Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҳамчунин ба фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта шудааст. Комплекси мазкур тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ дошта, дар як вақт имкон дорад ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад. Дар ин ҷо барои зиндагӣ ва фароғати сайёҳон, инчунин сайругашт, ташхису табобат ва машғул шудани онҳо ба камонварӣ ва дигар намуди бозиҳои шавқовари қадима шароити замонавӣ фароҳам шудааст. Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад. Ҳоло дар ин мавзеи туристӣ зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев ба кор таъмин шудаанд ва оянда бо вусъат ёфтани иншооти сайёҳӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонида мешавад. Дар комлекси сайёҳӣ ҳамчунин бинои дуошёнаи ташхису табобат бунёд шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин аст ва дар як вақт метавонад ба 50 нафар хизмат расонад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди инфрасохтори сайёҳӣ муҳим номида, таъкид карданд, ки барои анҷоми хизматрасонии босифату сатҳи баланд ба сайёҳону меҳмонон ҷавонону мутахассисони кордону донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб карда шаванд. Бунёди иншооти нави сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина гузошт. Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 162 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дорад. Дар 6 моҳи соли равон наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз дидан намудаанд ва бунёди комплекси сайёҳии “ZEV.S” ба рушди ояндаи соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад. Дар марҳилаҳои баъдӣ шумораи коргарон, ки ҳоло 20 нафарро ташкил медиҳад, ба зиёда аз 100 нафар ва ҳаҷми истеҳсоли гушти моҳӣ солона то ба 1000 тонна расонида мешавад. Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз дигар ҳавзҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ бо ҷалби сармояи Корея ва Олмон таъсис ёфтааст ва дар он ду намуди моҳӣ – Салмон ва Кохо парвариш меёбад. Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад ва бо назардошти ин муассисон оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад. Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад. Муддати тухммонӣ дар озмоишгоҳ аз 20 то 40 рӯз ва вазнгирии моҳӣ то 80 рӯзро дар бар мегирад. Яъне дар давоми қариб 3 моҳ моҳичаҳо аз 60 то 150 грамм вазн гирифта, ба ҳавзҳои калон интиқол дода мешаванд. Тибқи нақша оянда бо ворид шудани технологияи муосир дар шафати озмоишгоҳ моҳиҳои навъи Салмон ва Кохо дар шакли нав коркарду банду баст шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба ташаббуси муассисон барои ташкили чунин иншооти замонавӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли ин намуди моҳиҳоро зиёд намуда,  дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро мавриди истифода қарор доданд. Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис марказро барои  рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд. Маркази “Darya AI” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Кабиров ва Азизҷон Азимӣ – раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шуда, 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки дар пешбурди ин низоми муосир таҷрибаи хуб доранд, бо кор таъмин шудаанд. Тавре таъкид гардид, стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фуруши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад. Марказ 8 сервери асосӣ дорад, ки арзиши ҳар кадоми он 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин намуди серверҳо дар сардӣ фаъолияти хубтар намуда, амалиёти иҷрошудаи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ босуръат, бехато ва дар вақти кӯтоҳ бо натиҷаи қаноатбахш анҷом дода мешавад. Ин тарзи хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи  нав аст ва оянда муассисон боз нақша доранд, ки дар ҳамин ҷо бо дастрасии таҷҳизоту технологияи муосир сатҳи хизматрасониро дар низоми муосири зеҳни сунъӣ беҳтар ба роҳ монанд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Тавре таъкид гардид, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори он ва таъмини зиндагии хубтару беҳтари ин қишри осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд. Зимни мулоқот ба ятимону нафарони дорои имконияти маҳдуд дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, ба онҳо сару либос, кӯмаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Вохӯриҳои пайваста бо ятимони кулл ва шахсони имконияташон маҳдуд собит менамоянд, ки онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ, ғамхорӣ  ва дастгирии доимии Пешвои миллат қарор доранд. Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии ятимону маъюбон дар кишвар консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ қабул шуда, мавриди татбиқ қарор доранд ва барои марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба ятимону маъюбон заминаи мусоид фароҳам оварда мешаванд. Зимни сӯҳбати самимӣ бо ин қишри осебпазири ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон барои таълиму тарбияи хуб ва ба камол расидани онҳо ҳама шароитро муҳайё месозад. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии маъюбон дар кишвар марказҳои тиббию иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки хизматрасониҳои онҳо дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи онҳоро ба тандурустӣ, таҳсил, рушд ва тарбия таъмин мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимону маъюбони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз суҳбати самимӣ ороста изҳор доштанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ худро бесаробон ҳис накарда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илму дониш, кор бо технология, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар омӯзанд, то дар оянда барои халқу ватани худ хизмат намуда, сазовори зиндагии шоиста гарданд. Мулоқоти самимии имрӯзаро ин қишри ҷомеа натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар маънидод карда, таъкидҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо орзую нақшаҳои худ пайванд сохтанд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Комплекси агросаноатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз” дар масоҳати ним гектар бунёд гардидааст. Арзиши лоиҳавии Комплекси агросаноатӣ 4 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, Фермаи бузи ширдеҳро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки фермаи бузи ширдеҳ барои 140 сар пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар фермаи мазкур 92 сар бузи ширдеҳ аз Белорус ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дастрас шуда, парвариш меёбад. Иқтидори ферма 72 тонна шир дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Баробари ба фаъолият оғоз кардани он 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Фермаи бузи ширдеҳ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактика ва тарбияи бадани чорво, тозакунии иншоот ва таҷҳизоти ширҷӯшӣ истеҳсоли Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар комплекси агросаноатӣ аз раванди парвариши харгӯш дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар таркиби гӯшти харгӯш миқдори зиёди сафеда мавҷуд буда, он болаззат ва парҳезӣ мебошад. Дар фермаи мазкур 100 харгӯши зоти фаронсавии Хикол аз Ҷумҳурии Фаронса ворид гардидааст, ки он зоти гӯштии сернасл мебошад. Роҳандозии харгӯшпарварӣ дар Комплекси агросаноатии мазкур дар доираи татбиқи “Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” амалӣ гардида, барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва густариш додани ин соҳаи сердаромади кишоварзӣ замина мегузорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ворид намудани зотҳои нави сермаҳсули харгӯш, ба роҳ мондани технологияи интенсивии парвариши он ва зиёд кардани мӯинаи қимматбаҳои харгӯш дар кишвар дастуру супоришҳо доданд. Дар ҳамин мавзеъ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ ашёи хомро аз фермаи бузи ширдеҳи Комплекси агросаноатӣ дастрас намуда, номгуи зиёди маҳсулот ба монанди панир, ҷурғот, сметана, шир, қаймоқро бо риояи талаботи стандартӣ ва сифати баланд истеҳсол менамояд. Истеҳсоли панир аз шири буз дар асоси усулҳои итолиёвӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре зикр гардид, аз нигоҳи илми тиб истеъмоли шири буз ва маҳсулоти ширӣ аз он ба организми инсон манфиатбахш мебошад. Дар коргоҳи мазкур 7 нафар  сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, ки аз “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маншаъ мегирад, бунёд гардида, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯштию ширӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза фаъолият менамояд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон

25 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба истифода супоридани роҳ бо кушодани нақби мошингузар дар вазъият ва рӯҳияи идона сурат гирифт. Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст. Масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд. Ин роҳ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад. Бо назардошти он, ки ин шоҳроҳ аҳаммияти иқтисодӣ ва байналмилалӣ дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2021 барои бунёду навсозии он санги асос гузошта буданд. Тӯли ин қитъаи шоҳроҳ, ки  ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта чоруним – панҷ соат вақти мусофиронро мегирифт, ҳоло бошад бо навшавии он ва бунёди ду нақб ин масофа камтар аз ду соат тай мешавад. Зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил шуда, паҳноии стандартии он ба 12 метр баробар аст. Бунёди 15 пули мошнигузар бо дарозии 633 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 500 метр, 12 ҳазору 900 метри тӯлонӣ деворҳои оҳанӣ, бетонӣ ва сангӣ, инчунин 200 метр қубурҳои обгузари қутрашон гуногун ба лоиҳаи сохтмони роҳ дохил мешаванд. Босифат ва ҷавобгӯи талабот бунёд шудани иншооти мазкур хатари селу обхезӣ ва тармаву резиши сангро бартараф хоҳад кард. Ҳоло имкон аст, ки ҳаракат дар ин масир дар ҳама фасли сол бидуни эҳсоси хатар сурат гирад. Ҳолати хуби ин масир ба сарфаи вақту сӯзишворӣ низ асоси воқеӣ гузошт. Чароғҳои роҳ, ки тавассути панелҳои офтобӣ дар ҳудуди 14 деҳаи ноҳияи Дарвоз равшан мешавад, шабонгаҳ намои дигаре дорад. Тадбири ободонӣ дар қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон дар заминаи талошҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бо иштироки муҳандисону роҳсозони дорои таҷриба ва тахассуси баланд амалӣ карда шуд, ки аксари онҳо мутахассисони маҳаллӣ ҳастанд. Пас аз боздид ва шиносоӣ бо сифати корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳандисону роҳсозонро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки омӯзиш ва таҷрибаи онҳо ояндаи наздик дар бунёди роҳи Хоруғ-Кулма-Чин ҳам истифода хоҳад шуд. 25.06.2025 ноҳияи Дарвоз

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷлили ҷашн сохтмону ба истифода супоридани боз 38 иншоот бояд таъмин карда шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои сокинон дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ёдовар шуда, саҳми сохтмончиёнро дар ин кори муҳим арзанда номиданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастигирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бобати пешрафту тараққиёти ноҳияи Ванҷ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 311 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо 391 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Лоиҳаҳои зикршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро дар ноҳия таҳлил намуда, барои минбаъд ҳам идома додани тадбирҳои созанда дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки то солгарди 35-уми истиқлол масъалаи бунёди корхонаҳои саноатиро таъмин намоянд ва барои баланд бардоштани самаранокии таъминоти истифодабарандагон бо неруи барқ ва устувории низом дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои масъул барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили маркази замонавии нигоҳдориву банду басти маҳсулот чораҷӯйӣ намоянд ва ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешанд. Супоришҳои дигар ҳамчунин барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити муассисаҳои соҳа, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва тармими иншооти тандурустӣ дода шуд. Аз вазъи зудтағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор намуданд, ки мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки фаъолон ба анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ роҳи мошингарди деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ навсозӣ ва асфалтпуш карда шавад. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Парки саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шуданд. Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар он техникаю технологияҳои насли нав васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, неруи барқро кам истифода мекунанд. Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Коргарон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Сехҳои истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ, қисми дигари Парки саноатиро ташкил медиҳад, ки дар он мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид, аз корҳои сомонёфта ва ташкили чунин корхонаҳо изҳори қаноат карда, ба масъулин барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Баробари ба фаъолият пардохтани Парки саноатӣ дар маҷмуъ 36 сокини маҳалӣ бо кор таъмин мешаванд. Қобил ба зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррас дорад. Ашёи хоми дар корхонаҳои Парки саноатӣ мавриди коркард қароргирифта, аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ дастрас карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамчунин маҳсулоти Парки саноатӣ ба хориҷа низ содирот карда шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои ҳамоҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, ин амалро намунаи ибрат арзёбӣ карданд. Дар навбати худ, масъулини Парки саноатӣ ба Сарвари давлат барои дастгирии бахши хусусӣ ва таъмини имконоти хуби фаъолият миннатдорӣ намуданд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд. Иншооти варзишӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш муҳайё гардидааст. Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 615 метри мураббаъро ташкил дода, аз толори асосӣ, тенниси рӯи миз, ҳуҷраҳои маъмурият, ивази либос ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Иқдоми бунёди иншооти варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ идомаи мантиқии сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон мешавад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бобати рушди соҳаи варзиш ва амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт дар дигар минтақаҳои дурдасти ноҳия бунёди иншооти варзишӣ дар назар дошта шуда, ҳоло кор дар ин самт идома дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани иншооти соҳавиро дар таъмини инфрасохтор ва мукаммалсозии он муфид арзёбӣ намуданд. Бояд гуфт, ки саҳми варзишгарони ноҳия дар рушди соҳа ва муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назррас аст. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо варзишгарон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Паҳлавонони ноҳия дар навбати худ ба Пешвои миллат барои таъмини имконоти хуби машқу тамрин изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки ба василаи иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлат ва рушди варзиш дар кишвар ҳиссаи муносиби худро хоҳанд гузошт. Ҳоло дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншоот, аз ҷумла толорҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд. Ҳамасола варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан бармегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст. Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад. Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст. Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст. Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд. Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд. Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Прокрутить вверх