Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд. Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуданд.

Хабарҳо

Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Имрӯз, 26.06 2026 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар семинар кормандони Марказ, сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.ҳ. Шоев Фируз дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти ҷомеа” ва сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ, н.и.ф. Наҷотзода Мутеъуллоҳ дар мавзуи “Ваҳдат – неъмати бебаҳои миллат” баромад намуданд. Инчунин, дар рафти кори семинар сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, н.и.п. Вализода Одинашоҳ ва мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Шокиров Ҳусейн фикру андешаҳои худро перомуни “Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳу субот” ва “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон” иброз намуданд. Семинар бо суханони табрикотии кормандони Марказ ба анҷом расид. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

ҲАМОИШИ ҶАМЪИЯТӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ 29-УМИН СОЛГАРДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи 26-уми июни соли 2026 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иқдому ташаббуси раиси шаҳр Акрамзода Парвиз ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар сулҳу суботи Тоҷикистон” Ҳамоиши ҷамъиятии фаъолони шаҳр бо ҳузури муовини якуми раиси шаҳр Азимҷон Азимзода ва роҳброни мақомоти қудратию интизомии шаҳр баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибуллозода ба Ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, гардонандагии онро бар уҳда дошт. Дар рафти чорабинии мазкур директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар баромади худ мавсуф ба аҳамияти бузурги ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ таъкид намуданд. Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз ба шарофати сулҳу ҳамдигарфаҳмии мардуми азизаш, Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор ва созандагӣ қадам гузошт. Ваҳдат ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ бояд ҳамеша ҳифз ва тарғиб карда шавад. Инчунин иброз гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст омада, заминаи асосии сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳифзи сулҳу оромӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои ниёгон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар анҷоми Ҳамоиш як теъдод шахсони шоиста бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи шаҳр ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода қадрдонӣ гашта, ҳамзамон, ба аъзои навқабули ҳизб гувоҳиномаи узвият супорида шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд шуда, барои тамрини футболбозон, омодасозии мураббиён, доварон, мутахассисони соҳа, рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва дастаҳои касбӣ, инчунин оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пешбинӣ шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар маҷмаа бинои асосӣ, ду майдони тамринӣ, ки яке аз онҳо бо сабзаи табиӣ ва дигаре бо сабзаи сунъӣ бунёд шудааст, ҷойгиранд. Ҳудуди маҷмаа бо тарҳи муназзам ба ду минтақаи асосӣ, аз ҷумла минтақаи варзишӣ ва минтақаи маъмуриву маишӣ бунёд гардидааст. Дар минтақаи варзишии маҷмаа барои рушди намудҳои гуногуни варзиш ва баргузории тамринҳои касбӣ майдонҳои футбол бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, варзишгоҳ, корти теннис ва майдони машқҳои гимнастикӣ мавҷуданд. Дар минтақаи маъмуриву маишӣ бошад, бинои асосӣ, манежи варзишӣ, ҳавзи шиноварии пӯшида, роҳ барои давидан ва гузаргоҳ бо нуқтаи назоратӣ ҷойгир шудаанд, ки барои фаъолияти бонизом, хизматрасонии босифат шароити форам фароҳам меоранд. Дар таҳхонаи бинои асосӣ толори фитнес бо таҷҳизоти муосири варзишӣ ва шароити зарурӣ барои истифодабарандагон муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамчунин, дар ин қисм ҳуҷраҳои ёрирасон ва анборҳо ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи якум тарабхона ва қаҳвахона барҳаво ва замонавии маҷмаа ҷойгир гардида, дар онҳо барои қабули шоистаи меҳмонон, истироҳати бароҳат ва хизматрасонии босифат тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Тарабхонаю қаҳвахона, ҳамчунин дорои толори айвонҳои васеи истироҳатӣ мебошанд, ки барои варзишгарон ва меҳмонону сайёҳон ҷолибу ҷаззоб омода гаштаанд. Инчунин, дар ин ошёна хизматрасонии меҳмонхона пешбинӣ гардида, толори барҳавои қабул ва бақайдгирии меҳмонон, ҳуҷраҳои кории кормандон, шароити зарурии санитариву беҳдоштӣ фароҳам оварда шуда, барои истифодабарӣ лифтҳои замонавӣ насб гардидааст. Дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои будубош ва истироҳати меҳмонон ҳуҷраҳои замонавии якнафара, дунафара ва люкс, аз ҷумла ҳуҷраҳои дорои айвонҳои кушоду барҳаво, бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Илова бар ин, толорҳои муосири конфронсиву машваратӣ барои баргузории мулоқотҳо, чорабиниҳои гуногун ва қабули меҳмонон бунёд гардидаанд. Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо кумаку дастгирии техникӣ ва молиявии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва он шарикони  дохилӣ бунёд  ёфта, дар он 50 ҷойи кории доимӣ муҳайё гардидааст. Бунёди чунин маҷмаа бо мақсади оммавигардонии варзиш, бахусус футбол дар кишвар роҳандозӣ гардида, ҳамовоз ба  иқдомҳои наҷибу созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки соли 1994 Федератсияи футболи Тоҷикистон ба сифати намояндаи давлати мустақили Тоҷикистон ба узвияти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пазируфта шуд. Солҳои 2012-2022 бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи тоҷик ба марҳилаи нави рушд ва пешравиҳои назаррас аз ҳисоби таҳияву татбиқи стратегияву барномаҳои рушди соҳа ворид гардид. Дар ин давра сохтмони майдонҳо ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, таъсиси лигаҳои нав, омодасозии мутахассисони соҳа ва рушди футболи занона вусъат ёфт. Бо ҷалби коршиносони Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) курсҳои омӯзишӣ баргузор гардида, бошгоҳҳои футболи кишвар дар раддабандии ташкилотҳои болозикр ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Бо мақсади амалисозии иқдомҳои варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” таъсис дода шуда, бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъол гардонида шуд. Ин иқдомҳо ба тақвияти ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва боз ҳам васеътар инъикос гардидани дастовардҳои футболи тоҷик мусоидат намуданд. Бо таваҷҷуҳи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон низоми футболи кӯдакону наврасон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, лигаи кӯдакону наврасон, мактабҳо ва академияҳои футбол таъсис дода шуд. Дар натиҷаи амалисозии нақшаҳои заминагузор яке аз дастовардҳои ин соҳа роҳ ёфтани мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар солҳои 2016 ва 2018 ба чорякниҳоии чемпионати Осиё ва соҳиби медали нуқра гаштани мунтахаби наврасони то 17-сола дар соли 2018 ва аз ин ҳисоб соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 шудан имконпазир гардид. Дар баробари ин, тими миллии Тоҷикистон дар “Ҷоми Шоҳ-2022” дар Тайланд бар тимҳои Тринидад ва Тобаго ва Малайзия пирӯз гардида, соҳиби ҷоми асосӣ гардид. Маврид ба зикр аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тибқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024, 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид. Ташаббуси мазкур нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи ғояҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ тавассути футбол дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.

Президент, Хабарҳо

Оғози бунёди корхонаи нави истеҳсоли семент дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд. Мавриди зикри хос аст, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026 барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 млн. тонна дар як сол гирифта шудааст. Ҳамин тавр ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Душанбе тасмим гирифт корхонаи нави истеҳсоли сементро дар қисмати ҷануби деҳаи Харангони боло дар масоҳати 18 га дар муддати 17 моҳ сохта, ба истифода диҳад. Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна, дар як сол бошад, 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад гашт. Дар рафти ба амал баровардани корҳои сохтмонӣ беш аз 1150 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, пас аз ба истифода додани корхона бошад, зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд. Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхона ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Душанбе мебошад. Бо дарназардошти технологияи муосири истеҳсолӣ ва ашёи хоми истифодашаванда, сементи истеҳсол намудаи корхона пурра ба талаботи меъёру стандартҳои аврупоиву ҷаҳонӣ мутобиқат мекунад. Сохтмони корхонаи мазкур дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт. Лозим ба тазаккур аст, ки дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин карда мешаванд. Корҳои лоиҳакашӣ, таъмин, насб, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот аз ҷониби ширкати Синомаи (SINOMA) Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ хоҳад гашт. Бояд қайд намуд, ки ширкати Синомаи Чин бузургтарин корпоратсияи давлатии Чинӣ ва муҳандисии байналмилалӣ мебошад. Ширкати Синома яке аз ташкилотҳои пешбари хизматрасонии ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияи семент, таҷҳизот ва ҳамгироии системаҳои муҳандисӣ, корхонаи баландтехнологӣ ва инноватсионии Чин буда, барандаи ҷоиза дар соҳаи саноат мебошад.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз боғи интенсивӣ дар мавзеи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг

Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, имсол аллакай дарахтони он ҳосили фаровон доранд. Бо истифода аз имконияти иқлим ва табиати зебову нотакрори ин мавзеъ боғдорон умед доранд, ки аз дарахтони себ ҳосили фаровони хушсифат ба даст оранд. Дар ин мавзеъи хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг, ки иқлимаш барои дарахтони мевадиҳанда мусоид мебошад, ҳамчунин, дарахтони хуч, олуча, гелос ва ғайра парвариш меёбад. Зимни суҳбат бо коргарон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон дар бораи риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири боғпарварӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Деҳкадаи сайёҳӣ ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ховалинг

0 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Деҳкадаи сайёҳиро, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сохтмони иншоот аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда дар масоҳати беш аз 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанзода бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 85 нафар бо кори муваққатӣ таъмин шуда, баъди ба истифода додани он 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Деҳкадаи сайёҳӣ дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 9,5 км. ҷойгир буда, дорои ошхонаи барҳаво бо 50 ҷойи нишаст дар як вақт, мавзеи гулханафрӯзӣ бо меъмории таърихӣ, ҷойҳои бозию дилхушӣ ва роҳраву гулгаштҳои назаррабо мебошад. Дар солҳои охир рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, барои муаррифии таърих, фарҳанг ва табиати нотакрори Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Дар ҳамин росто Деҳкадаи сайёҳӣ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд гардида, дар он намунаҳои беҳтарини меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд. Биноҳо ва иншооти деҳакада бо услуби анъанавӣ сохта шуда, шаклу намуди онҳо ба хонаҳои қадимаи тоҷикон шабоҳат доранд. Истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи биноҳо, айвонҳои кандакорӣ, деворҳои ороёфта ва муҳити зебои атроф ба ин мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидааст. Нақши Деҳкадаи сайёҳӣ дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Мавҷудияти чунин маҷмаа имкон медиҳад, ки меҳмонон на танҳо аз манзараҳои зебои табиати ноҳия баҳра баранд, балки бо фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон аз наздик шинос шаванд. Ин иқдом метавонад шумораи сайёҳонро афзоиш дода, ба рушди хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро намунаи хуби истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, таъкид карданд, ки бунёди чунин марказҳо барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти калон дошта, метавонанд дар ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ саҳми назаррас гузоранд. Пас аз ифтитоҳи Деҳкадаи сайёҳӣ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия муаррифӣ карда шуд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, полезиҳо, асал ва дигар маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ба маъраз гузошта шуданд. Зимни боздид ба натиҷаҳои меҳнати деҳқонон ва имкониятҳои рушди бахши аграрии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки замин ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии ду бинои нави МТМУ, бинои иловагии шуъбаи ВКД дар ноҳия ва Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар деҳаи Айлодара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи ин муассиса намунавӣ буда, ҳамин гуна мактабҳо аллакай дар се деҳа сохта шудааст ва  тибқи нақша дар 6 деҳаи дигар низ бояд бунёд ёбад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ду муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ховалинг барои қариб 2 ҳазор хонанда дар ду баст имкониятҳои нави таҳсил муҳайё гардидааст. Дар идомаи тадбирҳо бинои нави иловагии маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг ва майдончаи варзишии назди он ба истифода дода шуд. Иншоот аз 19 утоқи корӣ ва толори маҷлис иборат буда, бо таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ таъмин гардидааст. Ҳамчунин дар деҳаи Дараи Мухтор Маҷмааи варзишии нав, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид. Маҷмаа дорои толорҳои варзишӣ, майдончаи футбол, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ба рушди варзиш ва ташкили истироҳати фаъол нигаронида шудааст. Ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон дар деҳаи Шехмизони ноҳияи Ховалинг

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад. Дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, омӯзиш ва фароғати ятимону маъюбон мусоидат менамояд. Инчунин дар масоҳати 40 садяк замин гармхона ташкил шудааст. Дар Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Бунёди чунин муассисаи иҷтимоӣ намунаи равшани татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таълиму тарбия, нигоҳубин ва фароғати ятимону маъюбон заминаи хуб фароҳам меорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи иҷтимоӣ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ ва сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Ба масъулони осоишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ, муҳайё намудани шароити муносиби тарбия, таъмини нигоҳубини ҳамаҷониба ва зоҳир намудани ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону маъюбон тавсияҳо дода шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки истифодаи дуруст ва босамари ин иншооти хуштарҳи замонавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллию ҷумҳуриявии соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани коргоҳи Асри ваҳдат дар ноҳияи Ховалинг

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд. Дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст. Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ховалинг дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷумъахон Қосимов бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар бунёд гардидааст. Дар коргоҳ барои коркард ва захираи маҳсулот дегҳои аз 1 то 10-тоннагӣ мавҷуд мебошанд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави саноатӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар як моҳ 30 тонна ва дар як сол то 360 тонна маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифатро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти коргоҳ таҳти тамғаи молии Асри ваҳдат дар зарфҳои ҳаҷмашон гуногун дар бозорҳои дохилии кишвар ба фурӯш бароварда мешавад. Зимни шиносоӣ бо хатти истеҳсолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркард ва бандубасти маҳсулоти ширӣ, инчунин мутобиқ намудани истеҳсолот ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки шир барои фаъолияти коргоҳ аз фермаи чорводории худӣ дастрас гардида, ҳамзамон дар назар аст, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами он бо сокинони маҳаллӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳе, ки мутобиқ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо бо лоиҳаи бунёди коргоҳи истеҳсоли ҳасиб низ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли ҳасиб дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, бо шароити зарурии истеҳсолӣ ва корӣ муҷаҳҳаз карда хоҳад шуд. Дар ин коргоҳ, ки дорои иқтидори коркарди 1 тонна гушт дар як шабонарӯз хоҳад буд, 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, соҳибкор дорои фермаи чорводорӣ бо зиёда аз 20 сар гови ширии зоти сиёҳало ва 100 сар гови зоти шведӣ мебошад, ки ин ба дастрас намудани гушту шир ба ин ду коргоҳ имкон медиҳад.

Прокрутить вверх