, мардуми шарифи Тоҷикистон боз як санаи муҳим – Рӯзи забони давлатиро, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, таҷлил менамоянд. Ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашн низ самимона табрик мегӯям. Сиву панҷ сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи    худ – соҳиб гардидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор созем, заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатро устувор намоем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем. Имрӯз бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорем, ки ҳамаи дастовардҳои мо – аз бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳо то рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба маротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум самараи ҳамин неъмати бузург, яъне истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри Кӯлоб мебошанд. Шаҳри бостонии Кӯлоб бо гузаштаи пурифтихори худ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Ин сарзамини куҳанбунёд аз қадим яке аз марказҳои муҳимми тамаддун ва фарҳанги миллии тоҷикони ориёӣ буда, имрӯз низ дар муаррифии арзишҳои моддиву маънавии миллати мо барои ҷаҳониён нақши басо арзишманд дорад. Яъне мехоҳам бо ифтихор иброз намоям, ки сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб рисолати муқаддаси меросбари таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷикро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани даҳҳо ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон таҳти номи «Хутали қадим» эътирофи байналмилалии фарҳангу тамаддуни куҳани ин диёри бостонии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем, ки дар рӯзҳои ниҳоят ҳассосу сарнавиштсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланду ватандӯсти вилояти Хатлон, махсусан, ҷавонмардони ғаюру далер ва бонангу номуси шаҳри Кӯлоб барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишварамон саҳми беназир гузоштанд. Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон фидокориву хизматҳои содиқонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намесозанд. Такроран таъкид менамоям, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо таърихи беш аз 2700-солаи худ яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни миллати ориёии тоҷик мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Кӯлоб бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаву созандаи сокинонаш хеле ободу пешрафта ва симои он куллан дигаргун гардид. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1-уми октябри соли 2026-ум 493 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. Имрӯз дар ҷараёни сафари кории мо 41 иншооти дигар ба истифода дода шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр, дар маҷмуъ, як миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст. Илова бар ин, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳолати мелиоративии як ҳазор гектар замин беҳтар гардида, қубурҳои обгузар сохта, ба истифода дода, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд. Танҳо соли 2026 барои маблағгузории соҳаи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр 16 миллион сомонӣ равона гардидааст. Тибқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар рушди саноат дар шаҳри Кӯлоб бояд ба омили пешрафти иқтисодӣ, шуғли устувор ва афзоиши даромади аҳолӣ табдил дода шавад. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд. Дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудаанд. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Соли 2026 сохтмони боз 20 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат анҷомгардида ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ аҳолии шаҳр аз 142 ҳазор нафари соли 1991 ба зиёда аз 244 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2026 расидааст, яъне 1,7 баробар афзудааст. Бояд гуфт, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ сокинони заҳматдӯсти шаҳр, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша саҳми арзишманд гузоштанд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдории самимӣ баён менамоям. Рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад ва чунин дастгириҳо дар доираи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ минбаъд низ идома дода мешаванд. Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз соли 1999 роҳи оҳани   Бохтар – Кӯлоб ба масофаи 132 километр сохта, ба истифода дода шуд. Баъдан фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб таҷдиду азнавсозӣ ва соҳиби мақоми байналмилалӣ гардид ва ҳоло корҳои ободонӣ дар ҳудуди он бомаром идома доранд. Имрӯз мо дар ҳудуди шаҳр 29 иншооти навбунёди таъиноти гуногун, аз ҷумла 2 пули мошингузар дар масири роҳи Гулистон – Кӯлоб ба дарозии 233 метр ва роҳҳои дохили шаҳрро, ки бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба масофаи 63 километр азнавсозӣ шудаанд, ифтитоҳ карда, санги асоси бунёди роҳи Гулистон – Кӯлоб ба дарозии 33 километр ва ба маблағи 720 миллион сомонӣ, роҳи таворавии Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 12 километр (300 миллион сомонӣ) ва якчанд корхонаҳои саноатиро гузоштем. Итминон дорам, ки бунёди иншооти зикршуда дар вақтҳои наздиктарин ба анҷом расида, ба ободиву пешрафти боз ҳам бештари шаҳр мусоидат мекунанд. Ҳамдиёрони азиз! Қобили таъкид аст, ки ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамеша аз фарҳанги ғановатманди тоҷикон ба таври шоиста намояндагӣ карда, нуфузу эътибори онро дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ баланд мебардоранд. Бо қаноатмандӣ мехоҳам иброз намоям, ки имрӯз унсурҳои камназири

Президент, Хабарҳо

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд. «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Лутфан самимитарин табрикоти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред. Фаъолияти Шумо дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкиди худро меёбанд. Шумо барҳақ дорои обрӯву эътибори баланд ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошед. Саҳми шахсии Шумо дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сазовори баҳои баланд аст. Аз идомаи муоширати созандаву дӯстонаи мо ва кори муштараки самарабахш оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ шод хоҳам буд. Аз таҳти дил ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам».   Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин   *****   «Муҳтарам ҷаноби Президент, Иҷозат фармоед самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи таваллудатон изҳор намоям. Моҳи майи соли ҷорӣ Шумо  ба Чин сафари давлатии бо муваффақият анҷом додед ва мо бо Шумо мулоқоти пурмаҳсул доир намуда, нақшаи бузурги рушди муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чину Тоҷикистонро дар давраи нав тарҳрезӣ кардем. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, дӯстии амиқи байни моро қадр мекунам ва омодаам, ки якҷоя бо Шумо барои пешбурди сохтмони «Ҷомеаи дорои тақдири ягонаи Чин ва Тоҷикистон» аз нуқтаи оғози болотар кӯшиш ба харҷ диҳам, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистонро дар ҳамдастӣ ба зинаи нав барорем ва ба халқҳои ду кишвар манфиати бештар оварем. Ба Шумо саломатии бардавом, некӯаҳволии комил ва дар фаъолияти наҷибатон дастовардҳои нав ба нав орзу дорам».   Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин   *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Шуморо аз самими қалб бо Рӯзи таваллудатон табрик гуфта, самимитарин ва некӯтарин таманниёти худро изҳор менамоям. Дар Узбекистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсатмадори ботаҷрибае, ки эҳтироми амиқи халқи худро соҳиб гаштааст ва дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин, таҳкими обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми бебаҳо мегузорад, баланд арзёбӣ мекунанд. Бо қаноатмандии бузург мехоҳам таъкид намоям, ки муносибатҳои мо бо Тоҷикистон — ҳамсояи наздик ва кишвари воқеан бародари мо — дар солҳои охир ба сатҳи баланд баромаданд, ки ба иқтидор ва имкониятҳои ҳарду давлат ҷавобгӯ мебошад. Ин натиҷаи иродаи устувори сиёсӣ ва талошҳои муштараки мо мебошад. Бовар дорам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ муносибатҳои серпаҳлу ва дарозмуддати шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро ба нафъи ояндаи дурахшони мардумонамон ба таври пурмаҳсул рушд хоҳем дод. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Музокироти пурмаҳсуле, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Узбекистон дар соли ҷорӣ сурат гирифтанд ва мувофиқаҳои муҳимме, ки дар самтҳои калидии ҳамкорӣ ба даст омаданд, бе шак, марҳалаи нави шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳоямонро оғоз хоҳанд бахшид. Шуморо бори дигар бо ин санаи фараҳбахш ва хотирмон табрик мегӯям. Ба Шумо, бародари гиромӣ, сиҳатмандии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон зафарҳои нав, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».   Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев     *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон қабул фармоед! Ҳамчун Пешвои эътирофшудаи миллат ва арбоби давлатии сатҳи байналмилалӣ, Шумо дар ташаккули Тоҷикистони соҳибихтиёр, таъмини сулҳу ризоият дар кишвар ва рушди дарозмуддати он саҳми таърихӣ гузоштаед. Итминон дорам, ки стратегияи хирадмандонаи давлатии Шумо минбаъд низ ба мардуми бародари тоҷик ҳамчун раҳнамо дар роҳи ҳаракат ба сӯи некӯаҳволӣ ва пешрафт хизмат хоҳад кард. Нақши бузурги Шуморо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунам. Шаке нест, ки бо кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои серпаҳлуи байнидавлатии мо минбаъд низ ба нафъи ҳарду давлат босуръат рушд хоҳанд кард. Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии комил, нерӯи бепоён, некӯаҳволии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон дастовардҳои нав ба нав орзу дорам».   Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев   *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона табрик мегӯям. Сиёсати давлатие, ки Шумо пеша кардаед, ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, баланд бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таҳкими обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Бовар дорам, ки ҳамкории байни Кирғизистону Тоҷикистон дар рӯҳияи эҳтироми ҳамдигар, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек пайваста таҳкиму таъмиқ хоҳад ёфт. Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, рифоҳ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон – сулҳу шукуфоӣ орзумандам».   Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров   *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ мавқеи худро устувор ва таҳаввулоти густурдаро татбиқ намуда, ҳамкориҳои байналмилалии худро тавсеа мебахшад. Дар ин раванд таҷрибаи ғании давлатӣ, роҳбарии хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Шумо, ки ба таъмини рушди устувор ва рифоҳи мардуми тоҷик равона шудаанд, аҳаммияти хос доранд. Муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигариро, ки байни Туркманистону Тоҷикистон барпо шудаанд, хеле арзишманд медонам. Бовар дорам, ки ба шарофати боварии барпогардида ва ҳамкории зич, давлатҳои мо минбаъд низ муносибатҳои ба ҳар ду ҷониб судоварро таҳким бахшида, имкониятҳои нави ба ҳам наздик гардидани мардумони бародари моро фароҳам  хоҳанд кард. Аз ин фурсати фарабахш истифода намуда, ба Шумо Эмомалӣ Шарфовичи муҳтарам, саломатии бардавом, баракати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва дастовардои нав ба нав орзу менамоям».   Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов   *****   «Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред. Хидмати содиқонаи Шумо ба нафъи ҷомеаи тоҷик ва муносибати ғамхорона ба мероси фарҳангиву таърихиатон намунаи пешвоии барҷастаи давлатӣ буда, сиёсати дурбинонаи Шумо имкони пешрафти устуворро фароҳам месозад. Ман дӯстии деринаамонро, ки ба боз кардани уфуқҳои нави ҳамкории Минску Душанбе мусоидат менамояд, арзишманд медонам ва онро қадр мекунам. Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, аз самими қалб сиҳатмандии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаатон неруву тавоноӣ орзумандам».   Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко   *****   «Муҳтарам, Эмомалӣ Шарифович, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрик намуда, беҳтарин таманниёти худро мерасонам. Тамоми дастовардҳои Тоҷикистон дар тули даврони истиқлол, инчунин, обрӯи баланди кишваратон дар арсаи байналмилалӣ ба таври ногусастанӣ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб

Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иншооти дигари тозабунёд дар маркази шаҳри Кӯлоб мебошад, ки 4 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин бинои бисёрошёна барои кормандони 20 шуъба ва гурӯҳҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб шароити муосири хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба кормандони ин мақомот гардид. Дар ин ҷо барои мутахассисони шуъбаву гурӯҳҳо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳуҷраи хоб ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудааст. Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 354 курсӣ, ошхона, меҳмонхона, толори варзиш, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои зарурӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандони соҳа, онҳоро ба хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар замони ҷаҳонишавӣ бояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушёру зирак бошад, донишу малакаи худро сайқал диҳад, дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ софдилонву содиқона хизмат намояд.

Президент, Хабарҳо

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд. Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст. Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.

Прокрутить вверх