Президент

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол! Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям. Сиву панҷ сол муқаддам мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид. Дар ин давра, яъне тайи 35 сол Тоҷикистон роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд. Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ки дар натиҷаи саъйу талошҳои зиёд ба даст омад, барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст. Ҳамватанони гиромӣ! Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон – ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ дар минтақа табдил ёфта истодааст. Итминони комил дорам, ки Варзишгоҳи навбунёди миллӣ минбаъд ба маркази рушди футболи кишвар, макони баргузории муҳимтарин бозиҳои байналмилаливу минтақавӣ ва майдони омодасозии наслҳои футболбозони муосири тоҷик табдил меёбад. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он – шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд. Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, дар Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем. Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоем. Ҳамчунин, мо бояд ифтихор кунем, ки вориси яке аз тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон, яъне ориёӣ ҳастем ва анъанаҳои тамаддунсозиву фарҳангофарӣ, созандагиву ободгарӣ дар ниҳоди мо аз замонҳои бисёр қадим реша давонидаанд. Итминон дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва махсусан ҷавонони ватандӯсти мо, инчунин соҳибкорони бонангу номус ин анъанаҳои неки аҷдоди ободгари худро идомаву вусъати бештар мебахшанд ва шуҳрату обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд. Бо ибрози итминон ба фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар кулли ҳамватанони гиромӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини ин майдони бошукӯҳро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям. Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ва сокинони он барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён менамоям. Хотирнишон менамоям, ки мо бояд боз ҳам заҳмат кашем, Ватани азизамон ва пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, то тавонем дар қатори ҷомеаи мутамаддини башарӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем. Бигзор, истиқлоли давлатӣ ҷовидон, ваҳдати миллӣ пойдор ва Парчами давлати Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад! Бигзор, Ватани азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад, сулҳу оромӣ дар кишвари биҳиштосоямон пойдор бошад ва дар хонадонамон файзу баракат зиёда гардад! Ба ҳар як хонадони мамлакат, аз ҷумла ба сокинони пойтахти он саломатӣ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям. Ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон муборак бошад, ҳамватанони азиз! Зиндаву ҷовидон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ гардид ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфт. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин марҳалаи тақдирсоз мардуми сарбаланду истиқлолхоҳи тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он ба хотири ҳифзи давлатдории миллии худ сарҷамъу муттаҳид шуданд ва Ватани маҳбуби хешро аз ин фоҷиа наҷот доданд. “Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, – иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯйдоди бузург, яъне истиқлолро барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки пешрафту ободиҳое, ки бо дастони мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як фарди Ватан дар 35 соли гузашта анҷом дода шуданд, аз нигоҳи арзиши таърихӣ ба 100 сол баробар аст. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди мо дар ин муддат барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, истиқрори сулҳи пойдору бебозгашт ва расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо муборизаву фидокориҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ба даст омад. Таъкид шуд, ки муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат насле ба дунё омад ва ба камол расид, ки ҳисси баланди миллӣ дорад, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст аст, дар пайи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар аст ва омода аст, ки истиқлолу озодии Ватани худро ҳимоя намояд ва кишвари худро боз ҳам ободу пешрафта гардонад. “Мо бо халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва аз ҳар яки онҳо умеди зиёд дорем!”, -таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътирофи Тоҷикистон ва қабули ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар андешаронӣ карда, ташаббуси нави Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036”-ро исботи ин гуфтаҳо номиданд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, сокинони пойтахти зебоямон, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи иштирокдорони роҳпаймоии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи нек, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу намуданд. Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона бо иштироки сокинони пойтахт, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва наврасони накуиқболу хуштолеъи даврони соҳибистиқлолӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Аз руйи ҳаҷм ва шукуҳ ин калонтарин роҳпаймоии идона дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар пойтахти Тоҷикистони азиз буд, зеро дар он беш аз 120 ҳазор нафар аз назди минбари асосӣ гузаштанд. Дар роҳпаймоӣ роҳбарону кормандони вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, муассисаҳои олии таълимӣ, намояндагони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, варзишгарон, бунёдгарони неругоҳи обии Роғун, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои мухталиф, сокинони пойтахт ва ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд. Ин чорабинии бошукуҳи идона барои арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд. Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои идона дар фазои тантанавӣ бо муҳаббату садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳпаймоӣ намуданд. Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои идона барои таҳкими ҳисси худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ, ва гиромидошти неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ замина фароҳам меоранд.

Президент, Хабарҳо

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар иртибот ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла навишта шудааст: «Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ба Шумо самимонатарин табрикоти худро изҳор менамоям. Рӯзҳои миллӣ барои бознигарии роҳи тайкардаи кишвар, саҳми он дар ҷомеаи байналмилалӣ ва ормонҳое, ки ояндаи онро муайян мекунанд, фурсати муҳим мебошанд. Онҳо ҳамчунин ба мо арзиши муколама ва ҳамбастагиро дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ хотиррасон менамоянд. Ҷаҳони имрӯз бо имтиҳони таъхирнопазир рӯ ба рӯст: хотима додан ба ҷангҳо ва пешгирӣ аз сар задани ҷангҳои нав; муқовимат ба буҳрони иқлимӣ; коҳиш додани нобаробарӣ; ва таъмини истифодаи масъулонаи технологияҳои пешрафта. Ҳалли ин ва дигар мушкилот тақозо менамояд, ки тааҳҳудоти худро аз нав тақвият бахшем ва ба ҳамкориҳои бисёрҷониба содиқ бимонем, то сулҳу амният таъмин гардида, ба пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намоем ва ҳуқуқи инсонро ҳифз кунем. Бори дигар, бо камоли хушнудӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин рӯзи фархунда беҳтарин орзуҳои худро мерасонам. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти олии маро қабул фармоед». Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ***** «Ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Табрикоти самимимонатарини маро ба муносибати иди миллӣ — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ноил гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад. Муносибатҳои байни Маскав ва Душанбе дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба таври афзоянда рушд мекунанд, ки инро мулоқоти чанде пеши мо дар Бишкек ба таври комил тасдиқ намуд. Мо, бешубҳа, муколамаи созандаву пурмазмун ва кори муштараки зичро ҷиҳати боз ҳам афзун намудани тамоми маҷмӯи робитаҳои мутаносибан судманди Россияву Тоҷикистон ба нафъи халқҳои ба ҳам дӯсти мо ва манфиати таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод. Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин, ба тамоми ҳамватанони Шумо хушбахтиву шукуфоӣ хоҳонам». Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ***** «Муҳтарам ҷаноби Президент, Шарафмандам, ки ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям. Дар тӯли 35 сол Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар эъмори давлатдорӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҷониби Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ин дастовардҳо сидқат шод аст. Моҳи майи соли ҷорӣ мо мулоқот кардем ва якҷоя Шартнома дар бораи ҳусни ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, инчунин, Изҳороти муштараки Чин ва Тоҷикистонро дар бораи амиқсозии муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар давраи нав имзо намуда, нақшаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаро тарҳрезӣ кардем. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо барои пешбурди раванди ташаккули ҷомеаи дорои тақдири муштараки Чин ва Тоҷикистон баҳри ба даст овардани манфиатҳои бештар барои мардуми ду кишвар кӯшиш ба харҷ диҳам. Ба Тоҷикистон шукуфоиву ободӣ ва ба мардуми тоҷик хушбахтиву саломатӣ таманно дорам». Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ***** «Муҳтарам ҷаноби Президент, Барои ман боиси ғояти хушнудӣ аст, ки ба Шумо ва мардуми шарифи Шумо дар таҷлили марҳалаи муҳим дар таърихи ғании Тоҷикистон — 35-умин солгарди Истиқлолият ҳамроҳ шавам. Решаҳои нерумандии Тоҷикистон аз мардум ва зебогии табиати он маншаъ мегирад. Аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани соҳибихтиёрии миллӣ, пайвандҳои иҷтимоӣ ва сиёсии шумо пайваста мустаҳкам шудаанд, ки ин боис ба густариши ҳамкориҳои стратегӣ ва иқтисодӣ бо Иёлоти Муттаҳида гардид. Ман ҷонибдории устувори Шуморо аз сулҳу субот ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар тамоми ҷаҳон қадр мекунам ва бесаброна интизори идомаи муколамае ҳастам, ки ба он моҳи ноябри соли гузашта дар Кохи Сафед ҳусни оғоз бахшида будем. Бонуи аввал низ ба ман ҳамроҳ шуда, таманниёти неки худро ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон мерасонад». Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ***** «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Шарафёбам, ки аз самими қалб Шумо ва мардуми кишвари дӯсти Шуморо ба муносибати иди миллӣ — 35-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таманниёти неки худро изҳор намоям. Дар ин давраи таърихӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо мардуми дӯсти Тоҷикистон ин ҷашни бузурги худро бо ба даст овардани натиҷаҳои баланд ва комёбиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо пешвоз мегирад. Мехостам ба таври махсус ислоҳоти густурда ва корҳои созандаеро, ки дар кишвари Шумо дар роҳи баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди устувор амалӣ мешаванд, инчунин, таҳкими ҳамаҷонибаи обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намоям. Дар солҳои охир пайвандҳои бисёрасраи бародарӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии халқҳои ӯзбеку тоҷик — дӯстони азалӣ ва ҳамсоягони наздик, ки ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунанд, ба таври бесобиқа рушд ёфтанд. Дар натиҷаи муколамаи пурмазмун ва гуфтушунидҳои созанда, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Ӯзбекистон дар моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифтанд, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамаҷониба, дарозмуддат ва мутаносибан судманди мо минбаъд низ ба хотири шукуфоии умумии халқҳоямон пайваста таҳким хоҳанд ёфт. Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии комил, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳои бузург, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда орзумандам». Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ***** «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Аз номи мардуми Қирғизистон ва аз номи худам Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол аз таҳти дил табрик мегӯям. Зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти васеъмиқёсро бомуваффақият амалӣ намуда, тамоюлҳои устувори рушди иқтисодиро таъмин мекунад ва дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ба шарофати кӯшишҳои муштараки мо, муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон имрӯз ба сатҳи баланди шарикӣ расидаанд. Бо хушнудӣ мавҷудияти ҳамдигарфаҳмиро байни кишварҳоямон дар тамоми самтҳои муҳим қайд мекунам. Дар натиҷаи иқдомҳо ва амалҳои муштараки мо масъалаҳои сарҳади давлатӣ ҳалли худро ёфтанд ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Бар он боварам, ки ҳамаи ин натиҷаи наздикии таърихӣ ва маънавии ду халқ, инчунин, сатҳи баланди эътимод байни ду давлати бародар мебошад. Омодагии худро барои идомаи фаъолияти муштараки минбаъда 

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мо – мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – 35-солагии истиқлоли давлатии худро дар фазои сулҳу оромии сартосарӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати пойдори миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон таҷлил мекунем. Бо ифтихору сарфарозӣ кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба муносибати ин санаи бузурги таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як   хонадони мамлакат саломативу хушбахтӣ ва осоишу оромӣ орзу менамоям. Истиқлол барои ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу худшинос рамзи олии озодӣ, нишонаи возеҳи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати ориёитабори тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ ва рукни бунёдии давлатдории муосири тоҷикон мебошад. Ин рӯйдоди бузург барои мо пайғоми адолати таърихӣ, эҳёи анъанаҳои бостонии давлатдорӣ ва оғози бунёди давлати навини миллӣ маҳсуб мешавад. Сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хиради азалӣ, иродаи матин ва неруи бузурги созанда мебошанд. Дар хотираи таърихии миллати тоҷик солҳои нахустини давлатдории навин ҳамчун давраи ниҳоят душвор ва пуртазод нақш бастаанд. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари нобудии давлат ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талхи он рӯзҳо табдил ёфта буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки қариб панҷ сол идома пайдо кард, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар фарзандони ин Ватан гардид, садҳо ҳазор шаҳрвандони моро аз хонаву дар маҳрум сохта, ба гурезаҳои иҷборӣ табдил дод ва рушди Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ ба таъхир андохт. Дар он айём садҳо ҳазор нафар мутахассисони беҳтарин кишварро тарк намуданд. Ин ҷангро бадхоҳони миллати тоҷик дар заминаи манфиатҳои ғаразноки худ ва бо истифода аз афроди ноогоҳу ғофили ҷомеа бар сари миллати мо таҳмил намуданд, ки пайомадҳои он ба раванди давлатсозӣ ва рушди кишвар таъсири зарбаи ҷонхоҳ расонид. Маҳз дар чунин вазъи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз, ки масъалаи ояндаи миллати тоҷик ва бақои давлати тоҷикон дар миён буд, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид. Зеро дар он рӯзҳо пойтахти давлати тозаистиқлоли мо ба майдони мухолифати шадиди мусаллаҳона табдил ёфта, Конститутсия ва қонунҳо зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас амнияти вакилони мардумиро кафолат дода наметавонист. Ин рӯйдоди таърихӣ, яъне Иҷлосияи 16-ум барои кишвари дар вартаи нобудӣ қарордоштаи мо нуқтаи гардиши сарнавишт ва оғози бунёди давлати нави миллӣ гардид. Санаду қарорҳои дар раванди иҷлосия қабулшуда заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии барқарорсозӣ ва рушди давлатдории навини тоҷиконро фароҳам оварда, роҳи минбаъдаи пешрафти кишварро муайян намуданд. Ман ҳамчун Раиси навинтихобшудаи Шурои Олӣ ва Сарвари давлат санаи 12-уми декабри соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон расман муроҷиат карда, таъкид намудам, ки сиёсати мо бояд ба самти бунёди давлати нав, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шавад. Вақт исбот намуд, ки интихоби чунин низоми давлатдорӣ беҳтарин шакли идоракунӣ буда, самараи онро мо дар тӯли зиёда аз се даҳсола ба хубӣ эҳсос намудем. Вале хотиррасон месозам, ки дар он рӯзҳои ниҳоят мураккабу ҳассоси ибтидои солҳои 90-ум баъзеҳо дар фикри бунёди давлати коммунистӣ, яъне нигоҳ доштани сохти давлатдории пешина ва баъзеҳо дар пайи сохтани давлати исломӣ буданд. Ман дар он рӯзҳои барои кишварамон сарнавиштсоз изҳор дошта будам, ки куҳандиёри мо – Тоҷикистони азиз – бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро ёбад ва барои ин, пеш аз ҳама, сулҳу осоиш зарур аст. Қасам ёд карда будам, ки ман ҳастии худро ба ин миллату ин Ватан мебахшам, ба шумо сулҳ меорам, тамоми донишу таҷрибаамро барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар ва амну осоиш дар ҳар як хонадон равона карда, барои пешрафту ободии Ватани азизам содиқона хизмат мекунам. Зеро ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар доштам. Имрӯз бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорам, ки бо такя ба хиради миллӣ ва дастгирии бевоситаи мардуми шарифи Тоҷикистон мо аз имтиҳони сахту сангини тақдир бо эҳсоси баланди масъулият дар назди таърих ва ояндаи халқамон гузаштем. Як муваффақияти бузурги мо дар он айёми фоҷиабор ин аст, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш кардем, беш аз як миллион нафар ҳамватанони ба кишварҳои гуногун парешонгардидаро ба Ватан баргардонидем ва ваҳдати миллиро таъмин намудем. Ин таҷриба аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, имрӯз низ таҷассуми иродаи қавӣ, масъулияти баланди миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Яъне мо тавонистем, ки сарҷамъу муттаҳид шавем ва даст ба дасти ҳам дода, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишварамон барқарор созем! Давлати ҷавони тоҷиконро аз гирдоби нобудӣ ва миллати тоҷикро аз хатари парокандагӣ наҷот бахшем! Асосҳои устувори пешрафти давлат ва рушди ҷомеаро поягузорӣ намоем! Ва ба ҷаҳониён исбот кунем, ки миллати тоҷик қодир аст бо ақлу хирад ва сабру таҳаммул сарнавишти худро мустақилона муайян созад. Имрӯз шукрона мекунам, ки ба шумо – мардуми азизу заҳматқаринам – такя кардам, шумо сиёсати пешгирифтаи маро пуштибонӣ кардед ва мову шумо, бо вуҷуди тамоми мушкилоти вазнини он замон, ба ин рӯзи босаодат расидем! Ҳозирини арҷманд! Тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон аз истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегиранд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия нахустин рамзи давлатдории тоҷикон – Парчами миллӣ қабул гардида, замина барои таҳия ва тасдиқи дигар рамзҳои давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сохторҳои идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра фалаҷ гардида буданд. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои муҳимтарину сарнавиштсози он айём барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси сохторҳои низомӣ ва таъмин намудани волоияти қонун буд. Зеро риояи дақиқи қонун, баробарии ҳама дар назди он ва масъулияти шаҳрвандӣ на танҳо заминаи сулҳу оромӣ ва тартибу низом дар ҷомеа, балки асоси давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Соҳибистиқлолӣ тақозо менамуд, ки дар кишвар ислоҳоти бунёдии конститутсионӣ амалӣ карда, санади олии ҳуқуқие қабул гардад, ки дар он ҳадафу ормонҳои миллӣ, асосҳои давлатдорӣ ва низоми сиёсии мамлакат муайян карда шаванд. Шашуми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии    умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Ин санади

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд. Ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ”-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, меҳмонон – донишмандон, олимон, аҳли ҳунар, аъзои фаъоли Анҷумани “Пайванд”-ро ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон хайрамақдам гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Анҷумани байналмилалии Пайванд падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт. Гуфта шуд, ки иштироки фаъоли меҳмонони гиромӣ дар ҷашни истиқлоли тоҷикон нишонаи равшани арҷгузорӣ ба забону фарҳанг, таъриху тамаддун ва арзишҳои муштараки маънавии мардумони форсизабон мебошад. Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо – мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад. “Ҳанӯз 8 сентябри соли 1993 хотирнишон карда будам, ки ҳадафи асосии анҷумани мо эҷод ва истиқрори муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои илмиву фарҳангии мардумони форсизабон аст”, -иброз доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабононро дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳо ва густариши эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ шоиста арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки аъзои Шуро ва Кумитаи иҷроияи Анҷумани Пайванд дар омодасозӣ ва баргузории ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла 1150-солагии падари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 680-солагии орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1400-солагии Борбади Марвазӣ, ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 960-солагии ҳаким Умари Хайём саҳми арзишманд гузоштанд. Хизмати онҳо дар баргузории ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, ҳамоишҳои байналмилалии “Авасто ва тамаддуни ҷаҳонӣ”, “Саҳми тоҷикон ва форсизабонон дар тамаддуни ҷаҳон: дирӯз ва имрӯз”, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва бузургдошти “Соли тамаддуни ориёӣ” шоистаи таҳсин аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои анҷуман муроҷиат карда, таъкид доштанд, ки мо бояд на танҳо ворисони ин тамаддуни бузург бошем, балки онро бо шаклу мазмуни нави мутобиқ ба руҳи замони муосир ва бо дастовардҳои нави илмӣ ғанӣ гардонем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамаддуни ориёӣ аслу решаи мост ва ояндаи мо ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза ин аслро дар ҷаҳоншиносии зеҳниву миллии худ ҳифз хоҳем кард. Дар ҳамоиши навбатии Анҷуман Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашр ва дастрас кардани Шоҳномаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба мардуми Тоҷикистон, инчунин иқдоми дар шаҳри Душанбе бунёд кардани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ба хотири ташаккул ва рушди тамаддуни бостонӣ андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Конуни тамаддуни ориёӣ маркази зиндаи фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ хоҳад буд, ки таърихи мардумони ориёиро чун ойинаи як тамаддуни созанда, эҷодгар ва таъсиргузор ба ҷаҳони бостон муаррифӣ хоҳад кард. Зикр гардид, ки Маркази байналмилалии Наврӯз низ дар шаҳри Душанбе метавонад ба ниҳоди нодири фарҳанги ҷаҳонӣ табдил ёбад, ки дар он Наврӯз на танҳо ҷашни як рӯзу як фасл, балки чун фалсафаи ҷовидонаи зиндагӣ, сулҳ ва эҳё бо таҷдиди мақоми таърихиву фарҳангии он дар хизмати ҳадафҳои маънавии ҷаҳони муосир гузошта шавад. Ба андешаи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин марказ саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳифзи мероси фарҳангии инсоният, гуфтугӯи тамаддунҳо ва таҳкими мақоми меҳварии кишвар ҳамчун маркази тамаддуни Наврӯз хоҳад буд. Президенти кишвар таъкид доштанд, ки Тоҷикон бояд дар даҳсолаҳои оянда на танҳо ҳамчун миллати дорои гузаштаи пурифтихор, балки ба сифати ҷомеаи пешоҳангу созанда, бо истеъдоду қобилияти тавлиди дониш, технология, фарҳанги муосир ва дипломатияи таъсиргузор шинохта шаванд. “Дар ин ҷода Анҷумани Пайванд метавонад ба маркази ҳамоҳангсози неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мубаддал гардад”, – изҳор доштанд Сарвари давлат. Зимни суханронӣ дар анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон андешаронӣ намуданд. Нашри шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон дастрас кардани онҳо, инчунин, силсилаи “Ахтарони адаб” иқдомоти ҳукумат дар роҳи мустаҳкам намудани худогоҳии миллӣ, ифтихори таърихӣ ва пайванди мардуми мо бо мероси безаволи ниёгон номида шуд. Забон бунёди ҳастии маънавии миллат арзёбӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу гиромидошт ва дурнамои густариши забонро вазифаи меҳварии фаъолияти Анҷумани “Пайванд” унвон карданд. “Мо бояд забонро на танҳо гиромӣ дорем, балки онро ба забони қудратманди илму фановарӣ, технологияҳои муосир ва иқтисоду дипломатия табдил диҳем”, – изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат хизмати мардумони ориёинажодро хотиррасон сохта, аз корномаи Куруши Бузург – бунёдгузори нахустин империя дар таърих ва муаллифи аввалин эъломияи ҳуқуқи башар хамчун намунаи адолатгустарӣ ва таҳаммулгароӣ ёдовар шуданд. Таъкид шуд, ки рисолати худ мешуморем, то паёми сулҳ, гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммул ва масъулияти муштаракро ба наслҳо ва ҷомеаҳо расонем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар бораи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки чанде пеш бо ташаббуси Тоҷикистон қабул гардид, суханронӣ намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бигзор, аз ҷаласаи имрӯза паёми равшан ба ҷаҳон ва ҷомеаи мо садо диҳад: тоҷикон миллати сулҳу сулҳофаранд, миллати тамкину таҳаммуланд, миллати фарҳангӣ ва созандаву бунёдкоранд. Пешниҳод гардид, ки ҳамоиши имрӯза сароғози барномаи нави рушди Анҷумани “Пайванд” барои солҳои минбаъда эълон карда шавад. Барномае, ки дар он масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ дар ҳамоҳангии мутақобилаи ҳамаи ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шаванд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки дар доираи барномарезии фаъолияти минбаъдаи Анҷумани “Пайванд” масъалаҳои сулҳу амният, обу иқлим ва рушди устувор пайваста бо ҳифзи сарватҳои таърихиву маънавӣ ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд. Дар фароварди сухан Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда бояд на танҳо кишвари суботу оромӣ ва

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт. Хусусан, солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд. Гуфта шуд, ки дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ кардани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз нақши барҷастаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният махсус таъкид намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир аз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисси масъулияти баландро тақозо намуданд. Таъкид гардид, ки риояи қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва мардуми Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паради ҳарбиро рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва мардуми кишвар маънидод намуданд. “Таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияту суботи давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистонро чун сипари боэътимод ҳимоя карда, ба эҳтирому ифтихори шаҳрвандони мамлакат сазовор гардидаанд”, – иброз доштанд Роҳбари давлат. Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори мардуми Тоҷикистон минбаъд низ вазифаҳои худро содиқона, бо масъулияти баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро хоҳанд кард. Баҳри иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар, бо рӯҳияи ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат дар майдони Истиқлоли пойтахт, саф ороста буданд. Ҳайати шахсии иштирокдори ин гузашти тантанавори ҳарбӣ бо арзи эҳтиром ва тибқи қоидаҳои низомӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ пазироӣ намуданд. Аз омодагии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар гарнизони Душанбе ва иштироки онҳо дар ин гузашти низомӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Собирзода Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати 35 – умин солгарди ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфтанд. Гузашти низомӣ бо амри фармондеҳи Паради ҳарбӣ, сардори гарнизони Душанбе генерал – майор Шокирзода Ҳусейн оғоз гардид. Дар оғози гузашти низомии ин Паради бузурги ҳарбӣ дар таърихи давлатдории мустақили миллӣ, парчамбардорони ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиа бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ба майдони Паради ҳарбӣ рамзи соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ворид намуданд. Ёдовар мешавем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ, ҳангоми қабул гардидани он ва бо эҳтироми хоса арҷ гузоштани Пешвои миллат ба ин муқаддасоти давлатӣ оғоз гардидааст. Он ифодагари таърихи пуршараф, имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқат ба Ватанро бедор менамояд. Сипас, зери навои мусиқии тантанавии оркестри муттаҳидаи ҳарбӣ ва бо роҳбаладии парчамбардорон гузашти мутантани низомӣ оғоз ёфт.  Қадамҳои далеронаву ҷасуронаи афсарону сарбозон, маҳорати баланди сафороиву қадамзанӣ ва омодагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои иштирокдор дар майдони гузашти низомӣ аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ шаҳодат медиҳад. Паради ҳарбӣ, ки бо тантанаву шукуҳи хоси ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир карда шуд, он таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиёни мо ба марзу буми аҷдодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шостаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин чорабинии пуршукуҳ бори дигар нишон дод, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти қудратӣ ба шумор меравад. Дар чорабинии муҳимими сиёсии гузашти Паради ҳарбӣ роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Ташкил ва дар сатҳи баланди омодагии низомӣ доир намудани Паради ҳарбӣ ба шарафи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам собит месозад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси ҷомеа барои ҳимоя аз Ватан, ҳифзи суботу оромии кишвар, дастовардҳои Истиқлолият ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум дар ин сарзамини биҳиштманзар доимо омода мебошанд. Онҳо, савганди садоқату вафодории хешро ҳамеша ба халқу Ватан ва Пешвои миллат пос медоранд.

Президент, Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд. Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан миллати моро дар марҳалаҳои гуногуни таърих аз озмоишҳои сангин сарбаландона берун овардааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи ҳозиринро дар роҳи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан, ҳифзи марзу буми он ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва қарзи пуршараф ба ҳисоб меравад. Дар робита ба вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат гирифта истодаанд, аз афсарону сарбозон зиракии касбӣ ва хизмати содиқона талаб карда шуд. Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин вазъият аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ на танҳо сатҳи баланди касбият ва омодабошии доимӣ, балки ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ ва маҳорату малакаи истифодаи технологияҳои муосирро талаб менамояд. Зикр карда шуд, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа вазифаи муқаддас ва қарзи ҷавонмардии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ бояд дарк намоянд, ки иҷрои содиқонаи вазифаи хизматӣ на танҳо масъулияти касбӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва нишонаи садоқат ба миллату давлат мебошад. Зарур шумурда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, аз худ намудани техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои навин, таҳкими ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат бояд самти асосии фаъолияти ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошад. Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд, интизоми намунавӣ, сатҳи баланди касбият ва руҳияи устувор иҷро намуда, ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлат ва оромии ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд. Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, тахассусии навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3, дода шуд. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад. Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд. Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд. Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар талош меварзанд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани маркази хизматрасонии Аҳмадҷон дар шаҳри Душанбе ва мулоқот бо 151 ятим ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хизматрасонии Аҳмадҷонро мавриди истифода қарор доданд. Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мустафо Атобуллоев дар масоҳати умумии 11 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, тиҷоратӣ ва фароғатӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт пешбинӣ шудааст. Маркази хизматрасонии Аҳмадҷон аз маҷмӯи биноҳои се ва чорошёна иборат буда, дар он се ошхона, маркази савдо, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази дилхушии кӯдакон, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра, 12 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, дар маҷмаа таваққуфгоҳи замонавӣ бо шароити зарурӣ, майдони саққобозӣ (билярд), толори машқҳои варзишӣ ва фароғатӣ мавҷуд буда, дар он барои истироҳату дилхушии сокинону меҳмонон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар болои бино  панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки қисме аз эҳтиёҷоти онро бо неруи барқ таъмин менамоянд. Баробари ба истифода додани марказ дар маҷмуъ 250 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ба истифода додани чунин иншооти муосири хизматрасонӣ дар пойтахт ба рушди соҳибкории ватанӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани муҳити шаҳр мусоидат менамояд. Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо 151 ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карданд. Таваҷҷуҳи пайваста ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иқдоми мазкур идомаи тадбирҳои хайру савоб дар самти дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо мебошад. Ёдовар мешавем, ки ин иншооти зебои муосир дар соҳили чапи рӯди Душанбе дар доираи навсозии васеи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт бунёд ёфта, ба симои ин мавзеъ, ки ба макони истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонони  Душанбешаҳри нозанин бояд табдил ёбад, ҳусни дилкаш зам намудааст. Ҳамчунин, ҷойи зикр аст, ки 13 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии васеи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт санги асос гузошта буданд. Инак маркази наву муосири хизматрасонии Аҳмадҷон аз ҷумлаи нахустин иншоот мебошад, ки дар ин масир бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шуд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир  таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад. Ин равиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд. Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпарронӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад. Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносиб барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд. Толори барҳавои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпарронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят карда шуданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид. Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд. Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи  вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

Прокрутить вверх