Президент

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд. Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён энерҷӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад. Бунёди чунин иншооти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт аз иқдомҳои муҳимми марбут ба рушди соҳаи энергетика ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир истифодаи имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла неруи офтоб, яке аз самтҳои муҳими рушди энергетика ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаровони истифодаи энергияи офтобӣ буда, татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаи энергетикии кишвар мусоидат менамояд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст. Дар масири ин хат 36 поя насб гардида, барои интиқоли барқи ин неругоҳ ба низоми энергетикии кишвар заминаи зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Корҳои сохтмонии иншоот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ анҷом ёфта, дар раванди он беш аз 600 бинокорон аз ҷамъияти саҳомии кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Ҷалби чунин шумораи зиёди мутахассисон ва коргарон ба раванди сохтмон имкон фароҳам овардааст, ки корҳои асосии иншоот дар муҳлати кӯтоҳ ва бо истифода аз таҷрибаи муосири сохтмони иншооти энергетикӣ ба роҳ монда шаванд. Тибқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори неругоҳи фотоэлектрикии офтобии Ашт ба 250 мегаватт расонида мешавад. Бо пурра ба истифода додани иқтидори лоиҳавӣ неругоҳ метавонад ба яке аз иншооти муҳимми истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар табдил ёбад. Лоиҳаи мазкур ҳамзамон дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Зеро татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, барои рушди инфрасохтор, истифодаи технологияҳои муосир, омода намудани мутахассисон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин гардиданд. Неругоҳи офтобии Ашт дар замоне ба истифода дода мешавад, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи энергетика, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои созандагӣ идома доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард. Азбаски қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад, бо ба фаъолият оғоз намудани неругоҳи офтобии Ашт талафоти энергияи барқ низ кам мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 сохта, ба истифода дода шаванд. Барои тақвияти кори низоми энергетикии вилоят Пешвои миллат тавсия доданд, ки дастгоҳҳои захиракунандаи энергияи барқ бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт·соат дар вилояти Суғд дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор дода шаванд. Бунёди ин иншооти бузург дар ноҳияи Ашт қадами дигар дар самти рушди энергетикаи кишвар ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиии Тоҷикистон мебошад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад. Беморхона барои қабул ва табобати 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хизматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст. Бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ таъмин гардидани беморхона барои фаъолияти самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳимми илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он утоқҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Таъмини саломатии кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии насли наврас, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам меорад. Бинои нав бо дар назар гирифтани талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, барои қабули беморон, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад. Таъсиси 120 ҷойи корӣ дар муассиса барои ҷалби мутахассисони соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандони тиб низ заминаи зарурӣ муҳайё сохтааст. Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд қадами дигар дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд. Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд. Таҷҳизонидани чунин синфхонаҳои фаннӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шудааст. Иншооти ёрирасон имкон фароҳам меоранд, ки дар гимназия барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимиву бадеӣ шароити муносиб муҳайё бошад. Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии Ҳаёт 70 сокини маҳаллӣ бо корӣ доимї таъмин гардиданд. Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон мусоидат мекунад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зартахта бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Дурахши Истиқлол барои таълиму тарбияи 240 кӯдак, толори варзишии Ҳафткалон бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи  Марҳабо бо 30 кат дар шаҳраки Ғафуров, деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд, ки бо амалӣ гардидани чунин иқдомоти шоиста рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо таъмин мешавад. Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд ва иҷрои нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз таъмин гардид. Дар шаҳраки Навкат, деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии Шараёни Варид бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Муҳайё бо таъсиси 40 ҷойи корӣ ва иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тибқи маълумоти масъулин, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёду навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммал барои сокинон шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, бештар аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият ёбад ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, инчунин ҷиҳати мукаммал гардидани инфрасохтори зарурӣ бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ карда шавад.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад. Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан аз гандуми навъҳои Хайпро ва Дурум истеҳсол шуда, дар омода кардани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Корхона ҳамчунин дорои коргоҳи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худаш бунёд гардидааст. Коргоҳ барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, дар он корҳои омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва мисли инҳо анҷом дода мешаванд. Ба истифода додани коргоҳи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти корхона мегардад. Технологияҳои муосири дар корхона насбшуда аз Швейтсария ворид гардида, нисбат ба дастгоҳҳои пешина 20 фоиз камтар неруи барқ сарф менамоянд. Дар идомаи боздид Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест боздид намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки дар корхонаҳои ҷамъияти мазкур истеҳсол мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва мисли инҳо пешниҳод гардиданд. Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ Анқо-инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвестро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати Фаровон бунёд карда шудааст мавриди истифода қарор доданд. Ин коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ нишондиҳандаи муҳимми имкониятҳои он мебошад. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият намуда, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва пешниҳоди маҳсулоти тайёр ба зарфҳо дар ҳамин маҷмӯи истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд. Дар маҷмӯъ, коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвест дорои панҷ хатти истеҳсолӣ мебошад. Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулот бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои матлуб амалӣ мегардад. Маҳсулоти асосии коргоҳ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад. Маҳсулоти коргоҳ бо номи Равғани Анқо инвест ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон дар зарфҳои як, ду, се ва панҷлитрӣ банду баст мешавад. Бунёди коргоҳи нав ҳамзамон барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардааст. Дар давраи сохтмони иншоот 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида буданд. Ҳоло дар коргоҳи равғанбарорӣ беш аз 20 нафар ба фаъолияти доимӣ ҷалб шудаанд. Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои коргоҳ имконияти васеъ намудани доираи фаъолияти истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ бештар мегардад. Тибқи имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидорҳо, он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои назарраси коргоҳ дар самти рушди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ дарак медиҳад. Ашёи хоми коргоҳ асосан аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамин тариқ, як занҷираи муҳимми истеҳсолӣ аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва банду басти маҳсулоти тайёр дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

20 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят  самимӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозиву давлатдории навини миллӣ гардид ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати амну пешрафта ва ташаббускор эътироф шуд. Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ба сӯи ояндаи  неку боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ва фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол таҷассумгари садоқат, ибрози меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти платформаи Нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштараки мо ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мекунад. Ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба вусъати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ки 16 сентябр дар шаҳри Сеул баргузор гардид, барои густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Гуфта шуд, ки мусоидати парлумонҳо дар такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ аҳаммияти калон дорад. Масъалаҳои муҳимми ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ичнунин робитаи кишварҳо дар чорчуби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо дар Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT)

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар қароргоҳи федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок самимона истиқбол гирифтанд. Қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмони олимақом – Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати муҳорибаи таэквондо намоиш дода шуд. Сипас, Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок қарори Шӯроро оид ба тақдими Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд. Дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш, дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо дар рушди минбаъдаи Федератсия ва ҳадафҳои наҷиби он хоҳони комёбиҳои рӯзафзун шуданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Корея ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, – изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба  шарофати ҳамин мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастаеро эҳдо кардааст, ки осори онҳо дар тӯли асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст. Гуфта шуд, ки ниёгони мо бо мероси адабиву фалсафӣ ва кашфиёти илмии худ дар самти илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар заминаи тадбирҳои дар ин самт амалишуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51 ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор  то ба 230 ҳазор нафар расидааст. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки мо ҳамеша барои ҷавонон  ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозем. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд. “Мо ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари шумо, ҳамчунин, таҳкиму густариши табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастем”, – иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба марҳалаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва раванди густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкории судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки ҳамёрӣ, ки бар пояи усулҳои хайрхоҳӣ ба якдигар, ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бунёд ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Соли оянда мо 35-солагии барқарории робитаҳои дипломатии кишварҳоямонро ҷашн мегирем. Дар ин зимн, нақши Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIKA) дар тақвияту тавсеаи пайгиронаи равандҳои ҷории шарикии кишварҳоямон таъкид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва тандурустиро аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номиданд. Таъкид гардид, ки мо ба тавсеаи ҳамкориҳоямон бо кишвари шумо дар соҳаи   таҳсилоти олӣ ва табодули академӣ аҳаммияти хос медиҳем. Зикр карда шуд, ки ҷониби Кореяи дӯст ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад. Ҳоло дар  Ҷумҳурии Корея аз кишвари мо беш аз 350 нафар донишҷӯ, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея, таҳсил менамояд ва шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Таъсиси  марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт арзёбӣ гардид. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад. Дар саҳни Донишгоҳи Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ ҷавонони хуштолеъи даврони истиқлол, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсили илм доранд, суҳбати самимӣ доир намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи самараноки имконияти илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва риояи одобу интизоми баланд ҳидоят намуданд.

Прокрутить вверх