Президент

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд. 31.08.2025 Чин

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 31.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Чжэ Мён

28 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Чжэ Мён баргузор гардид. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ҷаноби Ли Чжэ Мёнро ба муносибати интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея бори дигар табрик намуданд. Ҷонибҳо ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ карданд. Масъалаҳои рушди минбаъдаи онҳо дар маркази диққати ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, саноатикунонӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва дигар самтҳои фарҳангиву гуманитарӣ қарор дошт. Дар ин замина Пешвои миллат нақши созандаи Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро (KOICA) дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъкид карданд. Дар баробари ин, суҳбат атрофи пешбурди ҳамкориҳои судманд дар чорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Корея” сурат гирифт. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Президент, Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар

28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд. Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки низомиёни кишвар имрӯз низ дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми басо муҳимму арзишманд гузошта истодаанд. Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон ҳамеша омода мебошанд. Таъкид гардид, ки фаъолияти пурсамар ва хизмати содиқонаи низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамеша қадрдонӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯи анъанаи нек ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида мешаванд. Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат ба давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон, яъне хизмат ба модар буда, барои ҳар як ҷавонмард қарзи фарзандӣ ва дар айни замон шараф ва ифтихор аст. Зеро заҳмати созандаи мардум ба хотири рушди устувори давлат ва ободии Ватан, инчунин, зиндагии осудаву ороми ҳар як оила ва ҳар як фарди ҷомеа танҳо дар сурати барқарор будани амнияту субот ва низому тартибот имконпазир мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низомиён муроҷиат карда, онҳоро ба дӯст доштани миллат ва Ватани азизи худ ҳидоят намуданд. Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд. Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон ва дигар хизматчиёни низомӣ бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали хизмати шоиста, медали Шафқат ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи дараҷавии генерал-полковники адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-полковник, генерал-полковники гвардия, генерал-полковники милитсия, генерал-лейтенант, мушовири давлатии адлия дараҷаи 3, генерал-майори адлия, генерал-майор ва генерал-майори хадамоти гумрук, дода шуд. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад. Дар маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чор сарбози қаторӣ аз қушунҳои сарҳадӣ барои корнамоию шуҷоат дар ҳифзи сарҳади давлатӣ медалҳо тақдим намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҷоату матонат, садоқату масъулияти баланди сарбозони ҷавонро махсус таъкид намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд. Зимни суҳбати самимие, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳомиёни ҷавони Ватан доштанд, ба онҳо насиҳатҳои падарона карда, ҷавононро ба дӯст доштани Модар-Ватан ва ҳифзи содиқонаву поквиҷдодонаи муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд. Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд. Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ тамоми донишу малака ва таҷрибаву тавоноии худро барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар сафарбар месозанд. 28.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо бунёдгарони неругоҳи барқии обии Роғун

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо кормандони Неругоҳи обии Роғун ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои то имрӯз бадастомада нисбат ба боздиди соли гузашта беҳтар ва назаррас мебошанд. Оид ба аҳамияти иншооти муҳими соҳаи энергетика андешаронӣ намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки “бо бунёд ва пурра ба кор андохтани “Роғун” мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзаву ояндаро таъмин мекунем”. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ду агрегати аввалини неругоҳи Роғун аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки соли 2026 иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад. Зимни таҳлили вазъи корҳои сохтмонӣ таъмин намудани суръату сифати корҳои сохтмони неругоҳ, инчунин, дар сатҳи баланд ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ тезонидани бунёди сарбанд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иқтидорҳои навбатии неругоҳ зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки аз оғози соли 2025 барои корҳои анҷомёфта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,3 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст. Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст. Аз ҷумла, тайи давраи солҳои 2024-2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизми нав ворид карда шуд. Барои вусъати корҳо ва иҷрои саривақтии нақшаи пешбинишудаи сохтмон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоишгар ва пудратчиёни бунёди неругоҳи барқии Роғунро вазифадор намуданд. Аз Ширкати Вибилд талаб карда шуд, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлатҳои муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли равон дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд. Ширкати Вибилд вазифадор гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ роҳандозӣ намояд, шумораи мошину механизмҳоро зиёд карда, захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин ва барои истифодаи самаранок аз хатти конвеерӣ тадбирҳои амалӣ андешад. Ширкати Тоҷикгидроэлектромонтаж супориш гирифт, ки нақби сохтмонии қабати чорумро бо тамоми иқтидори он то мавсими селобҳо, яъне на дертар аз моҳи апрели соли 2026 барои истифода омода намояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатҳои пудратӣ дастур доданд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолие, ки аз минтақаи зериобшаванда кӯчонида мешавад, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Таъкид гардид, ки Мудирияти минтақаи зериобшаванда то имрӯз 15 ҳазору 400 аъзои оилаҳои дар марҳалаи якум ва дуюми минтақаи зериобшаванда қарордоштаро аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун бо манзилҳои доимии зист ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудааст. Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки дар маҳалли сохтмони неругоҳ ва атрофи он ҳамзамон бунёди роҳу пулҳои мошингард идома дошта, ба масъалаи кашидани хатти оби нушокӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии неругоҳи Роғун, инчунин, ҷалби маблағ дар назди вазорату идораҳои марбута, Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқии обии Роғун, Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқии обии Роғун, Муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқии обии Роғун ва ширкатҳои пудратӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳо дар Неругоҳи обии Роғун Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки корҳо дар ҳамаи самтҳо бо маром идома доранд. Изҳори бовару дилпурӣ намуданд, ки  ҳамаи супоришу тавсияҳои Пешвои миллат барои то моҳи августи соли 2027 расидан ба истиқлоли энергетикии кишвар  саривақт ва бо сифати баланд иҷро мешаванд. 27.08.2025 шаҳри Роғун

Президент, Хабарҳо

Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби обрави агрегатҳои №1 ва 2-и обқабулкунаки доимӣ дар Неругоҳи барқии обии Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и Неругоҳи барқии обии Роғун шинос шуданд. Корҳои нақбканӣ ва устуворсозии обрасонҳо дар ҳоли анҷомёбӣ буда, сементрезии мустаҳкамкунанда ҷараён дорад. Барои насби оҳанфилизот ва бетонхобонии дохили обрасонҳо лулаҳои филизӣ, ки қутрашон 7 метрро дар бар мегирад, омода карда мешаванд. То ин вақт дар қисмати поёнии обрасони агрегати №4 бо дарозии 64 метр ва дар қисмати поёнии обрасони агрегати №3 бошад бо дарозии 16,2 метр лулаҳои филизӣ насб карда шудаанд. Имрӯз коргарону мутахассисони Неругоҳи барқии обии Роғун бо дарки аҳаммияти ин иншооти энергетикии кишвар барои ояндаи дурахшон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолият намуда, бо неруи созанда ҳамарӯза ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд. Ҳолати воқеии корҳои сохтмонӣ нишон медиҳад, ки бунёдгарони ин иншооти тақдирсози миллат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида, ҳадаф якдилона барои ҳарчи зуд ба анҷом расонидани сохтмон равона карда шудааст. Нақбҳои обрасон, ки дар маҷмуъ 6 адад мебошанд, аз иншооти асосии таҳти фишори баланд қарордошта дар неругоҳ ба ҳисоб мераванд. Яъне тавассути ҳамин нақбҳо об то чархаҳои неругоҳ интиқол меёбад. Бо назардошти ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳаи энергетикаи кишвар ва коргарону мутахассисонро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ босифат ба иҷро расонидани сохтмон вазифадор намуданд. Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. 26.08.2025 шаҳри Роғун

Президент, Хабарҳо

Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқии обии Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти гидроэнергетикӣ шинос шуданд. Сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун баландтарин сарбанди хокию сангӣ дар ҷаҳон буда, сатҳи болоии он дар баландии 1300 метр ва сатҳи поёнии он бошад дар баландии 965 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Сарбанди неругоҳ аз якчанд қисм ба монанди призмаи такядевори болоӣ, призмаи такядевори поёнӣ, борсанги призмаҳо, филтрҳои минтақаи гузариш ва ядрои сарбанд иборат аст. Ядрои сарбанд қисми асосии сарбанди хокию сангӣ маҳсуб ёфта, аз маводи гилхоки сангрезадори қобилияти обгузаронияш хеле паст дар маркази сарбанд барои нагузаронидани  об сохта мешавад. Дар  минтақаи сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун  кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми пуриқтидор сафарбар карда мешаванд. Дар ин қитъаи сохтмонӣ дар баробари муҳандисону бинокорон геодезистон ва кӯҳнавардон низ шабонарӯзӣ фаъолият карда, барои бехатар гардонидани қитъаҳои сохтмонӣ бо симбандии ёнаҳои кӯҳ машғуланд. Зимни сафари кории қаблиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқии обии Роғун дастур дода буданд, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ядро бо истифода аз техникаву технологияҳои замонавӣ суръат бахшида шуда, масъулон дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намоянд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат хобонидани шағал дар призмаҳои такядевори болоӣ ва поёнии сарбанд  ва мувофиқи технология қабат ба қабат хобонидани маводи гилхоку филтрҳо дар ядрои сарбанд то сатҳи 1105 метр аз сатҳи баҳр иҷро гардидааст.  Яъне дар муддати як сол сарбанд 70 метр баланд бардошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳ давоми соли 2025 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб ва дар маҷмуъ 33,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои куҳӣ, шағал, гилхоки сангрезадор ва филтрҳои минтақаи гузариш хобонида шудааст, ки он 42,6 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳад. Кормандони муҳандисию техникии неругоҳ дар ин майдони нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат, иродаи қавӣ, заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расидани сохтмони ин иншооти асрро наздик менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири мустаҳкаму устувор намудани сарбанди ин иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ  сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шуда, корҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Чунки Неругоҳи барқии обии Роғун аз лиҳози экологӣ тоза эътироф гардида, ин иншооти стратегӣ аз ҷиҳати экологӣ, техникӣ ва бехатарӣ яке аз беҳтарин неругоҳҳои барқии обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вақт ҳамчун довари ҳақиқӣ собит менамояд, ки иқдоми қатъӣ, устуворона ва азму иродаи ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи зудтар бунёд намудани Неругоҳи барқии обии Роғун барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон чӣ нақшу қиммате доштааст. Зеро танҳо дар натиҷаи бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди бесобиқа менамоянд ва сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун мегардад. Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд. 26.08.2025 шаҳри Роғун

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани хатти оби нушокии шаҳри Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хатти оби нушокиро ба истифода доданд. Ин лоиҳа дар идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастрасии сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ татбиқ шудааст. Хатти оби нушокӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути қубурҳои гуногунҳаҷм оварда шуда, имкон медиҳад, ки 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди НБО Роғун бе танафус ба оби тоза дастрасӣ дошта бошанд. Маврид ба зикр аст, ки истифодаи тӯлонӣ ва бетаъмир давоми солҳои охир ҳолати қубурҳои обгузар дар шаҳри Роғунро хароб карда, сокинон аз норасоии ин манбаи асосии ҳаёт азият доштанд. Аз ин лиҳоз, дар асоси супориши Ҳукумати кишвар вобаста ба таъмини сокинон бо оби тоза лоиҳаи барқарорсозӣ ва зиёд намудани тавоноии шабакаи обтаъминкунии шаҳр татбиқ карда шуд. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК ТГЭМ иҷро карда шуд. Дарозии қубурҳои обгузар 19 ҳазору 925 метрро ташкил намуда, тавассути он оби чашмаҳо ба шабакаи обтаъминкунии шаҳри Роғун расонида мешавад. 26.08.2025 шаҳри Роғун

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани роҳи аз гардиши Роғун – Нуробод то маркази шаҳри Роғун

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд. Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун мумфарш карда шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Роҳҳо омили асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, ба таъмини зиндагии шоистаи мардум замина мегузоранд.  Бунёд ва навсозии роҳҳо дар шаҳри Роғун низ дар заминаи ҳамин сиёсати созандаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти ин масирро ба рушди корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншооти аср – Неругоҳи барқии обии Роғун низ муассир арзёбӣ намуданд. Чун ҳамарӯза ба иншоот садҳо тонна маводи сохтмонӣ, таҷҳизот ва техника интиқол меёбад, ки ин талабот танҳо дар сурати мавҷуд будани роҳҳои ҳамвору муосир иҷро мегардад. Дар ин баробар роҳҳои нав барои таъмини ҳаракати озоди коргарон, муҳандисон ва мутахассисон шароит фароҳам меоранд, ки ин метавонад аз ҷумлаи омилҳои суръатбахш дар раванди кор бошад. 26.08.2025 ноҳияи Нуробод

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани роҳи байналмилалии Роғун-Обигарм-Нуробод ва се нақби он

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм – Нуробод оғоз бахшиданд. Лоиҳа дар идомаи таваҷҷуҳи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳсозии шароити рӯзгори мардум иҷро шуда, Тоҷикистонро ба татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мекунад. Ин масир пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст намуда, равобит дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш медбахшад. Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону мусофиронро дар бештари ҳолат рў ба рўи ҳаводиси нохуш менамуд. Фаслҳои баҳору зимистон дар ин ҷодаҳои кӯҳӣ ва фосилаи наздик ба нишебиҳои тулонӣ резиши сангу кӯҳпора, яхбандӣ, лағжиши замин ва дигар ҳолатҳои пурхатар шиддат меёфт. Вазъи мураккаби роҳ ба рушди соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт низ дар ин ноҳияҳо монеаҳои ҷиддӣ мегузошт. Ташаббус ва иқдоми наҷиби роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди роҳи ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкил мусоидат намуд. Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст. Бо ҳадафи бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст. Нақби «35 – солагии Истиқлолият» дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби «Ваҳдат» дар маҳаллаи Луғур бо дарозии 1700 метр ва нақби «Ориёно» дар мавзеи дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр масофаи роҳро 24 км. кутоҳ намуда, масрафи сӯзишворӣ ва талафоти вақтро коҳиш медиҳад. Ин се иншооти муҳташами роҳу нақлиёт бо хатти алоқа ва шабакаҳои рушноидиҳӣ ва поксозии ҳаво пайваст буда, аз лиҳози сифат ва иншооту инфрасохтори зарурӣ ҷавобгўи меъёру талаботи роҳсозии байналмилалӣ мебошанд. Барои пешгирӣ аз хатари ҳодисаҳои табиӣ ба ҳаёту саломатии ронандагону мусофирон дар мавзеъҳои селомади маҳаллаҳои Қандак, Луғур, Себнок, деҳоти Ҳакимӣ ва Муҷихарф, деҳаҳои Себак, Тухтор ва дигар минтақаҳои ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули мошингузар сохта шудааст. Дарозии пулҳо наздик ба 1150 метр буда, интиқоли молу маҳсулот ва рафтуои мардумро бидуни танаффус таъмин мекунанд. Сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ, насби қубурҳои обпарто ва мустаҳкамкунии нишебиҳои ноустувор истифодаи тӯлонии роҳро таъмин намуда, нуқтаҳои истироҳат бо ниҳолу дарахтони ороишӣ ба ин ҷодаи хуштарҳу нав зиннат мебахшад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи бинокорон, ки дар бунёди роҳи Оби гарм – Нуробод саҳм гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки иншоот дар рушди тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди минтақаҳо ва дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати зиндагии мардум нақши муасир мегузорад. 26.08.2025 ноҳияи Нуробод

Прокрутить вверх