Президент

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд. Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд. Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд.

Президент, Хабарҳо

Ба таври фосилавӣ ба истифода додани 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои меҳмонхонаи Эҳсон дар ноҳияи Восеъ, 20 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хизматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Миралиобод, корхонаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ,  корхонаи истеҳсоли хишти Бадахшон-Тур, корхонаи истеҳсоли хишти Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ ва 70 километр роҳи мумфаршгардидаи маҳаллиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Бобошоҳиён ҷойгир буда, дар он 960 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад.  Муассисаи нави таълимӣ дорои 16 синфхона, аз ҷумла 6 кабинети фаннӣ, ошхона бо 50 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Иншоот бо маблағгузории Раёсати сохтмони вилояти Хатлон сохта шуда, дар он 41 омӯзгор ва 13 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 воқеъ дар деҳоти Худоёр Раҷабов ҷойгир буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон мавҷуд мебошад. Муассисаи наву замонавӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва Кумитаи падару модарон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ сохта шудааст. Бо ба истифода додани иншооти нави соҳа 25 омӯзгори соҳибтахассус ва 15 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 дар деҳаи Навдеҳ барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда,  бо саҳми сокинону соҳибкорони саховатпеша бунёд гардидааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар 9 синфхонаи наву барҳаво хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуд. Иншооти дигари соҳа бинои нави кӯдакистон дар деҳаи Тосқалъа мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Камол Ҳабибуллозода барои 80 кӯдак сохта шудааст. Иншоот дорои 8 синфхона, ошхона бо 40 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бо мақсади таълими дӯстрӯякон 15 парастор ба кор ҷалб гардид. Дар 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, ки  дар доираи лоиҳаи “Рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳраки Ҳулбук ва деҳаҳои Меҳробод, Баҳористон, Гулистон, Навобод, Анористон, инчунин дигар маҳаллаҳо бунёд гардидаанд, барои ба таълим фаро гирифтани 325 тарбиятгиранда ва 26 ҷойи нави корӣ замина фароҳам омад. Бинои нави шуъбаи милитсия дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Мирзоализода бунёд гардидааст. Бинои нав дорои 13 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандон ҷойи хобу истироҳат низ пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои кории дорои шароити муосир ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин сохтор мусоидат менамояд. Бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад . Маркази савдо ва хизматрасонии Восеъ-Мол, ки дар ҳамин рӯз аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, дар кӯчаи Султони Кабир ҷойгир буда, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои хариду фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба сокинон ва меҳмонони ноҳия бунёд шудааст. Иншоот ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Назарзода сохта шудааст. Маркази хизматрасонии Нур дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Сатторзода бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ ба сокинон пешбинӣ шудааст. Дар маркази хизматрасонӣ бахши дандонпизишкӣ фаъолият менамояд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар бино маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаъолият менамояд. Барои ташкили раванди таълим панҷ синфхонаи муҷаҳҳаз пешбинӣ гардида, дар як вақт имкони ба омӯзиш фаро гирифтани то 70 нафар мавҷуд аст. Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ бо 10 ҷойи корӣ дар деҳаи Пушиёни Миёнаи деҳоти ба номи Худоёр Раҷаб ҷойгир буда, барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва сокинон бо маҳсулотӣ гӯштӣ  мусоидат хоҳад кард. Ду корхонаи хиштбарорӣ, Бадахшон-Тур ва Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ бо таъсиси 60 ҷойи корӣ дар деҳаҳои Гулистон ва Тугарак бунёд гардида, дар амалигардонии саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти сохтмонӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи Бадахшон-Тур 24 миллион дона ва аз Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ 30 миллион дона хишт  мебошад. Дар идомаи иқдомҳои созанда бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 70 километр роҳҳои мумфаршгардидаи маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва интиқоли молу маҳсулот ва бехатарии воситаҳои нақлиёт имконият медиҳад. То охири сол дарозии умумии роҳҳои мумфаршгардида ба 100 километр расонида мешавад. Дар маҷмуъ, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот зиёда аз 390 ҷойи нави корӣ барои сокинон муҳайё гардид. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 540 хонанда ҷойи нишаст ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 400 тарбиятгиранда шароит фароҳам гардид, ки ҳамаи ин нишонаи возеҳи сиёсати созанда, ғамхорӣ ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Президент, Хабарҳо

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз ноҳияи Фархор ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Роҳбари давлат ба ин ё он гӯшаи кишвар барои фароҳам гардидани инфрасохтор, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот дар ноҳияи Фархор

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд. Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад. Ин иншооти муҳими маъмурӣ шароити мусоиди кориро барои кормандони ҷамоат ва хизматрасонии босифат ба сокинони маҳаллӣ фароҳам меорад. Бинои мазкур бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, дорои шароити зарурӣ мебошад. Иншооти дигар бинои маъмурии Маркази бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Фархор аст, ки ба таври фосилавӣ кушода шуд. Ин иншооти муҳими соҳавӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сифати назорати маҳсулоти кишоварзию хӯрокворӣ бунёд шудааст. Бинои нав аз ҳуҷраҳои кории барҳаво ва озмоишгоҳҳои муосир иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ ва технологияҳои муосири назоратӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-ро дар деҳаи Дӯстии деҳоти Фархор ба истифода доданд. Бинои иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, мушкилоти норасоии ҷойи нишастро дар муассиса аз байн мебарад. Дар иншооти нав шароит мутобиқ ба талаботи замон оварда шудааст. Иншооти дигари соҳаи маориф, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 дар деҳаи Муродбахши деҳоти Истиқлол мебошад. Дар ин бинои таълимӣ метавонанд 384 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таълимӣ хонандагон таҳсилро дар шароити замонавӣ идома хоҳанд дод. Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзишӣ, майдончаи варзишии болопӯшида ва маҷлисгоҳро дар деҳаи Бобосафоли деҳоти Гулшан тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба ҷалби таваҷҷуҳи сокинон, бахусус ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард. Ду маркази саломатӣ низ дар деҳаҳои Хуросон ва Дарқади ноҳияи Фархор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар деҳаҳо дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ин марказҳои саломатӣ барои қабули беморон, гузаронидани муоинаи тиббӣ, ташхиси ибтидоӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва иҷрои дигар корҳои зарурӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Гулистон-Фархор, ки 29,6 километр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад, шинос шуданд. Нақши ин роҳ дар рушди боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа вазифадор намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 109 километр роҳҳои мумфаршгардидаи байни деҳаҳои ноҳияи Фархорро, ки аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони боҳиммату ватандӯсти ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфарш гардидаанд, мавриди истифода қарор доданд. Сокинон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагии ноҳия саҳмгузорӣ намуда, роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш намудаанд. Иншооте, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия замина хоҳанд гузошт.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои нави Маркази адлия дар ноҳияи Фархор

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Баъди ба истифода супоридани бинои нав Маркази адлия дар ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, ҳуҷраҳои кории барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон аст. Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равзанаи ягона бо муҳимтарин дастгоҳ ва лавозимоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ таъмин шудааст, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кӯтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд. Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд аст, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия васеъ истифода хоҳанд кард. Толори ақди никоҳ вобаста ба маросими домодию арусӣ оро дода шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷраҳои кории идораи нотариалии давлатӣ, муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ дар бинои нав дорои шароити хуби корӣ ҳастанд. Дар бинои нав меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки бо 4 ҳуҷраи барҳаво барои қабули 8 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Дар таҳхонаи иншоот бойгонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар умум дар бинои Маркази адлияи ноҳияи Фархор 10 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуд аст. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Маркази адлия қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори мақомоти адлия буда, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо мусоидат хоҳад намуд. Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бино баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ бештар фаъолият намоянд. Иншооти хуштарҳи навбунёд туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти адлия дар ноҳияи Фархор арзёбӣ гардид.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор  бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст. Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст. Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд. Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст. Бунёди  иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз  гардида, дар раванди сохтмон 40  сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю   майдончаи бозӣ бунёд гардидааст. Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хизматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани самаранокии хизмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо шодиву сурур ва муҳаббату самимияти бепоён пешвоз гирифтанд. Аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз инъикос мекунанд, пешниҳод гардид.  

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар дар шаҳри Хоруғ

27 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Ин боғи фарҳангию фароғатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои Модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа бунёд гардидааст. Гузоштани муҷассамаи Модар дар ин мавзеъ ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин муқаддасоти инсонӣ маҳсуб меёбад. Боғи навбунёду зебо дар мавзеи хушманзараи маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷойгир мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин боғ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида, лоиҳакашии он аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии ноҳияи Шуғнон ва корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амирҳамза ба анҷом расонида шудааст. Дар раванди бунёди боғ ба ободонӣ ва сабзкории он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ҳудуди он чор суҳбаткада сохта шудааст, ки барои истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр шароити муносиб фароҳам меорад. Гулҳои рангоранги ороишӣ ба муҳити боғ таровати хос бахшида, сабзазор ва ороиши зебои мавзеъ симои онро боз ҳам дилрабо гардонидааст. Ҳудуди боғи мазкур пурра чароғон гардида, шабонгоҳ ба макони зебои истироҳатӣ табдил меёбад. Равшании чароғҳо дар баробари зебогии муҳити атроф, ҳамзамон барои сайругашт ва фароғати сокинон фазои мусоид фароҳам меорад. Бунёди чунин маконҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат менамояд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаҳои бастубанди мева, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд. Фаъолияти иншооти нав дар асоси технологияи муосир ба коркарди меваҷоту сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ равона карда шудааст. Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим аз сабзавоту меваҷот баъди коркард афшӯраю мураббо ва хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкор Мурод Қоимдодзода сохта шуда, дар он 12 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардидаанд. Маҳсулоти корхона бо тамғаи Самари кӯҳсор ба бозор пешниҳод мегардад. Масъулони корхонаи Самари кӯҳсор азм гирифтаанд, ки бо хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи меваю сабзавот шартномаҳои дуҷониба баста, дар тавлиди ашёи хом барои коркард саҳмгузорӣ намоянд. Минбаъд маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои коркард харидорӣ мегардад, ки беҳтарин васила барои пешгирӣ аз талафёбии самараи меҳнати деҳқонон, даромади бештари иқтисодӣ барои хоҷагиҳо ва имконият барои истеҳсоли маҳсулоти босифати табиӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои дахлдор ва коргарону мутахассисонро ба истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиати кӯҳистон, бастани шартнома бо хоҷагидорон, омӯзиши талаботи истеъмолкунанда, афзоиш додани истеҳсолоти рақобатпазири саноатӣ ва қонеъгардонии талаботи бозор ҷалб намуданд. Оянда дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим бо истифодаи имкониятҳои иловагии технологияи воридшуда коркарди ангат ва истеҳсоли равғану шарбати он, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷавон корсервакунонии сабзавот ба роҳ монда хоҳад шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир экомебел» шинос шуданд. Дар корхонаи истеҳсоли мебел 6 дастгоҳи муосир насб гардида, идоракунии он тавассути технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷевон ва мизу курсӣ мувофиқ ба дархости мизоҷон бо шаклу андозаҳои гуногун барои ошхона ва ҳуҷраи корию хоб истеҳсол карда мешавад. Дар корхонаи мебел 10 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд ва вобаста ба зиёд шудани талабот ба маҳсулот, теъдоди кормандон афзун мегардад. Таҷрибаи ғании дуредгарӣ, фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аз ҷониби соҳибкор Шогунбеки Акимбек бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли маҳсулот тибқи таҷрибаи муосир ба роҳ монда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмониро ба истифода доданд. Дар корхона бо назардошти талабот дару тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол карда мешавад. Тавлиди маҳсулот тавассути 4 дастгоҳи муосир анҷом дода мешавад. Оянда вобаста ба талаботи бозор воридкунии 2 дастгоҳи дигар ва ба роҳ мондани истеҳсоли меху дастпӯшҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби соҳибкор Воҳиди Искандар бунёд гардидааст. Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне давоми 5 соли охир дар шаҳри Хоруғ 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, теъдоди умумии корхонаҳо ба 72 расидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ ифтитоҳи 7 корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Хоруғ собитгари ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, масъулини сохторҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, бунёду барқароркунии корхонаҳои саноатӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нахустин парвози ҳавопаймои нави L-410 NG дар Тоҷикистон

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, мулоқоту суҳбат бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Бояд таъкид намуд, ки ин ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG аз ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси Шоҳин Эйрлайнз ба шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Ин, ҳамчунин нахустин парвоз бо хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Хоруғ аст, ки бо он алоқаи мунтазами ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ бозкушоӣ мегардад. Аз ин рӯз ба баъд миёни Душанбею Хоруғ бо ин ҳавопаймо, ки Бадахшон номгузорӣ шудааст, мунтазам парвозҳои мусофирбарӣ анҷом дода мешавад. Иттилоъ бояд дод, ки L-410NG ҳавопаймои дорои 2 муҳаррики турбовинтӣ аз тавлидоти ширкати Aircraft Industries-и Ҷумҳурии Чехия буда, бо ғунҷоиши 19 мусофир ва 2 сарнишин барои парвозҳои нисбатан кӯтоҳ, то 2100 км, пешбинӣ шудааст. Ин ҳавопаймо метавонад бо истифода аз хатти нишасту парвози кӯтоҳи беш аз 600м фаъолият кунад, ки барои фурудгоҳҳои маҳаллии минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон басо муносиб аст. Бо назардошти ин ва дигар афзалиятҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи ин ҳавопаймо ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси Шоҳин Эйрлайнз  тасмим дорад, ки миёни шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар парвозҳои дохилӣ ба роҳ андозад. То имрӯз парки ҳавопаймоии Шоҳин Эйрлайнз аз чархболҳо иборат буд ва ворид гардидани L-410 NG иқдоми нахустини ширкат дар самти рушди интиқолот тариқи ҳавопаймоҳо мебошад. Дар фурудгоҳи Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо рӯҳу илҳоми баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббати беандоза гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, руҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид. Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, ҳунарнамоӣ намуданд. Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири таърих барои миллати сарбаланди тоҷик аст, ки таҳти роҳбарии   хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таҳким меёбад. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба Бадахшон муҳтавои амиқ дошта, боиси рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таконбахши раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гушаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Тоҷикистони азиз мегардад. Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Сарвари давлатро дар дил мепарваранд, дар кучаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо, фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассумгар шуданд. Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, роҳнамоии сокинони кишвар ба сӯи ояндаи неку  боз ҳам дурахшону пешрафта қадамҳои устувор мегузорад. Истиқболи гарму самимии Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз иродаи устувори мардум дар пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад.

Прокрутить вверх