Президент

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад

29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал ташаббусҳои кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ ёфтаанд. Ба масъалаҳои рӯзномаи нахустин конфронси сатҳи баланд оид ба пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот дар саросари ҷаҳон пайваста бо шарикони байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои Созмони Милал ҳамкории босамар дорад. Ҳамкории созанда ва густурда бо Созмон дар самти обу иқлим ва ташаббуси навбатии муҳими байналмилалии Тоҷикистон якҷо бо Ҷумҳурии Фаронса оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумӣ доир ба “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. 29.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои  саратонӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳия шудааст. Тавре зикр гардид, дар стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст. Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба тасдиқ карда шуд. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои барномаро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол маълумот пешниҳод намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ба мардум фаҳмонидани сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои саратонӣ ва пешгирӣ аз онҳо аз ҳама имкону захираҳо бояд истифода карда шавад. Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029, Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ, муҳокима карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 гуфта шуд, ки он баҳри идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди сабз, фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра таҳия карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки масъулин аз руи барнома нақшаи амалигардонии онро таҳия ва тасдиқ намоянд. Сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои татбиқи барнома чораандешӣ карда, аз натиҷааш муълумот манзур намоянд. Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо доданд. 29.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак амалӣ гардид. Мукаммал кардани муҳити омӯзиш, такмили сифати таълими кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ аз масоили муҳими ҳамкории оянда, аз ҷумла тавассути рушди рақамикунонии раванди таълим, дониста шуд. Директори иҷроияи ЮНИСЕФ талошҳои пайвастаи Пешвои миллатро ҷиҳати фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва умуман рушди соҳаи маориф дар кишвар баҳои баланд доданд. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зоҳир гардид. Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва танзими боздиди олимону ҳунармандон зарур шумурда шуд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ду кишвар низ муҳим дониста шуд. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ташаббусҳои ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Без рубрики, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ шуд. Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ арзёбӣ шуд. Муборизаи бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла масоили муқовимат бо пасомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллар дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд. Пешгирӣ ва коҳиш додани фишори омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Барои ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ, энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва коммуникатсия, ҷалби бештари сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагии грантӣ зарур шумурда шуд. Тақвияти ҳамкорӣ дар самти ташаккули минбаъдаи иқтисоди рақамӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи босамари лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” зоҳир гардида, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум муҳим дониста шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати дастгирии “Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъсис ёфтааст, иқдомоти шоистаро роҳандозӣ хоҳад кард. Атрофи мукаммалсозии стратегияи навбатии шарикии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд барои панҷ соли минбаъда низ табодули афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд. Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар навбати худ ба талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ва Сарвари давлати моро дар ҷодаи истифодаи об ҳамчун сарчашмаи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баланд доданд. Бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва мусоидати дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ пешниҳоди муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, атрофи ташаббуси Тоҷикистону Фаронса “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034” ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули судманди афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

  28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват намуда, таъкид доштанд, ки пайваста барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ ва кормандонашон, омӯзиши техникаю технологияи муосир, забони давлатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҷаҳду талош намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ дар давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол

25.05.2025 https://president.tj/event/news/50867 Ҳамватанони азиз! Мухлисону дӯстдорони варзиши футбол! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям. Як сол пеш, яъне 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид. Қобили зикр аст, ки ин иқдоми созанда боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад. Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳимми солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо футбол дар кишвари мо дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, шумораи ҳаводорону варзишгарон, махсусан, миёни наврасону ҷавонон пайваста афзуда истодааст. Ин намуди зебои варзиш ҳоло на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар рушд ёфта, ҳамчун унсури муҳимми тарбияи ҷисмониву маънавӣ мавқеи хосса пайдо кардааст. Бояд гуфт, ки рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бе бунёди инфрасохтори муҷаҳҳаз ва ба талаботи замони имрӯза мутобиқ гардонидани иншооти бунёдшаванда тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо дар пойтахти мамлакат дар панҷ соли охир тавассути роҳандозии барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид. Лозим ба ёдоварист, ки се барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2012 – 2016, 2017 – 2021 ва 2021 – 2026 амалишавии васеи чорабиниҳоро таъмин намуда, ба таҳкими инфрасохтор ва оммавӣ гардидани футбол дар миқёси кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Илова бар ин, се барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои кишвар, як барномаи таълимӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, беруназдарсӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз рӯйи намуди футбол қабул ва аз ҷониби масъулину мураббиёни соҳаи варзиши мамлакат амалӣ гардида истодааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҳамкории самараноки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои футбол дар қаламрави кишвар мунтазам баргузор гардида, ба ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба ин намуди варзиш мусоидат карда истодааст. Ҳамватанони азиз! Натиҷаҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самараҳои сиёсати давлат дар самти варзиш мебошанд. Ҷойи хушнудист, ки бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастаи миллии футболи кишварамон дар Ҷоми Осиё – 2023 ба марҳалаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё то марҳалаи нимниҳоӣ баромада, дар чемпионати ҷаҳон низ иштирок намуд. Хотиррасон менамоям, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол моро водор месозад, ки минбаъд низ барои рушду оммавигардонии ин намуди варзиш дар кишварамон кӯшиши бештар намоем. Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик ифтихор дорам ва тамоми масъулони соҳа, мураббиён, футболбозон ва алоқамандони ин намуди зебои варзишро бори дигар ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик мегӯям. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки футбол дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихори миллӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва омили муҳимми муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз рушду инкишоф меёбад ва мухлисону ҳаводорони ин намуди варзиш аз дастовардҳои нав ба нави футболбозони тоҷик рӯҳбаланду сарфароз мегарданд. Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бод, дӯстдорони варзиш!

Президент

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар! Соҳибони фардои Ватан! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол санаи 23-юми май дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи муқаддаси ватансозиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу менамоям. Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имкониятҳои заруриро барои таълиму тарбияи ҷавонон ва ташаккули зеҳниву ҷисмонии онҳо фароҳам овардем ва ин равандро бомаром идома дода истодаем. Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям: ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки аз ҷумлаи нахустин ва бузургтарин ҳадафҳои сиёсии мо мебошад, имрӯз ва дар оянда низ аз фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии бевосита дорад. Бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик дар душвортарин шароиту лаҳзаҳо барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштанд. Имрӯзҳо низ ҷавонони далеру ватандӯсти тоҷик ба хотири ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳимояи зиндагии осудаи мардуми тоҷик дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар содиқона хизмат карда истодаанд. Ҷавонони мо имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг, омӯхтан ва истифодаи техникаву технологияҳои пешрафта, соҳибкориву саноат, кишоварзиву энергетика ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас доранд. Саъю талоши онҳо, ҳамчунин, барои рушди варзиш ҳамчун омили муҳимтарини пешбурди тарзи ҳаёти солим ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардани Тоҷикистони азизамон қобили таҳсин мебошад. Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбия, таҳсил, кору фаъолият ва истироҳату фароғати ҷавонон, яъне фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои онҳо тамоми иқдомоти заруриро амалӣ гардонида истодааст. Аз ҷумла тавассути қабул ва амалӣ намудани қонунҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, татбиқи самараноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии рушди соҳа фароҳам гардидаанд. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёд ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бунёди ҳазорҳо муассисаи таълимии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва даҳҳо ҳазор иншооти муҷаҳҳазу замонавии варзиш аз ҷумлаи ҳамин иқдомот ба ҳисоб мераванд. Тавре ки қаблан низ гуфта будам, бо мақсади фароҳам овардани шароити ҳарчи беҳтар барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар соҳаи маорифи кишвар 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Имрӯз дар кишвар 153 литсейи касбҳои техникӣ, коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо 141 ҳазор хонандаву донишҷӯ фаъолият дорад. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони боистеъдоди мо дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм доранд. Ҳамаи иқдомоти зикршуда дастгириву ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гардонидани ҷавонони кишвар мебошанд. Сиёсати ҷавонгардонии кадрҳои хизмати давлатӣ, таъсиси квотаву стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Илм фурӯғи маърифат» ва чорабиниҳои дигар ҳама гувоҳи ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози ҷомеа мебошад. Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки ҷавонони мо бо дарки масъулияти сиёсиву иҷтимоии худ дар назди давлат ва ҷомеа барои пешрафту ободии Ватани худ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ заҳмат мекашанд. Бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, густариши тафаккури навоварӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир мо солҳои    2020 – 2040-ро «Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ» эълон намудем. Дар ин раванд, аз ҷавонони созандаи Ватан умед дорем, ки бо омӯхтани илму донишҳои муосир, дар навбати аввал, илмҳои дақиқ ва риёзӣ, эҷодкориву ихтироъкорӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ташаббускорӣ дар амалӣ сохтани ин ҳадаф низ саҳми арзанда мегузоранд. Ҷавонони мо, ки дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ камол ёфтаанд, бояд Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои онро чун неъмати бузургтарини миллати тоҷик ҳифз карда, бо кору амали созандаи худ Ватани маҳбуби хешро боз ҳам ободу пешрафта гардонанд. Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди тамаддунҳо, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуур ва мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Дар чунин марҳала ва шароити ҳассос шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибихтиёр бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллиро доим гиромӣ доред, ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳед ва дар хотир дошта бошед, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳар яки шумо низ масъулият доред. Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед. Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам. Бовар дорам, ки шумо анъанаҳои ватандӯстиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкории халқамонро идома бахшида, Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта мегардонед ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоред. Бори дигар ҳамаи шумо – ҷавонону наврасони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва дар кору фаъолияти созандаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳо орзу менамоям. Рӯзи ҷавонон муборак бошад, фарзандони хушиқболи Ватан! 22.05.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх