Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем”. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо ба манфиати мардуми бародари Узбекистон орзу намуданд. Пешвои миллат рушди устувори Узбекистон ва нуфузи пайваста афзояндаи онро дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев таъкид намуданд. Омодагии ҷонибҳо ба талошҳои минбаъдаи муштарак барои ноил шудан ба натиҷаҳои нав дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон таъкид гардид. Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту тамосҳоро дар ҳошияи чорабиниҳои дарпешистодаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор анҷом дода шуд. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон

24 июл дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ оростанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ таъкид доштанд, ки мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намудем. Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки санадҳои нави ҳамкории баимзорасида, ба тақвияти бештари заминаи ҳуқуқии рушди робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун равона гардидааст. Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб аз афзоиши ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҷонибдорӣ намуданд. Масъалаи тавсеаи бештари тамосҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои кишварҳо ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Гуфта шуд, ки ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Роҳбари давлати мо оид ба ҳавасмандии ду кишвар дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар, аз ҷумла саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, инчунин, кишоварзӣ, хусусан чорводорӣ, изҳори андеша намуданд. Зарурати рушди ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар, густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъкид гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаҳои вобаста ба амният, муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт. Гуфта шуд, ки масъалаҳои коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, пешбурди рӯзномаи  “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор муҳокима гардид. Ҳамкории созанда ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар заминаи ниҳодҳои бисёрҷониба низ мавриди тазаккур қарор гирифт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан таъкид намуданд, ки зимни музокироти сатҳи олӣ шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо гузоштанд. Ҳамчунин, 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон; – Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ; – Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; – Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; – Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ; – Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон; – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон; – Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”; – Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон ва – Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон. Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом зимни мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадр, Президенти Муғулистон ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид карданд. Сарвари давлати мо изҳори боварӣ намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди   таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид. Зимни ёдоварӣ аз аҳамияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва  тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ҷонибҳо бар зарурати фаъол гардонидани кори Гурӯҳи муштараки дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид намуданд. Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи маҷмӯи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷониби Тоҷикистон  таҳия ва қабули Барномаи ҳамкориҳо ва Роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик пешниҳод кард. Ҳамзамон, таъсиси Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Дар ин зимн баргузории мунтазами ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд. Ҳамоиши аввалини доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷонибҳо, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, иқдоми муҳим дар ин самт арзёбӣ гардид. Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши чорводорӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доштанд. Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид. Масъалаи пешбурди рӯзномаи “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт. Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи сайёҳӣ номида шуд. Дар ин зимн Пешвои миллат имкониятҳои фарохи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва офиятбахшӣ алоҳида қайд карданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири  густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ зоҳир гардид. Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо ишора ба нақши муҳими  Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон, зарурати шурӯи фаъолияти онро дар ояндаи наздик салоҳ донистанд. Ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон  дар Тоҷикистон қадами аввали муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд. Тарафҳо, ҳамчунин, аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм, маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, дар робита ба масъалаҳои мубрами  рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар ин ҷода дар доираи ниҳодҳои бисёрҷониба, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ҷонибдорӣ карданд. Сарвари давлати мо аз мусоидати пайвастаи ҷониби Муғулистон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карда,  хостори ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳои амниятӣ гардиданд. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

Бегоҳии 23 июл Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 24 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Муғулистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд. Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон то 26 июл дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Дар доираи  он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин,  рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегардад. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

БАРДОШТЕ АЗ КИТОБ

Таҷассумёбии арзишҳои миллии ҳуқуқӣ дар баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (бардоште аз китоби тозанашри доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. «Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ». Дар 2 китоб. Душанбе: «Эр-граф», 2025) Боиси хурсандиовар аст, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ватанӣ ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ганҷинаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ кӯшишу харҷҳое зиёде сарфа мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои наздик асари тозанашри устоди гиромии мо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор зери унвони «Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ» дар 2 китоб аз чоп баромад. Гуфтан ҷоиз аст, ки муаллиф дорои қалами ҳамешасабз буда, ҳамасола чандин мақолаю китобҳоро дар мавзуҳои мубрами ҳаёти ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии давлат ва фалсафаи ҳуқуқ, нашр намуда, хонандагонро ҷиҳати андеша намудан оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносӣ, таърих ва фалсафа водор намуда, пешниҳоду бинишҳои худро ҷиҳати масъалаҳои гуногун дарҷ мекунанд. Ин аст, ки дар китоби нави худ низ муаллиф вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии давлати миллии демократӣ дар шароити шиддат гирифтани ҷаҳонишавии манфиатҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мубрами давлат ҳам аз нигоҳи таърих, ҳам аз нигоҳи фалсафаи ҳуқуқ ва ҳам аз нигоҳи назарияи ҳуқуқ дар қолаби манфиатҳои миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ, ақидаҳои дар ҳақиқат ҷолиби илмиро рӯйи қалам овардаанд. Дар китоби мавриди назар оид ба таносуби масъалаҳои мубрами давлати миллӣ, манфиатҳои миллӣ бо арзишҳои демократию башарӣ фикрҳои ҷолиби илмӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва илми давлатшиносӣ ироа шудаанд. Муаллиф оид ба масъалаҳои мубрами таъсири ҷаҳонишавӣ ба ташаккули манфиатҳои миллӣ, андешаҳои созандаю бунёдии давлати миллии демократӣ, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ дар давлати миллӣ ва худшиносии миллӣ, заминаи маънавии ташаккули давлати миллии демократӣ, нақши инсон ва илм дар ташаккули давлати миллӣ, ташаккули зиёии муосир, холигиҳо ва дастовардҳои бунёди давлат ва ҳуқуқи миллӣ дар тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун андеша ва назарҳои тоза ва сабақомӯз пешниҳод намудаанд. Эҳсос мешавад, ки мавзуҳои баррасишавандаи китоб натиҷаи ҷамъбасти мобайнии таҳлилу омӯзиши масъалаҳои илмие мебошанд, ки муаллиф дар фаъолияти илмиашон дар самти таърих, назария ва фалсафаи ҳуқуқ ва давлат тайи чанд соли охир таълиф кардаанд, мебошанд. Хотимаи умедбахши китоби дуюм шаҳодат бар он дорад, ки силсилаи таҳқиқоти илмии муаллиф дар самти омӯзиши масъалаҳои давлат ва ҳуқуқи миллӣ идома доранд. Яке аз масъалаҳое, ки муаллиф дар китоб дарҷ менамоянд, ин саҳми илми ҳуқуқ дар раванди эъмори давлати миллии демократӣ ва таҳкими рушди минбаъдаи он, инчунин вазифаҳои зиёии муосир дар ин равандҳо мебошанд. Дар ҷараёни ошноӣ бо китоб дарк карда мешавад, ки муаллиф масъалаи бисёр ҳам мубрам – чӣ гуна давлати миллӣ бояд дар ин ҷаҳони пуртаззоду гуногунравиш манфиатҳои миллии худро ҳимоя намояду дар баробари ин дар раванди ҷаҳонишавӣ эҳёи арзишҳои миллии худро боз ҳам рушд намояд, чун мавзӯи асосии баррасӣ қарор додаанд. Масъалаи мазкур дар ҳақиқат ҳам масъалаи мубрами на танҳо илмҳои сиёсатшиносӣ ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ, балки илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ мебошад. Зеро, ноил шудан ба ҳадафҳои давлат маҳз дар замина ва кӯмаки ҳуқуқ ва меъёрҳои он, чӣ низоми ҳуқуқи миллӣ ва чӣ низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, сурат гирифта, давлатҳо ҳамеша манфиатҳои миллии хешро рӯйи саҳнаи муносибатҳо мегузоранд. Пас, дар ин равандҳои гуногун, ки аз як тараф давлатҳо рӯй ба ҷаҳонишавӣ ва рушди технология доранду, аз тарафи дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии гуногун эътироф карда шудаанд, чӣ гуна метавон арзишу манфиатҳои миллии худро ҳимоя намуд? Бо ибораи дигар, чӣ гуна метавон ҳам аз рушди ҷомеаи муосир қафо намонду ҳам арзишҳои миллии худ, аз ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро, ки маҳаки асли соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлатиро неру мебахшанд, эҳё, ҳифз ва паҳн намуд? Фикр мекунем, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсади рушди эҳёи арзишҳои миллӣ дар раванди инкишофи ҷомеаи муосир пеш аз ҳама мо бояд арзишҳои миллӣ, аз он ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро ба хубӣ донему дарк намоему онҳоро ҳимоя намоем. Дар ин ҷо, мо зери арзишҳои миллӣ, инчунин арзишҳои миллии ҳуқуқӣ тамоми он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки аз шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» бармеоянд, мефаҳмем. Аз як нуқтаи назар, моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» то андозае ба ҳамагон маълум мебошад, аммо ошноӣ ва дарки фалсафаи амиқи он имкон медиҳад, ки онро инчунин ҳамчун принсипи асосӣ ва бунёдии низоми ҳуқуқии муосир эътироф намоем. Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки худ таркиби мафҳуми «арзишҳои миллии ҳуқуқӣ» дарбаргирандаи се мафҳумҳои гуногун, аз қабили «арзиш», «миллӣ» ва «ҳуқуқӣ» мебошанд. Дар алоҳидагӣ, ин мафҳумҳо дорои хусусиятҳои худ буда, вобаста аз моҳияти масъала тобишҳои дахлдорро соҳиб мегарданд. Аммо, дар ҳамҷоягӣ вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии ҳуқуқӣ меравад, пас дар ин асно сухан дар бораи он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби ин ё он миллат истифода шуда, таҷассуми худро дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва одатӣ дарёфт намудаанд, бояд равад. Пас, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ худ ба сифати он ақидаҳо, ғояҳое ва принсипҳое, ки миллати мушаххас дар тӯли рушди худ соҳиб гардида, такмил ва татбиқ намуда, онҳоро ҳамеша муаррифӣ мекунад, бояд пазируфта шаванд. Дар ин асно, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ заминаи меъёрҳои ҳуқуқиро дар худ таҷассум намуда, моҳият ва фалсафаи тамоми унсурҳои низоми ҳуқуқиро бунёдгузорӣ мекунанд. Бояд қайд намуд, ки арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва арзишҳои миллии давлат байни худ робитаи ногусастанӣ дошта, вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии давлат меравад, ин аз он ҷумла арзишҳое мебошанд, ки ба сифати арзишҳои миллии ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар муқаррароти меъёрҳои гуногуни он (ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам одатӣ) таҷассум ва дарҷ карда мешаванд. Бо ин назардошт, мехостем оид ба дарҷи моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»-ро аз диди баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 3 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КМ) дарҷ карда шудаанд, баррасӣ намоем. Умуман, вақте сухан оид ба ҳуқуқи маданӣ дар маҷмуъ ва принсипҳои асосии қонунгузории маданӣ меравад, мо ҳамеша аз он бармеоем, ки ҳуқуқи мадании муосир дар бештари қисми худ дастоварди ҳуқуқи Рими қадим буда, институтҳои асосии ҳуқуқи мадании муосир маҳз аз ҷониби ҳуқуқшиносони Рими қадим коркард шудаанд. Ин, албатта, бешакку шубҳа мебошад, зеро дастовардҳои илми ҳуқуқшиносии Рими қадим, ки худ ҳуқуқи римиро чун «ақли навишташуда» («ratio scripta») меномиданд, дар рушди минбаъдаи ҳуқуқи мадании муосир ва қонунгузории маданӣ заминаи мустаҳкамро гузоштааст. Зеро, асосан ретсепсияи

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

22 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар сохторҳои низомию қудратӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовар, Муовини якуми раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини якуми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавону варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, кадрҳои корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои командирони қисмҳои низомӣ, комиссарони ҳарбӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои Вазорати мудофиа, роҳбарияти чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар якчанд шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои гуногуни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва роҳбарони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон таъин карда шуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоҷикистон, муомилаи хуб бо мардум, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, дуруст ба роҳ мондани мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфта, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии шароити ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бо касбияти баланд тарбия намудани кадрҳои ҷавон ва дар маҷмуъ ба омодагии ҳамаҷониба ба ҳифзи марзу бум ва амну суботи кишвар ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва кор бо шаҳрвандон манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар ҳамеша бояд дар ҷои аввал гузошта шавад. 22.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи бинои Раёсати молияи ноҳия

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбат бо аҳли заҳмат бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои Раёсати молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Раёсати молия дар ноҳия илова ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардид. Масоҳати умумии бино 749 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 3 ошёна ва 12 ҳуҷраи корӣ, толори калон ва хурди маҷлис иборат мебошад. Дар иншооти нав барои фаъолияти босамари 30 корманди соҳаи молияи ноҳия шароити корӣ муҳайё гардидааст. Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари талаботи молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ ва омӯзиши низоми муосири молиявӣ вазифадор намуданд. Сохтмони бино аз моҳи апрели соли 2024  аз тарафи коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Имрон Сармоя” оғоз ёфта буд. Дар атрофи бино корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ онро зиннат бахшидааст. Роҳравҳои назди бино сафолакпӯш карда шудааст. Намои берунаи бино ва қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии тоза зам кардааст. 20.07.2025 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

17 июл дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори маҷлис масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Зимни суханронӣ Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он боз як соли муҳим ва аз лиҳози сиёсӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки дар оғози сол маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид. Сатҳу сифати баргузории ин чорабинӣ ва ширкати фаъолонаи мардум дар он бори дигар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандони кишварро равшан нишон дод. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар ин чорабинии сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намуд. Раиси ҳизб иброз доштанд, ки ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷалб кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар ин раванд, барномаҳои зиёди илман асоснок ва воқеан амалишавандаи ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва мардуми кишвар созгорро таҳия, қабул ва муваффақона татбиқ гардид, ки натиҷаҳои то имрӯз бадастомада дар самтҳои суботи сиёсӣ дар кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар гувоҳи ҳақиқати ҳол мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаи дар зеҳну шуури шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон тарбия кардани ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ бояд минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб ва сохторҳои маҳаллии он қарор дошта бошад. Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар низ нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти замони нав ва шиддати бесобиқа пайдо кардани равандҳои номатлуби сиёсиву низомӣ дар сайёра – мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ин ҳолат аз ҳар яки мо барои ҳалли масъалаҳои пешомада масъулият ва муносибати ҷиддӣ талаб мекунад. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳои созанда амалӣ месозад. Дар кори маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар асоси Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низомномаҳои ҳизбӣ дар таҳрири нав тасдиқ гардид. Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва сохторҳои он вазифадор гардиданд, ки фаъолияти ҳизбиро ба муқаррароти санадҳои мазкур мутобиқ намоянд. Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуд. Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд. Манфиатҳои миллию давлатиро мунтазам ҳимоя намуда, кор бо мардумро тавре ба роҳ монанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад. Дар ҳамкории доимӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин ва танзими ҷашну маросим, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ ва мудофиа фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар деҳот ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ба таври доимӣ ва фарогир ба роҳ монанд. Ҳамзамон, ҳамаи ташкилоти ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида,  дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳамкории доимиву муштаракро бо тамоми субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ тавассути ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва боло бурдани эътимод ба низоми давлативу давлатдорӣ равона намоянд. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъулон дар баробари пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ таҳия гардида, баҳри таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҷалби сокинон корҳои ободониро дар маҳалҳо вусъат бахшанд. Баъди суханронии Раиси ҳизб Неъматзода Дилрабо – мудири бахши маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шоҳинзода Ансор – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа, Раҳимов Темур – ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, Каримзода Мунира – сартабиби беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, Ҳофиззода Фарзона – мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон ва Саъдуллоев Диловар – омӯзгори фанни забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара суханронӣ намуданд. Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки бо мардуми ватандӯсти он бо қадамҳои устувор ва дилу нияти нек ба суи пешрафту шукуфоӣ ҳаракат менамоянд, ҳамаи роҳбарону масъулини ҳизбро лозим аст, ки тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир сафарбар намояд. 17.07.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх