Президент

Президент

Иштирок ва суханронӣ дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

27 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои муҳайёсозии шароити хуби ҳамоиш арзи сипос намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Зимнан зикр гардид, ки СААД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад. “Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад”, – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати Тоҷикистон авзои байналмилалиро “мураккабу душвор пешгӯишаванда” арзёбӣ намуда, аз тадбирҳои муштараки рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла санадҳои барои қабул пешниҳодшуда, пуштибонӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Тоҷикистон қабули Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030-ро дастгирӣ менамояд. Қабули қарор дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030 низ аз ҷониби Сарвари давлати мо дастгирӣ ёфт. Зимнан дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ миёни СААД ва Маркази зиддимухаддаротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд. Президенти кишвари мо аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД дар Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳори бовар намуданд, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар ин робита Сарвари давлати мо бо ёдоварӣ аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби сохторҳои террористию ифротӣ,  бар зарурати табодули маълумоти фаврӣ ва идораи ин хатарҳо бо технологияҳои нави рақамӣ таъкид намуданд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабулшаванда ба таҳким ва рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои созмон мусоидати фаъол хоҳад намуд. Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД як зумра санадҳои нави муҳим ба имзо расид. 27.11.2025 Қирғизистон

Президент

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин, ба хотири пазироии самимии меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари кишвари дӯст барномаи дилнишини фарҳангӣ пешкаш карда шуд. 26.11.2025 Қирғизистон

Президент

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 26.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам: Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 16 декабри соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 26 ноябри соли 2025 №1095

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муҳтарам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам ҷаноби Президент, Хабари талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти сангин бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, боиси андуҳи амиқи мо гардид. Вобаста ба пайомадҳои ин ҳодисаи харобиовар ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу оҷил хоҳонем». 24.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям. Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад. Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад. Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад. Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад. Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем: Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ, Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ. Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш, Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш». Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст. Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст. Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад. Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд. Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад. Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад. Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд. Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад. Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад. Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст. Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем. Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз! 24.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И

22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар ин зимн ба масъалаи тавсеаи ҳамкории судманди гуногунҷанба дар доираи шарикии стратегӣ таваҷҷуҳи муносиб зоҳир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти натиҷаҳои силсилаи мулоқотҳои пурмазмун бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро дар соли равон махсус қайд намуданд. Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки «Ман ба дастовардҳои нави кишвари шумо ва пойтахти шумо эътимод кардам. Рушди босуръат дар ҳама ҷо ба назар мерасад. Ҷаноби Президент, Шумо ҳамчун асосгузори давлати худ ва Пешвои миллат, бо дилу ҷонатон барои рушди кишвари худ талош менамоед. Шумо мардумро аз ҳама чиз боло гузоштаед. Мо ба консепсияи идораи давлатии Шумо бисёр арҷ мегузорем». Пуштибонии Тоҷикистон аз ташаббусҳои нави ҷаҳонии роҳбарияти олии Чин, аз ҷумла “Идораи глобалӣ” таъкид карда шуд. Ҷонибҳо аз фаъолияти босамари абзорҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зиёда аз ду миллиард долларро ташкил дод. Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо имрӯз соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, инчунин энергетика ва кишоварзиро фаро мегиранд. Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷалби технологияҳои “сабз” изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон, ҳавасмандии Тоҷикистон барои афзоиши номгӯй ва ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин иброз гардид. Ҳамкории муштараки кишварҳо дар соҳаи амният аз мавзуъҳои алоҳидаи суҳбат буд. Дар ин зимн ба масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ пайвастагии рушди робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро қайд карданд. Ба Ҳукумати Чин барои ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос карда шуда, ҳавасмандии Тоҷикистон ба афзоиши шумораи квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин дар ихтисосҳои талаботаш дар кишвари зиёд, таъкид гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.Ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар сиғаи Осиёи Марказӣ-Чин баррасӣ шуданд. Пешвои миллат ба ҷониби Чин барои дастгирии таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори сипос намуданд. 22.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди вилоят 12 ҳазору 66 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст, ки ин 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб, ба мардум ва соҳибкорони бонангу номуси вилоят барои заҳмати ватандӯстона изҳори сипос намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи 92 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 2,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст. Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои зикргардида асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, рушди соҳаи энергетика, таҳкими соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ ва ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути бунёди долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ равона шудааст. Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли равон таъкид гардид, ки ҳарчанд дар вилоят дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардидааст, аммо бақияи қарзи андоз тамоюли афзоиш дорад, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Сарвари давлат дар робита ба вазъи соҳаи саноат дар вилоят ба масъулин супориш доданд, ки барои ҷалби бештари сармоя, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Аз натиҷаи машварати кории Роҳбари давлат, ки 25 апрели соли равон вобаста ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика баргузор гардида буд, ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд. Баҳри иҷрои пурра ва самараноки барномаҳои давлатии бахши кишоварзӣ роҳбарони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили зироатҳои тирамоҳӣ, бахусус, пахта, инчунин, пешгирӣ намудани талафот дар соҳаи парандапарварию занбӯриасалпарварӣ чораҷӯйӣ намоянд. Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, доир ба омодасозии заминҳои кишт, мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дода шуд. Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар баробари бунёди даҳҳо иншооти соҳаи маориф, дар ҳудуди вилояти Суғд биноҳои 54 муассисаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 32 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Инчунин, дар 4 муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд. Масъулини сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки доир ба бартарафсозии мушкилоти зикршуда ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳа чораҳои мушаххас андешанд. Дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии беш аз 10 ҳазор хонанда ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 23 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вале заминаҳои моддиву техникии ин муассисаҳо, бахусус, озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти таълимию истеҳсолии онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо менамояд. Раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки барои таъмиру таҷдиди муассисаҳои мазкур тадбирҳои амалӣ андешида, барои касбомӯзии шаҳрвандон шароити мусоиди таълимию истеҳсолӣ муҳайё созанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ дастур доданд, ки бо истифода аз неъматҳои бебаҳои табиат, бахусус ҳазорҳо намуди растаниҳои шифобахш, аз ҷумла растаниҳои доруворӣ барои ташкили корхонаҳои дорусозӣ бо истифодаи технологияву стандартҳои муосир чораҳои мушаххас андешанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят чандон қонеъкунанда нест. Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд. Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарону фаъолони вилоятро ба масъалаи истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем то ба хотири таҳкими минбаъдаи мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш талош намоем ва заҳмат кашем. Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Суғд оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисобот доданд. 19.11.2025 шаҳри Гулистон

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст. Ин иншооти навбунёд дар доираи корҳои созандагӣ  ба  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, туҳфаи арзишманд барои кормандон арзёбӣ мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалби аъзои фаъоли ҳизб — соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд гардидааст. Тибқи иттилои масъулин, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11384 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 73 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад. Қомат афрохтани бино ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидаанд. Ҳамзамон, дар арафаи  31 солагии таъсисёбии ҲХДТ ба сохторҳои маҳалии ҲХДТ дар 18 шаҳру ноҳияҳои кишвар мошинҳои хизматӣ тақдим карда шуд. 19.11.2025 ноҳияи Ҷаббор Расулов

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд. Иншооти нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати муайян бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои меъмории миллӣ анҷом дода шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави шуъбаи маориф аз 34 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ барои 100 нафар бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд буда, минбаъд баргузор намудани вохӯрӣ, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ дар он имконпазир хоҳад буд. Дар иншооти нав, ҳамчунин китобхона, бойгонӣ ва як қатор ҳуҷраҳои  ёрирасон дигар низ ҷойгир карда шудааст. Баробари ба истифода супоридани бинои шуъбаи маориф барои кормандони соҳа шароити муносибу замонавии корӣ фароҳам оварда шуд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 31 ҳазору 772 хонанда амал мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати боло бурдани сатҳи таълим, истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Иттилоъ дода шуд, ки 80 дарсади омӯзгорони ноҳияи Ҷаббор Расуловро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 16 хатмкунандаи ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар қабул шудаанд, ки 8 касашон духтарон мебошанд. Дар панҷ соли охир 40 духтари ноҳия бо истифода аз квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил  шудаанд. 19.11.2025 ноҳияи Ҷаббор Расулов

Прокрутить вверх