Президент

Президент

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев

17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлати мо бо ибрози таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беш аз пеш Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат зимни суҳбат ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистонро таъкид намуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи саъю талошҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ карданд. Президентҳо, ҳамчунин, барномаи мулоқоту вохӯриҳои дарпешистодаи дуҷонибаву  бисёрҷонибаи  сатҳи олии ду кишварро ҳамоҳанг намуданд. 17.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Иштирок дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара

17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинӣ роҳбарони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва фаъолони ноҳияи Данғара иштирок доштанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Данғараро натиҷагирӣ карда, вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуданд. Роҳбари давлат масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами бахшҳо, боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободонии кишварро баррасӣ намуда, дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Таъкид гардид, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,2 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил дод. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 110,6 фоиз иҷро гардида, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин карда шуд. Дар робита ба пурра иҷро нагардидани нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбута супориш доданд, ки барои сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии хароҷоти захираҳои молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Зимни таҳлили вазъи сармоягузорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро барои ҷалби сармояи мустақим баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд. Вобаста ба нокифоя будани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби ташкилоти қарзӣ масъулин супориш гирифтанд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд. Гуфта шуд, ки барои вусъат бахшидани раванди рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардид. Дар ин робита истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталиф талаби қатъии замони муосир номида шуд. Зимни суханронӣ дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, барои рушди соҳаи саноат зарур шумурда шуд, ки маҷмааҳои нассоҷӣ дар кишвар ташкил гардида, бо ин роҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзоиш дода шавад. Дар ин зимн супориш дода шуд, ки барои содироти онҳо низ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти бенизоми баъзе корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои аз фаъолият бозмонда изҳори нигаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа бартараф ва масъалаҳои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард сари вақт ҳаллу фасл карда шавад. Барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар самти рушди саноат вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар аз Пешвои миллат дастур гирифтанд, ки иҷрои супоришҳои қаблан додашуда оид ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, инчунин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро ҳатман таъмин созанд. Таъмини аҳолии кишвар бо кори доимӣ аз масъалаҳои дигари ҳалталаб дониста шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро шарти асосӣ ва муҳим номиданд. Аз ҳама масъалаи ташвишовар талафоти зиёди неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он мебошад. Сарвари давлат барои пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии кишвар, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқро зарур шумурданд. Таъкид гардид, ки баҳри комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он дар кишвар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президент таъсис дода шуда, дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятии мушаххас муқаррар карда шуд. Аз сохторҳои марбута, роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма даъват карда шуд, ки бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти нави қонунгузориро вобаста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҳар як оилаи кишвар ба таври васеъ ва мушаххас фаҳмонанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар баробари ин тадбирҳо, барои самаранок истифода намудани неруи барқ, сарфаи он ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодагардида корҳо тақвият дода шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ зарур шумурданд, ки мардум баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоянд. Дар ин ҷода сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадор шуданд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд. Таъкид шуд, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини кишвар ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем. Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ аз ҳар як роҳбар, шахси масъул ва шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд талаб карда шуд. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бояд ба ташкили фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо бояд эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ аз истифодаи самараноки захираҳои замину об вобастагӣ дорад. Дар ин робита аз роҳбарияти сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳои фаврӣ тақозо гардид. Сохторҳои масъул ҳамчунин вазифадор карда шуданд, ки аз

Президент

Боздид аз ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам дар ноҳияи Данғара

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам шинос шуданд. Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам иттилоъ дода шуд, ки он соли 2009 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 70 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи агротехника дар майдони 25 гектар гелос, 4 гектар шафтолу, 2 гектар зардолу ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро, ки ба минтақа мутобиқ аст, парвариш менамоянд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариш ва нигоҳубини боғҳо таҷрибаи ғанӣ андухта, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо байни қаторҳои онҳоро самаранок истифода мебаранд. Дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ҳамзамон ба миқдори зиёд дар сардхона низ маҳсулот захира мекунанд. Дар боғи гелоси хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам асосан навъҳои барвақтии Бурлат ва Кордия парвариш мегардад, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот низ мувофиқ мебошанд.  Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон шинос шуданд. Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон бисёрсоҳа буда, хоҷагидорон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар майдони 800 гектар гандум, 15 гектар зағер, 180 гектар ҷав, 190 гектар пахта, 52 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 34 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳама нашъунамои хуб доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар масоҳати беш аз 480 гектар боғҳо бунёд ёфтааст, ки аз он 180 гектар себ, 75 гектар бодом, 100 гектар олу, 12 гектар чормағз, 6 гектар ангур, 6 гектар нок ва 3 гектарро боғи гелос ташкил медиҳад. Дар ин хоҷагӣ масоҳати боғҳои интенсивӣ низ тадриҷан зиёд карда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии Сомонҷонро намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳия дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ ва меваи тару тоза, хушкмеваҳо, ғалладона ва неъматҳои дигари табиӣ муаррифӣ карда шуд. Дар хоҷагии Сомонҷон зимни шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавоту полезӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашъунамои пиёзи барвақтӣ, ки қариб расидааст ва пиёзи кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулон барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва агробизнеси муосир дастуру тавсияҳои судбахш доданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳосили интизорӣ аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 500 сентнер аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин мавзеъ 35 гектар замини лалмии бекор ба таври қатрагӣ шодоб ва ба гардиши кишоварзии обӣ дароварда шудааст. 16.05.2025 ноҳияи Данғара

Президент

Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ Оксус Интеразия ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхонаи ҶДММ Сомон Фуд Хатлон дар МОИ “Данғара”

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Хаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона  дар 1 солро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразия дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини корхонаи навбунёд ба рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷӣ дар бахшҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ баҳои баланд дода, иншооти навбунёдро намунаи олии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ беш аз 100 намуд имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст, ки ин барои пешбурди тиҷорату хизматрасонӣ ва истеҳсолот мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомон Фуд Хатлон шинос шуданд. Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки корхонаи саноатӣ бо ҷалби 7 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ бунёд гардида, то охири соли равон ба кор дароварда хоҳад шуд. Самти асосии фаъолияти он истеҳсоли афшураи мева хоҳад буд. Тибқи нақша дар корхонаи мазкур то 300 ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол 100 ҳазор тонна буда, дар он 15 намуди афшураи мева истеҳсол мегардад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва  содирот ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар масоҳати 541 гектар бунёд гардидааст, 37 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар маҷмуъ наздики 600 ҷойи корӣ ташкил гардидааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар соли 2024 аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба 34 миллион сомонӣ баробар буда, иқтидори умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолият бошад беш аз 2 миллиард сомониро дар бар мегирад. Ҳоло, аз ҷониби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии Данғара истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, металлоконструксия, қубурҳои полиэтиленӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, коркарди меваи хушк ва ғайра ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 54 миллион сомониро ташкил дод.   16.05.2025 ноҳияи Данғара

Президент

Гузоштани санги асос ба марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Сипар Групп дар ноҳияи Данғара

16 май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сипар Групп санги асос гузоштанд. Корхонаи мазкур ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектарро ташкил намуда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, то қисмате аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бароварда шавад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки 120 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва роҳбарияти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва намудҳои маҳсулот, ба талаботи замон мутобиқ сохтани сифати онҳо ва ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзишу омодасозии мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.      16.05.2025 ноҳияи Данғара

Президент

Гузоштани санги асос ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ Куруши Кабир Индастри дар ноҳияи Данғара

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳоти Корез барои бунёди коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ Куруши Кабир Индастри санги асос гузошта, бо лоиҳаи бунёди ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори истеҳсолии коргоҳ, ки бо ду хатти истеҳсолӣ дар масоҳати 12 000 метри мураббаъ сохта мешавад, дар як сол 180 000 дару тиреза ва панелҳои алюминиро дар бар хоҳад гирифт. Ба иттилои масъулин, дар самти амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат, татбиқи марҳила ба марҳилаи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Данғара рӯз то рӯз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда мешавад. Иқдоми мазкур низ дар ҳамин замина рӯи даст гирифта шудааст. Дар коргоҳи Куруши Кабир Индастри, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Олимӣ Тоҳир мегардад, дар оянда имкон аст, ки 120 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гарданд. Тибқи нақша оғози фаъолияти истеҳсолии коргоҳи мазкур сентябри соли 2026 пешбинӣ шуда, маҳсулоти он ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод карда хоҳад шуд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорони ватаниро ибратбахш номида, ба онҳо арзи сипос намуданд.   16.05.2025 ноҳияи Данғара

Президент

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои иштирокдори ИДМ

16 май дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат дар оғози сухан иштирокдорони ҷаласаро хайрамақдам гуфта, ба саъю кӯшиши муштарак ва фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои  ИДМ баҳои баланд доданд. Зимнан, Пешвои миллат бо зикри вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ тамоюли афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳониро ба низоми минтақавии амният ба таври махсус таъкид карданд. Аз ҷумла, афзоиши минбаъдаи таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шиддатнокии марбут ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамчун хавфҳои асосии амниятӣ номбар карда шуданд. Ҳамчунин, иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ ду стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро таҳия ва қабул кардааст. Дар фарҷоми сухан Сарвари давлат алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муборизаи босамар бар зидди терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории амалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» таъкид намуданд. 16.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” дар шаҳри Душанбе

15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа нерӯ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки электробусҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст дорад ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад. Гуфта шуд, ки барои ҳар рӯз бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёти мазкур дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”-и пойтахт нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ бунёд карда шудааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастрӣ”, ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуда, воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари замонавии тамғаи “Акиа”-ро банду баст ва истеҳсол карда, барои саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро гузошта истодааст. Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 14 феврали соли 2018 бо фаъолияти корхонаи муштараки “Акиа Авесто автоматив индастри”, ки бори аввал дар кишвар банду баст ва истеҳсоли автобусҳои тамғаи “Акиа”-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд. 19 марти соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ширкати муштарак оғози расмӣ бахшида шуд. То ба имрӯз корхона зиёда аз 500 автобус, электробус ва электротролейбусҳои гуногуншакл ва гуногунҳаҷмро истеҳсол намудааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба мусофирон хизматрасонӣ менамоянд. Автобусҳои истеҳсолшудаи муҳаррики дарунсӯз дорои муҳаррик ва матаҳаррики ширкатҳои номии олмонии “Мерседес Бенс” ва “Захнрад Фабрик” мебошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, барои сохтмони бинои хатти истеҳсолӣ оғоз бахшиданд. Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз оғози фаъолият то ба имрӯз дар ширкати муштарак автобусҳои дарозиаш 8 ва 12 метр, автобусҳои дуошёна, инчунин электробус ва электротроллейбусҳои замонавӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мавриди банду баст ва истеҳсол қарор дода шудааст. Истеҳсоли силсилавии автобус бо дарозии 8 метр бо номгузории миллии “Акиа-Ориё” ва электробус бо номгузории “Акиа-Нерӯ” бори аввал дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Дар баробари истеҳсолот истифодабарии воситаи нақлиёти ҷамъиятии банду баст ва истеҳсолгардидаи тамғаи “Акиа” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тӯли беш аз 7 солро дарбар гирифта, аз сифати баланди воситаи нақлиёти истеҳсолгардида, истифодаи дурусти техникӣ дар корхонаҳои нақлиётӣ, нигоҳдорӣ ва мунтазам гузаронидани муоинаи техникӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии баландсифат ва сӯзишвориву маҳлулҳои муносиб ба автобусҳои стандарти Евро-5 ва Евро-6 бо мақсади истифодабарии дарозмуҳлат дарак медиҳад. Дар давраи фаъолияти ширкати муштарак шумораи коргарони маҳаллӣ ба беш аз 200 расидааст. Ҳамаи онҳо мутахассисони варзида буда, аз курсҳои бозомӯзӣ ва баландбардории савияи донишу таҷриба гузаштаанд. Мавриди зикри хос аст, ки бо мақсади ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, беҳтар намудани вазъи экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаии муҳаррики дарунсӯз, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе ширкат бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли электробусҳоро ба роҳ монда, дар марҳилаи аввал 30 адад электробус истеҳсол намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша дорад то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад. Роҳбари давлат дастур доданд, ки истеҳсоли электробусҳо зиёд карда шуда, талаботи дигар шаҳрҳои кишвар ба инобат гирифта шавад. Коргарону мутахассисони корхона ҳамаи дастовардҳои худро ба дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо маҳсулоти ватании автобус ва электробусҳои ширкати “Акиа Авесто автоматив индастрӣ” на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ муаррифӣ гардида, шуҳрату мақоми хос дорад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки фаъолияти воситаҳои нақлиёти барқӣ, бахусус электробусҳо нисбат ба хароҷоти автобуси дизелӣ бартарӣ дошта, барои хизматрасонии онҳо ба ҳисоби миёна аз 9 то 10 маротиба кам маблағ харҷ шудааст. Баъди шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини корхона барои дар амал татбиқ сохтани тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръат ва ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистон, баҳои баланд доданд. 15.05.2025 шаҳри Душанбе https://president.tj/event/news/50801

Президент

Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон

15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз 17 марти соли 2015 ба корҳои сохтмон дар Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшида буданд. Бинои театри миллӣ дар як маҳалли зебои шаҳри Душанбе – паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат афрохтааст. Зимни боздид аз иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбист ва сохтмончиён корро ба хотири дар муҳлати як моҳ ва босифат анҷом додани он метезонанд. Ҳоло 500 коргар дар рафти сохтмон фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки аз руи нақша бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Барои бунёди бинои театр наздики 3 га замин ҷудо шудааст. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд. Дар театр ҷой барои оркестр, ҳуҷраҳои машқу тамрин, меҳмонхона ва дигар шароити зарурии кории ҳунармандон бунёд мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мешавад. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда мешавад. Иншоот дорои 17 лифти мусофирбару боркаш ва 6 эскалатор хоҳад буд. Аснои боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба иҷрои босифат ва саривақтии корҳо ҳидоят намуданд.     15.05.2025 шаҳри Душанбе https://president.tj/event/news/50797

Президент

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» ба дастгирии давлатии сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакҳои иҷтимоӣ гузоштани лайк ё дигар аломат бекор мекунад. Қонунҳои баимзорасида барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад. 14.05.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх