Хабарҳо

Хабарҳо

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Оилаи солим ва пешгирии зўроварии хонаводагӣ”

Санаи 3-юми декабри соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Оилаи солим ва пешгирии зўроварии хонаводагӣ” баргузор гардид. Дар конференсия кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, муовини директори Марказ Абдураҳмон Ваҳобзода дар мавзуи “Тағйир додани афкори манфии гендерӣ ва рафтори зӯроварона тавассути мафкураи динӣ, ки зӯроварӣ дар оиларо маҳкум мекунанд” баромад намуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН, ХОДИМОНИ ДИН, ҶАВОНОНУ ЗАНОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАХШ

Санаи 3-юми декабри соли 2025, вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар ноҳияи Вахш, дар якҷоягӣ бо намояндаи Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, ходимони дин, ҷавонону занон ва сокинони ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд. Сараввал, муовини раиси ноҳия Муҳаммади Шарифзода ташрифи меҳмононро ба ноҳияи Вахш хайрамақдам гуфта, онҳоро муаррифӣ намуд. Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим (Дар ҳошияи суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъдан мусулмон” ) суханронӣ намуда, дар бораи воқеияти ҳаҷ набудани умраи такрорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, сарфа намудани неруи барқ ва самаранок истифода намудани он ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ибрози андеша намуд. Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона баромад намуд. Дар фарҷом муовини раиси ноҳия Муҳаммади Шарифзода барои саҳми назарраси сокинон дар ободкории ноҳия изҳори сипос намуда, зикр кард, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо дар паҳн кардани ҳар гуна маводҳои ғаразнок бо супориши шахсони алоҳидаи манфиатҷу, махсусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, мағзшӯйӣ мекунанд, пешгирӣ карда шавад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Мусоҳибаи котиби илмии Марказ Марамбек Марамбеков дар радиои “Имрӯз”

Санаи 2 – юми декбари соли равон котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбек Марамбеков дар радиои “Имрӯз” дар мавзӯи “Бознигарии тафаккур: аз миллат то дин ё аз аз тоҷик то мусулмон (Дар ҳошияи суханони Пешвои миллат “Ман аввал тоҷикам баъд мусулмон” баромад намуд. Ӯ зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Сухани Пешвои миллат “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дар айни замон як стратегияи идеологии бисёр муҳим барои нигоҳдории давлати миллӣ аст. Зеро решаи таърихи миллат ба таъсиси аввалин давлатдории тоҷикон Пешдодиён ва Каёниён пайваст гардида, силсилаи тамаддуни миллат новобаста аз душвортарин лаҳзаҳо аз насл ба насл ба мерос гузошта шуда, дар шакли мукаммал аз фарҳангу маънавиёт, арзишҳои умумибашарӣ то ба имрўз расидааст. Дар ин давраи таърихӣ бо қабул кардани дини ислом инчунин арзишҳои динӣ низ дар низоми таркибии фарҳанги миллӣ ҷойгузин шуданд ва дар тўли ин давра бо ҳам омехта шуда, фарҳанги миллиро боз ҳам қавитар гардондаанд. Аммо бартарият додани арзишҳои динӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ як падидаи нав набуда, барои амалӣ намудани ин ғоя чандин кўшишҳо дар таърих шуда гузаштанд ва он иддаое, ки теъдоди муайяни одамон имрўз ҳам доранд, ба ғайр аз низоъҳои навбатӣ чизе дигаре ба бор нахоҳад овард ва ин як таҷрибаи талх аст, ки миллати тоҷик ҳам аз сар гузаронид ва барои ҳамаи мо ин бояд дарси ибрат бошад. Таҷдиди тафаккур ё таҳкими андешаи миллӣ барои бунёди низоми сиёсии миллӣ, як раванди мураккаб ва давомдори таърихӣ аст, ки дар сурати дуруст тарҳрезӣ нагардидани заминаи иҷтимоии он ё дар шакли иҷборӣ амалӣ намуданашон метавонад натиҷаи низоъҳо байни идеологияҳои гуногуни сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва этникӣ гардад, чун бартариятиҷуӣ дар шарқи мусулмонӣ бештар зери ниқоби дин ва идеяи таъсиси низоми динӣ асос меёбад. Зӯроварии мусаллаҳона, таъқибу таҳқири миллатҳои дигар, мардумро водор кард, ки роҳи наҷоти худро пайдо кунанд, ки ин раванд давраи ташаккули тафаккури таъсиси давлатҳои миллиро оғоз бахшид. Дар ин росто масъалаи меҳварӣ таъсиси давлати миллӣ бо кам кардани таъсири низоми сиёсии арабиасос буд, зеро мафҳуми низоми теократӣ барои мардуми форсу тоҷик куллан бегона буд, вале онро бо дин айният медоданд ва итоат аз онро дар кишварҳои нав истилогардида итоат аз дин ҳукм мекарданд. Ҳар як мардуми ғайриараб дар ин ё он шакл бо ин мушкилот рў ба рў шуда буд. Дар таърихи мардуми форсу тоҷик низ чунин равандҳои сиёсӣ рўи кор омаданд ва масъалаи таъсиси низоми сиёсӣ ҳадафи ниҳоӣ қарор гирифт. Дар ин давра, пас аз фатҳи қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон бар асари табъизи иҷтимоӣ нисбат ба ғайриарабҳо (хусусан форсу тоҷик) ҳаркати Шуубия ҳамчун як ҷунбиши зеҳнӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва сиёсӣ пайдо шуд. Ба андешаи аксарияти муҳаққиқони гузашта ва муосир ҳаракати шуубия дар аввалҳои асри VIII-и мелодӣ пайдо шуда, то аввалҳои асри XII-и мелодӣ давом кардааст. Баъди асри XII ин ҳаракат ба ҷараёнҳои дигари иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ омехта гардид. Ин ҳаракат бо инкори бартарии нажоди араб бар дигар мусулмонон ва таъкид бар баробарии ҳамаи инсонҳо, хост фарҳанг ва таърихи мардуми форсизабонро ҳифз ва эҳё кунад ва дар муқобили сиёсатҳои арабгароӣ истодагарӣ кунад. Зеро заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ барои таъсис ва ташаккули он дар ҷомеа ҷой доштанд. Хусусан, бадбинии нажодӣ, бартарии нажоди араб ва таҳқири маволиҳо (ғайриарабҳо) аз давраи сиёсати уммавиён ҷойгузини баробарӣ ва адолати динӣ шуданд. Албатта, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, таҳдиду фишор ба фарҳангӣ миллӣ, зарурияти ҳифзи ҳувияти миллиро пеш овард ва мардум барои аз даст надодани ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии худ муқовимат карданд. На ҳамаи муқовиматҳо ва низоъҳо натиҷаи дилхоҳ доданд, вале мазмуну моҳияти ин муборизаҳо шуури миллиро ташаккул дода, роҳро барои эҷоди асарҳои бузурги сиёсӣ, илмӣ ва адабӣ кушод. Аз ҷумла, дар ин давра теъдоди зиёди китобҳо дар мавзўи озодандешӣ, эҳёи қаҳрамонони таърихӣ, зинда кардани мероси фарҳангӣ навишта шуданд. Хусусан барои эҳёи фарҳанг, ҳифзи марзу бум ва ватан ва ҳифзи забони форсӣ нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, беҳамтост: Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба эҳёи чанд масъалаҳои меҳварии даврони худаш таъкид дошт, ки минбаъд барои ҳазорсолаҳо шиори озодихоҳии миллати форсу тоҷик гардид: – зинда кардани низоми сиёсии таърихии миллат, яъне низоми шоҳаншоҳӣ ва шоҳигарӣ бар ивази рад кардани низоми ҳукмронии арабҳо дар зери низоми хилофат; – эҳёи забон ва фарҳанг ҳамчун меҳвари ҳаракатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ дар баробари муқобилият бо идеологяи арабгароӣ ва мазмуни эътирозӣ гирифтани адабиёт; – даъватҳо ҷиҳати ташкили бардавоми муборизаҳои муташаккили илмӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ ба муқобили таассубгароии араб ва дар ин замина ташкил ёфтани мактабҳои фалсафӣ ба мисли муътазилия ва бародарони Сафо; – ташаккул додани тафаккури миллӣ ва соҳибихтиёрӣ дар баробари аз байн бурдани тафаккури ғуломӣ ба араб ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ; – миллатгароӣ ва ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва ҳукумати миллӣ дар муқобили низоми теократӣ. Яке аз муҳаққиқони бузург, таърихшинос ва бостоншиноси фаронсавӣ Роман Гиршман мегӯяд: “Миллати форс, дар муқобили ҳамлаҳои мақдуния, арабҳо, муғулҳо ва туркҳо, тавонист истодагарӣ кунад, марзу буми давлат ва фарҳангу забонашро ҳифз кард, бақои миллати худро нигоҳ дошт, инчунин унсурҳои бегонаро дар дохили фарҳанги миллӣ ҳазм кард”. Албатта дар сафи пеши ин мубризаҳо дар шакли умумӣ ҳаракати Шуубия буд, ки барои таъсиси чандин ҷунбишу ҳаракатҳои дигар намунаи ибрат дар самти мухолифати форсҳо бар зидди халифаҳои араб аст. Профессор Голдзиер, шарқшиноси олмонӣ, Шуубияро ба гурӯҳҳо ё ҳизбҳои мухолиф муаррифӣ кард ва мегӯяд: “Бояд донист, ки ин ҳизб аз ҷониби як тудаи мухолифон ва авбошон ташкил нашудааст, балки гурӯҳе аз нависандагон, адибон, шоирон ва элитаи зиёиён аз ҷумлаи эҷодкорони он буданд. Давраи шукуфоии ин ҳаракатро метавон асрҳои дуюм ва сеюми ҳиҷрӣ номид”. Бояд изҳор намуд, тасарруф кардани як мулки дигар ва ба зўрӣ тобеъ кардани он маънои мустамликаро дорад. Фарқ нест дар кадом шакл ва ба кадом маъно онро асос мекунанд. Дар ибтидо араб ҳам ба ғайр аз идеяи паҳн кардани дин стратегияи мустамликадории арабиро дошт. Зеро нест кардани мероси фарҳангии қавмҳо, забони онҳо, ба ғорат бурдани молу дории онҳо ва дар ниҳият ғулом кардани мардуми кишварҳои ғайриараб мустамликадорӣ аст. Дар зери шиори дини ислом, ки хусусияти космополитикӣ ё фаромиллӣ дошт, араб мекӯшид, ки ҳувияти миллатҳоро инкор кунад. Араб дар зери шиори паҳн кардани ислом ба кишварҳои гирду атроф ҳуҷум карда онҳоро тасарруф ва тобеъ

Хабарҳо

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ТОҶИКИЯТ (МУЛОҚОТИ ОМӮЗАНДА БО ДОНИШҶӮЁНИ СОҲАИ ТИБ)

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва шуъбаи тарбия санаи 29-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ-профилактикии Донишгоҳ дарс -лексия баргузор гардид. Дарс –лексия бо ҷалби коршинос- сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Қодирӣ доир шуд. Мавзуи асосии дарс ба масъалаҳои ҳуввияти миллӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динии тоҷикон бахшида шуда, сиёсатшинос А. Қодирӣ дар ҳошияи суханони Пешвои муаззами миллат “Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон” баромад намуда, роҷеъ ба аҳаммияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими суботу ваҳдат сухан ронданд. Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, шинохти решаҳои таърихиву фарҳангӣ ва огоҳӣ аз принсипҳои динии тоҷикон барои ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон дорои аҳаммияти бузург аст. Яке аз масъалаҳои муҳокимашуда ифтихор аз тоҷикият буд. Ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки ифтихор аз миллат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ на танҳо як ҳиссиёт, балки омили муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Дар анҷом донишҷӯён саволҳои худро пешниҳод намуда, суҳбати судманд ва равшангарона сурат гирифт. Мулоқот бо хулосаи омӯзанда ва тавсияҳои устод Абдуллоҳ Қодирӣ оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии солим ҷамъбаст шуд. Бознашр: сомонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Хабарҳо

ШАҲРИ ГУЛИСТОН: МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР БО ФАЪОЛОН ВА НАМОЯНДАГОНИ КАСБУ КОРҲОИ ГУНОГУН

Санаи 27-уми ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои ҲХДТ дар ш.Гулистон мулоқоти судманд, дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид. Нахуст, муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ташрифи меҳмононро ба шаҳри Гулистон хайра мақдам гуфта, ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф иброз дошт, ки вазъи печидаи ҷаҳонӣ муосир, манфиатхоҳии абарқудратҳо тақозо менамояд, ки ҳар сокини кишвар, махсусан ҷавонону аҳли зиё дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд. Дар идомаи вохӯрӣ муовини прокурори шаҳр Малика Мухадиярова ба сухан баромада қайд намуд, ки ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо дар бештар маврид ба тафаккуру андешаи ҷавонон таъсиргузор аст ва ин қишри ҷомеа бояд пайваста омӯзанд то фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд ва дар пешбурди корҳо якҷоя ҷиҳати ободонии маҳалли худ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бахшҳои алоҳидаи ҳудуди шаҳр ҷоннок карда шавад. Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, бартариятҳои давлати дунявӣ ва арзишҳои милливу динӣ ба иштирокчиён маълумот дод. Ӯ доштани андешаву тафаккури миллӣ, хиради аҷдодӣ ва донишҳои муосири диниву сиёсиро барои ҷавонон аз василаҳои муҳим арзёбӣ намуд. Устод Холиқзода Абдураҳим дар идомаи суханронӣ илова намуд, ки ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии аҳли башар мебошад. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст ва бояд дастаҷамъона ба ин падидаҳои номатлуб бо хирад ва ақли солим мубориза бурд то Истиқлоли кишвар ва арзишҳои милливу динӣ ҳифз гардад. Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, аз роҳбарият даъват ба амал оварда шуд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳо бештар ба роҳ монда шаванд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси дишносӣ

Хабарҳо

Суханронии намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷума дар замони муосир».

27-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, АДАБИЁТШИНОСӢ, РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР» баргузор гардид. Дар кори конференсия муҳаққиқону донишмандон ва мутахассисони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни баргузории конференсия Шарифамо Одинаева – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони тоҷикӣ – забони сулҳу арзишҳои волои инсонӣ” суханронӣ намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Иштирок ва суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим дар семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм: заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ”.

Санаи 27-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун, сархатибони масҷиди ҷомеъи шаҳри Хуҷанд, семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм:заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ” бо раисони маҳалла, масъули кор бо занон, ҷавонон, нозирони минтақавӣ, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Семинарро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки барои ҳар як сокини шаҳри Хуҷанд барои мубориза бурдан бо амалҳои номатлуб аз ҷумла бо ифротгароӣ ва терроризм, ки таҳдиди воқеӣ ба осоиштагӣ ва бехатарии миллӣ аст ҳарруза саҳми худро мегузоранд ва дар якҷоягӣ барои решакан намудани ин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар идомаи семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим зимни суханронии худ моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, андешаронӣ намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад. Ин падидаҳо боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли онҳо ба арзишҳои бегона гаштааст. Аз сабаби он, ки ифротгароӣ ва терроризм барои амнияти миллии ҳар як кишвар таҳдиди воқеӣ ба ҳисоб меравад, зарурати назорат ва пешгирии паҳншавии рӯҳияи ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, балки вазифаи тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ (маориф, муассисаҳои хусусӣ, санъат, варзиш, сиёсати ҷавонон ва ғ.), тамоми аҳли ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд аст. Дар идома ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Назарзода Парвиз иброз намуд, ки ҷомеаи муосир равандҳои геополитикӣ ва бо шиддат тағйир ёфтани авзои ҷаҳон, ба амал омадани даргириҳо ва таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву радикалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро ҳифз намоем ва баҳри дифои марзу буми Ватани азизамон омодаи хизмат бошем! Ҳамзамон, муовини Раиси Шулои уламои Тоҷикистон Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад намуда, ба ҳозирин дар мавриди тарзи либоспӯшӣ аз нигоҳи шариат, намуди зоҳирии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанги бегона ҳарф зада, иштирокдорони мулоқотро барои таҳкими ваҳдати мазҳабӣ ва таҳаммулпазирии динӣ даъват намуданд. Дар охир Ҷалолзода Хайёмиддин мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғаффуров ба иштирокдорон ва барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт

Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли равон вохӯрии намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ноҳия ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо кормандони бахши идеологии ноҳия, баргузор гардида, дар он роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор баргузор гардид. Қабл аз вохӯрӣ намояндагон доир ба рафти корҳои ободониву созандагии ноҳия шинос гардида, барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва иқдомҳои неки Раиси ноҳия ободонии як гушаи диёрамонро бо сарҷамъии тамоми сокинон ва фаъолон муттаҳид гашта, дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузург, ободу зебо намудани кӯчаву қабристонҳо ва дигар корҳои хайр саҳмгузор буданд дидан карданд. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳияи Ҷалилӣ низ ширкат варзида, иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри амнияту пойдории сулҳу субот, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷиноӣ, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тадбирҳои мушаххас андешем. Намояндаи Прокуратураи ноҳия, ҷиҳати пешигирии шомилшавии ҷавонон аз оқибатҳои терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак»-ро ба иштирокдорон маънидод намуд. Намояндагони Маркази исломшиносӣ ба сухан баромада ба саҳми мардум расонидани моҳияти асосии шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ суҳбат карданд. Дар рафти вохӯрӣ раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, омӯзгорон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории аҳли ҷомеа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои дахлдорро дар пешгирии ҷинояткорӣ, зиёдаравӣ хурофот ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ба роҳ монда, барои нигоҳ доштани оромиву осоиштагӣ ва рушди суботи кишвар саъйю талош хоҳанд кард. Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баҳри пешгирии зуҳуротҳои номатлуб мусоидаткунанда мебошад ва нақши марказӣ доштани саҳми ҳар як шаҳрвандро дар пешравӣ ва ободии диёри азизамон мебошад. Чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Ноҳияи Ашт: вохӯрии гурӯҳи корӣ бо имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон

Санаи 26 ноябри соли 2025 мувофиқи ҷадвали Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ноҳияи Ашт бо шаҳрвандон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон зери шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, фаҳмонидани мақсаду ҳадафи ҚҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҚҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин дар мавзуҳои пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ вохурии судманд баргузор гардид. Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса меҳмононро ба ноҳияи Ашт хайра мақда гуфата, онҳоро муаррифӣ намуд. Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Марказ баромад намуда, ҷиҳати ба саҳми мардум расонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва фаҳмонида додани муҳтавои шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”-ро ба самъи ҳозирин расониданд. Дар идома, намояндаи Прокуратураи ноҳия Усмонзода Исмоил дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшавии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамзамон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” суҳбат карданд. Ҳамзамон, Сафарзода Диловар намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёдаравии баъзе шаҳрвандон ҷиҳати ташкили тӯю маъракаҳо, ҳаҷҷи такрорӣ ва дигар масъалаҳо ҷиҳати ислоҳи ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт баромад намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН

Санаи 25 ноябри соли 2025 дар асоси нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД- и шаҳри Конибодом мулоқоти навбатӣ баргузор гардид. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Прокуратураи ноҳия, Сафарзода Диловар – намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ атрофи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дар ҳошияи суханони Пешвои миллат, ки “Аввал ман тоҷикам, баъд мусулмон” – шарҳу тавзеҳ дода, нақши онҳоро дар таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал ва тақлид ба фарҳангҳои бегона ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ мешаванд, зикр карда шуд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории мардум бо мақомоти давлатӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ мусоидат менамоянд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх