Президент

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд. Иншооти варзишӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш муҳайё гардидааст. Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 615 метри мураббаъро ташкил дода, аз толори асосӣ, тенниси рӯи миз, ҳуҷраҳои маъмурият, ивази либос ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Иқдоми бунёди иншооти варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ идомаи мантиқии сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон мешавад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бобати рушди соҳаи варзиш ва амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт дар дигар минтақаҳои дурдасти ноҳия бунёди иншооти варзишӣ дар назар дошта шуда, ҳоло кор дар ин самт идома дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани иншооти соҳавиро дар таъмини инфрасохтор ва мукаммалсозии он муфид арзёбӣ намуданд. Бояд гуфт, ки саҳми варзишгарони ноҳия дар рушди соҳа ва муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назррас аст. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо варзишгарон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Паҳлавонони ноҳия дар навбати худ ба Пешвои миллат барои таъмини имконоти хуби машқу тамрин изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки ба василаи иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлат ва рушди варзиш дар кишвар ҳиссаи муносиби худро хоҳанд гузошт. Ҳоло дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншоот, аз ҷумла толорҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд. Ҳамасола варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан бармегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст. Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад. Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст. Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст. Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд. Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд. Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии “Мармар Стоун” дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун”-ро ба истифода доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатти истеҳсолӣ ва имкониятҳои корхонаи истеҳсоли калсит шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ доир намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият менамояд. Он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз он омода мегардад, бунёд ёфтааст. Тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ин ашёи хоми маҳаллӣ сифати баланд дошта, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар корхона партовҳои санги мармари коркардшуда низ истифода мегардад, яъне раванди истеҳсолот дар ин ҷо бе партов ба роҳ монда шудааст, ки яке аз бартариятҳои ин коргоҳ дониста мешавад. Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалсит истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосир дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсити аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ дар ин ҷо соҳиби ҷои кори доимӣ шудаанд. Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ ба кор бурда шуда, дар истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳ, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзгор, техникаи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, бо истифодаи хокаи калсит дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ, хамираи дандоншӯӣ, қоғаз ва рангу бори хона истеҳсол карда мешавад. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти мазкур дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ серхаридор аст. Корхонаи навбунёд барои пурра қонеъ сохтани талаботи саноати Тоҷикистон бо микрокалсити гуногунҳаҷм имкон дорад. Дар ин баробар, истеҳсоли маҳсулоти корхонаи мазкур ивазкунандаи воридот буда, дар бозор рақобатпазир аст. Дар заминаи захираи маҳсулоти корхонаи нав масъулин кӯшиш доранд, ки дар марҳилаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ монанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо амалӣ гардидани ҳадафи мазкур шумораи умумии кормандони корхона аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ зиёд карда шуда, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолгардида бо истифода аз озмоишгоҳи муосире, ки дар назди корхона таъсис дода шудааст, аз санҷиш гузаронида, бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод карда мешавад. Корхона дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истифодаву коркарди захираҳои ғании табиии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаи саноати кишвар бо микрокалсит ва ба роҳ мондани содироти он дастуру тавсияҳои муфид доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати корхонаи истеҳсоли калсит коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороиширо мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти ниҳоӣ дидан намуданд. Бунёди корхонаҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, ба истифода додани он ба рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки бунёди чунин корхонаҳо дар кишвар таҷрибаи нав набуда, аз лиҳози масоҳат ва иқтидори истеҳсолӣ калонтарин коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ дониста мешаванд. Ҳоло бо назардошти фаъолияти ҳамаи коргоҳҳо беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, дар оянда бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот теъдоди коргарон зиёд карда мешавад. Коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он, дар ҳамаи бахшҳои соҳаи саноат, аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Бо инобати ин, ашёи хом ба корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун” аз захираҳои табиии Тоҷикистон таъмин шуда, баъди коркарди пурра ба мизоҷон дастрас мегардад. Яъне бо рӯи даст гирифтани чунин иқдом, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунони босуръати кишвар ва иҷрои бандҳои Стратегияи рушди соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қадамҳои устувору босамар гузошта мешавад. Коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ бо таҷҳизоти насли нави рақамӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ ва ё ба истилоҳ мозайка дар коргоҳҳо 10 ҳазор метри мукааб ва коркарди сангҳои мармар бошад, 160 ҳазор метри мукаабро дар як сол ташкил хоҳад дод. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ҳамчун пойгоҳи истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда пешбинӣ гардида, барои қонеъсозии талаботи дохила низ нақши муассир дорад. Қаблан санги истихроҷшуда аз ноҳияи Ванҷ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе коркард ва бо харҷи зиёд барои коркард ба дигар корхонаҳои кишвар интиқол ёфта, сипас маҳсулоти тайёр ба хориҷ ва ба мизоҷони ватанӣ дастрас мешуд. Баробари ба фаъолият пардохтани корхонаҳои мазкур кор дар ин самт осон гардида, маҳсулоти тайёр бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон карда мешавад. Барои ташкили инфрасохтори зарурӣ ва фароҳам овардани шароити кор аз ҷониби маъмурияти ин коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳи мошингарди кони Поймазор, аз роҳи асосӣ то деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ва ба кони Даштак ҳамвор, васеъ ва барқарор карда шуда, роҳҳо то мавзеи корхона комилан навсозӣ шудааст. Бобати таъмин бо неруи барқ то мавзеи корхона дар маҷмуъ дар масофаи 27 км хатти неруи барқ бо иқтидори 35 киловатт (кВт) кашида шудааст, ки дар баробари корхона, инчунин сокинони 4 деҳаи ноҳияи Ванҷ тавассути он бо барқ таъмин мешаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҷмааи корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ба иқдоми ташаббускорон барои ҳамоҳангӣ ва иҷрои ҳадафҳои кишвар дар самти рушди соҳаи саноат, изҳори миннатдорӣ карда, истифодаи захираҳои дохилӣ – ашёи хоми мавҷударо дар ин замина ба манфиати кор арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ давра ба давра талаботи дохилиро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтарсозии сатҳи некуаҳволии мардум ҳиссагузорӣ намоянд. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти тайёри коргоҳҳо дидан намуданд. Дар коргоҳҳои Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун” беш аз 20 намуди сангҳои табиӣ коркард шуда, маҳсулоти баландсифат истеҳсол мегардад. Лавҳаҳои мармарӣ, сангҳои хорои андозаашон гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, панҷараҳои зина, зертахтаҳои тиреза, сутунҳо, армуғон ва дигар лавозимоти ороишӣ аз санг, номгӯи маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳоро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ бо санъати волои миллӣ омода карда шудааст. Сарвари давлат ба сифати маҳсулот ва тарҳу ҳаккокии онҳо баҳои баланд дода, ба масъулин баҳри зиёд намудани иқтидори истеҳсолии коргоҳҳо дастуру тавсияҳо доданд. Дар навбати худ масъулин ба Пешвои миллат муҳтарам

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахуст роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд. Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст. Қисмҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии мардум мусоидат менамояд. Бо супориши Роҳбари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияи Ванҷ низ навсозӣ хоҳад шуд. Роҳи марказии ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма аҳаммияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида, мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад. Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттия

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баланд арзёбӣ намуда, аз муҳтавои робитаҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун, ба хусус дар сатҳи олӣ, изҳори қаноат намуданд. Муҳаммад Ал-Аттия, пеш аз ҳама, салому дуруди Амири Давлати Қатарро ба Сарвари давлати Тоҷикистон ироа намуда, аз имкони дидор ва баррасии роҳҳои тавсиаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш изҳори хушҳолӣ намуд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо,  кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф ва истифодаи зеҳни сунъӣ низ аз роҳҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар номида шуд. Доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавию ҷаҳонӣ ҳам табодули андеша сурат гирифт. 23.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Тиргон

Ҳамватанони гиромӣ! Фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба ҳамаи шумо самимона табрик менамоям. Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад. Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд. Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад. Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ – умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити пурҳаводиси ҷаҳони муосир посдории чунин арзишҳо беш аз ҳар замони дигар метавонад таконбахши талошҳои муштарак барои тақвияти дӯстиву ҳамкории тамаддуну фарҳангҳо ва дар айни замон ҳифзи мероси маънавии миллии мо бошад. Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст. Яъне Тиргон пайвандгари наслҳои имрӯза бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагон аст. Таҷлили он аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд. Бояд гуфт, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад. Ниёгонамон дар айёми ҷашни Тиргон хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд ва беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд. Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки ҷашнҳои миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтаанд. Орзумандем, ки ҷашни Тиргон низ дар наздиктарин фурсат ба чунин мақом сазовор гардад. Дар ин росто, моро зарур аст, ки хусусиятҳои барҷаста ва манфиатовари онро боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем. Ҳамватанони азиз! Аҳаммияти об дар замони мо хеле муҳим арзёбӣ гардида, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад. Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард, ки қатъномаҳои дар ин масъалаҳо қабулкардаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд. Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки бо масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об, робитаи мустақим дорад, ҳамчунин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки ин ҳама пешниҳоду ташаббусҳо саҳми кишвар ва мардуми мо дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ ва беҳтар сохтани шароиту имкониятҳои зиндагӣ барои сокинони сайёра мебошад. Мардуми мо, ки соҳиби суннатҳои бостонӣ ва созандагиву ободкорӣ ҳастанд, беҳуда обро манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ободӣ нагуфтаанд. Ба ин маънӣ, ҷашни Тиргон ойини покиву тозагӣ, ободкориву созандагӣ ва идомаи мантиқии ҷашни Наврӯз мебошад. Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси кишвар бо истифода аз суннату анъанаҳои деринаи миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон – сарзамини куҳанбунёди аҷдодии хеш равона месозанд. Фарорасии ҷашни Тиргонро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Орзумандам, ки арзишҳои неки ҷашнҳои бостонӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша устувору пойдор бошанд. Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” боздид намуданд. Гармхонаи мазкур дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд гардида, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки гармхонаи мазкур доимамалкунда буда,  ҳарорати муътадили дохили он бо усули муосир таъмин карда мешавад. Қабл аз бодиринг дар гармхона помидор парвариш ва ҳосили он ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахт пешниҳод гардида буд.  Ҳоло ҳосили бодиринг дар гармхона фаровон аст ва ин бозгӯи он аст, ки кормандони Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед”, ки 10 – нафарро ташкил медиҳанд, дар кишт ва парвариши сабзавот таҷрибаи ғанӣ андухтаанд. Интихоби навъҳои ба иқлими кишвар мутобиқ низ аз роҳҳои дигари фаровонҳосилӣ аст. Обёрӣ дар гармхонаҳо бо усули қатрагии ба роҳ монда шудааст. Бо найчаҳои обдиҳии қатрагӣ ба сабзавот, ҳамчунин, маводи ғизоӣ дода мешавад. Технологияи нигоҳубини сабзавот дар гармхона ба таври худкор амал намуда, ҳосилнокиро баланд мебардорад. Таввасути турҳои муҳофизатӣ сабзавот аз таъсири офатҳои табиӣ, ба монанди гармии аз меъёр зиёд ва ҳашароти заррарасон эмин нигоҳ дошта мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст. Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст. Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезиологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст. Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чашм ҷой дода шудаанд. Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад. Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд. Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии донишҷуён мусоидат менамояд. Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, дар вақти сохтмони он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Муассисаи тозабунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ дар маҷмуъ 45 нафар ба кор таъмин шудаанд. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои варзишӣ, мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардонидани онҳо ҳидоят намуданд. Мувофиқи нақшаи генералӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд. Дар ин замина қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд” бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шудааст. Бинои нав доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст ва дар он зиёда аз 200 нафар бо кор таъмин мегарданд. Дар ин бино барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст. Бино дар масоҳати 63 садяк замин сохта шуда, аз 94 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 чойи нишаст, Маркази коркарди маълумот, Маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Тасмим аст, ки Маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми калони маълумотро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб карда мешавад. Маркази назоратӣ бошад, дар масоҳати 200 метри мураббаъ сохта шудааст, ки дар он 35 нафар оператор, кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзӣ фаъолият карда, амнияти шаҳрвандон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахти кишварро таъмин менамоянд. Китобхонаи барҳавою муҷаҳҳаз ва толори машқварзӣ барои кормандон аз имкониятҳои дигари иншооти нав ба ҳисоб меравад. Аснои муаррифии тарҳу лоиҳаҳои тавассути корхона амалишаванда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад. “Шаҳри ҳушманд”, ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад. Таъкид гардид, ки ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст. Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он”, таҳияи “Харитаи электронӣ”, “Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе-«Нақлиёти ҳушманд»”, фаъолсозии “Шаҳри бехатар” ва ғайраҳо аз зумраи корҳоест, ки тариқи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳоли иҷро қарор доранд. Дар корхона барои анҷоми амалиётҳо тавассути технологияи иттилоотӣ беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаҳои муассисаҳои олии таълимии ватаниву хориҷӣ буда, донандагони хубӣ забонҳои хориҷиву кор бо технологияи иттилоотӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ошноӣ бо имкониятҳои бинои наву замонавии КВД “Шаҳри ҳушманд” ва суҳбат бо мутахассиосни соҳа, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки ба хотири амалишавии самараноки лоиҳаҳои ҳушманд ва ба шаҳри инноватсионӣ табдил додани Душанбе, ҷалби шарикони рушд ва сармояи дохилӣ васеъ ба роҳ монда шавад. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх