Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои фалокатовар, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: “Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардуми дӯсти Покистон ва наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи инҷонибро изҳор менамоям. Ба тамоми осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонам”. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

18 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Пешвои миллат бо таъкид бар аҳамияти хоссаи сиёсии натиҷаҳои музокироти Президентҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аляска барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ карданд. Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доранд, табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо дар робита ба идомаи муколама ва тамосҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Боздиди корӣ аз шаҳри Турсунзода

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад. Тавре аён гардид, нашъунамои шолӣ хуб буда, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектари он 65 сентнерӣ мебошад. Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ангури Сомон” шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 500 гектар токзор буда, дар он вобаста ба шароити созгори иқлим навъҳои гуногуни ангур, ки бештар барои содирот ва истеҳсоли мавиз нигаронида шудааст, парвариш ёфта, ҳамасола аз он ҳосили фаровону хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад. Имсол ҳосили ангур дар токзори хоҷагӣ фаровон буда, аҳли заҳмати он мақсад доранд, ки зиёда аз 20 ҳазор тонна ҳосили аълосифати ангур ҷамъоварӣ карда, дар баробари таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, ҳамзамон 10 ҳазор тоннаи онро ба хориҷи кишвар содир намоянд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки майдони умумии токзор дар шаҳри Турсунзода 5300 гектар буда, токпарварон аз он соли 2024 зиёда аз 32 ҳазор тонна ангур ба хориҷи кишвар содир намудаанд. Бо дарназардошти ҳосили фаровон имсол токпарварон мақсад доранд, ки ҳаҷми содироти ангурро ба хориҷи кишвар ба 40 ҳазор тонна расонанд. Зимни боздид аз майдони ҷуворимаккаи дон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки имсол баъд аз ҷамъоварии ҳосили зироати гуногун аз кишти асосӣ, дар шаҳри Турсунзода дар майдони зиёда аз 780 гектар ин зироат кишт шудааст. Нашъунамои ҷуворимаккаи дон хуб буда, кишоварзон аз он ҳосили фаровон умедворанд. Дар фароварди боздид аз шаҳри Турсунзода Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат, ки асосан, ба токпарварию ниҳолпарварӣ машғул аст, ташриф оварданд. Зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои 105 гектар токзор буда, дар он 6 намуд ангур парвариш меёбад. Токпарварони хоҷагӣ бовар доранд, ки имсол зиёда аз 5 ҳазор тонна ангури хушсифат ба даст меоранд. Хоҷагӣ барои нигоҳдории 1200 тонна ангур сардхона низ дорад, ки барои захираи ангуру дигар меваю сабзавот ва пешниҳод ба бозор дар 4 фасли сол пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ, ҳамчунин, шоҳиди оғози мавсими хушксозии ангур барои истеҳсоли мавиз шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, токпарварони шаҳри Турсунзода тайи солҳои охир ин таҷрибаи барои худашон навро хуб аз худ намуданд. Аз ҷумла соли гузашта онҳо 1500 тонна мавиз ба хориҷи кишвар содир карданд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз 4-4,5 кг ангур як кг мавиз ба даст меояд ва фоидаи он нисбат ба фуруши ангури тару тоза қариб як баробар зиёд аст. Дар маҷмуъ аз иттилооти расмӣ бармеояд, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳми намоён доранд. Онҳо, аз ҷумла барои таъмини фаровонию суботи бозори истеъмолӣ дар 4 фасли сол дар майдони 77 гектар гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва барои нигоҳдории 28 ҳазор тонна меваю сабзавоти тару тоза сардхонаҳо бунёд намудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарият ва кишоварзони шаҳр барои боз ҳам зиёд намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, пешниҳоду паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадами деҳқонони Турсунзода дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон, фаровон захира намудани озуқаворӣ барои зимистон, пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти пойтахт-шаҳри Душанбе, ба онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид гардид, ки бо мақомоти масъули шаҳри Душанбе барои таъмини фаровонию субот дар бозори истеъмолӣ ва захираи озуқаворӣ барои ҳамаи фаслҳои сол ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад. 16.08.2025 шаҳри Турсунзода

Хабарҳо

МАСЪАЛАИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЛСАФАИ ИБНИ СИНО

Имрӯз, 15 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045 -солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино” баргузор гардид. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имсол дар саросари ҷаҳон 1045 солагии ин нобиғаро таҷлил менамоянд. Мо ифтихор аз он дорем, ки Ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик аст ва тоҷик бо номи ӯ дар ҷаҳони илму фалсафа ифтихор мекунад. Ба хотири бузургдошти Шайхурраис бо ибтикори Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, семинарҳои омӯзишӣ, конфросу симпозиумҳо баргузор гардидаистодааст. Академияи миллии илмҳо низ ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Ҷумҳурӣ бахшида ба бузургдошти Ибни Сино конфронсу симпозиумҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст ва теъдоде аз онҳоро гузаронидааст. Таъкид гардид, ки Ибни Сино дар ҳақиқат нобиғаи давру замон аст, осори гаронарзиши ӯ бо гузашти 1045 сол то ҳол на танҳо дорои аҳамияти илмианд, балки аҳамияти илмии бештареро касб кардаанд. Миллати тоҷик аз доштани чунин нобиғаҳо ифтихор мекунад, зеро ҳал миллату давлатро бо нобиғаҳояш мешиносанд ва нобиғаҳои илму фарҳанг метавонанд, ҳам номи худ ва ҳам номи миллатро дар саросари ҷаҳон баланд нигоҳ доранд. Бояд гуфт, ки Ибни Сино дастпарвари яке аз сулолаҳои бузурги миллати тоҷик Сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ Нӯҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷот дод дод ва бар ивази чунин амал барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён иҷозат гирифт. Бо роҳи асарҳои нодири китобхонаи мазкур дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш пурра намуд. Гуфта шуд, ки пас аз шикасти давлати Сомониён Ибни Сино ба Хоразм равон шуд. Дар он замон дар Хоразм олимони зиёде ҷамъ омада буданд ва барои фаъолияти илмию эҷодии олим муосидат менамуд. Аммо дере нагузашта ҳолати сиёсии Хоразм низ ноором шуд. Аз ҳамин сабаб Ибни Сино роҳи Гургонро пеш гирифт. Ӯ дар ин ҷо ба навиштани асарҳои илмӣ, аз ҷумла, ҷилди якуми «Ал-Қонун фи-т-тиб» оғоз намуд. Азбаски ҳокими нави Гургон ба Султонмаҳмуд таваҷҷуҳи зиёд дошт, Ибни Сино маҷбур шуд ба Рай равад. Пас аз чанд муддат Султонмаҳмуд Райро низ забт кард ва ӯ аз таъқибот гурезон шуда, ба Ҳамадон омад. Поёни умри ин олими забардаст пурра дар мусофират ва зери таъқиботи амирон ҷараён гирифт. Абуалӣ ибни Сино соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшид. Дар идома Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар олимон дар маърузаҳои хеш нақши олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Синоро дар илмҳои фалсафа ва тиб муҳим арзёбӣ намуданд. Маълумот ва расм аз сомонаи расмии АМИТ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар шаҳри Душанбе

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ сеюмин иншооти соҳаи маориф аст, ки санаи 15-уми август бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт. Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Алимадов сохта шудааст. Ба ҳолати имрӯз шумораи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ 1733 нафарро ташкил медиҳад. Иншоот имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад, зеро 56 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 3400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳад гузошт. Истифода аз ду китобхона: электронӣ ва анъанавӣ дастрасии хонандагонро ба адабиёт ва барномаҳои таълимии дар сомонаҳо маҳфуз таъмин месозад. Муассиса дар маҷмуъ дорои наздик ба 60 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет аст. Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиш, ки дар муассиса сохта шудааст, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обу тоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст, ошхона бо 216 ҷойи нишаст, ҳуҷраи табиб ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудаанд, дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад. Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд. Аз ин хотир ба соҳибкори саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос намуда, омӯзгорони ин муассисаи зеборо ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят карданд. 15.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд. Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд. Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълимӣ ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд. Барои фароҳам овардани шароити муосир, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, системаи гармидиҳӣ, равшанидиҳии каммасраф ва дастрасӣ ба шабакаи интернети босуръат шароити мувофиқро барои омӯзиш фароҳам меоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия таъкид намуданд, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он – сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ҷараён мегирад ва он бо системаи “стим эдюкейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми омӯзиш дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд. Ифтитоҳи ин муассиса як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Дар муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, ҳамзамон хобгоҳ барои 280 нафар омода шудааст. Бо дарназардошти  талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба таълимоти босифат, дар ояндаи наздик нақша гирифта шудааст, ки имконияти қабул то 1500 хонанда расонида шавад. Сарвари давлат ифтитоҳи чунин муассисаи замонавиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкори ватандӯсту баландҳиммат Наврӯз Юнусов барои ин иқдоми наҷиб изҳори ташаккур намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва доною тавоно дастуру тавсияҳо доданд. 15.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям дар шаҳри Душанбе

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марямро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст. Сохтмони муассиса моҳи феврали 2023 оғоз гардида, дар муҳлати 16 моҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исломҷон Муродов бунёд гардидааст. Дар вақти сохтмон зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзиш дар он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар кӯдакистони нав 30 кас аз парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд. Дар саҳни ҳавлии боғча 6 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввораҳои зебову назаррабо ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст, ки ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 10 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, ҳамчунин ҳаммом, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ сохта шуда, дар арафаи таҷлил аз 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақш гузорад. Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд. 15.08.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ХУШХАБАР!!!

Дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.07.2025, №10/13 “Дар бораи аккредитатсияи давлатӣ” ва фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.2025, №881, “Дар бораи аккредитатсияи давлатии Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Марказ Шаҳодатномаи аккредитатсияи навбатиро ба даст овард. Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун муассисаи илмию таҳлилӣ, ташкилию таблиғотӣ ва нашрию ташхисӣ буда, фаъолияташро дар асоси Оинома ба роҳ мондааст. Агар фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии Марказро мавриди таҳлил қарор диҳем, натиҷаҳои назаррас дорад. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои зерин ба анҷом расонидааст: – 191 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ; – 75 конференсияву семинарҳои илмӣ; – 63 баромад дар телевезион ва радио; – 4 монография ва 2 маҷмуи мақолаҳо ва 1 китобчаи иттилоотӣ : 1. Холиқзода А.Ғ. “Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ”, Китоби 1 . Нашри дуюм бо тағйиру илова ва таҳрирҳо. – Душанбе: «ЭР-граф», 2025. – 428 с. 2. Холиқзода А.Ғ. “Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ.”, китоби 2. Нашри дуюм бо тағйиру илова ва таҳрирҳо. – Душанбе: «ЭР-граф», 2025. – 448 с. 3.Проблемаҳои татбиқи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монография, Душанбе: МН «Дониш», 2024. – 664 с. С. 462-488 4.Правовая система Республики Таджикистан.Коллективная монография./ Холикзода Абдурахим Гаффор (Холиков А. Г.), доктор юридических наук, профессор, директор Центра исламоведения при Президенте Республики Таджикистан, профессор кафедры прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета Таджикского национального университета (Таджикистан, г. Душанбе) — гл. 1, § 1.1, § 1.2, § 1.3, § 1.4. Барнаул-2025 с. С. 10-48 5. Абумансури Мотуридӣ “Тавҳид” –Душанбе: «Эр-граф», 2025. -600 с. 6. Абумансури Мотуридӣ “Панднома” –Душанбе: «Балоғат», 2025. -62 с. 7. Абдусаломов М.М. “Мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи ЮНЕСКО” –Душанбе: «истеъдод», 2025. -404 с. Фаъолияти Марказ ҳамчун муассисаи илмӣ- таҳлилӣ, тибқи талаботи муқарраргардида аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштани аккредитатсияи навбатӣ мавриди таҳлилу санҷиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Натиҷаи таҳлилу санҷиш собит намуд, ки фаъолияти Марказ ҳамчун муасисаи илмӣ- таҳқиқотӣ ба талабот ҷавобгў буда, аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардида, шаҳодатномаи аккредитатсияи навбатиро гирифт. Роҳбарият ва ҳайати илмии Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати дастгирӣ ва тавсияву пешниҳодҳои судманд барои тақвият бахшидани фаъолияти Марказ ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саидзода Муҳаммадтоир Саид миннатдорӣ баён менамояд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

10 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Зимни он масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Русия оид ба натиҷаҳои асосии музокирот бо ҷониби ИМА маълумот дод. Пешвои миллат зимни изҳори сипос аз пешниҳоди маълумот аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина пуштибонӣ карданд. Ҳамзамон, омодагии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид гардид. Сарони давлатҳо нақшаи вохуриҳои дарпешистодаи сатҳи олиро ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ карданд. 10.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Никол Воваевич, Шумо ва мардуми дӯсти Арманистонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям. Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем. Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Арманистон орзумандам». 09.08.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх