Президент

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Корея, ҷаноби  ЛИ ҶЕ МЁН, Муҳтарам сарони давлатҳо, Муҳтарам намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, Дӯстони гиромӣ, Ҳамоиши имрӯза барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоидро фароҳам месозад. Шиори Ҳамоиши мо – «Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ» далели он аст, ки ояндаи устуворро метавон танҳо тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ таъмин намуд. Боиси қаноатмандист, ки қолаби  “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҳоло ба майдони муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтааст ва ҳадафҳои он ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳои мо мебошанд. Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар бист соли охир суръати  солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст. Тайи солҳои охир мо барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогирро амалӣ намудем. Танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд. Қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (ВТО) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад. Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодир ва муҳим,  имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ва нерӯи кории ҷавон мебошад. Бо дарназардошти зарфиятҳо ва имкониятҳои кишвари мо мехостам якчанд самти муҳимро барои ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод намоям: 1. Энергияи “сабз”: Кишвари мо имрӯз, ба рушди энергияи барқароршаванда, бахусус обӣ, офтобӣ ва бодӣ афзалият медиҳад. Иқтидори гидроэнергетикии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт-соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки аз он ҳоло фақат шаш фоизаш истифода мешавад. 2. Истихроҷ ва коркарди маъданҳои стратегӣ: Тоҷикистон дорои захираҳои 10 намуди маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир буда, дар ҳудуди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок муайян гардидаанд. Кишвари мо захираҳои назарраси сурма, нуқра, волфрам, сурб, руҳ, симоб, мис ва флюорит дорад, дар қаламрави он конҳои литий, ниобий ва тантал кашф гардидаанд. 3. Бахшҳои саноати аграрӣ ва кишоварзӣ: ин соҳаҳо дар ҳамаи кишварҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Дар ин самт мо ба таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикии содиротӣ манфиатдорем. 4. Соҳаи нассоҷӣ: таъсиси маҷмааҳои нассоҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр самти дигари муҳимми сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. 5. Нақлиёт ва иртибототи байниминтақавӣ: Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ алоқаманди дастрасии устувор ба долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва бандарҳои баҳрӣ мебошад. Дар ин замина мо ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои заминӣ ва оҳан пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. 6. Сайёҳӣ: Кишвари мо ба туфайли зарфиятҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, солимгардонӣ ва дигар самтҳои он имкониятҳои фаровон дорад. Дар марҳалаи кунунӣ талошҳои мо дар ин ҷода асосан ба рушди зерсохтори  соҳа равона гардидаанд. 7. Бахши бонкдорӣ ва молия: Ба мақсади рушди иқтисодӣ мо алоқамандии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия ва бонкдорӣ иброз менамоем. Дар ин самт тавсеаи ҳамкориҳоро ҷиҳати маблағгузориҳои хурд барои дастгирии бахши хусусӣ муҳим мешуморем. 8. Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ: Мо ба рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи муҳимми суръатбахшӣ ба рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ ва ноил шудан ба рушди устувор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Маҳз ба ҳамин хотир, тайи солҳои охир, бо ташаббуси Тоҷикистон, дар мавзӯи зеҳни сунъӣ се қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал қабул гардидааст. (Солҳои 2024-2026) Кишвари мо ба мақсади таъсиси “Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ” дар шаҳри Душанбе, ки бар асоси яке аз ин қатъномаҳо пешбинӣ шудааст, ҳамаи заминаҳои мусоидро фароҳам овардааст. Чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милал санаи 31 августро ҳамчун “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод” эълон кард. Дӯстони гиромӣ! Мо аз иштироки фаъоли кишвари дӯст дар татбиқи лоиҳаҳои марбута дар ҳама соҳаҳои зикргардида истиқбол менамоем. Бовар дорам, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт. Дар фарҷом, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз медорам. Бори дигар ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии  Корея барои танзими сатҳи баланди ҳамоишҳои таърихии мо дар шаҳри зебои Сеул ва меҳмоннавозии гарм самимона изҳори сипос менамоем. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”

16 сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Корея ва сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея, барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид шуд, ки вусъатёбии ҳамкории мо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст. Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” тули солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба сатҳи Нишасти Сарони давлатҳо расидани ин қолабро таҷассумгари талошҳои ҳадафмандона ба сӯи таъмини рушди муштарак ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ба хотири сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон номиданд. Сарвари давлати мо ташаббуси Ҷумҳурии Корея – “Cиёсати нави Шимолӣ”-ро, василаи муҳими таҳкими пайвастагии технологии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди пешрафтаи Корея арзёбӣ намуданд. “Дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад”, – изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)” нишони эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ҳифзи сулҳу субот ҳамчун арзиши умумибашарӣ номида шуд. “Ҳамзамон, бар он назарем, ки талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”, – иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Баҳри амиқтар кардани ҳамкории иқтисодӣ ва эҷоди занҷираҳои устувори таъминот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея изҳори ҳавасмандӣ қарда шуд. Зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои глобалию минтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза, обшавии пиряхҳо, ҳамкории наздиктари кишварҳо таъкид гардид. Дар фарҷоми сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш саҳифаи наверо дар таърихи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея боз хоҳанд кард. Дар фароварди ҳамоиш аз руи натиҷаи кори он Эъломияи Сеул қабул карда шуд. Аз руи натиҷаи чорабиниҳои соҳавии саноат ва зеҳни сунъӣ, ҳамчунин, байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминот миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ва Ташаббуси шарикии ояндаи зеҳни сунъӣ, илм ва технологияи Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея хонум Ҳан Сон Сук

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор доштанд, ки мо рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонем. Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаро муҳокима карда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро муҳим номиданд. Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва бештар фаъол гардонидани кори абзорҳои дуҷониба, бахусус Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд. Бо мақсади тавсеаи робитаҳо, ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ таъсис дода шавад. Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод изҳори алоқамандӣ карда шуд. Гуфтугуйи судманд атрофи тавсеи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон сурат гирифт. Ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва сода гардондани ин раванд низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид ва атрофи мавзуъҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Президент, Хабарҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

  16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Корея барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” изҳори сипос намуданд. Тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд. Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад. Таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад. Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва  технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарур шумурда шуд. Аз баргузории Форуми нахустини маъданҳои муҳимми Тоҷикистону Корея дар шаҳри Сеул дар моҳи август ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистон истиқбол карда шуд. Иштироки фаъоли ниҳодҳои дахлдор ва сармоягузорони Корея дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуда, идомаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Рушди деҳоти Тоҷикистон”, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея шуруъ аз соли 2021 амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ гардид. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони мо муҳим донистанд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад. Дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”, ҳамкорӣ дар доираи иқдоми муштараки кишварҳо ва ташаббуси ҷониби Корея – “Дурнамои шарикии Осиёи Марказӣ – Корея дар самти зеҳни сунъӣ, илм ва технология” ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахши сайёҳӣ, бахусус дар самти рушди инфрасохтори соҳа, аз мавзуҳои муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олӣ буд. Зимни мулоқот ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ дар самти   мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ҳам баррасӣ шуд. Дар ҷараёни музокирот мавзуъҳои алоҳидаи вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон низ муҳокима гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» вориди шаҳри Сеул шуданд. Дар саҳни фурудгоҳи Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Президент, Хабарҳо

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори агентии содирот, сардорони хадамотҳои гумрук ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ ба муносибати ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт

Ҳамдиёрони азиз! Кулли сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахшу Сангвор ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон саломатӣ, сулҳу оромӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон барору комёбӣ орзу менамоям. Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди ватандӯст неъмати бебаҳо, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ мову шумо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидем. Боиси ифтихор аст, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини водии Рашт дар баробари сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷашни бузурги миллиро бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ, иқдомҳои неку ватандӯстона ва дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Ноҳияҳои минтақаи Рашт бо табиати зебои кӯҳистон, захираҳои фаровони обу энергетикӣ, имкониятҳои васеи кишоварзӣ, маъданҳои табиӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои нодири сайёҳӣ яке аз минтақаҳои дорои иқтидори бузурги рушди кишвар ба ҳисоб мераванд. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону азнавсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20-уми августи соли 2026-ум 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар бунёди иншооти ҷашнӣ, дар баробари маблағгузории давлатӣ, сокинони ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша саҳми назаррас гузоштаанд. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои ташаббусҳои созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдорӣ баён менамоям. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор аз ҳисоби буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳамчунин, дар ин давра ба иқтисодиёти онҳо, дар маҷмуъ, 5,6 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шудааст. Бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз 50 ҳазор оилаи ноҳияҳои зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати умумии 11 ҳазор гектар ҷудо карда шудаанд. Илова бар ин, барои бунёди иншооти муҳимми иҷтимоиву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Танҳо аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар 20 соли охир дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш 43 иншоот ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло сохтмони панҷ иншооти дигар бо арзиши умумии 370 миллион сомонӣ идома дорад. Қобили зикр аст, ки дар 20 соли охир шумораи корхонаҳои саноатии минтақа беш аз се баробар афзоиш ёфта, истеҳсоли 37 номгӯйи маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 197 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2015–ум 4,3 баробар зиёд гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водӣ зиёда аз 128 километр хатҳои интиқоли барқ бунёд гардида, 45 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии зиёда аз 3 ҳазор киловатт мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар натиҷаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва заҳмати кишоварзон соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти соҳа ба 2,8 миллиард сомонӣ расидааст. Ба мақсади осон намудани рафтуомади одамон ва интиқоли молу маҳсулот дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водӣ даҳҳо лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо ва пулҳо татбиқ карда шудаанд. Аз ҷумла қитъаҳои роҳи Душанбе – Қарамиқ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба масофаи 300 километр таҷдид гардида, дар ноҳияи Лахш дар доираи се лоиҳа 255 километр роҳ ва 15 пул ба маблағи 850 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардида, татбиқи лоиҳаҳои беҳтар намудани роҳҳои дигар идома дорад. Дар ноҳияи Нуробод се лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ – сохтмони қитъаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод, инчунин пули калон аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ва роҳҳои ба он пайвастшаванда амалӣ шуда истодааст. Арзиши умумии лоиҳаҳо дар ноҳияи Нуробод 3,7 миллиард сомониро ташкил дода, сохтмони 172 километр роҳ, 3 нақб ва 15 пулро дар бар мегирад. Татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои наздик ҳаракати бехатари мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро ба маркази мамлакат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кишварҳои хориҷӣ таъмин карда, ба рушди тиҷорату сайёҳӣ такони мебахшад. Дар 20 соли охир барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 360 бинои муассисаи таълимӣ бо 37 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Имрӯзҳо сохтмони боз 26 бинои муассисаи таълимӣ барои 4500 нафар хонанда идома дорад. Дар солҳои 1998 – 2026, яъне аз оғози таъсиси квотаи президентӣ то имрӯз 3100 нафар ҷавонони ноҳияҳои зикргардида, аз ҷумла 1900 нафар духтарон бо истифода аз ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда шудаанд. Омӯзиши касбу ҳунар барои саноатикунонӣ ва рушди кишоварзӣ, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва хизматрасонӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф дар ноҳияи Рашт сохтмони бинои нави литсейи касбҳои техникӣ ба анҷом расонида шуд ва имрӯз ин муассиса ба фаъолият оғоз кард, ки ба хеле беҳтар гардидани шароиту имкониятҳои касбомӯзии ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус модару кӯдак, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Ҳоло дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 300 муассисаи тандурустӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 431 нафар табибон ва 1200 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ҳамдиёрони азиз! Натиҷаҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки мардуми заҳматқарину сарбаланди ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор дорои неруи бузурги созандагӣ, таҷрибаи ғании кишоварзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошанд. Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои зикршуда барои истеҳсоли картошка, мева, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои васеъ доранд. Мо барои рушди ноҳияҳои водӣ то имрӯз корҳои зиёдеро анҷом додем, вале марҳалаи нави пешрафту тараққиёт аз роҳбарону масъулон ва ҳар як фарди бонангу номус ташаббус, масъулияти баланд ва заҳмати бештарро тақозо менамояд. Зарур аст, ки ҳар як ваҷаб қитъаи замин, иншооти бунёдшуда ва захираҳои табиӣ ба манфиати мардум, шуғли аҳолӣ, афзоиши истеҳсолот, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ободии Ватан самаранок истифода карда шаванд. Соҳибкорон, зиёиён, ҷавонон, занону бонувон, фаъолон ва тамоми сокинон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободиву пешрафти диёри худ саҳми боз ҳам бештар гузоранд. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, дӯст доштани Ватан, омӯхтани илму донишҳои муосир ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия намоем. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани обод ва давлати озоду

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт ва сардхонаи он

  11 сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат бунёд гардидааст. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии иншоот соли 2023 оғоз гардида, моҳи августи соли 2026 ба анҷом расонида шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 30 нафар мутахассис ба кор ҷалб гардиданд. Баробари ба истифода додани корхона 17 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд. Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбати мева дар зарфҳои шишагини ҳаҷмашон аз 0,5 то 1 литр пешбинӣ шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як мавсим 540 ҳазор литр ва дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор литр маҳсулотро ташкил медиҳад. Ашёи хом барои истеҳсоли шарбат аз хоҷагиҳои минтақа таъмин карда шуда, барои таъмини аҳолии ноҳияҳои атроф ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона мешавад. Ҳамзамон, имкониятҳои содироти маҳсулоти корхона ба бозорҳои хориҷӣ низ ба назар гирифта шудааст. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи корхонаро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии он 500 метри мураббаъ мебошад. Ғунҷоиши умумии сардхонаҳо 600 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Анбори корхона барои нигоҳдории то 200 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст. Мавҷудияти чунин иқтидори нигоҳдорӣ барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии талафоти он, фароҳам овардани шароити мусоид барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар назди корхонаи мазкур сохтмони корхонаи нави истеҳсоли меваҳои хушк ба нақша гирифта шудааст, ки дар зарфи 1 сол сохта ба истифода дода мешавад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Мактаби президентии ноҳияи Рашт

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Иншоот дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои муосир мусоидат мекунад. Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология, физика ва озмоишгоҳҳо бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад. Синфхонаҳои таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхонаи барҳаво, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Ҳамчунин, барои бо ҷойи зист таъмин намудани хонандагони аз ноҳияҳои дигари минтақа дар назди муассиса 2 бинои алоҳидаи хобгоҳ барои духтарон ва писарон низ сохта шудааст. Хобгоҳҳо дорои шароити муосир буда, барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва омӯзгорони муассиса дастур доданд, ки бо истифода аз шароит ва имкониятҳои фароҳамшуда дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, омода намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-умин солгарди  Истиқлоли давлатӣ барои хонандагону омӯзгорони ноҳияи Рашт туҳфаи арзанда ва нишони ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти донишу тафаккури насли ояндаи миллат арзёбӣ гардид.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ва ба истифода додани фурудгоҳи ноҳия

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти  дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои  водии  Рашт, суҳбату  вохӯрӣ бо аҳолӣ ва  иштирок дар тантанаҳои идона ба  истиқболи ҷашни 35-солагии  Истиқлоли   давлатӣ   бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд. Дар  фурудгоҳи  ноҳияи   Рашт  Сарвари давлатро  роҳбарият ва сокинони шарафманди ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дасттирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст. Ба ин васила дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо дигар минтақахо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд. Сарвари давлат ба кори бинокорон баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти фурудгоҳ ба масьулон дастуру тавсияҳо доданд.

Прокрутить вверх