Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин

23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам ҷаноби Раис, дӯсти гиромӣ, Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони кишвари дӯст бар асари садамаи шадид дар яке аз конҳои ангишти музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси ғояти андӯҳи инҷониб гардид. Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони фавтидагон   ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам».

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманди кишвар! Фарзандони азиз! Ба ҳамаи шумо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Ин ҷашнро, ҳамчунин, ба ҳамаи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, табрик менамоям. Имсол мо Рӯзи ҷавононро дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, яъне 35-солагии истиқлоли давлатии кишварамон ҷашн мегирем. Воқеан, истиқлолу озодӣ арзишҳои муқаддастарину муҳимтарин ва неъмати беҳтарин барои ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан барои наврасону ҷавонон мебошад. Дар таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ҳамчун неруи ташаббускору пешбарандаи ҷомеа нақши басо муассир бозиданд. Бо ифтихор иброз менамоям, ки ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол доранд. Онҳо дар афзун гардонидани дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Яъне имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки ҷавонони мо дар он иштироки фаъол надошта бошанд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш, соҳибкорӣ, яъне ба хотири мавқеи шоиста пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуда истодааст. Дар навбати аввал, барои пешбурди муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи зарурӣ ва муосири меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла барои наврасону ҷавонон зина ба зина тамоми шароити донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар муҳайё карда шуд ва ин раванд бомаром идома дорад. Зеро яке аз роҳҳои пешрафту тараққиёти кишвар тарбияи насли ҷавони босаводу соҳибкасб мебошад. Қобили зикр аст, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ қариб як миллион нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 140 ҳазор нафар мактабҳои олии хориҷиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд. Вале таъкид менамоям, ки бо дарназардошти суръати рушди илму техника ва талаботи замона ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Дар чунин шароит омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории инноватсионӣ барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷавонон бояд донанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта вобастагии мустақим дорад. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки дар ин марҳала бо иродаи мустаҳкам ба фаъолияти самарабахши илмиву таҳқиқотӣ ва эҷодкориву навоварӣ машғул шаванд. Ҳамзамон бо ин, дар хотир бояд дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, кор ва ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад. Касбомӯзӣ ва соҳиб шудан ба ҳунарҳои замонавӣ омили муҳимми таъмин намудани зиндагии шоиста ва расидан ба сатҳи рақобатнокии иқтисодӣ мебошад, ки ҷавонони мо дар ин самт низ бояд ҳарчи бештар талош намоянд. Ҷавонон, ҳамчунин, бояд бо тафаккури солим ва ҳисси баланди масъулият ба зуҳуроти харобиовар ва таъсири андешаҳои ифротӣ муқовимат намоянд. Зеро дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ танҳо давлатҳое пойдор ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои имрӯз устувор мемонанд, ки мардумашон ва махсусан ҷавонони онҳо ватандӯсту огоҳ, босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, ихтироъкору навовар ва сарҷамъу муттаҳид бошанд. Фарзандони азиз! Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро таъкид намоям, ки шумо онро бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед. Мо – тоҷикон миллати ориёинажод, соҳиби таърихи беш аз 6000-сола ва фарҳангиву тамаддунсоз ҳастем. Мо шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсиро маҳз бо ҳамин мақсад чоп ва ройгон тақсим кардем, ки мардум ва махсусан наврасону ҷавонон аз таърихи гузаштаи худ, яъне аз решаи хеш, аз анъанаҳои ватандӯстиву ватандории худ огоҳ бошанд, аз онҳо ифтихор намоянд ва ба хотири ҳифз кардану таҳким бахшидани онҳо талош намоянд. Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии фарҳангу суннатҳои бегона шумо бояд арзишҳои бунёдии миллӣ – таърих, забон фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллати бостонии тоҷикро омӯзед, донед ва барои ҳифз кардану густариш додани онҳо талош намоед. Муҳимтар аз ҳама, ба қадри неъмати бебаҳои миллату    давлат – истиқлолу озодӣ расед ва тамоми неруи худро барои ҳимояву таҳкими он равона созед. Чунки маҳз ҳамин неъмати бебаҳо аст, ки моро дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром менамоянд ва ба тамаддуни қадимаамон арҷ мегузоранд. Мо наврасону ҷавонони имрӯзаро беҳуда манбаи ташаббусҳои азим, созандагони фардои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қувваи пешбарандаи ҷомеа нагуфтаем. Зеро ояндаи дурахшони давлат ва миллат танҳо дар дасти шумо – наврасону ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва дорои тафаккури муосир аст. Мо ба ҷавонони худ, яъне насли замони истиқлол, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо эътимоди комил дорем ва дар пешрафти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба онҳо такя мекунем. Бовар дорем, ки ҷавонони мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманду назарраси худро мегузоранд. Ҷавонони азиз! Ман ба шумо муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат барои миллати озодихоҳу сулҳпарвари тоҷик ҳимоя кунед. Ин Ватани биҳиштосоро сидқан дӯст доред, онро чун сарзамини аҷдодамон барои наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёди тоҷик ҳифз намоед. Дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан – модар ва миллати худ хиёнат накунед. Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза симои маънавии миллати бостонии тоҷикро ҳимоя кунед. Намунаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, одоби муошират, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ бошед. Эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо оваред ва одобу расму ойинҳои неки миллиро риоя намоед. Забони модариро покиза нигоҳ доред, зеро забони мо яке аз қадимтарин ва зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад ва ин забони ширину шево ҳастии миллати бостонии тоҷик аст. Шумо, ки дар фазои ваҳдату субот ва рушди кишвари озодамон камол ёфта истодаед, уҳдадоред, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намуда, бо кору амали созандаи худ онро боз ҳам ободу пешрафта гардонед. Ҳар як наврасу ҷавон бояд амиқан дарк намояд, ки Тоҷикистон Ватани ӯ, хонаи муқаддаси ӯст ва ободии он аз заҳмат, садоқат ва масъулияти ӯ вобаста мебошад. Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати ориёинажоди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору фаъолияти ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям. Бигзор, ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша пешсафи илму маърифат, ҳомии сулҳу субот ва созандаи имрӯзу фардои дурахшони Ватани азизамон бошанд! Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, фарзандони азиз!

Хабарҳо

Идомаи мулоқотҳо дар доираи иҷроиши нақшаи Кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 майи соли 2026 дар ноҳияи Тоҷикобод ҷаласаи сайёр вобаста татбиқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот фаъолони ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Ҳамзамон дар кори ҷаласа Ҳомидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Вализода Илҳомиддин Сироҷҷидин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич муовини якуми Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ваҳобзода муовини директори Маркази исломшиноси дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои муҳими ҷомеа аз ҷумла, “Маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҳамгироии ҷомеа”, ”Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Риояи қатъии қонунҳои миллӣ” ва “Тарғиби либоси миллӣ”, чакан, атлас, адрас ва дигар либосҳои миллӣ”, “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ” , “Мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, баромад карданд. Баргузории чунин суҳбту мулоқот дар ноҳияҳо идома дорад.

Хабарҳо

Баргузории мулоқот дар Рашт ҷиҳати иҷрои нақшаи кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20-уми майи соли 2026 дар ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёр вобаста татбиқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисони ноҳияҳои шаҳри Роғун, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, аъзоёни шуроҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, комиссариятҳои ҳарбӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, маориф, тандурустӣ, танзими ҷашну маросим, фаъолони ҷомеа, хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ ва радиои минтақавӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, ходимони дин ва раисони кӯчаю маҳаллаҳо иштирок доштанд. Кори ҷаласа тибқи барнома бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо оғоз гардида итирокдоронро ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори он изҳори сипос намуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон, Ҳомидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Вализода Илҳомиддин Сироҷҷидин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич муовини якуми Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ваҳобзода муовини директори Маркази исломшиноси дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои муҳими ҷомеа аз ҷумла, “Маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҳамгироии ҷомеа”, ”Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Риояи қатъии қонунҳои миллӣ” ва “Тарғиби либоси миллӣ”, чакан, атлас, адрас ва дигар либосҳои миллӣ”, “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ” , “Мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, баромад карданд. Баргузории чунин суҳбту мулоқот дар ноҳияҳо идома дорад.

Хабарҳо

Форуми шаҳрӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ — омили рушди босуботи ҷомеа» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

20-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Одилзода Дилбар Раҳим — муовини Раиси шаҳри Душанбе Форуми шаҳрӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ — омили рушди босуботи ҷомеа», бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Одилзода Дилбар Раҳим — муовини Раиси шаҳри Душанбе, Ерёмин Денис Андреевич — директори Муассисаи давлатии буҷетии «Маркази шаҳрии барномаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии зуҳуроти ғайриахлоқӣ миёни ҷавонон «КОНТАКТ»-и шаҳри Санкт-Петербург, Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло — сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Нурзода Маҳмаднабӣ — прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умарчони Эмомалӣ — муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашуров Алиназар Ҳоҷибоевич — намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоҳи Қодирӣ — сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, суханронӣ карданд. Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзуи “Ифротгароӣ ҳамчун падидаи манфӣ дар ҷомеа: вазъ ва паёмадҳо” маърӯза намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки мақсади асосии баргузории форум баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин мусоидат ба ҳифзи суботу амнияти ҷомеа мебошад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу

20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ баррасӣ шуд. “Мо рушди минбаъдаи шарикии худро бо САҲА муҳим мешуморем”, – таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори Созмон – ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “мо кӯшиш мекунем то барномаҳо ва лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амалишаванда ба ниёзҳои воқеии мардуми мо ҷавобгӯ бошанд”. Фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадот хуб арзёбӣ гардид. Дар ченаки низомӣ-сиёсӣ идомаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили расмиёти гумрукӣ ва мубодилаи иттилоот ҳамчун аз авлавиятҳо номида шуданд. Ҳамчунин ба шумора ва сифати барномаҳо ва лоиҳаҳои Созмон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва экологӣ, аз ҷумла обу иқлим, иқтисоди “сабз”, бахусус энергияи “сабз” ва технологияҳои рақамӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ба омодагӣ ба ду конфронси байналмилалӣ – оид ба масъалаҳои ҷаҳонии об ва мубориза бо терроризм ва маблағгузории он – ки мутаносибан дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ню Йорк баргузор мешаванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Густариши ҳамкорӣ дар ченаки инсонӣ бо назардошти афзалиятҳои миллии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Дар ин замина, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт. Мубодилаи муфассали афкор, инчунин доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷараён гирифт. Дар ин робита, сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори Тоҷикистонро дар бораи аҳамияти истифодаи воситаҳои осоишта барои ҳалли ҳама гуна низоъҳо таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: «Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо музокирот ва дипломатияро ягона воситаи муассири таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ медонем». Дар хотима, ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба идома ва тақвияти ҳамкории созанда таъкид намуданд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад. Ба поси гиромидошт аз истиқболи хоки оромгоҳи фарзандони баруманди миллат, саҳни фурудгоҳ оро дода шуда, сарбозони Қаровули фахрӣ дар ду ҷониби роҳрави бо қолини сурх густурда саф оростанд. Дар фазои мутантани эҳтиром ва шоистагӣ, пас аз гузориши шахсони масъул ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарбозони Қаровули фахрӣ қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистонро, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, бо эҳтироми хос аз ҳавопаймо поин оварда, бо қадамзании мутантани маросимӣ ба майдони фурудгоҳ интиқол доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Воқеъан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад. Ин иқдоми наҷибона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Сипас, ҳайати ин маросими таърихӣ бо ҳамроҳии дастаи роҳнамои мотосиклронҳо ба сӯи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд. Пас аз маросими ҷаноза, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода мешавад. Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Кунун ин қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз – кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ мешаванд. Ин иқдом, бешак, боиси оромиши руҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромуш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад. Бешубҳа, ин арҷгузорӣ ва ин қадршиносӣ аз фарзандони сарсупурдаи тоҷикони сарфароз ба номи Пешвои маҳбуб, Сарвару Раҳнамои пурҳикмати миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад.  

Хабарҳо

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Субҳи имрӯз, 17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Машғулияти сиёсӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ

Имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти сиёсӣ оид ба қонунҳои миллӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», бо ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ баргузор гардид. Дар машғулияти сиёсӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

​Аз 11 то 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд. ​Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гуруҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуданд. ​Аз руи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. ​Руйдодҳои муҳими сафари давлатӣ – имзои санадҳои муҳим – Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ ва аз тарафи Шурои илмии Донишгоҳи Пекин бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардонидани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. ​14 май Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари давлатӣ аз шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргаштанд. ​Дар фурудгоҳи байналмилалии Чонгчин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.

Прокрутить вверх