Президент

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ имкон медиҳанд то масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, мавқеи ҷонибҳо оид ба самтҳои калидӣ ҳамоҳанг гарданд. Сарони давлатҳо ба рушди устувори муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода, ба баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ба ҳисоб меравад. Фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла “сабз” ибрози омодагӣ карда шуд. Аз рушди мусбати робитаҳои байниминтақавӣ ва ҷоннок гардидани робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба масъалаҳои ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Зарурати идома додани табодули илмию фарҳангӣ таъкид гардид. Дар анҷоми мулоқот сарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамкории судманди Тоҷикистону Узбекистонро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд. Изҳори бовар карда шуд, ки иқдомҳои муштараки амалишаванда, ба нафъи мардуми ду давлати бародар хизмат хоҳанд кард. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Туркманистон аҳамияти хоса медиҳад. Ҷонибҳо омодагии худро ба рушди ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла самтҳои нави “сабз” баён карданд. Ҳамзамон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ зарур шумурда шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ зоҳир гардид. Густариши равобити фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва дигар чорабиниҳои муштарак муҳим арзёбӣ гардид. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “бо шарофати саъю кӯшиши муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мо тавонистем тамоми масъалаҳои мавҷударо дар муносибатҳои дуҷониба ҳал намоем”. Амалисозии тавофуқоти қаблан ба дастомада зарур шумурда шуд. Ба истифодаи самараноки имконоти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба татбиқи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки мо бояд доираи муносибатҳои фарҳангӣ ва гуманитариро васеъ созем. Ҳамкории наздики кишварҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ таъкид карда шуд. Ҳамчунин, атрофи таҳкими ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вокуниш ба таҳдиду хатарҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Қазоқистон аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо алоқаманди рушди шарикии стратегию ҳампаймонии давлатҳоямон мебошем”. Муҳимияти Шартномаи ҳампаймонӣ, ки имкониятҳои нави рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориро миёни ду давлат фароҳам меорад, таъкид гардид. Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба 670 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда пешсафии Қазоқистонро дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон собит менамояд. Барои боз ҳам беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷониба зиёд намудани номгуйи маҳсулоти содиротию воридотӣ ва фаъолгардонии бештари кори Комиссияи байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд. Ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, технологияҳои нав, аз ҷумла дар самтҳои “сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои башарӣ, аз ҷумла маориф ва фарҳанг ҳам аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Музокироти васеи сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия

Музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. “Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, – изҳор доштанд дар оғози музокирот Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”. Бо ёдоварӣ аз ҷаласаи чанде пеш баргузоршудаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бисёр масъалаҳо дар доираи кори ин комиссия ҳалли худро меёбанд. Таъкид гардид, ки санадҳои имрӯз имзошаванда низ ба рушди ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш такони нав мебахшанд. Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия доираи васеи масоил аз соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ то илму маориф ва амнияту мудофиаро фаро гирифтанд. Дар ин замина ба омода намудани кадрҳо ва мутахассисони дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Имконоти тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Густариши долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъмини устувории шабакаҳои боркашонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар мадди назар қарор гирифт. Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва идеологияи радикалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Изҳори бовар карда шуд, ки густариши шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва таҳкими сулҳу суботи дарозмуддат дар минтақа хизмат хоҳад кард. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия

Музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар Қасри миллат оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуданд. Муҳтарам Владимир Путин, дар навбати худ Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор доштанд, ки Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад. Бо ишора ба  рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ҳамчунин, ба натиҷаҳои интизорӣ аз музокироти имрӯза, изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ба нафъи мардумони ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

Бегоҳии 8 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 9 октябр маросими бошукуҳи истиқболи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом ороста шуда буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бегоҳии 8 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд. Ёдовар бояд шуд, ки пагоҳ 9 октябр сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон идома ёфта, нимаи дуюми рӯз Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор мешавад. Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ рӯзи 10 октябр доир хоҳад шуд. 08.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Табрикоти самимии маро ба муносибати Зодрӯзатон қабул фармоед. Шумо бо фаъолияти худ чун роҳбари давлат ба эҳтироми самимии ҳамватанон ва хориҷ аз кишвар ба обрӯи баланд ноил гардидаед. Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда, пайваста мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам карда истодааст. Шумо дар тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни кишварҳоямон саҳми шахсии бузург доред. Ва мо, албатта, кори фаъоли муштаракро оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ идома хоҳем дод. Бовар дорам, ки муоширати дарпешистодаи мо дар Душанбе созанда ва босамар хоҳад буд, ба густариши минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои барои Россияву Тоҷикистон судманд, ҳамчунин, таҳкими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат хоҳад кард. Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, саодатмандиву рифоҳ ва дастовардҳои нав хоҳонам».   Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин   *****   Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Шуморо аз самими қалб табрик намуда, беҳтарин таманниёти худро ирсол менамоям. Имсол мо ду ҷаласа- аввал дар Остона, баъд аз он дар Пекин анҷом додем, ба як силсила тавофуқот ноил гардидем, нақшаи рушди муносибатҳои шарикии ҷомеи стратгии миёни  Чину Тоҷикистонро дар аҳди нав муайян намудем. Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, дӯстии амиқамро бо Шумо қадр мекунам ва омодаам, ки бо саъю талоши муштарак бо Шумо ба таъмиқ ва таҳкими пайвастаи ҳамкории ду кишвар мусоидат намуда, ҷомеаи тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро бо муҳтавои ғанитар пур намоям. Ба Шумо саломатии бардавом, муваффақият ва дар рисолати олиятон дастовардҳои нав таманно дорам.   Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин   *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Беинтиҳо шодам, ки Шуморо бо ҷашни фархундаи зодрӯзатон аз сидқи дил самимона табрик менамоям ва таманниёти некро иброз медорам. Дар Узбекистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори ботаҷриба, ки бо эҳтирому қадрдонии бузург шинохта шудаед, хуб мешиносанд ва арҷ мегузоранд. Ислоҳоти густурда ва корҳои бузурги созандагие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, барномаҳои судманд, ки ба пайваста баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд, инчунин афзоиши бемайлони обрую нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бешубҳа, бевосита бо номи Шумо вобаста мебошанд. Далели равшани ин андешаи ман дастгирии фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ аз ташаббусҳои муҳими пешбаринамудаи Шумо, ки аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд, мебошад. Итминон дорам, ки бо талошҳои қатъии муштарак ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ минбаъд низ босуръат рушд намуда, ба пешрафт ва шукуфоии умумии мардумони бародари мо мусоидат хоҳад кард. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Бешубҳа, мулоқотҳои кушоду пурсамари дарпешистодаи сатҳи олӣ, тавофуқҳои муҳим ва лоиҳаҳои мушаххас ба ҳамкории фарогир ва судманди ҷонибҳо, ки солҳои охир бо суръат рушд дорад, такони нав мебахшанд. Бори дигар Шуморо бо ин санаи хотирмону фархундаи зиндагиатон самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, пешрафти бардавом ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».   Президенти Ҷумҳурии Узбекистон  Шавкат Мирзиёев     *****   «Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Зодрӯзатон бипазиред. Шумо пешвои аз ҷониби тамоми мардуми худ эътирофшуда ва ходими барҷастаи давлатӣ мебошед, ки, воқеан ҳам, дар ташаккул ва рушди Тоқикистони соҳибистиқлол саҳми таърихӣ гузоштаед. Истиқрори сулҳи дарозмуддат ва таҳкими ваҳдати миллат бо номи Шумо пайванди ногусастанӣ дорад. Зери роҳбарии қавӣ ва  хирадмандонаи Шумо Тоҷикистони бародар ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардида, обрӯ ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд. Бовар дорам, ки мардуми тоҷик дар  самти стратегии муайянкардаатон ҳаракат намуда, бо татбиқ намудани ислоҳоти фарогир ба ҳадафҳои олие, ки Шумо ҷиҳати бунёди давлати муваффақ ва шукуфо гузоштаед, хоҳад расид. Ман муносибатҳои боваринокамонро қадр намуда, саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи миёни кишварҳо ва мардумонамон хеле боарзиш медонам. Бо таъкиди он, ки мо ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи  шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни  Қазоқистону Тоҷикистон азми қатъӣ дорем, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, неруи бепоён, рифоҳи оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи Тоҷикистони бародар муваффақиятҳои нав орзумандам».   Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев   *****   «Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, Шуморо сидқан ба муносибати Зодрӯзатон табрик менамоям. Сиёсати давлатии Шумо ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисоди кишвар, афзоиши некуаҳволии мардум ва таҳкими обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Имсол, ки бо боздидҳои муҳимми сатҳи олӣ ҳамроҳ буд, дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба марҳилаи муҳим гардид. Гуфтушунидҳои пурмуҳтавою босамар дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва созанда анҷом ёфтанд. Аз рӯи ин мулоқот, ки ба рушди муносибатҳои некуҳамсогии қирғизҳову тоҷикҳо ва таъмиқи боварӣ миёни мардумонамон равона шудаанд, тавофуқоти муҳим ба даст омад. Бовар дорам, ки ҳамкорӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи эҳтироми мутақобил ва шарикӣ таҳким хоҳад ёфт. Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодати оилавию рифоҳ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ, ба мардуми Тоҷикистон – сулҳу шукуфоӣ орзумандам»   Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров   *****   Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Зодрӯзатон ирсол менамоям. Шумо ҳамчун ходими хирадманди давлатӣ ва дурандеш тӯли солҳои зиёд собитқадамона ба нафъи мардуми худ заҳмат мекашед. Зери роҳбарии Шумо иқтисоди Тоҷикистон устуворона рушд намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар ва обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ баланд шуда истодааст. Сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаи Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, мехостам, саҳми шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстонаамон таъкид намоям. Бо истифода аз фурсат, уҳдадориҳои худро роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, омодагиамонро ҷиҳати дастгирии ташаббусҳое, ки ба густариши шарикии мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон равона шудаанд, изҳор менамоям. Дар анҷом, ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар корҳоятон комёбиҳои нав, ба мардуми бародари кишваратон – сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям   Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов     *****   «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Самимитарин табрикот ва таманниёти неки маро ба муносибати Зодрӯзатон бипазиред. Имрӯз ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва хидмати содиқонаи Шумо ба нафъи кишвар, Тоҷикистон собитқадамона ва бо боварӣ бо роҳи рушди дарозмуддат ва ҳамаҷониба пеш рафта истодааст. Он муваффақиятҳои назаррасе, ки кишвари бародар дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик мегӯям. Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст. Яъне тоҷикон роҳи тайкардаи худро дар хотираи таърихии хеш маҳз ба василаи забони модарӣ ҳифз кардаанд. Дар тӯли таърих забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд. Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи хонадони Сомониён, сиёсатмадорони ватандӯсту донишманд ва аҳли илму адаби он давра забони дарии тоҷикӣ мавқеи худро дубора устувор кард ва мақоми расмии давлатӣ касб намуд. Сомониён бо фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти илм ва фарҳангу адабиёт рушди забони тоҷикиро таъмин карданд. Ба ибораи дигар, забони адабии тоҷикӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва асоси тамоми меъёрҳои он гузошта шуд. Ин меъёрҳо дар давоми зиёда аз ҳазор сол, яъне то имрӯз мунтазам суфтаву устувор гардида, барои рушди забони тоҷикӣ дар шакли хаттию шифоҳӣ хизмат кардаанд. Қобили зикри хос аст, ки меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ аз аҳди Сомониён то имрӯз ба тағйироти хеле кам дучор гардидаанд. Донишмандон эътироф кардаанд, ки чунин падида дар низоми забонҳои дунё камназир мебошад. Сомониён ҳамчун хонадони миллатдӯсту ватанпарвар мақоми забони тоҷикиро чун забони расмӣ устувор карда, асосҳои сиёсии инкишофи онро фароҳам сохтанд. Олимону донишмандон ва шоирону нависандагони тоҷик аз он рӯзгор то имрӯз барои рушду такомули забони модарии худ осори илмиву адабии пурғановате навишта, заминаҳои мондагории онро таъмин намуданд. Забоне, ки дар саргаҳи рушди он устод Рӯдакӣ қарор дошт, ба ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ имкон дод, ки «Шоҳнома»-и безаволи худро таълиф намояд, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо нафар олимону донишмандони дигар шукӯҳу ҷалоли забони тоҷикиро ба аҳли олам муаррифӣ карданд, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ» ва ғазалиёти дилошӯби худро, ки имрӯз ҷаҳониён онро бо номи «Девони кабир» мешиносанд ва мехонанд, эҷод кард, Абдурраҳмони Ҷомӣ бо осори манзум ва «Баҳористон»-и бехазонаш шукӯҳи забони тоҷикиро боло бурд, Сайидову Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва бузургони дигар бо асарҳои баландмазмуни худ барои пойдории забони тоҷикӣ корҳои шоистаи таърихиро анҷом доданд. Бояд гуфт, ки ҳарчанд тайи асрҳои тӯлонӣ забони тоҷикӣ ҳамеша забони илму адабу фарҳанг буд, аммо баъди зиёда аз ҳазору сад сол – танҳо дар замони истиқлол – бори дигар ба ҳайси забони расмии давлатӣ соҳиби мақому манзалати аслии худ гардид. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли тоҷикон эътироф гардидааст. Маҳз истиқлоли давлатӣ маҳдудиятҳои сунъиеро, ки дар роҳи рушди забони тоҷикӣ мавҷуд буданд, бартараф сохта, роҳи тараққиёти озодонаи онро таъмин намуд. Имрӯз Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон барои пешрафти забони давлатӣ ва густариши доираи истифодаи он тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Ҳоло дар кишвар муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муваффақона, зина ба зина ва бомаром амалӣ шуда истодаанд. Масъалаи истифодаи забони давлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, марказҳои инноватсиониву технологӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузории маҳалҳои аҳолинишин, номи ашхос ва самтҳои дигар дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад. Ин ҳолат аз манзалати забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як фарди миллатдӯст ва ватанпараст мебошад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳифзи асолати забони миллӣ дар замони ҷаҳонишавии босуръат, интишори бесобиқаи иттилооти гуногун, рушди техникаву технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ва таъсири фарҳангу забонҳои бегона яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, таъмин намудани рушди забони тоҷикӣ бо дарназардошти ҳамқадами навовариҳои илмӣ ва техникиву технологии ҷаҳон сохтани он низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад. Вазифаи олимону донишмандон дар чунин шароит аз он иборат аст, ки бо истифода аз тавоноиву имкониятҳои забонамон калимаву истилоҳоти нави мутобиқ ба мантиқу мазмуни соҳаҳои гуногунро сохта, ба истифода диҳанд, то дар ҳамаи қаламрави забони тоҷикӣ корбурди онҳо ҳамгуну ҳамсон бошад. Агар аз ҳозир дар фикри ба забони давлатӣ мувофиқ кардани забони инноватсия ва технологияҳо набошем, на танҳо санъати сухан ва маданияти гуфтори мо, балки фасоҳату равонӣ, покиву зебоии забони модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ таҳти таъсири манфӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамватанони азиз! Дар баробари омӯхтан ва арҷу эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ зарур аст, ки ба масъалаи донистани забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Зеро ба аҳли олам беҳтар муаррифӣ кардани таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон тавассути забонҳои хориҷӣ муяссар мегардад. Зарур аст, ки махсусан, ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Чунки забонҳои зикршуда аз ҷумлаи забонҳои ҷаҳонӣ мебошанд. Агар мо хоҳем, ки рушди ояндаи илмӣ ва техникиву технологии кишварамонро таъмин намоем, бояд шароит муҳайё созем, ки фарзандонамон забонҳои хориҷиро хуб омӯзанд ва ҳамчун кадрҳои ба талаботи замонаи пешрафт ҷавобгӯй ба камол расанд. Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавассути забони давлатӣ ва ба дараҷаи аъло донистани он ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, мо бояд ба китобхонӣ таваҷҷуҳи доимӣ диҳем, зеро хондани китоб, дар навбати аввал, боиси болоравии сатҳи забондонӣ, маърифатнокӣ ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон мегардад. Итминон дорам, ки ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси миллати тоҷик дар оянда низ ба хотири ҳифзи забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он ва вусъати доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ саъю талош мекунад. Ҳамчунин, аҳли илм, адибону ҳунармандони тоҷик бояд таҷриба ва анъанаҳои неки ниёгони хешро дар самти нигаҳдорӣ ва мондагории забони модарии худ идома дода, дар таҳкиму такмили он саҳми боз ҳам бештар гузоранд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забони мо мисли миллати мо яке аз куҳантарин забонҳои дунё буда, таърих ва мероси фарҳангии мардуми бостониамон, аз ҷумла Наврӯзро бо гузаштаи беш аз шашҳазорсолаи он дар худ инъикос кардааст ва то замони мо расонидааст. Наврӯз, дигар расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии мо мисли муҳаббат ба Ватан ва модар дар мағзи ҷони мо ҷой гирифтаанд ва мо бояд онҳоро эҳтиёт кунем ва рушд диҳем. Бори дигар

Прокрутить вверх