Президент

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд. Ба рушди ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Оид ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз қабили саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ табодули судманди афкор ҷараён гирифт. Татбиқи босамари Лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли минбаъда аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд. Мусоҳибон атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва авзои мураккаби минтақа ва ҷаҳон, ки ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ мерасонад, андешаронӣ намуданд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт. 23.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Тавре таъкид гардид, авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари  ҳамкории муассирро тақозо менамояд. Доир ба татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор,  ташаббуси “Созмони Милали Муттаҳид-2.0”, Диди Дабири кул оид ба низоми муосири Созмони Милал ва ислоҳоти фарогири он тибқи барномаи “Созмони Милали Муттаҳид-80”, ташаббуси Дабири кул оид ба “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама” ва иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Бо таассуф зикр гардид, ки то соли 2030 танҳо 35 фоизи Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд. Ба таъкиди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастрасии васеъ ба ин ҳадафҳо истифодаи муассир аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳим мебошад. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба конфронсҳои оби Созмони Милал – 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид. Ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ барои бартарафсозии таҳдиду хатарҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли онҳо зарур дониста шуд. 22.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд. “Мо  раванди рушди робитаҳои ҳамкории  Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо   мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”, – изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи муколама ва тамосҳои сиёсии байнидавлатӣ дар сатҳҳои гуногун, тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки истифода аз захираҳои фаровони табиӣ ва башарии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои энергияи “сабз”, маъданҳои нодир ва дар якҷоягӣ бо технологияҳои пешрафтаву сармояи Португалия метавонад ба нафъи ҳарду кишвар хизмат намояд. Ҳамкорӣ дар бахшҳои башарӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ва табодули устодону донишҷӯён низ дорои имконоти фарох арзёбӣ гардид. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла атрофи мавзӯъҳои вобаста ба обу иқлим ва пуштибонӣ аз сулҳу субот дар ҷаҳони пешгӯинашавандаи имрӯза сурат гирифт. 22.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд. Таъкид гардид, ки ду кишвар барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ арҷ мегузоранд. Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидорӣ зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонида шаванд. Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. 22.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 21.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд. Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи иншооти муосир – бинои муосири кумита самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар аксари сохторҳои кумита дар ҷумҳурӣ бо биноҳои нави маъмурӣ таъмин гардиданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ мебошад. Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иловатан 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бунёди ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Зарур шумурда шуд, ки роҳбарият ва ҳар як корманди соҳа бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии пайомадҳои он андешаронӣ намуда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи фаъолияти шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистонро таҳлил намуда, тавсеаи онҳову дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва истифода аз таҷҳизоти навинро зарур шумурданд. Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор арзёбӣ карда шуд. Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии Ромит ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх фаъолияти худро дар самти барқарор ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот самаранок ба роҳ монанд. Сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Барои рушди низоми рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зистро дар кишвар таҳлил намуда, барои ҳалли мушкилоти экологии мавҷуда дар назди масъулин як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад. Сохторҳои марбута супориш гирифтанд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд. Гуфта шуд, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Дар ин зимн, ташкили корхонаҳои калони коркарди партовҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо амри муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои амалӣ намудани стратегияву барномаҳо чораҳои иловагӣ андешад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дар назар гирифтани таҷрибаи пешқадам «Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалии донандаи забонҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маънидод гардида, мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» таъсис дода шавад. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати хешро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона намуда, рисолати худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд. 17.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони биноҳои зисти бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2022 оғоз ёфта, фармоишгари он Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иншооти хизматӣ аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст. Ду бинои зист дорои 120 хона, аз ҷумла 40 хонаи якҳуҷрагӣ, 40-то дуҳуҷрагӣ ва 40 хонаи 3 ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 10 904 метри мураббаъ мебошад. Дар иншооти мазкур 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд ва дар як вақт фарзандони онҳо метавонанд ба таълим дар муассисаи томактабӣ фаро гирифта шуда, мутахассисони ҷавон бо оилаҳояшон аз имкониятҳои мавҷуда, ба таври самаранок истифода намоянд. Дар ошёнаи якуми бино боғчаи кӯдакона ҷойгир буда, дар он 4 толори бозии зеҳнӣ, 4 синфхонаи машғулияти таълимӣ, 4 ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҷойи шустушӯӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи хонаҳои хизматӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳии шаҳрӣ пайваст гардидааст. Майдони варзишӣ дар масоҳати 960 метри мураббаъ бо лавозимоти зарурӣ сохта шудааст. Дар назди биноҳо дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуда, гирду атрофи он чароғон гардидааст, ки шабонгоҳ ба симои шаҳр ҳусни дигар зам мекунад. 17.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои маъмурӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудааст. Аснои боздид аз шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти тозабунёд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва инноватсионӣ, ки дар ошёнаи якуми бинои тозабунёди маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи рақамикунонии муҳити зист, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ идора карда мешавад, шинос шуда, бо як гуруҳ мутахассисони соҳа, суҳбати самимию созанда доир намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони ҷавон даъват намуданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, ба нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Дар маркази номбурда, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи обу ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ ва дигар бахшҳо ҷой дода шуда, барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар маркази мазкур ба кор ҷалб гардидаанд. Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази рақамикунонӣ ва инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии Кумита зимни баргузории амалиёти гуногуни назорати давлатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба нозирони минтақаҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ тавсияву машваратҳо медиҳанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурӣ 92 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷой, ошхона, китобхона, бойгонии Кумита, ду толори конфронсӣ, таҳхона барои нақлиёти хизматӣ ва 100 пенели офтобӣ бо иқтидори 70 кВт/с мавҷуд мебошад. Бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифати ватанӣ, аз қабили сангҳои серанит, гранит, мармар ва кошинҳои сафолӣ истифода шудааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз ёфта, Фармоишгари бунёди иншоот Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори асосӣ ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мақсад” мебошад. Сохтмони бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Гирду атрофи бино чароғон карда шуда, дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи муҳити зист дар рӯзҳои таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарону масъулони ин бахш даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида тамоми кушиш ва талоши хешро баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист дар кишвар равона созанд. Дар навбати худ кормандони соҳаи муҳити зисти кишвар барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу қадрдонии амиқи хешро иброз доштанд. 17.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад. Ёдовар мешавем, ки 4 сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт – кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд. Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар ин иншооти замонавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад. Баъди бунёди иншооти мазкур аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ шуд. Имкон аст, ки дар меҳмонхона 200 нафар ба кор таъмин гардад. Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад. Мавриди зикр аст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд. Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ 1,18 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элит-Строй-Сервис” мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба анҷом расонида шудааст. Соҳибкорони ватанӣ аз 1 июли соли 2023 ба муҳлати 20 сол бо ширкати Интерконтинентал Ҳотелз Групи Лондон (Intercontinental Hotels Group) таҳти бренди “Кровн Плаза” (Crowne Plaza) шартнома ба имзо расонида буданд. Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 3 тарабхона, толор барои зиёфатҳои расмӣ бо 150 ҷой, 3 қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи дуюм толорҳои конфронс бо номҳои зебои марказҳои маъмурии шаҳрҳои кишвар номгузорӣ шуда, инчунин макони баргузории вохӯриҳои сатҳи баланд, омода гардидааст. Дар ду қабат таҳхонаи бинои меҳмонхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 100 нақлиёт ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ сохта шудааст. Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибикорони ватанӣ бунёд гардид. Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд, зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад. Дар маркази калони тиҷоратӣ, ки аз 18 ошёна иборат мебошад, барои доираҳои васеи соҳибкорӣ шароити муосири кор фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, аз ошёнаҳои аз 1 то 8 идораи маъмурии ширкатҳо ва дар ошёнаҳои аз 9 то 18 дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудааст. Баъди ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ дар ин ҷо барои 100 нафар ҷои кори доимӣ ташкил гардид. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст. Бо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ ҳамзамон ба пойтахти кишвар зебогии нав зам гардид. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намуда, хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Баъди шиносоии пурра бо шароити кору хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи “Кровн Плаза Душанбе” Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, онҳоро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд. 16.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай

1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Чин дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Маркази байналмилалии Мэйтсзян Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифтанд ва сипас аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо ва барномаи консертӣ баргузор шуд. 31.08.2025 Чин

Прокрутить вверх