Президент

Президент

Ифтитоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда мавриди истифода қарор доданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмону навсозии биноҳои беморхонаи марказӣ дар доираи лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ бо харҷи 90 миллион  сомонӣ маблағҳои дохилӣ ва гранти хориҷӣ анҷом дода шудааст. Дар ин биноҳо шуъбаҳои гуногуни ташхисиву табобатӣ, аз ҷумла таваллудхонаи муосир бо навтарин техникаву таҷҳизот ҷойгир шудааст, ки дар маҷмуъ дорои 188 кати хоб  мебошад. Маркази ташхису табобатӣ аз шуъбаҳои қабул, ёрии фаврии тиббӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, шуъбаи ҷарроҳӣ, таваллуд, шуъбаи акушерӣ, кӯдакона, калонсолон ва табобати интенсивӣ бо иқтидори 60 кати бистарӣ иборат мебошад. Дар доираи амалишавии лоиҳа навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ё худ оксиген ба анҷом расонида шудааст. Дар доираи Лоиҳаи мазкур иншоот бо мебел ва асбобу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, аз ҷониби пудратчӣ – ширкати сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозии иншоот баҳои баланд дода, табибонро ба сифатнок анҷом додани рисолати касбии худ ҳидоят намуданд.

Президент

Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рашт

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм баъди азнавсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд. Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази шаҳраки Ғарм 2320 метри мураббаъ замин ҷудо гардидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли гузашта, оғоз гардида буд. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шафати бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бунёд гардидааст. Баландии пояи Парчам 45 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст. Нишони давлатӣ дар баландии 24 метр қомат афрохтааст. Ин ду муқаддасоти миллӣ дар маркази шаҳраки Ғарм басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Масоҳати қариб 2 ҳазор метри мураббаъ дар ин ҷо сафолакпуш гардида, барои гаштугузори сокинон шароити мусоид муҳайё мебошад. Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ чароғакҳои зебои равшанидиҳанда насб шудааст. Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамчунин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомдодаи сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

Президент

Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад; 2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад; 4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд; 6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад; 7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд; 9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад; 10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад; 11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад; 12. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад; 13. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад; 14. Ба қонунҳо имзо мегузорад; 15. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад; 17. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 18. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад; 19. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд; 20. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад; 21. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад; 22. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад; 23. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад; 24. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад; 25. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад; 26. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад; 27. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад; 28. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад; 29. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

Прокрутить вверх