Президент

Президент, Хабарҳо

Ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бегоҳии 8 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд. Ёдовар бояд шуд, ки пагоҳ 9 октябр сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон идома ёфта, нимаи дуюми рӯз Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор мешавад. Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ рӯзи 10 октябр доир хоҳад шуд. 08.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Табрикоти самимии маро ба муносибати Зодрӯзатон қабул фармоед. Шумо бо фаъолияти худ чун роҳбари давлат ба эҳтироми самимии ҳамватанон ва хориҷ аз кишвар ба обрӯи баланд ноил гардидаед. Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда, пайваста мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам карда истодааст. Шумо дар тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни кишварҳоямон саҳми шахсии бузург доред. Ва мо, албатта, кори фаъоли муштаракро оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ идома хоҳем дод. Бовар дорам, ки муоширати дарпешистодаи мо дар Душанбе созанда ва босамар хоҳад буд, ба густариши минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои барои Россияву Тоҷикистон судманд, ҳамчунин, таҳкими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат хоҳад кард. Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, саодатмандиву рифоҳ ва дастовардҳои нав хоҳонам».   Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин   *****   Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Шуморо аз самими қалб табрик намуда, беҳтарин таманниёти худро ирсол менамоям. Имсол мо ду ҷаласа- аввал дар Остона, баъд аз он дар Пекин анҷом додем, ба як силсила тавофуқот ноил гардидем, нақшаи рушди муносибатҳои шарикии ҷомеи стратгии миёни  Чину Тоҷикистонро дар аҳди нав муайян намудем. Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, дӯстии амиқамро бо Шумо қадр мекунам ва омодаам, ки бо саъю талоши муштарак бо Шумо ба таъмиқ ва таҳкими пайвастаи ҳамкории ду кишвар мусоидат намуда, ҷомеаи тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро бо муҳтавои ғанитар пур намоям. Ба Шумо саломатии бардавом, муваффақият ва дар рисолати олиятон дастовардҳои нав таманно дорам.   Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин   *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Беинтиҳо шодам, ки Шуморо бо ҷашни фархундаи зодрӯзатон аз сидқи дил самимона табрик менамоям ва таманниёти некро иброз медорам. Дар Узбекистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори ботаҷриба, ки бо эҳтирому қадрдонии бузург шинохта шудаед, хуб мешиносанд ва арҷ мегузоранд. Ислоҳоти густурда ва корҳои бузурги созандагие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, барномаҳои судманд, ки ба пайваста баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд, инчунин афзоиши бемайлони обрую нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бешубҳа, бевосита бо номи Шумо вобаста мебошанд. Далели равшани ин андешаи ман дастгирии фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ аз ташаббусҳои муҳими пешбаринамудаи Шумо, ки аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд, мебошад. Итминон дорам, ки бо талошҳои қатъии муштарак ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ минбаъд низ босуръат рушд намуда, ба пешрафт ва шукуфоии умумии мардумони бародари мо мусоидат хоҳад кард. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Бешубҳа, мулоқотҳои кушоду пурсамари дарпешистодаи сатҳи олӣ, тавофуқҳои муҳим ва лоиҳаҳои мушаххас ба ҳамкории фарогир ва судманди ҷонибҳо, ки солҳои охир бо суръат рушд дорад, такони нав мебахшанд. Бори дигар Шуморо бо ин санаи хотирмону фархундаи зиндагиатон самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, пешрафти бардавом ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».   Президенти Ҷумҳурии Узбекистон  Шавкат Мирзиёев     *****   «Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Зодрӯзатон бипазиред. Шумо пешвои аз ҷониби тамоми мардуми худ эътирофшуда ва ходими барҷастаи давлатӣ мебошед, ки, воқеан ҳам, дар ташаккул ва рушди Тоқикистони соҳибистиқлол саҳми таърихӣ гузоштаед. Истиқрори сулҳи дарозмуддат ва таҳкими ваҳдати миллат бо номи Шумо пайванди ногусастанӣ дорад. Зери роҳбарии қавӣ ва  хирадмандонаи Шумо Тоҷикистони бародар ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардида, обрӯ ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд. Бовар дорам, ки мардуми тоҷик дар  самти стратегии муайянкардаатон ҳаракат намуда, бо татбиқ намудани ислоҳоти фарогир ба ҳадафҳои олие, ки Шумо ҷиҳати бунёди давлати муваффақ ва шукуфо гузоштаед, хоҳад расид. Ман муносибатҳои боваринокамонро қадр намуда, саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи миёни кишварҳо ва мардумонамон хеле боарзиш медонам. Бо таъкиди он, ки мо ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи  шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни  Қазоқистону Тоҷикистон азми қатъӣ дорем, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, неруи бепоён, рифоҳи оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи Тоҷикистони бародар муваффақиятҳои нав орзумандам».   Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев   *****   «Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, Шуморо сидқан ба муносибати Зодрӯзатон табрик менамоям. Сиёсати давлатии Шумо ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисоди кишвар, афзоиши некуаҳволии мардум ва таҳкими обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Имсол, ки бо боздидҳои муҳимми сатҳи олӣ ҳамроҳ буд, дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба марҳилаи муҳим гардид. Гуфтушунидҳои пурмуҳтавою босамар дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва созанда анҷом ёфтанд. Аз рӯи ин мулоқот, ки ба рушди муносибатҳои некуҳамсогии қирғизҳову тоҷикҳо ва таъмиқи боварӣ миёни мардумонамон равона шудаанд, тавофуқоти муҳим ба даст омад. Бовар дорам, ки ҳамкорӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи эҳтироми мутақобил ва шарикӣ таҳким хоҳад ёфт. Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодати оилавию рифоҳ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ, ба мардуми Тоҷикистон – сулҳу шукуфоӣ орзумандам»   Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров   *****   Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Зодрӯзатон ирсол менамоям. Шумо ҳамчун ходими хирадманди давлатӣ ва дурандеш тӯли солҳои зиёд собитқадамона ба нафъи мардуми худ заҳмат мекашед. Зери роҳбарии Шумо иқтисоди Тоҷикистон устуворона рушд намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар ва обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ баланд шуда истодааст. Сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаи Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, мехостам, саҳми шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстонаамон таъкид намоям. Бо истифода аз фурсат, уҳдадориҳои худро роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, омодагиамонро ҷиҳати дастгирии ташаббусҳое, ки ба густариши шарикии мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон равона шудаанд, изҳор менамоям. Дар анҷом, ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар корҳоятон комёбиҳои нав, ба мардуми бародари кишваратон – сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям   Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов     *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Самимитарин табрикот ва таманниёти неки маро ба муносибати Зодрӯзатон бипазиред. Имрӯз ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва хидмати содиқонаи Шумо ба нафъи кишвар, Тоҷикистон собитқадамона ва бо боварӣ бо роҳи рушди дарозмуддат ва ҳамаҷониба пеш рафта истодааст. Он муваффақиятҳои назаррасе, ки кишвари бародар дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик мегӯям. Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст. Яъне тоҷикон роҳи тайкардаи худро дар хотираи таърихии хеш маҳз ба василаи забони модарӣ ҳифз кардаанд. Дар тӯли таърих забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд. Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи хонадони Сомониён, сиёсатмадорони ватандӯсту донишманд ва аҳли илму адаби он давра забони дарии тоҷикӣ мавқеи худро дубора устувор кард ва мақоми расмии давлатӣ касб намуд. Сомониён бо фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти илм ва фарҳангу адабиёт рушди забони тоҷикиро таъмин карданд. Ба ибораи дигар, забони адабии тоҷикӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва асоси тамоми меъёрҳои он гузошта шуд. Ин меъёрҳо дар давоми зиёда аз ҳазор сол, яъне то имрӯз мунтазам суфтаву устувор гардида, барои рушди забони тоҷикӣ дар шакли хаттию шифоҳӣ хизмат кардаанд. Қобили зикри хос аст, ки меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ аз аҳди Сомониён то имрӯз ба тағйироти хеле кам дучор гардидаанд. Донишмандон эътироф кардаанд, ки чунин падида дар низоми забонҳои дунё камназир мебошад. Сомониён ҳамчун хонадони миллатдӯсту ватанпарвар мақоми забони тоҷикиро чун забони расмӣ устувор карда, асосҳои сиёсии инкишофи онро фароҳам сохтанд. Олимону донишмандон ва шоирону нависандагони тоҷик аз он рӯзгор то имрӯз барои рушду такомули забони модарии худ осори илмиву адабии пурғановате навишта, заминаҳои мондагории онро таъмин намуданд. Забоне, ки дар саргаҳи рушди он устод Рӯдакӣ қарор дошт, ба ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ имкон дод, ки «Шоҳнома»-и безаволи худро таълиф намояд, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо нафар олимону донишмандони дигар шукӯҳу ҷалоли забони тоҷикиро ба аҳли олам муаррифӣ карданд, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ» ва ғазалиёти дилошӯби худро, ки имрӯз ҷаҳониён онро бо номи «Девони кабир» мешиносанд ва мехонанд, эҷод кард, Абдурраҳмони Ҷомӣ бо осори манзум ва «Баҳористон»-и бехазонаш шукӯҳи забони тоҷикиро боло бурд, Сайидову Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва бузургони дигар бо асарҳои баландмазмуни худ барои пойдории забони тоҷикӣ корҳои шоистаи таърихиро анҷом доданд. Бояд гуфт, ки ҳарчанд тайи асрҳои тӯлонӣ забони тоҷикӣ ҳамеша забони илму адабу фарҳанг буд, аммо баъди зиёда аз ҳазору сад сол – танҳо дар замони истиқлол – бори дигар ба ҳайси забони расмии давлатӣ соҳиби мақому манзалати аслии худ гардид. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли тоҷикон эътироф гардидааст. Маҳз истиқлоли давлатӣ маҳдудиятҳои сунъиеро, ки дар роҳи рушди забони тоҷикӣ мавҷуд буданд, бартараф сохта, роҳи тараққиёти озодонаи онро таъмин намуд. Имрӯз Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон барои пешрафти забони давлатӣ ва густариши доираи истифодаи он тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Ҳоло дар кишвар муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муваффақона, зина ба зина ва бомаром амалӣ шуда истодаанд. Масъалаи истифодаи забони давлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, марказҳои инноватсиониву технологӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузории маҳалҳои аҳолинишин, номи ашхос ва самтҳои дигар дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад. Ин ҳолат аз манзалати забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як фарди миллатдӯст ва ватанпараст мебошад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳифзи асолати забони миллӣ дар замони ҷаҳонишавии босуръат, интишори бесобиқаи иттилооти гуногун, рушди техникаву технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ва таъсири фарҳангу забонҳои бегона яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, таъмин намудани рушди забони тоҷикӣ бо дарназардошти ҳамқадами навовариҳои илмӣ ва техникиву технологии ҷаҳон сохтани он низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад. Вазифаи олимону донишмандон дар чунин шароит аз он иборат аст, ки бо истифода аз тавоноиву имкониятҳои забонамон калимаву истилоҳоти нави мутобиқ ба мантиқу мазмуни соҳаҳои гуногунро сохта, ба истифода диҳанд, то дар ҳамаи қаламрави забони тоҷикӣ корбурди онҳо ҳамгуну ҳамсон бошад. Агар аз ҳозир дар фикри ба забони давлатӣ мувофиқ кардани забони инноватсия ва технологияҳо набошем, на танҳо санъати сухан ва маданияти гуфтори мо, балки фасоҳату равонӣ, покиву зебоии забони модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ таҳти таъсири манфӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамватанони азиз! Дар баробари омӯхтан ва арҷу эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ зарур аст, ки ба масъалаи донистани забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Зеро ба аҳли олам беҳтар муаррифӣ кардани таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон тавассути забонҳои хориҷӣ муяссар мегардад. Зарур аст, ки махсусан, ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Чунки забонҳои зикршуда аз ҷумлаи забонҳои ҷаҳонӣ мебошанд. Агар мо хоҳем, ки рушди ояндаи илмӣ ва техникиву технологии кишварамонро таъмин намоем, бояд шароит муҳайё созем, ки фарзандонамон забонҳои хориҷиро хуб омӯзанд ва ҳамчун кадрҳои ба талаботи замонаи пешрафт ҷавобгӯй ба камол расанд. Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавассути забони давлатӣ ва ба дараҷаи аъло донистани он ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, мо бояд ба китобхонӣ таваҷҷуҳи доимӣ диҳем, зеро хондани китоб, дар навбати аввал, боиси болоравии сатҳи забондонӣ, маърифатнокӣ ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон мегардад. Итминон дорам, ки ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси миллати тоҷик дар оянда низ ба хотири ҳифзи забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он ва вусъати доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ саъю талош мекунад. Ҳамчунин, аҳли илм, адибону ҳунармандони тоҷик бояд таҷриба ва анъанаҳои неки ниёгони хешро дар самти нигаҳдорӣ ва мондагории забони модарии худ идома дода, дар таҳкиму такмили он саҳми боз ҳам бештар гузоранд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забони мо мисли миллати мо яке аз куҳантарин забонҳои дунё буда, таърих ва мероси фарҳангии мардуми бостониамон, аз ҷумла Наврӯзро бо гузаштаи беш аз шашҳазорсолаи он дар худ инъикос кардааст ва то замони мо расонидааст. Наврӯз, дигар расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии мо мисли муҳаббат ба Ватан ва модар дар мағзи ҷони мо ҷой гирифтаанд ва мо бояд онҳоро эҳтиёт кунем ва рушд диҳем. Бори дигар

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлиси ҳукумат, нахуст, дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия гардида, мақсади асосии он зиёд намудани азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ мебошад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалисозии барнома имконият фароҳам мегардад, ки майдони 11800 гектар заминҳои нав азхуд ва 16750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шаванд. Барнома баъди муҳокима қабул гардид. Дастур дода шуд, ки сохторҳои давлатии масъул аз натиҷаи корҳо ва оид ба рафти иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳо ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Сипас, дар бораи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 гузориши вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, дар бораи Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳамо Холмаҳмадзода ва дар бораи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм солҳои 2026-2028 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд. Гуфта шуд, ки стратегияи таҳсилоти фарогир барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла рафъи монеа ва маҳдудиятҳо дар гирифтани таҳсилот ва фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳаёти муътадили онҳо мусоидат менамояд. Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ бо мақсади тақвият бахшидани низоми тайёрии касбии аҳолии қобили меҳнат, рушди таълими касбии аҳолии қобили меҳнат ва омода намудани захираҳои меҳнатии ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар зарурӣ, омода гардидааст. Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм солҳои 2026-2028 бошад, барои гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ дар самти иқтисоди “сабз” таҳия шудааст. Баъди баррасӣ аз руи стратегияҳо ва нақшаи амали номбаршуда қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, шахсони масъул барои амалисозии саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳо гирифтанд. Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, масъалаҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии стратегияҳо, нақшаҳои амал ва барномаҳои давлатии зимни маҷлис баррасишуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалии – 2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ дода шуд. 29.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Қонунҳои конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ  «Дар  бораи шаҳрвандӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»  ва қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо  «Дар  бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва  «Дар  бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди босуръати иқтисодӣ – иҷтимоӣ, волояти қонун ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд. Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад. 01.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозхонд намудан аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионӣ – Каримзода Карим Мазиё, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хушмаҳмадзода Алифмо, Ҷуразода Насиба Ермад, Пӯлодӣ Мавҷуда Комил бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Ваҳобзода Шаҳло Хотам, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон – аз вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Раҷабзода Парвина Шариф – аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан, Абдураҳимзода Дилором Рустам – аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ – аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси  Коллегияи ҳарбӣ, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон, Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ аз вазифаи судяҳои Суди Олии иқтисодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам – муовини раиси Суди конститутсионӣ ва Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ – судяи Суди конститутсионӣ, Раҷабзода Ҳотам Назар -муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхӯҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Парвина Шариф судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд. 30.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ва 2 иншоот ба таври фосилавӣ

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия санги асос гузошта буданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардид. Бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз се ошёна иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Маҷлисгоҳ 100 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Атрофи иншооти тозабунёд чароғон ва сабзкорӣ шудааст, ки ба маркази ноҳия зебоии дучанд зам мекунад. Бунёди бинои нави Шуъбаи маориф дар ноҳияи Файзобод барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам овард. Ин иқдом барои аҳли маориф имкон медиҳад, ки фаъолияташонро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, барои рушди соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи хонандагон саҳм гузоранд. Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 68 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ ва 4 кӯдакистон бо фарогирии зиёда аз 30 ҳазор хонанда фаъолият доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ва масъулини соҳаи маориф барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Қариб 50 фисади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзободро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 12 нафарашон духтарон мебошанд. Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 305 духтари ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Шаҳтакиён ва Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 6-и деҳаи Шаҳтакиёни ноҳия, ки Баҳор номгузорӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Муассиса аз 5 ҳуҷра ва ошхона иборат буда, бо шароити мусоид таъмин мебошад ва тибқи лоиҳа барои 50 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи хониш мувофиқ ба завқи кӯдакону наврасон фароҳам гардидааст. Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои маишӣ, таваққуфгоҳ, анбор ва дигар иншооти ёрирасон мебошад Сокинони ноҳияи Файзобод бо назардошти шароити фароҳамшуда ва таъмини ҷойҳои корӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд. Собиқадори соҳаи маориф Носир Саиди 80-сола, ки умри пурбаракати худро ба омӯзгории забони англисӣ бахшида, имрӯз низ дар шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият дорад, намунаи садоқат ба касб ва фидокорӣ мебошад. Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Носир Саид, барои хизмати арзандааш дар таълиму тарбияи насли наврас изҳори сипос карданд. 30.09.2025 ноҳияи Файзобод

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ ва пардабардорӣ аз пайкараи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Файзобод

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд. Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Майдони Парчами давлатӣ ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур бо ҳадафи таҳкими худшиносӣ ва боло бурдани эҳсоси ватандӯстии сокинон сохта шуда, рамзи ваҳдату ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар майдони муқаддасоти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр мебошад. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати умумии 46 садяк бунёд гардидааст. Тадбири мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод ба майдони муқаддасоти миллӣ ҳусни дигар зам намуда, шаҳодати тарғиб ва ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва ҳамчунин эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурифтихори тоҷикон аст. Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди иншооти навро дар маркази ноҳия дар самти қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Аз ин пас майдони муқаддасоти миллӣ ба яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ мубаддал гардида, ҳамчунин, дар он барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам мешавад. Ба масъалаи сабзазор ва гулпӯш намудани атрофи иншооти тозабунёд таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҳудуди он бо гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию сояафкан ва фаввораҳои зебо оро дода шудааст. Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи майдони Парчами давлатӣ ва назди пайкараи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст, ки шабонгоҳ хеле зебову назаррабо мебошад. 30.09.2025 ноҳияи Файзобод

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд. Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои кишту парвариши онҳо бештар мусоид мебошад, дода шудааст. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Файзобод афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад. Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору  39 тонна ғалладонагӣ,  7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полезӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо аз кишти такрорӣ дар майдони 240 гектар идома дорад. Намоишгоҳ, ки дар  шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини ноҳия дар самти истифодаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон, фатир ва кулча ҳам дар шакли густурда бозгуи заҳмати аҳлона аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузаронидани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд. 30.09.2025 ноҳияи Файзобод

Президент, Хабарҳо

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 29 сентябри соли 2025 №АП-880

Прокрутить вверх