Президент

Президент

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Ҳамватанони азиз! Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон! Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем. Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад. Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд. Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд. Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад. Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид. Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд. Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд. На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад. Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем. Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд. Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд. Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем. Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд. Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид. Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд. Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт. Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд. Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд. Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд. Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад. Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард. Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид. Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд. Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд. Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд. Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад. Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд. Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед. Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад. Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст. Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам. Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки

Президент

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама,  доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад. Раисони ҳарду ноҳия бо арзи сипос ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки корҳо бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд ва кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти мардуми зарардида муҳайё гардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ҳамчунин бо роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои дахлдор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба онҳо низ барои суръат бахшидан ба корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас доданд. 05.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар

2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Иноятулло Муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Раҳмон Исломиддин Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Раҷабзода Ҳайдаралӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Каримзода Насимҷон Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Норзода Шариф Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Ашурализода Абдураҳмон Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Олимзода Зоҳир Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Қурбонзода Усмоналӣ Муовини якуми Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Сатторзода Бобоҷон Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардиданд. Ба ҳамин тартиб ҳамчунин роҳбарони “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” бо кадрҳои ҷавону варзида иваз карда шуданд. Бо дастури   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло ва муовинони ӯ дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд. Дар мувофиқа бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат нахуст ба кадрҳои дар бахшҳои мудофиа ва ҳифзи сарҳади давлатӣ таъиншуда муроҷиат намуда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба пурзӯр намудани назорати интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии доимии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ, аз худ намудани забонҳои байналмилалӣ ва техникаю технологияи муосири ҳарбӣ ва бахусус ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуданд. Дастуру тавсияҳои мушаххас, ҳамчунин, доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии  он дода шуд. Таъкид гардид, ки ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба хусус дар мақомоти назоратӣ, ба савияи донишу маҳорат, касбият ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. 02.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази рушди саноатӣ” оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гузориш дод. Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар пешбинӣ мегардад. Таъкид гардид, ки масъалаи бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, инчунин таъмини шуғли пурмаҳсул, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дарҷ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд. Баъди муҳокима лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки созишнома дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо ба имзо расонда шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Доир ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши роҳбарони як қатор сохторҳо шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарор барои дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идора ва назорати самараноки истифодаи замин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ, супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар, инчунин вусъати ободонию созандагӣ, корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишту кори баҳорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. 30.04.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй

https://www.president.tj/event/news/50651 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид. Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд. Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” ва “Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал” то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт. Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – “Гӯсфанди зоти “ҳисорӣ” ва “Ангури навъи “тоифӣ – гулобӣ” ва  ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) миннатдорӣ  изҳори сипос карданд. Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид. 29.04.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА хонум Пиа Лииса Каума

https://www.president.tj/event/news/50647 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак – низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати Финляндияро дар самти пешгирӣ аз низоъҳо дар паҳнои САҲА, эҷоди эътимод, мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳо дастгирӣ менамояд. Зимни баррасии масоили амниятӣ таҳкими шарикӣ дар муқовимат ба хавфу таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, муҳим дониста шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти амниятӣ ҳамоно андешидани тадбирҳои минбаъдаи ҳамоҳангро тақозо менамояд. Вобаста ба ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ таҳкими ҳамкорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои муассир мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҷиҳати тақвияти бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохтор ва рушди минтақаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд. Масъалаҳои вобаста ба мудирияти захираҳои обиву энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ низ аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳамкорӣ номида шуд. Таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ширкати занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буд. Таъкид гардид, ки дар ченаки инсонӣ ҷониби Тоҷикистон омода аст, ҳамкориро бо Созмон дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  идома диҳад. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани буҳронҳои мавҷуда ва эҷоди фазои боварию эътимод дар паҳнои масъулияти САҲА, сурат гирифт. 29.04.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Ҷаноби Олӣ, Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”.

Президент

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям. Мо таваҷҷуҳи хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мекунем. Музокироту вохӯриҳои имрӯза мисли ҳамеша дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми музокирот як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду ҷонибро такмил медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро баланд арзёбӣ мекунад. Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда барои идомаи густариши  робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Мо ҷонибдории худро аз идомаи муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф иброз доштем. Кишвари мо аз густариши равобити байнипарлумонӣ, табодули сафарҳои расмии роҳбарони парлумонҳои ду кишвари дӯст ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори ризоият намуд. Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои дорои авлавият дар муносибатҳои дуҷонибаи мо маҳсуб меёбанд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир муомилоти тиҷоратии дуҷониба суръати тоза пайдо карда, соли гузашта ба зиёда аз панҷоҳ фоиз афзоиш ёфт. Зимнан, тақвияти фаъолияти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, Шӯро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҷониби Тоҷикистон зарурати саъю талоши бештари ниҳодҳои дахлдори ду кишварро дар татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030-и мелодӣ ва Нақшаи роҳи он зикр кард. Мо алоқамандии худро ба рушди ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз доштем. Дар ин замина истифодаи васеъ аз имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон   ба манфиати ҷонибҳо дониста шуд. Ҷониби мо, инчунин, аз зарфиятҳои фаровони бахшҳои  саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, фанноварӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ёдовар шуд. Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар баргузор гардид. Дар чорчӯби он чонибҳо 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як нишонаи мавҷуд будани имкониятҳои фарох барои ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони мо дар самтҳои мазкур мебошад. Кишвари мо ба рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва зарурати роҳандозии иқдомҳои муассир дар ин ҷода таъкид кард. Дар рафти музокирот   ба тамоюли афзоиши интиқоли молу коло миёни ду кишвар дар солҳои ахир ишора гардид. Вобаста ба ин, зарурати истифодаи самарабахш аз зарфиятҳои бузурги нақлиётиву транзитии ҷонибҳо мавриди таъкид  қарор гирифт. Ҳамчунин, роҷеъ ба истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба унвони заминаи мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот табодули назар анҷом ёфт. Ҷониби мо тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, дар  бахшҳои   боғпарварӣ, таъсиси ниҳолхонаҳо ва истифодаи технологияҳои муосири обёриро ба нафъи кор донист. Зимни истиқбол аз лағви низоми раводид байни ду кишвар, нақши таъсиргузори ин иқдом ба рушди соҳаи гардишгарӣ зикр гардид. Мо зарурати ҳамкории боз ҳам бештарро дар соҳаи тиб, бахусус, рушди бахши дорусозии муштарак ва бозомӯзии мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ кардем. Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ, тавсеаи беш аз пеши равобит дар соҳаҳои илму фарҳанг ва омӯзишу пажӯҳиш зарур дониста шуд. Бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аҳаммияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният мавриди таъкид қарор гирифт. Дар ин замина зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо зуҳуроти  терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир  ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои сойберӣ  ба манфиати ду кишвар ва минтақа маънидод гардид. Мо аҳаммияти ҳамоҳангиҳои муштаракро барои расонидани кумакҳои мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон ва мусоидат дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таъкид кардем. Ҷониби Тоҷикистон аз идомаи вазъи фоҷеабор дар Навори Ғазза изҳори нигаронӣ кард. Вобаста ба ин, зарурати андешидани чораҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати хотимаи нооромиҳо дар Ховари Миёна таъкид карда шуд. Дар робита ба ин, Тоҷикистон ҷонибдории худро аз татбиқи қатъномаҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба қазияи Фаластин ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бори дигар изҳор намуд. Ҳозирини гиромӣ, Дар ҷараёни музокирот мо аз ҳолат ва раванди шарикӣ бо Эрон дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори ризоият кардем. Омодагии ҷониби худро ҷиҳати идомаи ин раванд иброз доштем. Тоҷикистон ба кишвари дӯст барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла дар мавзӯи обу иқлим  сипосгузорӣ намуд. Дар маҷмӯъ, мо натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Масъуди Пизишкиёнро ҳамчун оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту бародар арзёбӣ менамоем. Дар фарҷоми сухани худ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатмандиву комёбиҳо ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу осоиш ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

МАҚОЛАҲО, Президент

БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ МАҶМААИ ҶАҲОНИИ ТАҚРИБИ МАЗОҲИБИ ИСЛОМӢ

Имрӯз, 16-уми январи соли равон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд. Ҳамин тавр, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, байни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба таҳқиқоти илмӣ ба имзо расид. АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ – САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Прокрутить вверх