Президент

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд

Шоми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ амалӣ гардиданд. Танҳо дар панҷ соли охир, яъне дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда 3400 иншоот зиёд мебошад. Аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. “Таъмин гардидани тараққиёти соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят ҳоло ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат карда истодааст, – изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла бунёди нақбҳои ҳаётан муҳимми “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакентро дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани амнияти кишвар аз ҳар як фарди ватандӯст, бахусус ҷавонон масъулияти баланд ва талоши доимиро талаб менамояд. “Ман ба ҳисси баланди милливу ватандӯстии мардуми шарафманд ва заҳматқарини вилояти Суғд бовар дорам ва итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта мегардонем”, – изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони чорабинӣ барномаи рангини консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид. Таҳиягарони барнома бо пешниҳоди суруду мусиқӣ ва рақсҳои дилнишин тавонистанд тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллатро дар таъмини сулҳу субот, ба ҳам овардани мардум, ба як кишвари воҳид мубаддал кардани Тоҷикистон ва пешниҳодҳои чаҳонии Роҳбари давлат оид ба ҳалли масоили мубрами сайёраро бо тарҳу намои зебо пешкаши меҳмонон намоянд. Ҳунармандон бо истифода аз эҷодиёти шоирони шинохта ва оҳангсозони маъруф дар васфи Ватан, Истиқлолу Ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ сурудҳо иҷро карда, ба фазои идона шукуҳу азамат зам намуданд.

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям! Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ва натиҷаҳои он бозгӯи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Русия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст. Бо истифода аз фурсат, бори дигар азми тағйирнопазири инҷонибро ҷиҳати минбаъд низ нигоҳ доштани сатҳи баланди рушди устувори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар руҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ таъкид менамоям. Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ба нафъи шаҳрвандони кишваратон, инчунин, ба мардуми дӯсти Русия сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям».

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Дар оғози сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардид. Зикр карда шуд, ки танҳо дар се рӯзи охир дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимиву тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо беҳтарин шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷойи кории нав муҳайё гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дастовардҳо аз дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва иштироки фаъолонаи сокинони вилояти Суғд дар ободониву пешрафти Ватани азизамон гувоҳӣ медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи вилоят ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ баҳри татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар ҳудуди вилоят ба маблағи 11 миллиард сомонӣ беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 24 лоиҳа идома дорад. Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба дастовардҳои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, дигар бахшҳои иҷтимоӣ ва  самтҳои асосию стратегӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 8 ҳазор ҷойи кории нав бунёд ва ба истифода дода шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси соҳа, зарур аст, ки коркарди пурраи ашёи хоми дохилӣ, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва истифодаи пурраи иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шавад. Дар бахши энергетика бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб – Шимол” ба масофаи 264 километр, инчунин, зеристгоҳҳои барқии “Душанбе – 500” ва “Суғд – 500” ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ намунаи олии тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ номида шуд. Зарур шумурда шуд, ки ба истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коҳиш додани талафоти неруи барқ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шавад. Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд то имрӯз 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 6,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 568 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 90 пул ва 11,7 километр нақб сохта, ба истифода дода шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъулон минбаъд низ ба нигоҳдории роҳҳо, истифодаи самараноки онҳо ва баланд бардоштани сифати инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд. Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 1,4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Таъкид гардид, ки тайи замони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 417 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони соҳа супориш доданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, рушди тибби рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманду заҳматқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати созанда дар роҳи пешрафти кишвар ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, донишҷӯ Азиза Ҷумазода, соҳибкор Исроилхуҷа Самандаров ва собиқадори меҳнат, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова доир ба таъмини шоистаи зиндагӣ ва илмомӯзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Насли истиқлол корхонаи парандапарварӣ ва коргоҳи забҳу коркарди гӯшти паранда ба фаъолият оғоз намуданд. Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши солонаи то 300 ҳазор сар мурғ ва коргоҳи коркарди гӯшт барои забҳу коркарди то 190 ҳазор сар мурғ дар як моҳ пешбинӣ шудааст. Дар ҳарду иншоот дар маҷмуъ 40 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ ду ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши умумии 3000 метри мукааб сохта шуда, 878 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳад шуд. Дар соҳаи маориф муассисаи таҳсилоти миёнаи хусусии Ворисон барои 550 хонанда ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ворисон барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар соҳаи тандурустӣ филиали Маркази тиббии Насл ба истифода дода шуд. Барои бунёд ва муҷаҳҳазсозии филиали Маркази тиббии Насл 40 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз чойхонаи Сирдарё ва ба дарёи Сир сар додани 1 миллион моҳича

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд. Чойхонаи Сирдарё дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2 ҳазору 741 метри мураббаъ аз нав барқарор карда шуда, фармоишгари иншоот Корхонаи давлатии коммуналии Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва паймонкор ҶДММ Сохтмон пешсаф мебошад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки чойхона бо тарҳу услуби зебои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар ороиши деворҳои он ҳунарҳои наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакорӣ истифода карда шудаанд. Ҳунарҳои тасвиргардида дар бино бо хусусиятҳои хоси миллӣ ва услуби муосир ҳамоҳанг гардидаанд. Дар саҳни ҳавлии чойхона 3 суҳбаткадаи кандакорӣ қомат афрохтааст, ки аз ғановатмандии ҳунарҳои миллии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Сипас дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд. Тадбирандешии мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳии зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо, дар 5 аквариум намудҳои моҳӣ аз оилаи амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ муаррифӣ карда шуд, ки дар коргоҳҳои истеҳсоли моҳӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят парвариш меёбанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки моҳиҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ вобаста ба шароити обу иқлим ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 500 грамм вазн мегиранд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сар додани моҳичаҳо ба мутахассисони соҳа барои рушди моҳипарварӣ тавсияҳои судманд дода изҳор доштанд, ки дар обҳои Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи моҳиро парвариш кардан мумкин аст.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба ифтихори ҷашни муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. Дар иншооти таълимӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 300 курсӣ мебошад. Дар ин боргоҳи илму маърифат 38 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Дар муассисаи тозабунёд Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шуда, дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудааст. Мавҷуд будани чунин осорхона дар муассиса бевосита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард. Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, ки дар муассиса сохта шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмот, бевосита ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки хонандагон вақти холигии худро босамар гузаронида, ба варзиш машғул шаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд. Зикр гардид, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи Навниҳоли Ватан ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонии иншооти иҷтимоии мазкур аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҶДММ Қолинҳои Қайроқум бо тарҳи зебо, сифати баланд ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ба кӯдакон бунёд гардидааст. Дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеъи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд Навниҳоли Ватан бо шароити муосири тавонбахшиву хизматрасонӣ дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва дигар табақаҳои ниёзманди наврас мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи кудаконро ба нигоҳубин, тандурустӣ, таҳсил, тарбия ва рушд таъмин менамояд. Фаъолияти муассиса дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади таъминоти иҷтимоии ятимони кулл, тавонбахшии тиббию зеҳнӣ ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 75 кӯдак роҳандозӣ гардидааст. Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва кормандони муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии беҳтари ятимони кулл ва кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд ва ин қишри осебпазири ҷомеа то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон доимо зери таваҷҷуҳ, нигоҳубин, ғамхорӣ ва сарпарастии давлат қарор мегиранд. Муассисаи мазкур барои таъмини гармӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо маркази гармидиҳии муосир, майдончаи бозии кӯдакон бо лавозимоти гуногун ва суҳбаткадаҳо барои истироҳату фароғати кӯдакон таъмин карда шуда, саҳни ҳавлии ин муассисаи иҷтимоӣ бо дарахтони ороишӣ ва буттаҳои ҳамешасабз  оро дода шудааст. Баробари ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд 70 корманди соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд. Нахуст дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд. Пас аз ба истифода додани ин корхона 70 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Гуфта шуд, ки дар оянда бунёди марҳилаи дуюми корхона  дар назар дошта шудааст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он иқтидори истеҳсолӣ  ва шумораи кормандон зиёд мегардад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 6 корхона мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 620 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд ва дар як сол ба миқдори 46 миллиону 330 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мегардад. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ  ба истифода дода шуд, корхонаи  истеҳсоли  пахтаи минералии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилроз Ғаюр дар шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон мебошад. Бунёди ин корхона имкон медиҳад, ки  дар як сол ба миқдори 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ истеҳсол шавад. Корхона бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта шуда, дар он 60 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ба кор андохтани ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қолинҳои Қайроққум бо иқтидори 450 ҳазор метри мураббаъ дар як сол иншооти дуюми саноатӣ дар шаҳри Гулистон аст. Таҷҳизоти дар ин корхона васлгардида аз ширкати Вандевили кишвари Белгия буда,  дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи бинои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Шамс тиҷорат бунёд гардидааст, ки  тариқи фосилавӣ бо иқтидори 630 ҳазор дона тухми мурғ дар як моҳ мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз соли 2025 оғоз ёфта, дар муддат кӯтоҳ ба истифода дода шуд ва дар он 20 кас соҳиби ҷойи кор гардид. Ифтитоҳи фосилавии корхонаи  истеҳсоли  гӯшти мурғ дар шаҳри Гулистон иншооти дигари саноатие буд, ки  дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд шудааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Сифат мурғ дар як сол 320 тонна гӯшти  мурғи аълосифат истеҳсол менамояд. Баъди ба истифода додани ин корхона 18 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шуд. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳолати моҳи сентябри соли 2026 зиёда аз 50  корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин рақам нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 550 нафар зиёд мебошад. Бинои навсозишудаи кӯдакистони Садбарг дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон  дар ҳамин рӯз тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимии томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 350 кӯдак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои ташаккули барвақтӣ ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовару зеҳнӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Дар бинои аз таъмиршудаи кӯдакистон  14 гурӯҳ фаъолият менамояд ва дар ин ҷо 55 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 11 муассисаи  томактабӣ,  аз он ҷумла 1  хусусӣ, мавҷуд буда, шумораи кӯдакони дар онҳо ба таълим фарогирифташуда 2087 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 108 кӯдак зиёд аст. Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи кору фаъолият ва зиндагии мардум дар деҳот ва  ҳидоят намудани насли наврас меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон баъди аз фаъолият боз мондан

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд. Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст.  Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд. Дар заминаи ҳамин тадбирҳо бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АСИМ оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК Комбинати маъдантозакунии Адрасмон амалӣ гардид. Пас аз расидан ба иқтидори пурра беш аз 1000 нафар мутахассис бо  кор таъмин хоҳанд шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалии Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи истихроҷи маъдани сурбу нуқра 2 миллион тоннаро ташкил дода, тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, аз он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст. Дар муддати тақрибан якуним сол дар наздикии кон корхонаи маъдантозакунӣ пурра аз нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Шветсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз карда шуд. Имрӯз дар ин корхона се коргоҳи майдакунии маъдан, коргоҳи осиёб, бахши флотатсия, дастгоҳи ғафскунӣ ва матбуоти филтрии истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳилаҳои асосии коркарди маъдан бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудаанд. Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ — консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст. Дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ба барқарорсозии инфрасохтори корхона низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Хобгоҳҳо, осоишгоҳ, маҷмааҳои меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти вобаста ба корхона таъмири асосӣ ва навсозӣ гардиданд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳмонон ва сайёҳоне, ки ба шаҳраки Адрасмон ташриф меоранд, меҳмонхонаи муосири Симин бо 12 ҳуҷра бунёд гардида, барои истироҳату фароғати онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Барои интиқоли партовҳои коркарди маъдан аз фабрика ба партовгоҳи №2 ва истифодаи такрории обҳои техникӣ ду хатти қубур бо қутри 377 миллиметр ва дарозии 4400-метрӣ васл карда шудааст. Бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо неруи барқ зеристгоҳи баландшиддати 35/10 киловолт бо ду трансформатори иқтидорашон 16 ҳазор киловат ва таҷҳизоти муосир сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 15 километр хатҳои барқи баландшиддат бо пояҳои бетонӣ васл гардида, ноқилҳои хатҳои интиқоли неруи барқ пурра нав карда шуданд. Барои зиёд намудани иқтидори истихроҷ нақби нақлиётии №2 ба масофаи беш аз ду километр канда шуда, бо усули пошдиҳии бетон мустаҳкам ва роҳҳои нақлиётгарди он бетонпӯш карда шуданд. Қобили зикр аст, ки қатъ гардидани маблағгузорӣ ва аз фаъолият бозмондани конҳо аз соли 2013 ба зерсохтори истеҳсолӣ таъсири ҷиддӣ расонида буд. Дар натиҷа нақбҳои Кони Мансури Шарқӣ ва нақби нақлиётии №1 зери об монда, қисми зиёди таҷҳизоту механизмҳои истеҳсолӣ барои истифодаи минбаъда корношоям гардида буданд. Таҷҳизоти рӯизаминӣ низ дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва солҳои зиёд истифода нашудан фарсуда гардида буд. Ҳоло бошад, дар доираи барқарорсозии корхона таҷҳизоти кӯҳнаи зеризаминӣ пурра бо дастгоҳу механизмҳои муосир иваз карда шудааст. Дар баробари ин, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳраки Адрасмон низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Аз истгоҳи обкашии Дрешсой агрегати обкашӣ ва таҷҳизоти барқии вакуумӣ харидорӣ ва насб гардида, ба Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии Адрасмон супорида шуд. Бо мақсади таъмини корхона бо оби техникӣ ва нӯшокӣ 11 чоҳи амудӣ канда ва ба истифода дода шуда, дар истгоҳи обкашии Қаромазор низ таҳкурсии агрегатҳои обкашӣ пурра таҷдид ва таъмир гардид ва насосҳои нави обкаш насб карда шуданд. Бино ва иншооти истеҳсолии қитъаҳои кон ва коргоҳҳои ёрирасон низ аз таъмири асосӣ ва навсозӣ бароварда шуданд. Бинои коргоҳи карбид ва оҳангарӣ барои ҷойгир намудани лабораторияи кимиёвӣ навсозӣ карда шудааст. Дар майдони истеҳсолии шахтасозӣ бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона сохта шуда, ба истифода дода шудаанд. Бинои маъмурии идораи комбинат низ дар шакли сеошёна бо тарҳи замонавӣ ва шароити муносиби корӣ бунёд гардидааст. Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ зиёда аз 200  нақлиёт ва таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ, барқарорсозии Адрасмон ба рушди иқтидори саноатии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар мусоидат менамояд. Барои кормандони комбинат шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст. Қарзҳои вобаста ба музди меҳнат, андоз, неруи барқ ва дигар уҳдадориҳои ҷамъшуда, ки дар давоми 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил медоданд, марҳила ба марҳила пардохт шуда истодаанд. Баробари ба кор даромадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, Корхонаи азими саноатии Адрасмон метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра табдил ёфта, дар рушди саноати маъдантозакунии кишвар саҳми назаррас гузорад.

Президент, Хабарҳо

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 7 иншоот ва муаррифии лоиҳаи роҳи мошингард дар ноҳияи Ашт

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт тариқи фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Куруш–Бекободро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии ноҳияи Ашт бунёд гардидааст. Роҳи мошингарди Куруш–Бекобод масофаи 12,7 километрро фаро гирифтааст ва бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд гардида, барои таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди рафтуомади сокинон хизмат хоҳад кард. Мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳи мошингард барои сокинони деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини минтақа аҳамияти зиёд дошта, имкониятҳои нақлиётӣ ва робитаи байни маҳалҳоро беҳтар менамояд. Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ роҳи мошингарди Хистеварз–Соҳилобро низ мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур дар масофаи 10 километр бунёд гардида, яке аз иншооти муҳими инфрасохторӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди роҳи нав барои тақвияти робитаи нақлиётии байни маҳалҳои аҳолинишин, осон намудани дастрасии сокинон ба марказҳои хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли молу маҳсулот замина мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Аштро низ ба истифода доданд. Дар бинои нав, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, барои беш аз 50 нафар шароити муосири корӣ муҳайё карда шудааст. Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт барои самаранокии фаъолияти кормандони соҳа заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Осоишгоҳи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёд, воқеъ дар мавзеи Аксикони деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт чорумин иншоотест, ки 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Осоишгоҳи Бунёд бо назардошти талаботи замони муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева сохта шуда, барои қабули шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату табобат пешбинӣ шудааст. Иншоот барои 120 кат пешбинӣ шуда, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар бинои нави осоишгоҳ барои 30 нафарҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст. Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти томактабиро дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор доданд. Кӯдакистон барои 180 нафар пешбинӣ гардида, бо ба истифода додани он имконияти фарогирии кӯдакони деҳа ба таълиму тарбияи томактабӣ бештар мегардад. Бунёди муассисаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Раҳмонзода Зоир Абдусамад сурат гирифтааст. Бо бунёди иншооти нави соҳаи маориф беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар қатори иншооти бунёдгардида ва мавриди истифода қароргирифта, майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт низ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади ободонӣ, зебо гардонидани муҳити шаҳрак ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ бунёд гардида, ба симои меъмории шаҳрак ҳусни тоза зам менамояд. Майдони Нишони давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои хоси фарҳанги миллӣ бунёд шуда, барои баргузории чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ метавонад истифода шавад. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар деҳоти Ориёни ноҳияи Аштро ба истифода доданд, ки он барои 240 хонанда шароити мусоиди таҳсилу тарбия фароҳам меорад. Бинои мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Муассисаи нав дорои синфхонаҳои барҳаво ва шароити замонавӣ буда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заминаи муносиб фароҳам месозад. Дар идома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ашт ба масофаи 106 километр муаррифӣ гардид. Ин роҳи мошингард аҳамияти байналмилалӣ дошта, тавассути ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд убур намуда, Тоҷикистонро бо Узбекистон пайванд месозад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати нақлиёт таҳия шудааст. Сохтмони ин роҳ ба беҳтар гардидани алоқаи нақлиётӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа барои осон намудани рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот аҳамияти зиёд дорад. Сохтмони роҳ барои рушди саноат ва кишоварзӣ дар ин минтақа такони нав мебахшад. Бунёди роҳи мазкур шиддатнокии ҳаракати нақлиётро ба таври назаррас меафзояд, дар канори роҳ нуқтаҳои сершуморихизматрасонӣ пайдо мешаванд ва истеҳсоли мол дар минтақа афзоиш ёфта, муносибатҳои тиҷоратиро бо Ҷумҳурии Узбекистон афзун менамояд.

Прокрутить вверх