Президент

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст. Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст. Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезиологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст. Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чашм ҷой дода шудаанд. Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад. Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд. Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии донишҷуён мусоидат менамояд. Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, дар вақти сохтмони он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Муассисаи тозабунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ дар маҷмуъ 45 нафар ба кор таъмин шудаанд. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои варзишӣ, мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардонидани онҳо ҳидоят намуданд. Мувофиқи нақшаи генералӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд. Дар ин замина қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд” бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шудааст. Бинои нав доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст ва дар он зиёда аз 200 нафар бо кор таъмин мегарданд. Дар ин бино барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст. Бино дар масоҳати 63 садяк замин сохта шуда, аз 94 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 чойи нишаст, Маркази коркарди маълумот, Маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Тасмим аст, ки Маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми калони маълумотро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб карда мешавад. Маркази назоратӣ бошад, дар масоҳати 200 метри мураббаъ сохта шудааст, ки дар он 35 нафар оператор, кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзӣ фаъолият карда, амнияти шаҳрвандон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахти кишварро таъмин менамоянд. Китобхонаи барҳавою муҷаҳҳаз ва толори машқварзӣ барои кормандон аз имкониятҳои дигари иншооти нав ба ҳисоб меравад. Аснои муаррифии тарҳу лоиҳаҳои тавассути корхона амалишаванда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад. “Шаҳри ҳушманд”, ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад. Таъкид гардид, ки ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст. Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он”, таҳияи “Харитаи электронӣ”, “Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе-«Нақлиёти ҳушманд»”, фаъолсозии “Шаҳри бехатар” ва ғайраҳо аз зумраи корҳоест, ки тариқи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳоли иҷро қарор доранд. Дар корхона барои анҷоми амалиётҳо тавассути технологияи иттилоотӣ беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаҳои муассисаҳои олии таълимии ватаниву хориҷӣ буда, донандагони хубӣ забонҳои хориҷиву кор бо технологияи иттилоотӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ошноӣ бо имкониятҳои бинои наву замонавии КВД “Шаҳри ҳушманд” ва суҳбат бо мутахассиосни соҳа, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки ба хотири амалишавии самараноки лоиҳаҳои ҳушманд ва ба шаҳри инноватсионӣ табдил додани Душанбе, ҷалби шарикони рушд ва сармояи дохилӣ васеъ ба роҳ монда шавад. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин”

17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза метавонад дар расидан ба тамоми ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад. Таъкид гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ, бе шубҳа, яке аз унсурҳои асосии робитаҳои судбахш мебошад. “Дар ин самт мо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи тиҷоративу иқтисодии мо нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса медиҳем”, изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бахшҳои энергетика, аз ҷумла рушди энергетикаи “сабз”, саноат, коркарди минералҳои муҳим, нақлиёт, васеъ кардани долонҳои транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли бор ҳамчунин, рушди кишоварзӣ, аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номида шуд. Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаи рушди пайвасти рақамикунонӣ, аз қабили ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ҳамчун омили таконбахши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамоҳоеро, ки ба шарофати рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои иқтисодиёти кишварҳои мо кушода мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2024 дар бораи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд, ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди минбаъдаи ҳамкории нақлиётию логистикӣ дар минтақа, соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли мултимодалии борҳо ва афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила низ ба рушди иқтисодии минтақавӣ такони пурқуввате хоҳанд дод. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таҳияи Барномаҳои рушди кластерҳои саноатӣ (комплексҳо)-ро, ки барои ҷалби сармоя ва технология, ҳавасмандгардонии маҳаллисозии истеҳсолот, шароити иловагӣ фароҳам меорад, ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои пешбурди “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати таъмини рушди устувор, ҳамкории минбаъда дар ин соҳа андешаронӣ намуданд. Таъмини амнияти озуқаворӣ, тавсеаи иқтидори содиротии минтақа ва логистикаи таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули иқтисоди “сабз” дар минтақа, инчунин, ҳамоҳангсозии меъёрҳои фитосанитарӣ ва байторӣ аз мавзуъҳои муҳими суханронии Роҳбари давлати мо буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкории судмандро дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро зарур арзёбӣ намуданд. Таҳкими сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осоишта дар минтақа ва атрофи онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба номиданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо бо мақсади ба даст овардани шароити муътадил ва пешгӯишавандаи беруна дар атрофи кишварҳоямон ба хотири некӯаҳволии наслҳои ҳозира ва оянда ҳастем”. Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза бомуваффақият ва пурсамар хоҳад буд. Дар ҳамоиш, ки бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷараён гирифт, муҳимтарин масоили вобаста ба рушди ҳамкории муштарак баррасӣ гардид. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалияти волои сиёсати хориҷии Чин мебошад. Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки Чин омода аст таҷриба ва технологияҳои худро барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас намояд. Дар фароварди ҳамоиш ба таври фосилавӣ Маркази ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ-Чин ифтитоҳ ёфт. Аз рӯи натиҷаи кори Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла Паймони ҳамсоягии абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ ва Эъломияи Остона ба имзо расид. 17.06.2025 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард”. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ менамояд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта ҷараён дошт, бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб самарабахш хоҳад буд. Раиси Чин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим баҳои баланд дода, Сарвари давлати моро бо баргузорсозии босамари нахустин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфтанд. Муҳтарам Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид доштанд, ки Чин минбаъд ҳам рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Ба масоили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз рушди ҳамкории минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Гуфта шуд, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзии мо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад. Бо назардошти рушди босуръати саноат, бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста шуд. Ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон, зарур шумурда шуд. Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин самти ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Доир ба рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули андеша сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд. Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар соли равон истиқбол карда шуд. Cатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” таъкид гардид. Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини амният алоқамандии худро таъкид доштанд. Аз руи натиҷаи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид: – Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ; – Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030; – Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ; – Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин; – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин; – Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин. 17.06.2025 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. 16.06.2025 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 16.06.2025 17.50 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” асарҳои композиторони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев иҷро гардид. Дар нахустин консерти ҳунармандони навраси Оркести давлатии симфонӣ шеърҳои шоирони маҳбубу шинохтаи кишвар Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Ҷамолиддин Каримзода ва Даврони Давлат дар васфи Тоҷикистон, Модар, Душанбе ва оҳангҳои композиторони ҷаҳонӣ Мотсарт, Бетховен, Камбиз Муждаҳӣ, оҳангсозони тоҷик Фарҳод Зикир, Ибодулло Машраб, Саидқул Билолов, Амирбек Мӯсозода, Далер Тиллоев, Шуҳрат Ашуров ва Бахтовар Давлатов бо санъати воло иҷро карда шуд, ки аз тарафи иштирокдорони чорабинӣ бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол ёфт. Мавриди зикри хос аст, ки “Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон” дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии  симфонӣ” таъсис дода шуда буд. Ҳоло теъдоди ҳунармандони ин оркестри симфонӣ 78 кӯдаку наврасро ташкил медиҳад. Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис ёфта буд. Оркестри кӯдакон ва наврасон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри шиносоӣ бо олами мусиқии касбӣ,  тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ ва рушди қобилияти навозандагии ҷавонон таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки аксари ҳунармандони имрӯза ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва барандагони барнома ҷоизадорони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, мебошанд. Ҳунарнамоии волои ин ҳунармандони наврас бори дигар собит менамояд, ки иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълону роҳандозии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳадафи аслиашон дарёфту кашфи чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар миёни кудакону наврасон мебошад, меваҳои ширин ба бор овардаанд ва минбаъд ҳам хоҳанд овард. Ёдовар бояд шуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ва бинои алоҳида таъмин гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба фаъолияти эҷодии муассиса таъмир карда шуда, аз ибтидои соли 2018 расман ба истифода дода шуд. Ҳоло ба ҳайати оркестр зиёда аз 127 мутрибу мутахассиси ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб карда шудаанд. Ба Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутрибони касбӣ-тахассусӣ аз ҳисоби хатмкардагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун шомил гаштаанд. Оркестри давлатии симфонӣ дар тӯли фаъолияти худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ба давлатҳои хориҷ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Баъди анҷоми барномаи нахустини консертии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди ромишгарон баҳои баланд доданд. Зимни суҳбати самимӣ бо аҳли ҳунар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги кишвар ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд. 13.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Ҷаноби Олӣ, Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин кард. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям”. 12.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ

11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъи кунунӣ дар ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 11.06.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх