Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд. Нахуст дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд. Пас аз ба истифода додани ин корхона 70 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Гуфта шуд, ки дар оянда бунёди марҳилаи дуюми корхона  дар назар дошта шудааст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он иқтидори истеҳсолӣ  ва шумораи кормандон зиёд мегардад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 6 корхона мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 620 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд ва дар як сол ба миқдори 46 миллиону 330 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мегардад. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ  ба истифода дода шуд, корхонаи  истеҳсоли  пахтаи минералии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилроз Ғаюр дар шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон мебошад. Бунёди ин корхона имкон медиҳад, ки  дар як сол ба миқдори 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ истеҳсол шавад. Корхона бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта шуда, дар он 60 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ба кор андохтани ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қолинҳои Қайроққум бо иқтидори 450 ҳазор метри мураббаъ дар як сол иншооти дуюми саноатӣ дар шаҳри Гулистон аст. Таҷҳизоти дар ин корхона васлгардида аз ширкати Вандевили кишвари Белгия буда,  дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи бинои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Шамс тиҷорат бунёд гардидааст, ки  тариқи фосилавӣ бо иқтидори 630 ҳазор дона тухми мурғ дар як моҳ мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз соли 2025 оғоз ёфта, дар муддат кӯтоҳ ба истифода дода шуд ва дар он 20 кас соҳиби ҷойи кор гардид. Ифтитоҳи фосилавии корхонаи  истеҳсоли  гӯшти мурғ дар шаҳри Гулистон иншооти дигари саноатие буд, ки  дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд шудааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Сифат мурғ дар як сол 320 тонна гӯшти  мурғи аълосифат истеҳсол менамояд. Баъди ба истифода додани ин корхона 18 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шуд. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳолати моҳи сентябри соли 2026 зиёда аз 50  корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин рақам нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 550 нафар зиёд мебошад. Бинои навсозишудаи кӯдакистони Садбарг дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон  дар ҳамин рӯз тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимии томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 350 кӯдак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои ташаккули барвақтӣ ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовару зеҳнӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Дар бинои аз таъмиршудаи кӯдакистон  14 гурӯҳ фаъолият менамояд ва дар ин ҷо 55 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 11 муассисаи  томактабӣ,  аз он ҷумла 1  хусусӣ, мавҷуд буда, шумораи кӯдакони дар онҳо ба таълим фарогирифташуда 2087 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 108 кӯдак зиёд аст. Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи кору фаъолият ва зиндагии мардум дар деҳот ва  ҳидоят намудани насли наврас меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон баъди аз фаъолият боз мондан

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд. Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст.  Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд. Дар заминаи ҳамин тадбирҳо бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АСИМ оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК Комбинати маъдантозакунии Адрасмон амалӣ гардид. Пас аз расидан ба иқтидори пурра беш аз 1000 нафар мутахассис бо  кор таъмин хоҳанд шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалии Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи истихроҷи маъдани сурбу нуқра 2 миллион тоннаро ташкил дода, тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, аз он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст. Дар муддати тақрибан якуним сол дар наздикии кон корхонаи маъдантозакунӣ пурра аз нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Шветсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз карда шуд. Имрӯз дар ин корхона се коргоҳи майдакунии маъдан, коргоҳи осиёб, бахши флотатсия, дастгоҳи ғафскунӣ ва матбуоти филтрии истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳилаҳои асосии коркарди маъдан бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудаанд. Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ — консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст. Дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ба барқарорсозии инфрасохтори корхона низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Хобгоҳҳо, осоишгоҳ, маҷмааҳои меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти вобаста ба корхона таъмири асосӣ ва навсозӣ гардиданд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳмонон ва сайёҳоне, ки ба шаҳраки Адрасмон ташриф меоранд, меҳмонхонаи муосири Симин бо 12 ҳуҷра бунёд гардида, барои истироҳату фароғати онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Барои интиқоли партовҳои коркарди маъдан аз фабрика ба партовгоҳи №2 ва истифодаи такрории обҳои техникӣ ду хатти қубур бо қутри 377 миллиметр ва дарозии 4400-метрӣ васл карда шудааст. Бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо неруи барқ зеристгоҳи баландшиддати 35/10 киловолт бо ду трансформатори иқтидорашон 16 ҳазор киловат ва таҷҳизоти муосир сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 15 километр хатҳои барқи баландшиддат бо пояҳои бетонӣ васл гардида, ноқилҳои хатҳои интиқоли неруи барқ пурра нав карда шуданд. Барои зиёд намудани иқтидори истихроҷ нақби нақлиётии №2 ба масофаи беш аз ду километр канда шуда, бо усули пошдиҳии бетон мустаҳкам ва роҳҳои нақлиётгарди он бетонпӯш карда шуданд. Қобили зикр аст, ки қатъ гардидани маблағгузорӣ ва аз фаъолият бозмондани конҳо аз соли 2013 ба зерсохтори истеҳсолӣ таъсири ҷиддӣ расонида буд. Дар натиҷа нақбҳои Кони Мансури Шарқӣ ва нақби нақлиётии №1 зери об монда, қисми зиёди таҷҳизоту механизмҳои истеҳсолӣ барои истифодаи минбаъда корношоям гардида буданд. Таҷҳизоти рӯизаминӣ низ дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва солҳои зиёд истифода нашудан фарсуда гардида буд. Ҳоло бошад, дар доираи барқарорсозии корхона таҷҳизоти кӯҳнаи зеризаминӣ пурра бо дастгоҳу механизмҳои муосир иваз карда шудааст. Дар баробари ин, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳраки Адрасмон низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Аз истгоҳи обкашии Дрешсой агрегати обкашӣ ва таҷҳизоти барқии вакуумӣ харидорӣ ва насб гардида, ба Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии Адрасмон супорида шуд. Бо мақсади таъмини корхона бо оби техникӣ ва нӯшокӣ 11 чоҳи амудӣ канда ва ба истифода дода шуда, дар истгоҳи обкашии Қаромазор низ таҳкурсии агрегатҳои обкашӣ пурра таҷдид ва таъмир гардид ва насосҳои нави обкаш насб карда шуданд. Бино ва иншооти истеҳсолии қитъаҳои кон ва коргоҳҳои ёрирасон низ аз таъмири асосӣ ва навсозӣ бароварда шуданд. Бинои коргоҳи карбид ва оҳангарӣ барои ҷойгир намудани лабораторияи кимиёвӣ навсозӣ карда шудааст. Дар майдони истеҳсолии шахтасозӣ бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона сохта шуда, ба истифода дода шудаанд. Бинои маъмурии идораи комбинат низ дар шакли сеошёна бо тарҳи замонавӣ ва шароити муносиби корӣ бунёд гардидааст. Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ зиёда аз 200  нақлиёт ва таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ, барқарорсозии Адрасмон ба рушди иқтидори саноатии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар мусоидат менамояд. Барои кормандони комбинат шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст. Қарзҳои вобаста ба музди меҳнат, андоз, неруи барқ ва дигар уҳдадориҳои ҷамъшуда, ки дар давоми 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил медоданд, марҳила ба марҳила пардохт шуда истодаанд. Баробари ба кор даромадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, Корхонаи азими саноатии Адрасмон метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра табдил ёфта, дар рушди саноати маъдантозакунии кишвар саҳми назаррас гузорад.

Президент, Хабарҳо

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 7 иншоот ва муаррифии лоиҳаи роҳи мошингард дар ноҳияи Ашт

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт тариқи фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Куруш–Бекободро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии ноҳияи Ашт бунёд гардидааст. Роҳи мошингарди Куруш–Бекобод масофаи 12,7 километрро фаро гирифтааст ва бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд гардида, барои таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди рафтуомади сокинон хизмат хоҳад кард. Мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳи мошингард барои сокинони деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини минтақа аҳамияти зиёд дошта, имкониятҳои нақлиётӣ ва робитаи байни маҳалҳоро беҳтар менамояд. Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ роҳи мошингарди Хистеварз–Соҳилобро низ мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур дар масофаи 10 километр бунёд гардида, яке аз иншооти муҳими инфрасохторӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди роҳи нав барои тақвияти робитаи нақлиётии байни маҳалҳои аҳолинишин, осон намудани дастрасии сокинон ба марказҳои хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли молу маҳсулот замина мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Аштро низ ба истифода доданд. Дар бинои нав, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, барои беш аз 50 нафар шароити муосири корӣ муҳайё карда шудааст. Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт барои самаранокии фаъолияти кормандони соҳа заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Осоишгоҳи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёд, воқеъ дар мавзеи Аксикони деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт чорумин иншоотест, ки 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Осоишгоҳи Бунёд бо назардошти талаботи замони муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева сохта шуда, барои қабули шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату табобат пешбинӣ шудааст. Иншоот барои 120 кат пешбинӣ шуда, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар бинои нави осоишгоҳ барои 30 нафарҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст. Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти томактабиро дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор доданд. Кӯдакистон барои 180 нафар пешбинӣ гардида, бо ба истифода додани он имконияти фарогирии кӯдакони деҳа ба таълиму тарбияи томактабӣ бештар мегардад. Бунёди муассисаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Раҳмонзода Зоир Абдусамад сурат гирифтааст. Бо бунёди иншооти нави соҳаи маориф беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар қатори иншооти бунёдгардида ва мавриди истифода қароргирифта, майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт низ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади ободонӣ, зебо гардонидани муҳити шаҳрак ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ бунёд гардида, ба симои меъмории шаҳрак ҳусни тоза зам менамояд. Майдони Нишони давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои хоси фарҳанги миллӣ бунёд шуда, барои баргузории чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ метавонад истифода шавад. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар деҳоти Ориёни ноҳияи Аштро ба истифода доданд, ки он барои 240 хонанда шароити мусоиди таҳсилу тарбия фароҳам меорад. Бинои мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Муассисаи нав дорои синфхонаҳои барҳаво ва шароити замонавӣ буда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заминаи муносиб фароҳам месозад. Дар идома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ашт ба масофаи 106 километр муаррифӣ гардид. Ин роҳи мошингард аҳамияти байналмилалӣ дошта, тавассути ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд убур намуда, Тоҷикистонро бо Узбекистон пайванд месозад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати нақлиёт таҳия шудааст. Сохтмони ин роҳ ба беҳтар гардидани алоқаи нақлиётӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа барои осон намудани рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот аҳамияти зиёд дорад. Сохтмони роҳ барои рушди саноат ва кишоварзӣ дар ин минтақа такони нав мебахшад. Бунёди роҳи мазкур шиддатнокии ҳаракати нақлиётро ба таври назаррас меафзояд, дар канори роҳ нуқтаҳои сершуморихизматрасонӣ пайдо мешаванд ва истеҳсоли мол дар минтақа афзоиш ёфта, муносибатҳои тиҷоратиро бо Ҷумҳурии Узбекистон афзун менамояд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд. Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён энерҷӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад. Бунёди чунин иншооти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт аз иқдомҳои муҳимми марбут ба рушди соҳаи энергетика ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир истифодаи имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла неруи офтоб, яке аз самтҳои муҳими рушди энергетика ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаровони истифодаи энергияи офтобӣ буда, татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаи энергетикии кишвар мусоидат менамояд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст. Дар масири ин хат 36 поя насб гардида, барои интиқоли барқи ин неругоҳ ба низоми энергетикии кишвар заминаи зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Корҳои сохтмонии иншоот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ анҷом ёфта, дар раванди он беш аз 600 бинокорон аз ҷамъияти саҳомии кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Ҷалби чунин шумораи зиёди мутахассисон ва коргарон ба раванди сохтмон имкон фароҳам овардааст, ки корҳои асосии иншоот дар муҳлати кӯтоҳ ва бо истифода аз таҷрибаи муосири сохтмони иншооти энергетикӣ ба роҳ монда шаванд. Тибқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори неругоҳи фотоэлектрикии офтобии Ашт ба 250 мегаватт расонида мешавад. Бо пурра ба истифода додани иқтидори лоиҳавӣ неругоҳ метавонад ба яке аз иншооти муҳимми истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар табдил ёбад. Лоиҳаи мазкур ҳамзамон дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Зеро татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, барои рушди инфрасохтор, истифодаи технологияҳои муосир, омода намудани мутахассисон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин гардиданд. Неругоҳи офтобии Ашт дар замоне ба истифода дода мешавад, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи энергетика, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои созандагӣ идома доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард. Азбаски қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад, бо ба фаъолият оғоз намудани неругоҳи офтобии Ашт талафоти энергияи барқ низ кам мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 сохта, ба истифода дода шаванд. Барои тақвияти кори низоми энергетикии вилоят Пешвои миллат тавсия доданд, ки дастгоҳҳои захиракунандаи энергияи барқ бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт·соат дар вилояти Суғд дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор дода шаванд. Бунёди ин иншооти бузург дар ноҳияи Ашт қадами дигар дар самти рушди энергетикаи кишвар ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиии Тоҷикистон мебошад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад. Беморхона барои қабул ва табобати 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хизматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст. Бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ таъмин гардидани беморхона барои фаъолияти самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳимми илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он утоқҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Таъмини саломатии кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии насли наврас, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам меорад. Бинои нав бо дар назар гирифтани талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, барои қабули беморон, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад. Таъсиси 120 ҷойи корӣ дар муассиса барои ҷалби мутахассисони соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандони тиб низ заминаи зарурӣ муҳайё сохтааст. Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд қадами дигар дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд. Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд. Таҷҳизонидани чунин синфхонаҳои фаннӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шудааст. Иншооти ёрирасон имкон фароҳам меоранд, ки дар гимназия барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимиву бадеӣ шароити муносиб муҳайё бошад. Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии Ҳаёт 70 сокини маҳаллӣ бо корӣ доимї таъмин гардиданд. Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон мусоидат мекунад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зартахта бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Дурахши Истиқлол барои таълиму тарбияи 240 кӯдак, толори варзишии Ҳафткалон бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи  Марҳабо бо 30 кат дар шаҳраки Ғафуров, деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд, ки бо амалӣ гардидани чунин иқдомоти шоиста рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо таъмин мешавад. Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд ва иҷрои нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз таъмин гардид. Дар шаҳраки Навкат, деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии Шараёни Варид бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Муҳайё бо таъсиси 40 ҷойи корӣ ва иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тибқи маълумоти масъулин, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёду навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммал барои сокинон шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, бештар аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият ёбад ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, инчунин ҷиҳати мукаммал гардидани инфрасохтори зарурӣ бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ карда шавад.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад. Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан аз гандуми навъҳои Хайпро ва Дурум истеҳсол шуда, дар омода кардани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Корхона ҳамчунин дорои коргоҳи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худаш бунёд гардидааст. Коргоҳ барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, дар он корҳои омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва мисли инҳо анҷом дода мешаванд. Ба истифода додани коргоҳи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти корхона мегардад. Технологияҳои муосири дар корхона насбшуда аз Швейтсария ворид гардида, нисбат ба дастгоҳҳои пешина 20 фоиз камтар неруи барқ сарф менамоянд. Дар идомаи боздид Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест боздид намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки дар корхонаҳои ҷамъияти мазкур истеҳсол мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва мисли инҳо пешниҳод гардиданд. Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ Анқо-инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвестро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати Фаровон бунёд карда шудааст мавриди истифода қарор доданд. Ин коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ нишондиҳандаи муҳимми имкониятҳои он мебошад. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият намуда, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва пешниҳоди маҳсулоти тайёр ба зарфҳо дар ҳамин маҷмӯи истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд. Дар маҷмӯъ, коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвест дорои панҷ хатти истеҳсолӣ мебошад. Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулот бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои матлуб амалӣ мегардад. Маҳсулоти асосии коргоҳ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад. Маҳсулоти коргоҳ бо номи Равғани Анқо инвест ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон дар зарфҳои як, ду, се ва панҷлитрӣ банду баст мешавад. Бунёди коргоҳи нав ҳамзамон барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардааст. Дар давраи сохтмони иншоот 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида буданд. Ҳоло дар коргоҳи равғанбарорӣ беш аз 20 нафар ба фаъолияти доимӣ ҷалб шудаанд. Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои коргоҳ имконияти васеъ намудани доираи фаъолияти истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ бештар мегардад. Тибқи имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидорҳо, он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои назарраси коргоҳ дар самти рушди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ дарак медиҳад. Ашёи хоми коргоҳ асосан аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамин тариқ, як занҷираи муҳимми истеҳсолӣ аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва банду басти маҳсулоти тайёр дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

20 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят  самимӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозиву давлатдории навини миллӣ гардид ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати амну пешрафта ва ташаббускор эътироф шуд. Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ба сӯи ояндаи  неку боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ва фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол таҷассумгари садоқат, ибрози меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Прокрутить вверх