Хабарҳо

Хабарҳо

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 0119- и ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22-юми январи соли 2026 дар қисми ҳарбии 0119-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар “ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар мулоқот Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати корҳои сиёсӣ – тарбиявии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, полковник Искандарзода Ширинҷон ва командири қисми ҳарбии 01 19-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Шамолзода Мирзосафар иштирок намуданд. Нахуст, муовини сардори Раёсати корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ полковник Искандарзода Ширинҷон ташрифи меҳмонро ба қисми ҳарбии 0119- и Қӯшунҳои сарҳадӣ хайра мақдам гуфта, дар атрофи бардоштҳо аз Паём суҳбати муфассал намуд. Сипас, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзӯи “Паём – роҳнамо ва стратегияи ояндасозии давлат ” маърӯза намуд. Ӯ аз ҷумла, чунин иброз дошт: “Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бозгӯйи натиҷаҳо ва муваффақиятҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи дурахшони ояндаи мамлакат аст. Имсол низ ин Паёми пурмӯҳтаво ба мардуми Тоҷикистон ироа гардид ва дарки он масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Чуноне дар Паём ироа гардид: “Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид”. Воқеан соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ нек пазируфта шуд. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд, ки: “Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд”. Воқеан, дар соли 2025 ин руйдоде буд, ки орзуву ормони ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ гардид. Солҳои тӯлонӣ ҳалли он барои ҳарду мамлакат муҳим ба ҳисоб мерафт. Пеш аз ҳама таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, эҳтироми ҳамсоядории ду кишвари соҳибтамаддун боис гардид, ки ин руйдоди таърихӣ ба амал ояд. Сулҳу дӯстӣ, ба роҳ мондани муносибати сулҳпарварона боиси пешрафти ҳар мамлакат аст. Чуноне, ки аз иттилои расонаҳо ба мо маълум аст нофаҳмиҳои муваққатие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омаданд метавонистанд оқибатҳои нохуш дошта бошанд. Вақте оромӣ ва осоиш набошад сухан аз пешрафтҳои минбаъда гуфтан ғайриимкон мегардад. Чуноне шоир мефармояд: Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт. Роҷеъ ба нофаҳмиҳое, ки дар сарҳад ба амал омаданд истода намегузарем, танҳо мехоҳем ба он таваҷҷӯҳ намоем, ки сулҳу Ваҳдат ва дӯстиву ягонагӣ чиқадар гавҳари ноёб барои рушду пешрафт ва осоиши мардум аст. Зеро агар Ваҳдат, сулҳ ва осоиш набошад амалинамоии ҳадафҳои стратегии мамлакат ғайриимкон мегардад. Хушбахтона хиради азалӣ, таҷрибаи ду кишвари ба ҳам дӯст боис гардид, ки масъалаи сарҳад ҳаллу фасл гардида муносибатҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар робитаҳо бозам густариш ёбанд. Ёдоварӣ аз ин дастоварди таърихӣ ба он роҳнамоӣ менамояд, ки пеш аз ҳама сокинони мамлакат ба қадри тинҷиву оромии мамлакат бирасанд ва Ваҳдату истиқлоли давлатиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Барои онки наслҳои мо худогоҳу ватандӯст бошанд Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбати як қатор таъкидҳо намуданд. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд ки: “Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд”. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”. Месазад, ки ин таъкидҳоро дарк намуда баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо пайваста талош намеом. Зеро дур аз таассубу хурофот будан кафолати ояндаи дурахшон аст. Бояд таъкид намуд, ки ҷиҳати рушди худшиносии мардуми тоҷик Пешвои муаззами миллат як қатор иқдомҳоро ба монанди тақдими китоби “Шоҳнома” – и Абулқосими Фирдавсӣ ва “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров ва садҳо иқдомҳои ояндасозро амалӣ намуданд. Танҳо аз мо шаҳрвандон масъулияти баланди ҷонибдорӣ, дарки ин иқдомҳо ва амали намудани онҳо тақозо мегардад, ки қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Чуноне, ки дар рафти ироаи Паём Пешвои муаззами миллат иброз намуданд ин иқдомҳоро на танҳо бо кафкӯбӣ истиқбол кунем балки барои иҷроиши онҳо содиқона меҳнат намоем. Таъкиди Пешвои муаззами миллат, ки “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад” масъулияти пеш аз ҳама Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, волидайн ва дигар ниҳодҳои марбута мебошад. Паёми Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама роҳнамоест, ки масъулият, азму ирода, садоқат ба Ватан, худшиносӣ, ободкорию созандагӣ ва пешрафтро тақозо менамояд “. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

ПАЁМ – САОДАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

22-юми январи соли 2026 дар қисми ҳарбии 0123 -и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар “ бо афсарону сарбозон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Хабарҳо

“Паём Рӯзномаи рушди Тоҷикистон аст, “Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон”

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим санаи 21- уми январи соли 2026 бо фаъолон, имомхатибон ва дигар қишрҳои гуногуни шаҳри Левакант дар мавзуи “Паём Рӯзномаи рушди Тоҷикистон аст, “Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон”, худшиносӣ ва худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, муқовимат ба экстремизму терроризм, мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат, таълиму тарбияи фарзандон, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ватандӯстӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, тамаддуни ориёӣ ва ҳувияти миллӣ вохӯрӣ анҷом дод. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ ҶОМЕА

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон бо ҳузури роҳбарияти ноҳия, директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳқрии Тоҷикистон” Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сардори Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ, мушовири директори Маркази исломшиносӣ Мирзозода Азизулло бо иштироки сохтори КИ ҲХДТ дар ноҳия, маорифу тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, танзими ҷашну маросим, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин баргузор гардид. Дар ибтидо раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода меҳмононро хайрамақдам ва муаррифӣ намуда, моҳияти вохӯриро ба аҳли толор ошно намуданд. Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми сиёсӣ, барномавӣ ва сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди устувори давлат ва ҷомеаро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян намуд. Ин Паём на танҳо ҷамъбасти воқеии дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир, балки барномаи дақиқи амал барои ояндаи наздик ва дур буда, бори дигар собит сохт, ки сиёсати давлатдории Пешвои миллат ба манфиати мардум ва халқи шарифи кишвар, таъмини субот, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ равона гардидааст. Паёми навбатии Сарвари давлат бозгӯи вазъияти воқеии кишвар, таҳлили амиқи равандҳои ҷаҳони муосир ва ҳамзамон самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар оғоз Президенти кишвар дар Паёми худ бо таҳлили амиқи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон таъкид намуданд, ки имрӯз инсоният дар шароити ниҳоят мураккаб қарор дорад. Бӯҳронҳои геополитикӣ, тағйирёбии иқлим, камобию хушксолӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ талаб мекунанд, ки ҳар як давлат сиёсати хирадмандона, мустақилона ва дурбинонаро пеш барад. Вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амният, тағйирёбии иқлим, камобӣ, хатарҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар чунин шароит таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва худшиносии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Сипас директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор муҳтарам Холиқзода Абдураҳим ба сухан баромада нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат»-ро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, нақши калидии он дар рушди устувори давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва худшиносии миллӣ таъкид гардид. Дар идомаи вохӯрӣ мавзуъҳои муҳими рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла андешаи муҳими Пешвои миллат таҳти шиори «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон», ки ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба давлатдории миллӣ ва ҳамзамон риояи арзишҳои волои дини мубини ислом равона шудааст. Зикр гардид, ки ислом бо фарҳангу тамаддуни миллӣ дар ҳамбастагӣ қарор дошта, ҳеҷ гоҳ муқобили манфиатҳои давлату миллат набудааст. Ҳамчунин, мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додан ба корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» шарҳ дода шуда, саҳми ходимони дин дар тарбияи маънавии ҷомеа, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби мардум ба корҳои ободонию созандагӣ муҳим арзёбӣ гардид. Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳофизат ва тарғиби ёдгориҳои таърихии Хутали қадим ва Саразм низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ин ёдгориҳо шоҳиди тамаддуни бостонии тоҷикон буда, ҳифзу муаррифии онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зимнан, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрӣ ба ҳисоб рафт. Таъкид гардид, ки худдорӣ намудан аз ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва вокуниши саривақтӣ ба чунин амалҳо омили муҳими ҳифзи суботи ҷомеа мебошад. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён аз муҳтавои баланди мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар фаъолияти рӯзмарра ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ баён карданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия як қатор тағйироти кадрӣ анҷом доданд. Ба вазифаи муовини якуми сардори Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва вазифаҳои роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд. Ҳамчунин, ба вазифаи комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон кадрҳои таҷрибадори ин соҳа таъин карда шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва суҳбат ҳолати омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои низомӣ ва сохторҳои дигари номбурдаро дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди ҳар яке аз ин ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзу таъмини сулҳу оромӣ вазифаҳои муайян гузоштанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузаронидани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти  идорашавандаи фосилавӣ ва риояи  қонунияту оинномаҳои соҳавӣ  зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки муносибат бо сарбозону кормандон бояд мисли муомила миёни аъзои оила бошад, то ки эҳсоси дӯстиву бародарию ҳамдигарфаҳмӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ устувор гардад. Дастуру тавсияҳои дигар доир ба иҷрои босифати масъулиятҳо дар ҳар яке аз сохторҳои номбурда дода шуд. 16.01.2026 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

Бознигарии таърихи ниёгон ва масъалаҳои худшиносии сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷикон: таҳлили методологӣ-ҳуқуқӣ (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025)

                                                                                              «Миллат ва халқияте, ки  таърихи худро намеомўзад, аз он сабақ намегирад,  парандаи нобиноеро мемонад, ки аз ошёни худ парвоз кардааст; касе гуфта наметавонад, ки фурудгоҳи ў куҷост: болои об, шўълаи оташ ва ё дарахти сарсабз»            Муқаддимаи мавзуъ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар қатори дигар вазифаҳои муҳимму рўзмарраи иқтисодиву иҷтимоӣ тайи чанд соли охир ба масъалаҳои муносибати дуруст намудан ба таърих, таҳкими худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва ҳуқуқии халқи Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёми соли 2025 низ масъалаи мазкур  ҳадафмандона,  ҳам дар самти тавсеаи ёдгориҳои таърихии миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам миллӣ  масъалагузорӣ гашт. Бо ташаббусу дастуроти бевоситаи Президенти мамлакат, ки аксарашон дар паёмҳои солҳои қаблӣ садо дод, то ба имрўз ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ворид шуда, қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 ва «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) ва даҳҳо дигар ёдгориҳои таърихии миллати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул шуданд. Дар паёми имсола Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: “мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Аз ҷумла бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Тандеми бознигарӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ  ҳамоҳанг бо омўзиш ва таҳлили мантиқии таърихи воқеии халқ дар дигар самту ҷанбаъҳои фаъолгардонии тафаккури миллат низ пайваста идома дорад. Иқдомҳои дигари Пешвои миллат ҷиҳати нашр ва дастрас намудани ду шоҳасари безаволи таърихии миллат – яке «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуров ва дигаре «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо теъдоди беш аз 3 миллиону 200 ҳазор нусха ва тақсими онҳо ба ҳар оилаи Тоҷикистон, инчунин даҳҳо ташаббусҳои дигари эҳёнамоии хотираи таърихӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҳамагӣ ба устувории  сипари маънавии соҳибихтиёрии миллии давлат равона шудаанд.         Мубрамияти мавзуи баррасишаванда. Саволе, масъалае, ки фаҳму тавсеаи аниқи худро дар сатҳи тафаккури оммаи мардум ва зиёиёни муҳтарами миллат бояд пайдо намояд, ин аст, ки чаро Пешвои миллат дар қатори дигар аз рисолатҳои давлатсозӣ маҳз ба масъалаи ҷанбаи таърихӣ, таърихомўзӣ ва бознигарии хотираи таърихӣ  ҳамчун рисолати азими давлатдорӣ дар шароити муосир бештар таваҷҷуҳ менамояд. Дар ин ҷо чанд масъалаи ҷиддии ҳалталаби илмӣ ва мафкуравӣ пешорўи мо истодааст. Аз зумраи масоили муҳимми илмӣ, ин нахуст коркарди консепсияи муайяни илмии муносибати мувозана бо хотироти таърихӣ ва  методологияи илмии муносибат ба таърих дар сатҳи улуми академӣ ва муассисаҳои илмӣ шарт ва зарур аст. Сониян, дар баробари фаҳму дарки дурусти муносибат ба хотираи таърихӣ дар паҳнои манфиатҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳҳо ва механизмҳои мувофиқи ҳамоҳангсози онро дар сатҳи тафаккури мардум ҷойгир намудан ногузир аст. Яъне бо ин мақсад дуруст ва ҳадафмандона роҳандозӣ кардани сиёсати мафкуравии ҷомеа ва таълими дурусту мақсадноки ҳақиқати таърихӣ дар низоми таҳсилоти ҳамагонӣ. Дар назари аввал бояд дар сатҳи тафаккури миллат фаҳм шавад, ки таваҷҷуҳ ба таърих, ба эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон  ин танҳо масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишию барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ набуда ва ҳадафи он бартарият додани як қишри тамаддуни миллат ба қисмати дигари он низ нест. Ҳарчанд, ки масоили мазкур низ дар шароитҳои муайяни таърихӣ, зери фишори таҳдидҳои мухталифи мафкуравӣ аз аҳамият дар умум холӣ нестанд. Муҳимтар аз ин ҳама, вазифаи маърифатии омўзишу ҳифзи хотираи таърихӣ ин шинос кардани халқ бо таърихаш, бо урфу одатҳояш, анъанаи нек ва дастоварду музаффариятҳояш аст, ки дар сатҳи тафаккури омма ҳувияти худшиносиро ташаккул дода, ба такмили масъулияту рисолати давлатсозии халқ мусоидат менамояд; мақсади функсионалиаш шароити илмӣ фароҳам овардан ҷиҳати сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои  рўзгори гузаштаи миллат, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ,  таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои бемориҳои фарҳангӣ ба хотири истифодаи дурусти таҷрибаи таърихист; ва ниҳоят таъиноти ташкилии он соҳибӣ кардани фарҳанги моддӣ ва маънавии ниёгон аст, ки дар заминаи он миллати сиёсӣ унсурҳои шинохти маънавӣ ва модиашро пурра карда, барои худ сипари маънавии ҳифзи манфиатҳои соҳибихтиёрии миллатро таъмин мекунад. Ҳувият ва худшиносии миллӣ гарави соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатӣ. Бе соҳибихтиёрии миллӣ соҳибихтиёрии давлатии халқ номумкин аст. Яъне бе дарки худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва тамаркузи халқ атрофи арзишҳои умдавӣ, ҳокимияти халқӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ худро ҳифз карда наметавонад. Лағзиши равшани он ин дар муборизаҳои сиёсии ташкили қудрати сиёсӣ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамчун унсури муҳимми сиёсии соҳибихтиёрии давлатӣ, нодурст рў овардани неруҳои сиёсӣ ба арзишҳои ғайримиллӣ ва ғайрианъанавист, ки ба парокандагию шикасти ваҳдат ва якпорчагии давлат мусоидат мекунад. Намунаи манфии онро мо дар раванди ба сиёсат кашидани эътиқод, имкониятҳои молӣ, сарват ва дигар арзишҳои фарҳангию моддӣ ё нодуруст берун аз одоби сиёсат ширкат варзидани баъзе аз номзадҳо дар рақобатҳои сиёсии сатҳи давлатҳои демократии рў ба рушд ва ҳатто тараққикарда мушоҳида менамоем. Ин ҳолат, на танҳо ба сари қудратҳои олам шахсони тасодуфиро дар низомҳои демократӣ меорад, инчунин соҳибихтиёрии халқиро низ осебпазиру соҳибихтиёрии давлатиро дар умум ба номуназзамӣ мекашад. Воқеияти сиёсӣ ва табиати низоми ҳуқуқии давлатҳои демократӣ  нишон дода истодааст, ки халқу миллатҳое, ки соҳибихтиёрии халқӣ ва  соҳибихтиёрии давлатиро дороанд, вале соҳибихтиёрии миллиашон ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи ғоявӣ ва мафкуравии дар заминаи анъанаҳои нек ташаккулёфтаи халқ, устувору решабатаърих нест, пояи давлатдориашон чун патакрешаи маънавӣ бо нахустин шамолҳои ғаразноки сиёсӣ аз бехаш канда мешаванд. Дарахти давлатдории миллии демократии мо дар масири таърих бо вуҷуди решаҳои амиқи фарҳангӣ ва эътиқодӣ доштанаш чаҳор маротиба табдилу таҳаввули пайвандҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, эътиқодӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқиро зери фишори вазнини истисмору забткориҳо аз сар гузаронидааст. Дар мисоли табиӣ организми зиндаи олами ҳастӣ ба чунин теъдоди бурришу васлшавиҳо ба гумон аст, ки ҳувият ва рушди худро комилан ва якмаром дифоъ карда тавонад. Аммо бо вуҷуди истилои юнониёну арабҳо ва ғасби ғоратгаронаи  чодарнишинону ҳамроҳшавиҳои иҷборӣ бо тамаддуни аврупоӣ фарҳанги миллию сиёсии мо на танҳо маҳв нашуд, балки ба таври ғайричашмдошт  худро бо забони ноби тоҷикӣ ва оинҳои умедбахши зиндагиофарӣ дар масири роҳи тафаккури афзалиятбахш ба

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон, инчунин дар бораи интихоби Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд. Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар сатҳи муовинони раисони мақомоти судӣ, судяҳои судҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз ҳисоби кадрҳои корозмуда ва дорои таҷрибаи кофӣ дар соҳаи дипломатия ба вазифаҳои муовинони вазири корҳои хориҷӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин муовини якум ва муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар аз ҳисоби кадрҳои варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ва бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони кишвар, назорати беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муаррифии шоистаи таърих ва фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуданд. 12.01.2026

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст.

Дар шароити мураккаби равандҳои ҷаҳонӣ, афзоиши таҳдидҳои мафкуравӣ ва густариши ифротгароии динӣ, масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат аҳамияти хосса касб менамояд. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо таъкид намудаанд, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед. Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Сарвари давлат 9 марти соли 2024 зимни вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон». Ин суханон ҳамчун рукни асосии давлатсозӣ ва кафили сулҳу суботи ҷомеа аҳамияти бузург доранд. Дар ин замина хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода мусоҳиба анҷом дод. АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Ба назари Шумо, моҳияти аслии ин сухан дар чист? Абдураҳим Холиқзода: Бо дарки таҳдиду хатарҳои замони муосир Пешвои миллати мо илман асоснок, таърихан мантиқӣ, аз лиҳози сиёсӣ мусбат ва аз назари эътиқод боинсофона таъкид намуданд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Зери ин шиор бори вазнини масъулияти худшиносӣ, давлатсозӣ, эҳтиром ба боварҳои мардумӣ ва тинҷию амонии мафкуравӣ ниҳода шудааст. Худошиносӣ аз худшиносӣ оғоз меёбад. Дар ҳадиси Паёмбари ислом омадааст: «Касе, худро шинохт, Худоро мешиносад». Миллати мо ҳастии мост, шинохти мо аз худамон, аз таърихамон, аз забонамон, аз фароҳангамон, аз давлату аз миллатамон, аз расму оинамон, аз суннату анъанаҳои деринаи миллиамон оғоз меёбад ва баъд то ба даргоҳи муъминию мусулмонӣ ва худошиносии мо рафта мерасад. Аз лиҳози шаклӣ ва мазмунӣ низ тавре, ки муҳаққиқон иброз доштаанд, миллат ва арзишҳои миллӣ шакл ё қолаби нахустини ташаккули маънавии инсон мебошанд, ки ба ҳаёти моддии ӯ мазмун мебахшанд. Эътиқод ва боварӣ танҳо баъд аз забон ва мансубияти миллӣ шакл мегиранд. Инсон нахуст бо забонаш ба иҷтимоишавӣ оғоз мекунад ва мазмуни зиндагии худро меҷӯяд. Сипас ба синни муайян расидан думболи ҷустан ба саволҳое мешавад, ки дин ба ӯ ҷавоб медиҳад. Дигар ин ки ҳар инсон ба ҳар бовару эътиқод маҳз тавассути вожаю мафҳумҳои забонӣ ворид мешавад. Забон аст, ки роҳи динро ба тафаккури инсон боз мекунад. Гузашта аз он арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ инсонро ба иттиҳоди сиёсӣ меорад, вале боварҳои динӣ онҳоро дар сатҳи эътиқод ва боварҳо нигоҳ медоранд. Аз лиҳози маънӣ низ касе, ки ба қадри бародару хоҳар ва ҳамватани худ намерасад, касе, ки шукронаи ватани худро ба ҷо намеорад, касе ки неъмати тинҷию амонии давлаташро намешиносад, нафаре, ки Ватанашро дарк намекунад, ҳифз намекунад, касе, ки забонро намедонад, қоидаю имлояшро намефаҳмад, ӯ аз куҷо динро медонаду ба қадри дигар муъминон расида, Худоро мешиносад?! Ба ёд оред лаҳзаеро, ки Паёмбари гиромиро аз шаҳри Макка ронданд, он кас аз ғори Савр берун шуда, дар минтақаи «Ҷуҳфа», байни Маккаву Мадина қарор гирифтанд, роҳи Маккаро нигоҳ карда, маҳзун шуданд, дил ба ватан майл намуд, зодгоҳ ва манзили аҷдодонашонро ба ёд оварданд. Бо оҳи сарду чашмони пуроб ба сӯи Макка – ба ватани худ нигоҳе карданду гуфтанд: «Чӣ қадар шаҳри поку хушбӯе ҳастӣ ва дар қалби ман чӣ аҷаб маҳбубӣ. Туро ман дӯст медорам!!! Агар қавмат маро аз ту намеронд, ҳаргиз ба ҷуз аз ту маконеро маскан намекардам». Ин буд, ки Ҷабраил нозил шуд ва пурсид: Муштоқи ватан ва зодгоҳат шудӣ? Паёмбар (с) посух доданд: Бале! Ва дар ҳамин вақт нисбат ба меҳри Паёмбар бар ватанаш ояте нозил мешавад, ки бозгашти ӯро ба зодгоҳаш муқаррар месозад: «Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба зодгоҳат бармегардонад! (Сураи «Қасас», ояти 85). Ё ба ёд орем, ки чӣ тавр аз эҳсоси меҳри Паёмбари ислом ба ватанаш Худованди бузург қиблаи муъминонро табдил дод. Пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара Паёмбари ислом пайваста бо меҳр ва иштиёқи хос ба сӯи ватани худ дида медӯхт. Ва эҳсоси ҳамин меҳру муҳаббати Паёмбар бар ватанаш буд, ки Худованди азза ва ҷалла қиблаи муъминонро ба сӯи ватани ӯ гардонд: «Ба дурустӣ ки мо гаштани рӯи туро дар ҷониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ (ишора ба зодгоҳи Паёмбар аст). Пас рӯи худро ба тарафи Масҷиду-л-ҳаром бигардон; ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯйҳои худро ба тарафи вай бигардонед» (сураи «Бақара», ояти 144). Худованд ба хотири меҳри ватани расулаш қиблаи муъминонро тағйир дод. Магар ин ҳама гувоҳӣ аз мақому мартаба ва афзалияти ватану миллат бар дигар арзишҳо нест? Ин аломати муҳимми миллатдӯстӣ ва ватандӯстист. Тарзе Амир-ал-муъминин Алӣ ибни Абутолиб гуфтааст: «Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст». Мусулмонии мо вақте комил мешавад, замоне дуруст аст, ки мо ба қадри падару модари худ расем, ҳурмати эҳтироми бародару хоҳарро ба ҷо оварем, худро ҳамчун миллат шиносем, Ватан ва сарзаминамонро мисли гавҳараки чашм ҳимоя кунем. Ин ҳамон арзишҳое ҳастанд, ки ҳам қонуни башарӣ, ҳам таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳам ахлоқи инсонӣ ва ҳам Худованди бузург афзалияту бартариашонро барои мо муқаррар кардаанд. Маҳз бо дарки ҳамин масъулиятҳо ва ҳамин арзишҳо мо «нахуст тоҷикем, баъд мусалмон»! АМИТ «Ховар»: Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо то кадом андоза ҳифзи решаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати сиёсӣ метавонад омили асосии таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории соҳибихтиёрии давлат ва муқовимат бо таҳдидҳои мафкуравии муосир бошад? Абдураҳим Холиқзода: Афзалияти мансубияти миллӣ ба унсурҳои муайяни фарҳангӣ ва таърихӣ такя мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол мешавад, ки дар ин самт моро ҳушдору бедор менамоянд. Чунки медонанд, ки иллати набудани унсурҳои хотираи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ заъфи соҳибихтиёрии миллат аст. Дар назари аввал бояд дарк кард, ки таваҷҷуҳ ба таърих, ба эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид мекунанд, ин кӯшиш дар масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишии халқу барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ нест. Ҳарчанд, ки ин ҷанбаҳо низ зарурат дошта, аз аҳамият дар умум холӣ нестанд. Муҳимтар аз ҳама, вазифаи ҳифзу омӯзиши хотираи таърихӣ бедор кардани масъулияту рисолати давлатсозии халқ; сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои миллат дар масири таърих, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ, таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои фарҳангӣ, соҳибӣ кардани фарҳанги моддӣ

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ

9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид. Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд. Зимни суҳбат бо кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю бенуқсон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои соҳавӣ, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ дар сафҳои мақомот ва ҳам дар миёни мардум, муборизаи ҷиддию софдилона бо ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла навъҳои синтетикии он ва ҳамчунин, ба тарбияи босифати кадрҳои ҷавони соҳа ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.

Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

9 январи соли 2026 ҷаласаи ҷамъбастии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор баргузор гардид. Дар ҷаласа сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом, муовинон ва кормандони Марказ иштирок доштанд. Нахуст маърӯзаи котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбеков М. А., доир ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2025, 124 адад семинару конференсияҳо, 321 мақолаҳои илмию омавӣ, 101 баромад дар телевизион ва радио, 187 адад мулоқоту вохӯриҳо, 7 монография, 2 маҷмуаи мақолаҳо ва 1 китобча аз ҷониби кормандони Марказ таҳия ва нашр гардида, Марказ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти марказ зикр шуда, дар муҳокимаи масъалаҳо сардорони шуъбаву бахшҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд. Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом ҳисоботи Марказ дар соли 2025-ро қаноатбахш ҳисобида, барои кормандони Марказ барору комёбӣ таманно намуд. Дар фарҷом, аз ҷониби директор Холиқзода Абдураҳим ба як қатор кормандони Марказ дар ҷамъбасти сол Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2026 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба кормандони Марказ супоришҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул гардид.

Прокрутить вверх