Президент

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа

26 июн дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон  ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд. Меҳмони олиқадрро сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати созаданву бунёдкоронаи Роҳбари давлат бо самимияти хос ва бо базму шодӣ истиқбол гирифтанд. 26.06.2025 ноҳияи Роштқалъа

Президент, Хабарҳо

Cуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия ва вилоятро ба муносибати санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои давлатӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмини рушди он тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва ин равандро идома дода истодааст. Аз ҷумла дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 1,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Таъкид гардид, ки танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 660 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 346 миллион сомонии он маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия мебошанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи то имрӯз дар доираи ин лоиҳаҳо азхудшуда 118 миллион сомониро ташкил медиҳад. Роҳбари давлат оид ба аҳамияти бунёди роҳу пулҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: «мо дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшонро расман ифтитоҳ намудем, ки барои таъмин намудани рушди бомароми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши басо муҳим дорад».   Аз руи маълумот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон сохтмону азнавсозии 165 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 75 фоизи нақша иҷро шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва сокинони шарафманди ноҳияи Рӯшон, ки дар ободониву бунёдкорӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, миннатдорӣ баён намуданд. Президенти кишвар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар баробари ин корҳои анҷомёфта, бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳо дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро тақвият диҳанд. Ташкилоти бонкии кишвар вазифадор шуданд, ки барои дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Барои рушди соҳаи саноати вилоят зарур шумурда шуд, ки ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои замонавӣ тақвият бахшида шавад. Роҳбарияти ноҳия ва вазорату идораҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин тадбирҳои амалӣ андешанд. Супоришҳои дигар барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзиву дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дода шуд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳаи тандурустӣ барои беҳтар кардани шароити муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ андешидани тадбирҳои иловагиро талаб намуданд. Ба масъулини вилоят ва ноҳия, инчунин барои рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Рӯшон дар оянда низ ба хотири ободу пешрафта гардонидани диёри худ ва Ватани азизамон – Тоҷикистон сарҷамъона заҳмат мекашанд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯшон ва 2 кӯдакистони дигар дар ноҳияи Мурғоб оғози расмӣ бахшиданд. Иншооти мазкур дар маркази ноҳия ва деҳаҳои Дерушон, Дерзуд ва Висав ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд шудаанд. Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои мазкур бо назардошти зиёд гардидани талабот, дар деҳаҳое бунёд гардидааст, ки воқеан мардуми ин минтақаҳо ба он эҳтиёҷ доштанд. Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бобати ба зиннаи аввали таҳсилот фаро гирифтани кӯдакон рӯи даст гирифта шуда, ҳамаи иншооти соҳаи маориф бо назардошти талаботи замони муосир сохта шудааст. Кӯдакистони деҳаи Дерушон аз ду ошёна иборат буда, барои 70 кӯдак дар 4 гурӯҳ пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии бино 708 метри мураббаъро ташкил дода, дар он барои гузаронидани машғулиятҳо тамоми имкониятҳо муҳайё гардидааст. Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани кӯдакистон наврасони ду деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон-Вамд ва Дерушон ба таълими томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Кӯдакистони навбунёди деҳаи Дерзуд барои 60 кӯдак дар 3 гурӯҳ пешбинӣ шуда, тамоми синфхонаҳои дарсӣ бо лавозимот ва аёниятҳои соҳавӣ таъмин гардидааст. Дастрасӣ ба адабиёти бачагона ва дигар зарурияти таълим аз масъалаҳои дигар аст, ки пурра ҳал гардида, муассисаҳои навбунёд бо онҳо таъмин шудаанд. Ин муассиса барои кӯдакони деҳаҳои Дерзуд ва Барзуд пешбинӣ шуда, дар он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаи Висав низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, дар он 50 кӯдак ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Муассисаи таълимии томактабии Лола барои кӯдакон ва наврасон дар ҷамоати деҳоти Ғоҷо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб ҷойгир буда, бо шароити наву замонавӣ бо маблағи умумии 452 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, барои 40 кӯдаки ин деҳаи дурдаст пешбинӣ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи мазкур зиёда аз 1600 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва  акнун бе мушкилӣ фарзандони онҳо ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Сокинон бунёди ин муассисаро самараи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ арзёбӣ намуда, бо қаноатмандӣ миннатдории хешро ба Пешвои миллат изҳор доштанд. Муассисаи таълимии  томактабии Афсона бошад, барои 40 нафар кӯдакону наврасон дар деҳаи Саргумбези ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ин муассисаи томактабӣ бо малағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва саҳми сокинони маҳаллӣ бо маблағи умумии 460 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Тавре зикр гардид, бунёди чунин иншоот барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либос иборат буд, аз ҷониби намояндагони ҳукумати кишвар  тақдим карда шуд. Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшуда дар муассисаҳои томактабӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат хонданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки саҳм гузоштан дар ободии диёр яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор рафта, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро талаб менамояд. Қобили зикр аст, ки баъди ифтитоҳи 4 иншооти соҳаи маориф дар самти ҷалби кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ноҳияи Рӯшон, 230 ҷой барои фарогирии наврасон муҳайё гардида, наздики 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ноҳия ҳамин гуна корҳои созандагӣ идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боз якчанд муассисаҳои томактабӣ дар назар дошта шудааст. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Прокуратураи ноҳияи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бинои замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон сеошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Сохтмони бино соли 2023 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист, дар ошёнаи сеюми бино 4 ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд гардидааст. То имрӯз кормандони Прокуратураи ноҳияи Рӯшон дар иншооте фаъолият мекарданд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият барои назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷалб карданд. Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳо тариқи бунёду ба истифодадиҳии  биноҳои хуштарҳу замонавӣ марҳила ба марҳила имкони созгори фаъолият фароҳам оварда мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои баланд дода, онро туҳфаи Ҳукумати кишвар дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат аз кормандони прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардуми кишвар анҷом диҳанд. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо рафти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев шинос шуданд. Тавре аён гардид, оилаи Додихудоевҳо 4 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ аъзои ин оила чун дигар мардуми кишвар корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигӣ ҷоннок карда, аз он ҳосили хуб ба даст меоранд. Ҳоло дар замини наздиҳавлигии оилаи Додихудо картошка, қаламфури булғориву помидор, бодиринг, карам ва дигар намуди зироат нашъунамои хуб дошта, ба ин васила онҳо эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти худӣ қонеъ месозанд. Аъзои оила ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола аз ҳамин замин то 800 кило картошка ҷамъоварӣ намуда, дар тамоми фасли сол аҳли оилаву хешовандонро бо ин маҳсулот таъмин менамоянд. Ҳамчунин бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ аъзои оила аз замини наздиҳавлигӣ ҳосили хуби дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзиро ба даст меоранд. Онҳо дар самти парвариши дарахтони мевадиҳанда низ таҷрибаи хуб дошта, бо истифода аз обу хоки ҳосилхез дар назди ҳавлиашон олучаву гелос, зардолу, себ ва навъҳои гуногуни нок шинонидаанд, ки дарахтони он ҳосили хуб доранд. Хусусан дар ҳавлии хоҷагӣ навъҳои гуногуни себ пурбор буда, ба иттилои аъзои оила аз ин ҳисоб низ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари занону бонувони ноҳияи Рӯшон, ки маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро пешниҳод намуданд, шинос шуданд. Бонувони ҳунарманди ноҳия дар намоиш нони танурӣ, чапотӣ, кулча, самбусаи танурӣ ва таомҳои миллии маҳаллӣ, аз қабили ширчой бо чормағз, каду бо чормағз, омоч, атолаи донаки зардолу, оши бурида, кабкшурбо ва оши палавро намоиш доданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва муаррифии таомҳои миллӣ, бо аҳли хонаводаи Додихудо Додихудоев сари дастархон суҳбати озоду самимӣ оростанд. Ба андешаи Сарвари давлат дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи кишвар ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрока қонеъ созад ва бо ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода кардан аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Додихудоевҳо як миқдор ашёи рӯзғор ҳадя карданд. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонӣ ҶДММ Ганҷи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон Корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ ва нону маҳсулоти нонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд. Дар корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 5 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғот, чака ва маска ба роҳ монда шудааст. Корхона дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мулкибек Сафарбеков бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз лиҳози экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст. Дар ширкати Ганҷи Рӯшон 10 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст. Иқтидори истеҳсолии “Ганҷи Рӯшон” дар як шабонарӯз коркарди 1 тонна ва дар як моҳ то 30 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ ва нонии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол омода мегардад, муаррифӣ карда шуд. Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳо доданд. Масъулин нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли панирро ба роҳ монанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ва барои таъсиси ҷойҳои нави корию ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос намуданд. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллии ноҳияи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон дар масоҳати умумии 1000 метри мураббаъ бунёд шудааст. Тадбири мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Баландии пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр буда, дар майдон 4 тандиси китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои безаволи Шоҳнома, Тоҷикон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аксҳои Қаҳрамонҳои Тоҷикистон гузошта шудааст. Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳияи Рӯшон ба майдони муқаддасоти миллӣ ҳусни дигар зам намуда, шаҳодати ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба гузаштагон аст. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди пайкараро дар шафати Парчам ва Нишони давлатиро дар самти қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки майдони муқаддасоти миллӣ яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин, дар он барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам гардидааст. Ба масъалаи сабзазор ва гулпӯш намудани атрофи иншооти тозабунёд таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҳудуди он бо гулҳои рангоранг ва дарахтони ороишию сояафкан оро дода шудааст, ки ба ҳусни гулгашт таровати тоза зам менамояд. Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи назди пайкараи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи гармхона дар ноҳияи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия дидан карданд. Гармхонаро соҳибкори ватанӣ Руслан Сайнаков дар масоҳати 0,64 гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст. Ҳоло дар гармхона асосан бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ парвариш меёбад. Сабзавот дар гармхона ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад. Дар гармхона 10 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Гармхона аз 6 қисм иборат буда, дар 1 сол аз он 30 тонна сабзавоти гуногун истеҳсол карда мешавад. Аз гармхона сабзавоти тару тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар ба бозорҳои маҳаллӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳангоми боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариши фаъолияти гармхона ва ба даст овардани ҳосили хуб ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд ва зиёд намудани майдони гармхонаҳоро омили муҳими таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо дар тамоми фасли сол маънидод карданд. Дар ин баробар ба хоҷагидорон тавсия доданд, ки ҳар порча замини дар ихтиёрашон бударо самаранок истифода бурда, таҷрибаи рӯёнидани чанд ҳосил аз як заминро хубу оқилона мавриди истифода қарор диҳанд. Дар назди хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти хоҷагидорони ноҳияи Рӯшон боздид намуда, бо нишондиҳандаҳои кишоварзӣ  шинос гардиданд. Гуфта шуд, ки майдони умумии заминҳои ноҳияи Рӯшон 587 ҳазору 70 гектар мебошад, ки аз он 1396 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳад. Заминҳои наздиҳавлигӣ 110 гектар буда, хоҷагидорон кӯшиш мекунанд, ки ҳар як ваҷаби онро самаранок истифода баранд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар масоҳати 777 гектар замин кишти зироат гузаронида шудааст. Дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 374 гектар зироатҳои ғалладона ва лубиёгӣ, дар 246 гектар картошка, дар масоҳати 153 гектар сабзавот ва дигар навъи зироат кишт карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти истифодаи неъматҳои табиӣ ба хоҷагидорону масъулони бахши кишоварзӣ дастур доданд, ки бобати истифодаи мақсадноки обу замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода баранд. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ ва 4 неругоҳи барқии обии хурд дар ноҳияи Рӯшон

26 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо ба истифода додани зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ва тариқи маҷозӣ ифтитоҳ кардани 4 неругоҳи барқии обии хурд оғоз ёфт. Сохтмони зеристгоҳ дар ноҳияи Рӯшон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ба охир расидааст. Тибқи иттилои масъулин, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Рӯшон барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст. Зеристгоҳ дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд гардида, 2 хатти воридотии 110 киловолта, 4 хатти баромади 35 киловолта ва 4 хатти баромади 10 киловолта дорад. Зеристгоҳ ба таври фосилавӣ аз шаҳри Хоруғ идора карда мешавад. Ин иншооти муҳим дар ноҳияи Рӯшон барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии кишвар сохта шудааст. Зеристгоҳҳои нави бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз имкон медиҳанд, ки талафоти неруи барқ дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт (мегаватт) барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин карда шавад. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ 4 неругоҳи обии хурдро мавриди истифода қарор доданд. Неругоҳҳои нави иқтидорашон хурд дар деҳаҳои Аҷирх, Равмед ва Миденчини ноҳияи Рӯшон ва Ёгеди ноҳияи Дарвоз ҷойгир буда, имкон медиҳанд, ки аз ин ба баъд сокинони деҳаҳои мазкур тамоми сол бо неруи барқ таъмин бошанд. Иқтидори тавлиди барқи неругоҳи Ёгед 276 киловатт мебошад. Ин неругоҳи хурд бо маблағи 4 миллиону 160 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Неруи барқи аз он тавлидшуда 121 хоҷагии деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвозро бо неруи “сабз” таъмин мекунад. Се неругоҳи дигар дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст. Неругоҳи Равмед бо иқтидори 100 киловатт 71 хоҷагии деҳаи дурдасти Равмедро дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин мекунад. Неругоҳи обии Аҷирх низ дар яке аз деҳаҳои дурдасттарини ноҳияи Рӯшон воқеъ аст. Иқтидори неругоҳ 50 киловатт буда, барои 30 хоҷагии деҳаи Аҷирх пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии 42 км хати интиқоли барқи дузанҷираи 110 волт-ампер ва 35 киловолтаи “Вомар-Возванд” дар ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи  110/35 киловолтаи “Қозидеҳ” дар ноҳияи Ишкошим расман оғоз бахшиданд. Тибқи маълумот, иншооти нави соҳаи энергетика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Пешвои миллат ва маблағгузории шарикони рушд бунёд карда мешаванд. Ба иттилои масъулон сохтмони ҳар ду иншоот дар соли 2026 ба анҷом хоҳад расид. Дар натиҷа иқтидори содиротии барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя то 60 МВт афзуда, беҳбудии сифатӣ ва эътимоднокии барқ барои 84 ҳазору 200 нафар аҳолӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз таъмин мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармоя баҳри сохтмони неругоҳи Санобод ҳам, ки бо иқтидори лоиҳавии 160 мегаватт дар нақша аст, дастуру тавсияҳо доданд. Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи “Электрофикатсияи деҳоти Тоҷикистон” соли 2021 оғоз гардида, соли 2026 ба анҷом мерасад. Дар маҷмуъ, дар доираи ин лоиҳа 30 неругоҳи барқии офтобӣ, 1 неругоҳи бодӣ ва 13 неругоҳи обии хурд сохта мешавад. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоотро барои дастрасии сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар бо неруи барқ муфид арзёбӣ карда, масъулонро вазифадор карданд, ки бо назардошти вазъи ҷуғрофии минтақа, ки барои сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст, ҳамаи имкониятҳоро мақсаднок истифода баранд. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинону аҳли фарҳанги ноҳия самимона ва бо шодиву сурур истиқбол гирифтанд. Лозим ба зикр аст, ки ноҳияи Рӯшон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушду пешрафти назаррас ноил гардидааст ва дар натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар сатҳи зиндагии сокинонаш сол аз сол беҳтар мегардад. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Прокрутить вверх