Президент

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвозро давоми панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, иброз доштанд, ки мо зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳия шоҳиди боз ҳам рушд ёфтани ин диёр гардидем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳия ишора карда, мавриди истифода қарор гирифтани қитъаи шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули мошингузар ва яке аз нақбҳои он бо дарозии 3400 метрро нишонаи олии дастгирии мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумат арзёбӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонро зери назорати доимии худ қарор дода, барои дар муҳлати муайянгардида пурра ба истифода додани шоҳроҳ чораҳои зарурӣ андешанд. Аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Дарвоз ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ноҳия 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ идома дорад. Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба ҳодисаҳои дар ҷаҳони имрӯза бамиёномада, таъсири он ба иқтисоди кишварҳо ва таъмини сокинон бо маводи ғизоӣ ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Дарвоз имкониятҳо барои рушди соҳаи саноат васеъ буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 5 ба 20 номгӯй расонида шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳар чӣ бештари соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои нав, аз ҷумла таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ дар назди роҳбарияти вилоят ва вазоратҳои масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳамчунин масъулин аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои истифодаи пурраи иқтидорҳо ва имкониятҳои ноҳия дар самти истеҳсоли саноатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд. Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз 34 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 3500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар даҳ соли охир барои таъмир, сохтмон ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳия беш аз 25 миллион сомонӣ равона гардидааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз, аҳли маориф, зиёиён ва фаъолон дастур доданд, ки масъалаи иҷрои ҳатмии талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ходимони дин ва омӯзгорон вазифадор шуданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва муқовимати онҳо ба ифротгароӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд. Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 121 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 85 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки 71 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти банақшагирифташуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои пешрафти диёри худ ва кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзишманд мегузоранд ва ин гӯшаи биҳиштосои Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд. Баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз намояндагони касбу кори гуногун андешаронӣ намуданд. Онҳо бо арзи эҳтирому самимият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ғамхориҳо нисбат ба мардуми шарафманди кишвар, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва дастгирии ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Аз ҷумла, собиқадори меҳнат Сулаймонова Зуҳро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ҳамчун туҳфаи хотиравӣ тоқии миллӣ тақдим намуданд. Модари хушбаён Зуҳро Сулаймонова эҳтироми худ ва мардуми Дарвозро нисбат ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо дастгирию пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо ба макони дилфиреб, шаҳри сулҳу орзуҳо мубаддал гардондаанд, баён доштанд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳамчунин аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дидан намуданд. Иншооти нави сайёҳӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудааст. Дар ин мавзеъи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик намунаи 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд шудааст. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чуб сохташуда минбаъд, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ мешавад. Ба таъкиди таърихшиносон аз 3 ҳазор сол пеш ин ҷониб мардуми тоҷик, ба хусус сокинони кӯҳистони Бадахшон дар деҳот ҳамин гуна зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамин ҷо ҳамзамон аз ҷониби сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, Хатлон ва Суғд ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва хурокҳои миллӣ муаррифӣ шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки вазъияти душвори замони муосир моро водор месозад, ки ба қадри тинҷию оромии Ватан бирасем, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳангу таърихи пурғановат усутуворона қадам гузорем ва саҳми худро ҳамчун фарзандони содиқи диёр дар ободии кишварамон гузорем. Дар деҳаи этнографӣ на танҳо хонаҳои қадимаи мардуми Бадахшон, балки иншооти муосир ҳам сохта шудааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Таҷҳизоти махсуси истеҳсоли гулоб, ки тавассути он аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, атриёт, шароб ва маводи доруворӣ омода мешавад, муаррифӣ гардид. Деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз боду ҳавои форам, чашмаҳои табобатӣ ва манзараҳои табиӣ дорад, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад. Дар ин ҷо бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарварӣ, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъӣ, комплекси сайёҳӣ, деҳаи этнографӣ ва дигар иншооти замонавӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин муассисаҳо наздики 100 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд. Дар деҳаи этнографӣ аз ҷониби аҳли ҳунари ноҳия барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки муаррифгари таъриху фарҳанги куҳанбунёди  тоҷикон аст. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҳамчунин ба фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта шудааст. Комплекси мазкур тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ дошта, дар як вақт имкон дорад ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад. Дар ин ҷо барои зиндагӣ ва фароғати сайёҳон, инчунин сайругашт, ташхису табобат ва машғул шудани онҳо ба камонварӣ ва дигар намуди бозиҳои шавқовари қадима шароити замонавӣ фароҳам шудааст. Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад. Ҳоло дар ин мавзеи туристӣ зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев ба кор таъмин шудаанд ва оянда бо вусъат ёфтани иншооти сайёҳӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонида мешавад. Дар комлекси сайёҳӣ ҳамчунин бинои дуошёнаи ташхису табобат бунёд шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин аст ва дар як вақт метавонад ба 50 нафар хизмат расонад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди инфрасохтори сайёҳӣ муҳим номида, таъкид карданд, ки барои анҷоми хизматрасонии босифату сатҳи баланд ба сайёҳону меҳмонон ҷавонону мутахассисони кордону донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб карда шаванд. Бунёди иншооти нави сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина гузошт. Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 162 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дорад. Дар 6 моҳи соли равон наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз дидан намудаанд ва бунёди комплекси сайёҳии “ZEV.S” ба рушди ояндаи соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад. Дар марҳилаҳои баъдӣ шумораи коргарон, ки ҳоло 20 нафарро ташкил медиҳад, ба зиёда аз 100 нафар ва ҳаҷми истеҳсоли гушти моҳӣ солона то ба 1000 тонна расонида мешавад. Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз дигар ҳавзҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ бо ҷалби сармояи Корея ва Олмон таъсис ёфтааст ва дар он ду намуди моҳӣ – Салмон ва Кохо парвариш меёбад. Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад ва бо назардошти ин муассисон оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад. Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад. Муддати тухммонӣ дар озмоишгоҳ аз 20 то 40 рӯз ва вазнгирии моҳӣ то 80 рӯзро дар бар мегирад. Яъне дар давоми қариб 3 моҳ моҳичаҳо аз 60 то 150 грамм вазн гирифта, ба ҳавзҳои калон интиқол дода мешаванд. Тибқи нақша оянда бо ворид шудани технологияи муосир дар шафати озмоишгоҳ моҳиҳои навъи Салмон ва Кохо дар шакли нав коркарду банду баст шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба ташаббуси муассисон барои ташкили чунин иншооти замонавӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли ин намуди моҳиҳоро зиёд намуда,  дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро мавриди истифода қарор доданд. Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис марказро барои  рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд. Маркази “Darya AI” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Кабиров ва Азизҷон Азимӣ – раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шуда, 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки дар пешбурди ин низоми муосир таҷрибаи хуб доранд, бо кор таъмин шудаанд. Тавре таъкид гардид, стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фуруши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад. Марказ 8 сервери асосӣ дорад, ки арзиши ҳар кадоми он 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин намуди серверҳо дар сардӣ фаъолияти хубтар намуда, амалиёти иҷрошудаи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ босуръат, бехато ва дар вақти кӯтоҳ бо натиҷаи қаноатбахш анҷом дода мешавад. Ин тарзи хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи  нав аст ва оянда муассисон боз нақша доранд, ки дар ҳамин ҷо бо дастрасии таҷҳизоту технологияи муосир сатҳи хизматрасониро дар низоми муосири зеҳни сунъӣ беҳтар ба роҳ монанд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Тавре таъкид гардид, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори он ва таъмини зиндагии хубтару беҳтари ин қишри осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд. Зимни мулоқот ба ятимону нафарони дорои имконияти маҳдуд дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, ба онҳо сару либос, кӯмаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Вохӯриҳои пайваста бо ятимони кулл ва шахсони имконияташон маҳдуд собит менамоянд, ки онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ, ғамхорӣ  ва дастгирии доимии Пешвои миллат қарор доранд. Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии ятимону маъюбон дар кишвар консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ қабул шуда, мавриди татбиқ қарор доранд ва барои марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба ятимону маъюбон заминаи мусоид фароҳам оварда мешаванд. Зимни сӯҳбати самимӣ бо ин қишри осебпазири ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон барои таълиму тарбияи хуб ва ба камол расидани онҳо ҳама шароитро муҳайё месозад. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии маъюбон дар кишвар марказҳои тиббию иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки хизматрасониҳои онҳо дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи онҳоро ба тандурустӣ, таҳсил, рушд ва тарбия таъмин мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимону маъюбони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз суҳбати самимӣ ороста изҳор доштанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ худро бесаробон ҳис накарда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илму дониш, кор бо технология, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар омӯзанд, то дар оянда барои халқу ватани худ хизмат намуда, сазовори зиндагии шоиста гарданд. Мулоқоти самимии имрӯзаро ин қишри ҷомеа натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар маънидод карда, таъкидҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо орзую нақшаҳои худ пайванд сохтанд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Комплекси агросаноатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз” дар масоҳати ним гектар бунёд гардидааст. Арзиши лоиҳавии Комплекси агросаноатӣ 4 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, Фермаи бузи ширдеҳро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки фермаи бузи ширдеҳ барои 140 сар пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар фермаи мазкур 92 сар бузи ширдеҳ аз Белорус ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дастрас шуда, парвариш меёбад. Иқтидори ферма 72 тонна шир дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Баробари ба фаъолият оғоз кардани он 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Фермаи бузи ширдеҳ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактика ва тарбияи бадани чорво, тозакунии иншоот ва таҷҳизоти ширҷӯшӣ истеҳсоли Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар комплекси агросаноатӣ аз раванди парвариши харгӯш дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар таркиби гӯшти харгӯш миқдори зиёди сафеда мавҷуд буда, он болаззат ва парҳезӣ мебошад. Дар фермаи мазкур 100 харгӯши зоти фаронсавии Хикол аз Ҷумҳурии Фаронса ворид гардидааст, ки он зоти гӯштии сернасл мебошад. Роҳандозии харгӯшпарварӣ дар Комплекси агросаноатии мазкур дар доираи татбиқи “Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” амалӣ гардида, барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва густариш додани ин соҳаи сердаромади кишоварзӣ замина мегузорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ворид намудани зотҳои нави сермаҳсули харгӯш, ба роҳ мондани технологияи интенсивии парвариши он ва зиёд кардани мӯинаи қимматбаҳои харгӯш дар кишвар дастуру супоришҳо доданд. Дар ҳамин мавзеъ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ ашёи хомро аз фермаи бузи ширдеҳи Комплекси агросаноатӣ дастрас намуда, номгуи зиёди маҳсулот ба монанди панир, ҷурғот, сметана, шир, қаймоқро бо риояи талаботи стандартӣ ва сифати баланд истеҳсол менамояд. Истеҳсоли панир аз шири буз дар асоси усулҳои итолиёвӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре зикр гардид, аз нигоҳи илми тиб истеъмоли шири буз ва маҳсулоти ширӣ аз он ба организми инсон манфиатбахш мебошад. Дар коргоҳи мазкур 7 нафар  сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, ки аз “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маншаъ мегирад, бунёд гардида, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯштию ширӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза фаъолият менамояд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон

25 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба истифода супоридани роҳ бо кушодани нақби мошингузар дар вазъият ва рӯҳияи идона сурат гирифт. Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст. Масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд. Ин роҳ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад. Бо назардошти он, ки ин шоҳроҳ аҳаммияти иқтисодӣ ва байналмилалӣ дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2021 барои бунёду навсозии он санги асос гузошта буданд. Тӯли ин қитъаи шоҳроҳ, ки  ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта чоруним – панҷ соат вақти мусофиронро мегирифт, ҳоло бошад бо навшавии он ва бунёди ду нақб ин масофа камтар аз ду соат тай мешавад. Зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил шуда, паҳноии стандартии он ба 12 метр баробар аст. Бунёди 15 пули мошнигузар бо дарозии 633 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 500 метр, 12 ҳазору 900 метри тӯлонӣ деворҳои оҳанӣ, бетонӣ ва сангӣ, инчунин 200 метр қубурҳои обгузари қутрашон гуногун ба лоиҳаи сохтмони роҳ дохил мешаванд. Босифат ва ҷавобгӯи талабот бунёд шудани иншооти мазкур хатари селу обхезӣ ва тармаву резиши сангро бартараф хоҳад кард. Ҳоло имкон аст, ки ҳаракат дар ин масир дар ҳама фасли сол бидуни эҳсоси хатар сурат гирад. Ҳолати хуби ин масир ба сарфаи вақту сӯзишворӣ низ асоси воқеӣ гузошт. Чароғҳои роҳ, ки тавассути панелҳои офтобӣ дар ҳудуди 14 деҳаи ноҳияи Дарвоз равшан мешавад, шабонгаҳ намои дигаре дорад. Тадбири ободонӣ дар қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон дар заминаи талошҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бо иштироки муҳандисону роҳсозони дорои таҷриба ва тахассуси баланд амалӣ карда шуд, ки аксари онҳо мутахассисони маҳаллӣ ҳастанд. Пас аз боздид ва шиносоӣ бо сифати корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳандисону роҳсозонро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки омӯзиш ва таҷрибаи онҳо ояндаи наздик дар бунёди роҳи Хоруғ-Кулма-Чин ҳам истифода хоҳад шуд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷлили ҷашн сохтмону ба истифода супоридани боз 38 иншоот бояд таъмин карда шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои сокинон дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ёдовар шуда, саҳми сохтмончиёнро дар ин кори муҳим арзанда номиданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастигирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бобати пешрафту тараққиёти ноҳияи Ванҷ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 311 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо 391 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Лоиҳаҳои зикршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро дар ноҳия таҳлил намуда, барои минбаъд ҳам идома додани тадбирҳои созанда дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки то солгарди 35-уми истиқлол масъалаи бунёди корхонаҳои саноатиро таъмин намоянд ва барои баланд бардоштани самаранокии таъминоти истифодабарандагон бо неруи барқ ва устувории низом дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои масъул барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили маркази замонавии нигоҳдориву банду басти маҳсулот чораҷӯйӣ намоянд ва ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешанд. Супоришҳои дигар ҳамчунин барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити муассисаҳои соҳа, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва тармими иншооти тандурустӣ дода шуд. Аз вазъи зудтағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор намуданд, ки мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки фаъолон ба анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ роҳи мошингарди деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ навсозӣ ва асфалтпуш карда шавад. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Парки саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шуданд. Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар он техникаю технологияҳои насли нав васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, неруи барқро кам истифода мекунанд. Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Коргарон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Сехҳои истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ, қисми дигари Парки саноатиро ташкил медиҳад, ки дар он мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид, аз корҳои сомонёфта ва ташкили чунин корхонаҳо изҳори қаноат карда, ба масъулин барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Баробари ба фаъолият пардохтани Парки саноатӣ дар маҷмуъ 36 сокини маҳалӣ бо кор таъмин мешаванд. Қобил ба зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррас дорад. Ашёи хоми дар корхонаҳои Парки саноатӣ мавриди коркард қароргирифта, аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ дастрас карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамчунин маҳсулоти Парки саноатӣ ба хориҷа низ содирот карда шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои ҳамоҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, ин амалро намунаи ибрат арзёбӣ карданд. Дар навбати худ, масъулини Парки саноатӣ ба Сарвари давлат барои дастгирии бахши хусусӣ ва таъмини имконоти хуби фаъолият миннатдорӣ намуданд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Прокрутить вверх