Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои Театри миллӣ

3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмон ва омодасозии иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллӣ шинос шуданд. Зимни боздид роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони масъул ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ анҷом ёфта, ороишу омодасозии даруни бино ва бастубанди техникаю таҷҳизот дар толорҳои театр идома дорад. Зикр гардид, ки дар бунёду таҷҳизонидани бинои Театри миллӣ, ки яке аз иншооти асосии ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад, аз беҳтарин маводи сохтмону ороиш ва техникаю таҷҳизот истифода мешавад. Аснои боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону мутахассисони масъул ва устоҳои гулдасти тоҷик барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расондани корҳо дастуру тавсияҳо доданд. Тавре таъкид гардид, Театри миллӣ, ки аз ҷузъҳои муҳимтарини ансамбли биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе ба мисли Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, боғҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва майдони Дӯстӣ бо пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад, бо пурра омода гаштанаш ба пойтахти кишвари азизамон ҳусну таровати тоза зам менамояд. Дар баробари ин, Театри миллӣ макони баргузории беҳтарин чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ ва муаррификунандаи шоистаи таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон хоҳад буд.

Президент, Хабарҳо

Машварати корӣ

3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд. Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба истиқболи сазовор аз солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор карда шаванд. Таъкид гардид, ки таҷлили сазовор ва пуршукуҳи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон метавонад ба эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз таърихи бостонӣ, фарҳанги пурғановат ва тамаддуни бузурги ориёӣ мусоидати фаъол намояд. Тавре иттилоъ доданд, дастуру таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва руҳияи баланди омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, ҳамчунин ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, такони ҷиддӣ додааст, зеро дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Президент, Хабарҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам: 1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 2 апрел то 1 майи соли 2026 гузаронида шавад. 2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, бо мувофиқаи раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 1 апрели соли 2026 №1157

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани кони ангишти №8 дар шаҳри Исфара

31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи азнавбарқарорсозии кони №8-и Шуроб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардида, дар доираи он хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти муҳими соҳавӣ таҷдиду навсозӣ шудаанд. Ҳоло дар татбиқи лоиҳа зиёда аз 700 кас фаъолият дошта, тибқи нақша, шумораи кормандон, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ,  марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда, бо расидани марҳилаҳои нав, ҳаҷми истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2026 то 200 ҳазор тонна, соли 2027 то 700 ҳазор тонна ва соли 2028 ба зиёда аз 1 миллион тонна дар як сол расонида мешавад. Ҳоло дар корхона 700 кас фаъолият намуда, оянда шумораи ҷойҳои корӣ ба 1500 мерасад. Ҳамзамон дар доираи лоиҳа инфрасохтори муҳими истеҳсолӣ, аз ҷумла ҳавзҳои оби нӯшокӣ, шабакаи обрасонӣ, биноҳои маишиву хизматрасонӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд гардида, барои фаъолияти самараноки корхона ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинои хобгоҳ барои 700 коргар ва инчунин бинои маъмурии хизматрасонӣ бо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз мутобиқ ба талабот бунёд гардидааст. Дар бинои асосӣ толори маҷлисӣ барои баргузории ҷаласаҳои  корӣ муҳайё буда, дар саҳни он майдончаи варзишӣ ҳам сохта шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади зебо гардондани муҳити атроф дар саҳни бино дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Ҳоло фаъолияти кони ангишти №8 ба таъмини талаботи бозори дохилӣ бо ангишти ватанӣ ва рушди саноати кӯҳӣ равона гардида, ба истифода додани он дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори энергетикии кишвар мусоидат менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки фаъолияти корхонаро боз ҳам тақвият бахшида, барои рушди минбаъдаи соҳа ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ саҳми назаррас гузоранд.

Президент, Хабарҳо

Муаррифии лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ дар шаҳри Исфара

31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, пойгоҳи обкашӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бастубанди мева, парвариши 200 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ба таври фосилавӣ шинос гардиданд. Зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 1400 гектар аз ҳисоби заминҳои захираи чарогоҳи давлатӣ ҷудо гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишварзӣ, бунёд шуда, аз он дар масоҳати 1350 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва 50 гектар барои чаронидани чорвои шохдор дар назар дошта шудааст. Таъкид гардид, ки аз заминҳои ҷудогардида дар майдони 1200 гектар боғҳои зардолу бо усули обмонии қатрагӣ ва дар масоҳати 2,0 гектар гармхонаи замонавӣ бунёд хоҳад шуд. Иттиллоъ дода шуд, ки ҳамчунин дар қитъаи замин сохтмони сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна, 10 ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб обанбор ва фермаи парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат нақши арзишманд мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони шаҳри Исфара ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин, ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти боғи “Амирхон”, ки дар масоҳати 87 гектар бо саҳми соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Амирзода аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, ки дар мавзеи Моҳпарӣ бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд. Боғи нави маҳаллӣ, ки дар марҳилаи аввал дар масоҳати 44 гектари он 300 ҳазор бех ниҳолҳои зардолуи навъҳои Абрикос, Шишахӯрмоӣ ва Бобоӣ шинонида шудааст, дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Исфара дар истеҳсоли зардолу на танҳо дар миқёси мамлакат, балки минтақа шуҳрати зиёд дошта, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи болаззату содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, масъулин ният доранд дар марҳилаи дуюм дар масоҳати 43 гектар бо истифода аз навъҳои хушсифати шафтолу ва зардолу майдони боғро васеъ гардонанд. Дар инҷо 40 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин мегардад. Боғдорони шаҳри Исфара ҳамасола дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои самараи бештару беҳтар додани ин иқдом дастуру тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ниҳолшинонӣ, ифтитоҳи оби полезӣ ва боздид аз намоиши маҳсулот дар шаҳри Исфара

31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд. Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздид аз боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар масоҳати 600 гектар, шинонидани ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда, ифтитоҳи оби полезӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид. Дар намоишгоҳи муваққатии маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз навъҳои тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, зардолу, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд. Ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Исфара бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 3 ҳазору 710 гектар расонидаанд. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар шаҳри Исфара афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад. Иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара ба ҳолати 1 марти соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 74 ҳазор тонна барорбар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 4 ҳазору 300 тонна афзоиш ёфтааст. Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини шаҳри Исфара дар самти истифодаи оқилонаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳри Исфара, аз ҷумла зардӯзӣ, кандакорӣ ва анвои гуногуни нон, ки ба таври густурда пешниҳод гардида буд, бозгӯи заҳмати аҳлона аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони шаҳри Исфара барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа дастуру тавсияҳои судманд доданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ “Истиқлол”, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Абуризо Абдулаҳатов ва Сорбон Савриддинов дар масоҳати 600 гектар замини бекорхобида бунёд гардидааст, шинос шуда, ба ифтитоҳи хатти оби полезӣ оғози расмӣ бахшиданд. Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштамъу лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии кишвар низ нақши муассир мегузорад. Тибқи тавсияи мутахассисон, дар 40 гектар 12 ҳазору 500 бех ниҳоли зардолуи Исфара ва дар 25 гектар 13 ҳазор бех ниҳоли шафтолуи аълосифат шинонида шудааст. Ҷойи зикри хос аст, ки обдиҳии боғҳои нав бо усули қатрагӣ ба роҳ монда мешавад. Тавре иттилоъ доданд, то имрӯз дар масоҳати зиёда аз 65 гектар кашидани лӯлаҳои обмонии қатрагӣ анҷом ёфтааст. Дар маҷмӯъ ниҳолҳои боғи навбунёд дар марҳилаи аввал дар масоҳати 65 гектар беш аз 30 ҳазор бехро ташкил хоҳад дод. Боғдорон дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳмгузор бошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо боғпарварон ташаббуси соҳибкоронро дар ин самт намунаи ибрат унвон намуда, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ намудан аз имтиёзҳои додаи Ҳукумати мамлакат ба онҳо тавсияҳои судманд доданд. Иттилоъ дода шуд, ки таъсиси чунин боғи интенсивӣ, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкил гардида, дар оянда бо ин роҳ масоҳати чунин боғҳо боз ҳам афзоиш дода мешавад. Кишоварзони шаҳри Исфара баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироатҳои гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, заминҳои худро пурсамару мақсаднок истифода мебаранд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту ғалладонагиҳо ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Исфара, ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон барои истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба талош меварзанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 дар шаҳри Исфара беш аз 100 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хатти об аз дарёи Исфара аз мавзеи заминҳои ҷамоати Хонободи Деҳоти Баланд дар масофаи 2 ҳазору 300 метр аз ҷониби соҳибкорон кашида шуда, бо ғунҷоиши 22 ҳазору 500 метри мукааб обанбор низ сохта шудааст. Масъулон ният доранд дар оянда 5 ҳавзи моҳипарварӣ ҳам бунёд намоянд. Барои таъмини қувваи барқ ба дастгоҳҳои обкашӣ ба масофаи ду километр хати барқ кашида ва 2 адад трансформатори 400 ва 600 киловатта насб гардидааст. Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғи интенсивӣ ва ҳавзи обтаъминкунӣ, ки заҳмат ва харҷи зиёдро талаб менамояд, ба соҳибкорон баҳои баланд дода, ин амали онҳоро намунаи таҳсин номиданд. Дар заминаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боғдорон нақша доранд, ки ояндаи наздик дар ҳудуди боғ як сардхонаи наву замонавӣ бо ғунҷоиши 10 ҳазор тонна ва корхонаи коркарди мева таъсис дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ саҳмгузор шаванд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тариқи фосилавӣ ба фаъолияти боғи “Амирхон”, ки дар масоҳати 87 гектар бо саҳми соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Амирзода аз ҳисоби заминҳои бекорхобида дар мавзеи Моҳпарӣ бунёд гардидааст, оғоз бахшида, бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бандубасти мева, парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ва дар масоҳати 70 гектар дар деҳаи Лаккон ҷудо гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ ба таври фосилавӣ шинос гардиданд ва ба масъулин барои самараи бештару беҳтар додани ин иқдом дастуру тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай иштирок ва суханронӣ карданд. Ин тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури сокинони сершумор ва меҳмонон баргузор гардид. Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ин ноҳия ва тамоми мардуми кишварро бори дигар бо фарорасии соли нави аҷдодӣ – ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик хушбахтӣ, баракат ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд. Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик на танҳо ҷашни фарорасии баҳор, балки ойинаи таърихи куҳан, таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки миллати куҳанбунёди мо дар тӯли таърихи бостонии худ борҳо ба мушкилоти сарнавиштсоз рӯ ба рӯ гардидааст, вале ҳар дафъа ба шарофати ақлу хирад ва ойину арзишҳои зиндагисози худ, аз ҷумла Наврӯз, аз ин мушкилот раҳоӣ ёфтааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба шарофати ҳамин арзишҳои зиндагисоз мо ин ҷашни бостонии миллиро дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё кардем ва имрӯз онро дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем. Зикр гардид, ки наврӯзи имсола барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ, дар марҳалаи муҳимми созандагиву ободкорӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи пайгиронаи ислоҳоти иқтисодӣ ва заҳмати софдилонаи мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Мастчоҳ хеле ободу зебо ва шароити зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст. Ин дастовардҳоро Пешвои миллат туҳфаи арзандаи соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо замин, айёми оғози корҳои кишоварзӣ ва талош барои баракату фаровонӣ мебошад. Бинобар ин, зурур шумурданд, ки мо шаҳрвандон ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода бурда, барои таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саъю кӯшиш намоем. Таъкид карда шуд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду азнавсозии 735 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз ҳамаи онҳо ба истифода дода шудааст ва ин нишонаи баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва натиҷаи заҳмати созандаи мардуми ноҳия маънидод гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти ин гӯшаи Ватани азизамон изҳори сипос намуданд. Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки соҳибкорон ва мардуми бонангу номуси ноҳияи Мастчоҳ то охири сол боз даҳҳо иншооти дигарро бунёд карда, ба истифода месупоранд ва барои ҳамдиёрони худ садҳо ҷойи кории нав муҳайё сохта, дар ободу зебо гардондани ноҳия ва деҳоти он саҳми арзишманд мегузоранд. Пас аз сухани табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангии идона оғоз ёфта, зимни он ҳунармандон бо пешниҳоди барномаи рангину ҷолиб фазои идонаро боз ҳам пуршукуҳ гардониданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ва ду ҳавзи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд. Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 200 кат барои табобати беморон пешбинӣ шудааст. Иншооти нав дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ мебошад, ки ба аҳолӣ хизматрасонии босифатро фароҳам меорад. Аз ҷумла, шуъбаҳои қабул бо ҳуҷраҳои функсионалӣ, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, инчунин шуъбаи эҳё ва наҷот фаъолият хоҳанд кард. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ соли 2023 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шудааст. Бинои нави беморхонаи марказӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаи нав 5 ҳуҷраи муосири ҷарроҳӣ бунёд гардидааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ  дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, барои беш аз 250 мутахассис кори доимӣ фароҳам гардид, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат мекунад. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ифтитоҳи чунин як маркази муосири тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд. Зеро ин беморхона имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба маротиб беҳтар гардида, ниёзи аҳолӣ ба муолиҷа дар дохили кишвар пурра таъмин гардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон, дастуру ҳидоятҳо доданд. Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои хеле зебо дорад. Бояд зикр намуд, ки бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ, ҳамчунин ду ҳавзи бузурги захираи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши умумии 2000 метри мукааб мавриди истифода қарор доданд. Иншооти муҳим барои таъмини беш аз 12 ҳазор аҳолии маҳаллаи Фирдавсии  деҳоти Оббурдон бо оби тозаи ошомиданӣ хизмат мекунад. То ин муддат сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи онҳо ба ҳисоб мерафт. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ҳавзҳо, мушкилоти чандинсолаи мардум ҳалли худро пайдо намуд. Иншооти мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон равона шудааст. Мутахассисон таъкид менамоянд, ки бо ба истифода додани чунин иншооти зерсохторӣ, на танҳо сатҳи таъминоти об беҳтар мегардад, балки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо низ мусоидат хоҳад кард. Сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз ин иқдоми созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос карданд. Бо чунин корҳои ободониву созандагӣ, симои деҳот рӯз ба рӯз зеботар гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.

Президент, Хабарҳо

Оғоз бахшидан ба кишти пахта дар 10 гектар замини хоҷагии деҳқонии “Мирхонд” ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд. Сарвари давлат дар саҳрои хоҷагӣ бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуда, ба деҳқонону кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои муфид доданд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли пахта, яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2026 ҷиҳати ташкили истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия сохтори кишти баҳории зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ гардид, ки тибқи он дар майдони қариб 20 ҳазор гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад. Аз он 12450 гектарашро кишти пахта, 2250 гектар зироатҳои равғандор, 2700 гектар полезӣ, 20 гектар картошкаи барвақтӣ, 105 гектар сабзавот, 800 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад. То имрӯз дар ноҳия дар майдони 750  гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд. Номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ ва меваҷоти тару тозаи табиӣ ба намоиш гузошта шуд. Кишоварзони ноҳия маҳсулоти худ, аз қабили сабзавот, меваи тару хушк ва тухмии зироатҳоро ба маъраз гузоштанд. Ба таъкиди Сарвари давлат талабот ба чормағзи заминӣ дар хориҷи кишвар зиёд аст ва мағзи он дар омода кардани маҳсулоти қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир, кишоварзонро барои истеҳсоли бештари ин навъи маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар ҳидоят намуданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ низ пешниҳод карда шуд. Дар маҷмуъ ҳамаи ин самараи заҳмати садоқатмандонаи сокинон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон гувоҳӣ медиҳад. Истифодаи босамари замин имкон фароҳам овардааст, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин ва гирифтани якчанд ҳосили дилхоҳ ҳидоят карданд. Дар намоиши кишоварзӣ қурутҳои машҳури Мастчоҳ бо бастабандии замонавӣ ва ҷаззоб муаррифӣ гардида, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб намуд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 3 иншоот дар ноҳияи Мастчоҳ ба тариқи фосилавӣ

30 март Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор доданд. Нахустин иншооте, ки дар ин рӯз  ифтитоҳ гардид ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз мебошад. Иншооти мазкур дар ҳудуди деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати 2,0 гектар  замин бунёд гардида, аз иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида,  раванди истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли маҳсулот дар ин коргоҳ мутобиқ ба талаботи санитарӣ сурат мегирад. Ҳамзамон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи парандапарварии Илёс бо иқтидори истеҳсоли 500 тонна гўшти паранда дар як сол оғоз бахшиданд. Ин коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бунёд гардида, аз ду бинои асосии истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Биноҳои истеҳсолии коргоҳ барои парвариши то 40 ҳазор сар паранда пешбинӣ гардидаанд. Дар корхона шароити муосири нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва парвариши парандаҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳоло, дар коргоҳ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии соҳибкори инфиродӣ Сино Раҳимов бо иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як сол ва 10 ҷойи корӣ дар деҳоти Оббурдон аз иқдомҳои навбатии соҳибкорон мебошад. Бояд зикр намуд, ки иншоот аз биноҳои истеҳсолӣ, маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат аст. Бино бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ ва технологӣ бунёд гардида, барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар бинои истеҳсолии коргоҳ имкон аст, ки ҳамзамон то 15 ҳазор сар паранда парвариш ёбад. Қобили зикр аст, ки коргоҳ бо истифода аз технологияҳои муосир, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, фаъолият менамояд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносои бо фаъолияти корхонаҳо аз ташаббусҳои амалинамудаи соҳибкорон хуш истиқбол намуда, таъкид карданд, ки  бояд чунин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ замина мегузоранд, ҳарчи бештар бунёд карда шаванд. Соҳибкорони ватандӯсти кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корнаҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.

Прокрутить вверх