Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи факултети рақами 4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави таълимӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 12 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ бо  500 курсӣ, хобгоҳ бо 176 ҷои хоб ва ошхона иборат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа, омӯзгорон ва курсантонро барои истифодаи бамаврид аз имконияти фароҳамшуда ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ояндаи милитсия вазифадор намуданд. Ҳудуди умумии муассиса 7 гектарро ташкил медиҳад ва майдони васеъ оянда барои бунёди иншооти варзишӣ ва сабзкорӣ пешбинӣ шудааст. Қаблан бо сабаби нарасидани синфхонаҳо ва набудани шароит раванди таълим дар дигар муассиса сурат мегирифт. Ғамхории Ҳукумати кишвар ва бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки курсантон ва шунавандагони ин факултети Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шароити замонавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Бинои Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси лоиҳаи муосир бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ сохта шудааст. Бунёду навсозии иншооти гуногун ва мутобиқ ба талабот фароҳам овардани шароит ҷавононро ба таҳсили хуб ва хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат водор менамояд. Дар саҳни муассиса мутобиқ ба талабот майдони сафороӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ бунёд гардидааст. Дар ҳамин ҷо намунаи тарҳи либосҳои низомӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои Летсейи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 500 хонанда ва хобгоҳ бо 260 ҷойи хоб муарифӣ карда шуд. Муассисаи нави таълимӣ дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ бо 150 курсӣ, китобхона бо толори хониш, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои таҷрибаомӯзӣ ва дигар иншооти ёрирасон хоҳад буд. Бинои хобгоҳ барои таълимгирандагон аз 3 ошёна иборат буда, дорои 85 ҳуҷра мебошад. Ҳамзамон дар ҳудуди хобгоҳ бунёди ошхона барои 240 кас, толор ва майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст. 13.07.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Ба кор даровардани хатти оби полезӣ ва муаррифии лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич хатти оби полезиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хатти оби полезӣ аз мавзеи Басманда аз масофаи беш аз 9 километр тавассути қубури қутраш 400 миллиметра оварда шудааст. Ба ин восита масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд ба шодоб намудани заминҳои лалмӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани қитъаҳои нав ва афзун намудани кишти картошка мусоидати фаъол хоҳад кард. Бо обёрии 500 гектар замини нави картошка дар ноҳияи Деваштич 1000 кас соҳиби кор шудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи кишвар истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич то соли 2030 ба 500 ҳазор тонна ва то соли 2050 ба 1 миллион тонна расонида шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушду пешрафти соҳаи картошкапарварӣ бо иштироки олимони соҳа дар хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияи Деваштич семинар- машварати ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад. Кишоварзони ноҳияи Деваштич бо роҳи аз худ кардани заминҳои нав ва обёрии заминҳои лалмӣ тавассути кандани чоҳҳои амудӣ масоҳати кишти картошкаро афзоиш дода, имсол онро нисбат ба дурнамои пешбинигардида ба бештар аз 800 гектар васеъ карданд. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи заминҳои нави ҳамин сол обёришуда дар ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристонро, ки дар онҳо кишти картошка гузаронида шудааст, муаррифӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба ҳамин восита майдони кишти картошка дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 1053, Деваштич 816 ва Шаҳристон 501 гектарӣ нисбат ба дурнамо зиёд шуд. Кишоварзони ин ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари зиёд намудани дигар зироатҳои кишоварзӣ ба кишт ва истеҳсоли картошка таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Ҳоло масоҳати кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба 29 716 гектар расидааст. Ба ҳолати 1 июли соли равон 58 ҳазору 521 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3000 тонна зиёд аст. Зимни боздид аз қитъаи намоишии кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ доданд, ки ҳоло аз 12 навъи киштгардида дар ин ҷо 9 навъи он тухмиҳои ватанӣ буда, асосан масоҳати бештари кишти картошкаро дар ноҳия навъҳои маҳаллӣ ташкил медиҳад. Ҳосилнокии картошка ба ҳисоби миёна аз 350 то 400 сентнериро ташкил дода, баъзе хоҷагиҳо то 650-700 сентнерӣ ҳосил мегиранд. Аз нашъунамои киштзори картошка аён аст, ки ҳосили имсола дар ноҳияи Деваштич нисбат ба соли сипаришуда фаровон аст. Хоҷагидорони ноҳия дар истеҳсолу таъмини хоҷагиҳои кишвар бо картошкаи тухмӣ нақшу саҳми назаррас доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо нашъунамои картошка дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз таҷрибаи заминдории саҳмдорон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, картошка, меваҷот, хушкмеваҳо ва нону маҳсулоти нонӣ дидан намуданд, ки бозгӯи самараи кори садоқатмандонаи кишоварзони вилояти Суғд  мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сокинонро ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, ҳарчӣ бештар обёрӣ кардани заминҳои лалмӣ, истеҳсоли тухмиҳои баландҳосил ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ равона намуданд. 12.07.2025 ноҳияи Деваштич

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Деваштич ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдат бинои нави Маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд. Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ аз моҳи июни соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, соҳибкорони маҳаллӣ ва иштироки фаъоли сокинон бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ бо харҷи 6,5 миллион сомонӣ бунёд карда шуд. Бо бунёди бинои нав 12 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Бинои Маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 18 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои стоматологӣ, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, ҳуҷраи момодоя, иммунизатсия, озмоишгоҳ, ҳуҷраи муоина, сабти барқии дил ва 18 рахти хоби рӯзона мебошад, ки ҳамарӯза ба сокинон хизмат мерасонад. Иншооти нав барои хизмати муосири тиббӣ ба 1600 оила ва 6 ҳазору 780 сокини деҳаи Қалъаи Дӯст бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии қитъаи замини Маркази саломатӣ 27 садяк буда, масоҳати замини иншооти навбунёд 495 метри мураббаъ мебошад. Саҳни муассисаро гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат бахшидаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази нави саломатӣ шароиту имкониятҳои муосири кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Сокинони деҳаи Қалъаи Дӯст бунёди марказро аз зумраи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар самти татбиқи босамари сиёсати иҷтимоӣ ва тӯҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ меноманд. 12.07.2025 ноҳияи Деваштич

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни истиқлол то имрӯз 47 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 59 муассисаи маориф, 9 иншооти фарҳанг, 32 майдончаи варзиш, 8 бинои маъмурӣ, 21 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона, 117 иншооти савдо ва хизматрасонӣ, 92 километр роҳ, 37 пул, 14 бинои истиқоматии баландошёна ва 321 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст. Бо истифода аз фурсати муносиб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми шарафманди Панҷакент, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати ватандӯстона дар бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва корҳои ободониву созандагӣ ибрози сипос намуданд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи шаҳри Панҷакент, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум беш аз 9,3 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳр 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳр 26 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 100 миллион сомонӣ идома дорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Панҷакент яке аз аввалинҳо шуда, аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт. Ҳоло дар шаҳр 52 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 7 адад зиёд мебошад. Барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда дар самти рушди соҳаи саноат, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба рушди соҳаи саноат тавассути ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Хотирнишон гардид, ки бо шарофати бунёди иншооти энергетикӣ ва нақлиётӣ хусусан, таҷдиду навсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 770 миллион сомонӣ ду мушкилии асосии сокинони шаҳри Панҷакент – норасоии неруи барқ ва мушкилоти рафту омад ба пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бартараф гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ зарур шумурданд, ки бо истифодаи оқилонаи обу замин, инчунин, бо роҳи таъсиси корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот барои бо маҳсулот таъмин кардани на фақат бозори дохилӣ, балки содирот тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Гуфта шуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас, дар соҳаи маорифи шаҳр ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки роҳбарону масъулони шаҳр ва сохтору мақомоти дахлдор барои бартараф намудани онҳо бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Барои ислоҳи камбудиҳои соҳаи тандурустӣ, бахусус норасоии кадрҳо Роҳбари давлат ба сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд. Шаҳри бостонии Панҷакентро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз мавзеъҳои муҳим барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон номиданд. Аз ин лиҳоз, зарур шумурда шуд, ки ба тақвияти имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, омода кардани роҳбаладони касбӣ, рушди ҳунармандӣ ва баланд бардоштани хизматрасониҳои сайёҳӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Панҷакент минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ  ва фарҳангӣ ноил мегарданд. 11.07.2025 шаҳри Панҷакент

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст. Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, дорои имкониятҳои хуби таълиму тарбия мебошад. Синфхонаи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мувофиқ ба завқи кӯдакон бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи хуб дониста шуд ва сокинони шаҳри Панҷакент самимияту миннатдории хоси худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ташкили фазои мусоиди таълим баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. 11.07.2025 шаҳри Панҷакент

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Дар фурудгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро сокинон, намояндагони касбу кори гуногун ҳамчун рамзи эҳтирому эътимод ба фарзанди фарзонаи миллат, гарму самимӣ истиқбол намуданд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия барномаи мукаммали театркунонидашударо, ки тараннумгари таъриху фарҳанг, ватандорӣ ва сулҳу суботи комил аст, пешниҳод гардониданд. Маврид ба зикр аст, ки ҳар як сафари Президенти кишвар ба ин ва ё он гӯшаи диёр пайки шодию нишот, оғози марҳилаи нави бунёдкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад. 11.07.2025 ноҳияи Айнӣ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи обии Себзорро ифтитоҳ намуданд. Иншооти муҳими соҳаи энергетика аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад. Неругоҳи обии Себзор дар доираи дастгирии Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст ва технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 млн кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад. Неругоҳи обии Себзор имкон медиҳад, ки 220 ҳазор аҳолӣ ба барқ дастрасӣ пайдо намоянд ва ин барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Инчунин барои содироти барқ ба дигар давлатҳо имконияти иловагӣ пайдо шуд. Ёдовар бояд шуд, ки санги асос барои бунёди Неругоҳи обии Себзор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 июли соли 2015 гузошта шуда буд. Дарозии сарбанди неругоҳ 65 ва баландиаш 8,5 метрро ташкил медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи обии Себзор имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Неругоҳи обии Себзорро барои беҳтаршавии таъминот бо неруи барқ ва рушди дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар вақти бунёди Неругоҳи обии Себзор то 600 нафар бо кор таъмин шуданд ва истифодаи техникаи муосир имкон фароҳам овард, ки сохтмон тибқи талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад. Дар маҷмуъ 97% корҳо дар Неругоҳи обии Себзор аз ҷониби коргарону мутахассисони ширкатҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст. Истифодаи технологияи муосир имкон додааст, ки фаъолияти неругоҳ ба таври худкор сурат гирад. Солҳои охир бунёду навсозии неругоҳҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зиёдшавии иқтидори истеҳсолӣ, ҳамзамон ба баландшавии малакаи касбӣ ва саҳмгузории мутахассисони тоҷик дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ мусоидат намуд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтан дар Неругоҳи обии Себзор 20 мутахассиси маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Неруи барқи тавлидшуда дар зеристгоҳи 110 киловолтаи Себзор танзим гардида, тавассути хати интиқоли барқи 110 киловолтаи Себзор – Хоруғ бо дарозии 18 километр ба шабакаи умумии барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мешавад. Татбиқи “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037” тавассути таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва дар ҳамин замина бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таъмин карда мешавад. Бунёди Неругоҳи обии Себзор дар доираи амалигардонии барномаи “иқтисоди сабз” аз ҷониби Ҳукумати кишвар далели афзуншавии муваффақият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир, саҳмгузорӣ дар пешгирии дигаргуншавии иқлим ва афзуншавии дастовардҳо дар ҷодаи тавлиди “энергияи сабз” арзёбӣ мешавад. 26.06.2025 ноҳияи Роштқалъа

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Парки технологӣ дар ноҳияи Роштқалъа

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологии иборат аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ ва нуқтаи хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд. Парки технологӣ дар масоҳати умумии 930 метри мураббаъ сохта шуда, арзиши лоиҳавии он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст. Парки технологӣ дар маҷмуъ аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ, коркарди меваю сабзавоти хушк ва банду баст, коргоҳи табъу нашр ва маҳсулоти полиграфӣ, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ иборат мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки технологӣ нахуст аз корхонаи коркарди меваю сабзавоти хушк ва банду баст дидан намуданд. Иқтидори солонаи корхона 10 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он бештар аз зардолу, себ ва хуч бо иловаи дигар намуди меваю сабзавоти хушк коркард ва омода карда мешавад. Тибқи иттилои масъулон маҳсулоти корхона рақобатпазир буда, таҳти бренди Кӯҳмева ва бо банду басти зебо ба бозорҳои вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар бароварда мешавад. Талқони себ ва хокаи хуч аз самти дигари истеҳсоли коргоҳи мазкур ба ҳисоб меравад, ки онро дар омода кардани қаннодиҳо истифода мебаранд. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти корхона пурра аз дохили ноҳия таъмин карда мешавад. Муҷаҳҳазсозии корхона бо 5 навъи таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, дар он 4 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, коргоҳи табъу нашр ва маҳсулоти полиграфии Парки технолигиро мавриди истифода қарор доданд. Корхона бо муосиртарин технология муҷаҳҳаз буда, фаъолияти он ба рангу бори лавҳаҳо ва шиору овезаҳои таблиғотӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо, китобу маводи чопӣ равона гардидааст. Пас аз ба истифода додани корхонаи мазкур мушкилии табъу нашр, алалхусус шиору овезаҳо дар шаклу услуби зебо, дар ҳудуди ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои вилоят бамаротиб осон мегардад. Дар ин коргоҳ низ 4 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин мавзеъ ба фаъолияти корхонаи коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ расман оғоз бахшиданд. Самти асосии фаъолияти коргоҳ истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, навъи босифати орди мушунг, боқило, талқони гандум, гандумбирён, қурути нармак, чормағзи куфта ва нони чормағзӣ мебошад. Коргоҳи мазкур имкон дорад дар як сол зиёда аз 70 ҳазор бастаи талқон аз гандум ва мушунг истеҳсол намояд. Дар дохили корхона осёби барқӣ фаъолият менамояд, ки дар як соат метавонад 500 кило гандумро бо сифати баланд орд намоянд. Маҳсулоти корхона барои пешгирӣ аз касалиҳои ғафсшавии хун, диабети қанд, фишорбаландӣ ва камвазнӣ мусоидат мекунанд. Дар ин коргоҳ 6 нафар соҳиби кор шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар Парки технологии ноҳияи Роштқалъа корхонаи коркарди меваю сабзавот ва қаннодиро ба истифода доданд. Корхона аз ду коргоҳ иборат аст, ки дар онҳо 8 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд. Корхонаи мазкур ба коркарди меваю сабзавоти маҳаллии консервашуда, аз ҷумла помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ машғул аст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 80 ҳазор консерваи маҳсулоти табиии маҳаллӣ мебошад. Пештар масъулини коргоҳ чунин корро дар шароити хона анҷом медоданд. Акнун бо ворид гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосир коркарди меваю сабзавот ба маротиб осон ва истеҳсол зиёд гардид. Ҳамзамон дар коргоҳи қаннодӣ номгӯи зиёди шириниҳо омода карда шуда, пешниҳоди меҳмонону сайёҳон мегардад. Дар ин коргоҳ чой бо тамъи гуногуни меваҳо омода карда мешавад. Ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёӣ истеҳсол мегардад. Дар оянда соҳибкор Умеда Донаёрова нақша дорад, ки банду басти меваро ба роҳ монад. Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ коргоҳи истеҳсоли дару тирезаи пластикиро мавриди истифода қарор доданд. Дар коргоҳ вобаста ба дархост ва талаботи муштариён намудҳои гуногуни тиреза истеҳсол карда мешавад. Дар корхона дастгоҳҳои васлкунӣ, ченкунӣ ва олоти буранда насб гардида, барои босифат истеҳсол намудани маҳсулот замина мегузорад. Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Манучеҳр Силтолиев сохта шуда, иқтидори солонаи он дар сол 1500 тиреза мебошад. Маҳсулоти хоми корхона аз шаҳри Хоруғ ворид шуда, дар он 4 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи маҳсулоти бетониро ифтитоҳ намуданд. Дар корхонаи мазкур маҳсулоти гуногуни ороишӣ аз санг омода карда мешавад. То кунун дар ноҳия чунин корхона мавҷуд набуд. Ашёи хом аз ҳудуди ноҳия дастрас гардида, вобаста ба талабот масҳулоти ороишӣ аз санг истеҳсол мегардад. Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Парки технологии ноҳияи Роштқалъа ба масъулон ва мутахассисон барои бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот дастуру тавсияҳо доданд. Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа 17 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бо зиёда аз 100 ҷойи кори доимӣ фаъолият менамоянд. 26.06.2025 ноҳияи Роштқалъа

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа

26 июн дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон  ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд. Меҳмони олиқадрро сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати созаданву бунёдкоронаи Роҳбари давлат бо самимияти хос ва бо базму шодӣ истиқбол гирифтанд. 26.06.2025 ноҳияи Роштқалъа

Президент, Хабарҳо

Cуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия ва вилоятро ба муносибати санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои давлатӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмини рушди он тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва ин равандро идома дода истодааст. Аз ҷумла дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 1,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Таъкид гардид, ки танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 660 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 346 миллион сомонии он маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия мебошанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи то имрӯз дар доираи ин лоиҳаҳо азхудшуда 118 миллион сомониро ташкил медиҳад. Роҳбари давлат оид ба аҳамияти бунёди роҳу пулҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: «мо дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшонро расман ифтитоҳ намудем, ки барои таъмин намудани рушди бомароми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши басо муҳим дорад».   Аз руи маълумот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон сохтмону азнавсозии 165 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 75 фоизи нақша иҷро шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва сокинони шарафманди ноҳияи Рӯшон, ки дар ободониву бунёдкорӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, миннатдорӣ баён намуданд. Президенти кишвар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар баробари ин корҳои анҷомёфта, бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳо дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро тақвият диҳанд. Ташкилоти бонкии кишвар вазифадор шуданд, ки барои дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Барои рушди соҳаи саноати вилоят зарур шумурда шуд, ки ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои замонавӣ тақвият бахшида шавад. Роҳбарияти ноҳия ва вазорату идораҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин тадбирҳои амалӣ андешанд. Супоришҳои дигар барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзиву дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дода шуд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳаи тандурустӣ барои беҳтар кардани шароити муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ андешидани тадбирҳои иловагиро талаб намуданд. Ба масъулини вилоят ва ноҳия, инчунин барои рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Рӯшон дар оянда низ ба хотири ободу пешрафта гардонидани диёри худ ва Ватани азизамон – Тоҷикистон сарҷамъона заҳмат мекашанд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд. 26.06.2025 ноҳияи Рӯшон

Прокрутить вверх